Адреналини мавриди ниёзи аввалия

mong.jpg

Маро ба тамошои филми «Мугул» даъват карданд. Каламеро гирифтам ба мунодй нишон додам ва гуфтам, бехтар аст, ман бо ин харду чашмамро кур мекунам, то чунин музахрафотро набинам. Шигифтии мунодй хадду канор надошт. Китф дархам кашид ва рафт. Намедонам ба синамо ё чои дигар.

Шунидаам, ки ин филмро ба чоизаи Оскар пешниход кардаанд. Аммо нагирифт. Оё метавон филмеро бо тавсифи Гитлер ба чунин чоиза номзад кард? Чингизхон барои мо аз Гитлер чи камй дорад?

Рузномаи дустдоштаи ман (Ню Йорк Таймс) навишт, Казокистон ин филмро хамчун таърихи худ дар Амрико таблиг мекунад, то таъсири филми «Борат»-ро аз байн барад. Вале азбаски яке «пропаганда» асту дигаре хунар, замину осмон ба хам наоянд. 

Дейвид Стерн менависад, «Мугул» ва пешгузашти он, филми «Кучманчи», ин хадафро доранд, ки «бо намоиши часорат, устуворй ва неруи чисмонй рухияи миллй эчод кунанд. Ин барои мардуми кишваре, ки дар гузашта як ниходи васеъи сиёсй буд ва намедонад аз кучо меояду хамзамон ояндаро боамн намебинад, хамчун як омили давлатсозй мухим аст.»

Хунарпеша ва коргардони синамо Ганй Курашев гуфтааст, солхост, хувияти миллии казокхо ру ба таназзул дорад ва ин бад нест, ки филм як таблиг бошад. Зимнан на ягон бозигари филми «Мугул» казок асту на коргардон ё аксбардораш. Чанд чопониву чиной ва як коргардони дар гами шухрат беморгаштаи рус. Ин коргардон асоси худашро гаштаю баргашта ба сангхо мезанад, чизе хосил намешавад.

t_chingis1.jpgТорих ба анбори кухнаколое табдил ёфтааст, ки хар кас хохад, аз сандукхои пусидаи он либосеро бармедорад ва онро ба муди замона мувофик мегардонаду мепушад, то намоиш дихад, чи зебост. Аммо буи нафталин хама чоро мегирад ва ба гайр аз масхарабоз (наметавонам уро «ширинкор» номам) ё клоун чизи дигареро намебинед.

Гуё Темучин, ки баъдан Чингиз ном гирифт, вайхи самовие мегирад, ки бояд кабилахои парокандаи мугулро сарчамъ кунад ва тибки сарнавишт, кавми худро ба осмонхо расонад. Шояд расонд. Дар ивази хуни миллионхо нафари бегунох. Хамчун намунаи авчи тохтутози инсонхои муътод ба хостахои хайвонй. Малах хам ин одатро дорад. Хар кучо сабзвораеро дид, хамла мекунад. Аммо имруз кучост, мугул? Агар инсони муъосир хамаи кутбнамохои ахлокияшро гум кардаву як хунхорро кахрамон чилва медихад, инсонхои садаи оянда аз торихи мугул ба чуз тохтутози хайвонии хунмастона чи хоханд бардошт?

Эх, дунё, дунё! Шояд ба мо низ имруз каме авч зарур аст? Як каме адреналин, ки моро ба чунбиш орад. Аммо ба хеч вачх на он адреналине, ки дар рагхои хуни зарди Чингиз мешорид. Адреналини мусбат ва вижаи торихи гузаштаи мо. Масалан, агар фардо як шоъир ё нависандаи точик барандаи Чоизаи Нобел дар адабиёт шавад.  Мо рухбаланд хохем шуд? Ва сарбаланд низ? Дубора ба кй будани худ эътикод хохем баст?

Ёд доред, аз пирузии Ширини Ибодй чигуна шод шудем? Вале чаро ба хонуми Ширин, ки шахсан хакки пешбарии номзад ба Чоизаи Нобелро дорад, нагуем, ки нависандаи мо, Темури Зулфикор солхост, дар шорт-лист ё фехрасти ниманихоии Чоизаи Нобел зикр мешавад, аммо як каме чунбиш намерасад, ки вай ин чоизаро бигирад? Каме адреналини мусбат.

Хар як пажухишгохи адабиёт, донишкада ва донишгох, иттиходи эчодй низ метавонад, номзади Нобел пешбарй кунад. Лек чаро ин ниходхо дар кишвари мо ташаббусе нишон намедиханд? Як нависанда соле шахсеро пешбарй карда буд, ки мегуянд, дар кумитаи Нобел ба ин пешниход ришханд задаанд. Он хам аз нависандае, ки бо дуздидани осори нависандагони дигар шухрат ёфтааст. Дар тамаллук устухон надорем. Аммо як созмони Точикистон низ ин хама сол аз номзадии Темури Зулфикор пуштибонй накардааст. Уро як пажухишгохи Бритониё ва дертар як ниходе аз Русия пешбарй карда буданд.

Шояд мо имруз аз нону барку обу гармй дида, ба як Кахрамони чахон дар … камонварй, коикронй, гуштй, теннис ё хар навъи дигари варзиш ниёзи бештар дорем? То ба чони миллат адреналини мусбат дамонад. Кучоянд Зебуннисо Рустами нав, Иброхим Хасани нав ва дигар номбардороне, ки имруз бояд барояшон парчами миллии Точикистон дар бузургтарин омзунхо, масалан, Олимпиадаи Пекин барафрошта шавад?

Футбол! Бехтарин адреналин. Ёд доред, дар Ироки огушта ба хун одамон аз бомбгузорон нахаросида ба хиёбонхои Багдод рехтанд, то аз пирузии дастаи миллии футболи Ирок тачлил кунанд? Даххо нафар ханда дар лаб, шиъори «Муборак бод, миллатам!» дар даст дар кучахои Багдод кушта шуданд. Бо хуни худ шиъори худро рангин карданд. Чаро футболи мо бурунтар аз майдони химоят намеравад. Кучост хамла ва боз хамла?! Кучост зарба ва боз зарба! ва Гоооол!?

Кучост? Миллати мо адреналинро фаромуш кардааст, зеро героинро интихоб кард. Героине, ки хам тамоми миллатро бадном мекунад ва хам иродаи чавонони моро мешиканад ва ба чуз марг барои мо чизе намеорад, харчанд бархе аз баракати «гера» бологузару болонишин мешаванд ва хатто ба хукумат даромадаанд ва мансаби худро ба гузаргохи руи рудхонаи Панч табдил додаанд.

Бадтар аз хама, ин холат барои хамагон агар на писанд, пас кобили кабул шудааст. Бъху бгард…