Бубинед ва худ хулоса бароред

Forsage

Оё сиёсати хоричии Точикистон комёбона аст?

«Нигох» №08 14.05.09.

Имсол ба таъсиси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 65 сол пур мегардад. Гуфта мешавад, ки давоми фаъолияти беш аз нимасраи хеш ин ниҳоди сиёсӣ тавонистааст, ки дар самти пиёда кардани сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба муваффақиятҳо ноил гардад. Фаъолияти ин ниҳод ба замонҳои ду сохти давлатдорй – Тоҷикистони сотсиалистии тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол рост меояд ва назарот атрофи муассир будани фаъолияти ин вазорат мухталифанд. Аксарияти таҳлилгарон ба он назаранд, ки вазорати мазкур замони Шӯравӣ иҷрокунандаи супоришҳои сиёсати Кремл буд, аз ин рӯ то соли солҳои навадум дар густариши сиёсати давлат нақщи назаррас надошт. Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳам сиёсати хориҷии ҷумҳуриро чандон чашмрас ҳисоб намекунанд. Таҳлилгарон фаъолияти солҳои охири вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунанд. «Нигоҳ» аз таҳлилгарон пурсид:

Рустам ҲАИДАРОВ, таҳлилгари сиёси:

Солҳои охир, агар мушоҳида кунем, дар қиёс бо солҳои пеш дар самтҳои сиёсати хориҷӣ муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Саммитҳое, ки дар шаҳрҳои Маскав ва Алмаато гузаштанд, нишон доданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мустақил гаштааст. Эмомалй Раҳмон ҳамчун президенти давлати мустақил баромад мекард ва мавқеъгирии шадид нишон медод. Ин таҷриба дар 18 соли давлатдории Тоҷикистон маротибаи аввал аст. Президенти Тоҷикистон манфиатҳои миллй ва давлатиро дар минтақа дар авлавият мегузарад. Паҳлӯи дигар, Тоҷикистон сарфи назар аз бархӯрдҳои сиёсии бархе кишварҳои ИДМ дар мавриди сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа сиёсати худро тағийр доданй нест. Ин ҳам муваффақияти сиёсати хориҷӣ аст. Фикр мекунам, ки дар оянда низ манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ ҳифз карда мешаванд. Имрӯз, ки дар ҷаҳон бӯҳронӣ молиявӣ мавзӯй рақами як гардидааст, албатта, таъсири он низ ба сиёсати хориҷии кишвари мо дида мешавад ва бояд Тоҷикистон омода бошад, ки дар қиболи ҳар як пайомади он акси садо нишон диҳад. Ҳоло мо дар бахши сиёсати хориҷӣ ба ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории беруна сахт ниёз дорем. Консепсияи нави стратегияи сиёсати хориҷӣ бояд манфиатҳои миллатро дар мадди аввал қарор диҳад.»

Абдунабӣ САТТОРЗОДА, корманди Маркази тадқиқоти стратеги:

Агар дар маҷмӯъ гӯем, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳақиқат муваффақаст. Ин фикрро ҳамеша таъкид мекунам. Яке аз муваффақиятҳое, ки Тоҷикистон дошт, ин сиёсати пухта, озмудашуда ва воқеии сиёсати хориҷаш буд. Вале, агар самтҳои гуногунро дар назар бигирем, ин ҷо масъалаҳои мухталиф, мушкилиҳо ва каму костагиҳо вуҷуд дорад. Мушкилоти умда дар бахши сиёсати хориҷии иқтисодӣ мебошад. Масалан, хеле кӯшишҳо доштем, президент ҳам ташаббус нишон дод, ки мушкилоти иқтисодӣ тавассути сиёсати хориҷӣ ҳал шавад. Аз он ҷумла, тавассути дастгоҳҳои сиёсати хориҷие, ки дар дохил ва хориҷ дорем. Хушбахтона, муваффақ шудем, аммо мутаассифона, ба дараҷаи матлуб не. Ҳол он ки ҳалли онҳо хеле барои Тоҷикистон муҳим буд. Агар воқеиятро гӯем, ҳанӯз дар самти сиёсати хориҷии кишвар мушкилоти иқтисодӣ дорем. Ин мушкилот яке аз фарзияҳо дар самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва бубинед, ки феълан ба яке аз рукнҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Тасодуфӣ нест, ки соли 2007 дар назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ оид ба робитаҳои иқтисодӣ таъсис ёфта буд. Ин гурӯҳ бояд фаъолияташро назаррас кунад ва саҳми бештар дар рушди сиёсати иқтисодии Тоҷикистон гузорад, зеро имрӯз зарурати ривоҷи ин бахш хеле зарур аст. Таҷрибаи давлатҳои дигар ҳам қобили истифода мебошад. Дар шароити имрӯза дипломатияи иқтисодӣ аз соҳаҳои бисёр муҳим ва ояндадори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дастури фаромӯшшуда ва сафирони фаромӯшшудаи Тоҷикистон

Хуб, бародарони қанд. Биёед, акнун аз масъалаҳои динй каме ба масъалаҳои дунявй рӯ оварем. Ба назари ман, дин бояд кори шахсй бошад ва нақши он дар ҷамъият танҳо тарафи маънавиётро дар бар гирад. Фақат биёед, баҳс накунем.

Ҳамин гуна баҳсҳо сабаб мешаванд, ки бисёр чизҳои дигар аз ёд меравад. Масалан, наздик ба 2 моҳ мешавад, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон як изҳорот доду баъд якбора сукут варзид. Пас аз суханони чооболй муҳтарам президент, ки гуфтанд, ягон сафир набояд аз 3 сол зиёд дар як кишвар кор кунад, вазорат хабар дод, ки ба зудй ва дар навбати аввал сафирони Тоҷикистонро дар Эрон, Туркия, Чин, Беларус ва Туркманистон иваз мекунад.

Дар ҳақиқат, баъзе сафирҳои Тоҷикистон 6-8 сол дар пойтахтҳои хориҷӣ кор карда, баъзеи онҳо бо мақомоти мухталифи он давлатҳо «дӯстию наздикии аз ҳад зиёд» пайдо мекунанд. Ва азбаски онҳо асосан бо бизнесс машғул шуда, танҳо дар вақтҳои холияшон кори сафоратро иҷро мекунанд, фоидаашон ба кишвар қариб ки намерасад. Шаҳрвандони кишвар номи баъзе сафиронро аслан намедонанд. Масалан, шумо Амирхон Сафаровро мешиносед, ки сафири Тоҷикистон дар кадом кишвар аст? Ман танҳо имрӯз фаҳмидам, ки вай сафир дар Беларус будааст. Як «Дӯстй Амиpхон» ном газвадафурӯш буд, ҳамон бошад, магар?

«Бизнесс» барои сафирон хатари фурӯхта шуданро ҳам дорад. Яке аз чунин сафиронро лақаби ҷосусияш «Амир» аст, шояд бисёр мехост, амири Тоҷикистон шавад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Рамазон Мирзоев аз соли 2001 дар Теҳрон аст, ҳамсони ӯ дар Туркия Шӯҳрат Султонов аз соли 2003. Қозидавлат Қоимдодов — сафир дар Туркманистон «ҷавонтар» аст, аз соли 2005 мондааст. Ҳатман аз он ҷо истода, корҳои Бунёди Оғохонро ҳам пеш мебарад.

Вале чаро вазорат дам ба дарун зад? Ба эҳтимоли қавй аз ҷо беҷо кардани ин сафирони «вазнин» осон нест. Сафир Рашид Олимов барои он дар Амрикову Чин нигоҳ дошта мешавад, ки даъвои бузург дорад. Шӯрҳат Султонов ҳам беҳтар аст, дар Туркия бимонад, дар Тоҷикистон метавонад, даъвои мансабҳои баландтар кунад. Рамазон Мирзоев, ки худро нахустин устоди Эмомалй Раҳмон меномад, баъзан мегӯяд, давраҳое ки вай тамоми вилояти Кӯлобро идора мекард, Раҳмон ҳоло кӯдак буд. Сафири кишвар дар Маскав таъин шудани Абдулмаҷид Достиев, ки ҳамеша худро шахси дувуми мамлакат меномид, нишон медиҳад, як қисми сафирон танҳо барои он ба чунин мансаб таъин мешаванд, ки дуртар бошанд ва дарди сар нашаванд. Аз қадимулайём ҳамингуна буд.

Аммо шояд ҳанӯз ҷойнишинҳои ин сафирон ва ё ҷойи холие барои онҳо пайдо нашудааст ва то замоне ки мову шумо аз дину диёнату ахлоқу адолат сӯҳбат мекунем, дар долонҳои ҳукумат масъала ба ҳалли худ наздиктар мешавад?

Номаи дигар аз махбаси Русия

ilhom1Ассалому алайкум бародари азиз Рустамчон. Мо точикон аз зиндони Русия ба шумо менависем. Мо зиндониён ба шумо ахсани бисёре гуфтани хастем. Аз тарики сайти шумо бисёр хабархои мухимро мехонем ва мебинем, ки дар Точикистони азизи мо ходисахо рух додаанд. Бахусус аз рафтору кирдори ,мухтарам чаноби оли! Вой бар холи он миллате,ки сохиби чунин сарвар аст! Вой бар холи точикону Точикистон!

Аз шумо илтичо дорем, ки бисёртар маколахо дар бораи сатхи зиндагии ватанамон нависед. Бо эхтиром хамватанони зиндонии шумо.

Дар буридани сарҳо, оё порае аз тақсир равонаи худи масъулони русӣ нест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сари мубораки шодравон Салоҳиддин, на аввалин сари буридаест, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда ва шояд охирини он ҳам набошад. Шакке нест, ки дар вуқўи ин фоҷеаи аламовар ва дарднок барои ҳар тоҷики бошарафе, дар дараҷаи аввал тақсир ва кўтоҳӣ равонаи ҳукуматмадорони мо мешавад. Агар мансабдорон ва масъулони ҳукуматии мо аз шаҳрвандони худ ба гунаи шоиста ва монанди ҳар ҳукумате, ки аз ҳарими шаҳрвандони худ дифоъ ва ҳимоят ба амал меоварад, ҳимоят мекарданд, ҳаргиз мувоҷеҳ бо чунин фоҷеае намешудем.

Аммо оё порае аз тақсир ва кўтоҳӣ, мутаваҷҷеҳи худи ҳукумати Русия низ нест? Оё Русия, ба унвони давлати «дўст» бо Тоҷикистон, чунон ки иддао мешавад, монеаҳои сари роҳи вуқўи шабеҳи чунин фоҷеаҳоро бардошта ва мебардорад, ё ин ки на, худ аҳёнан сабабгори аслии ба вуқўъ пайвастани чунин ҳаводиси дардовар аст?

Қароин нишон медиҳад, ки ин, давлат, сиёсатмадорон, дастандаркорони фарҳангӣ ва васоити ахбори русӣ ҳастанд, ки бахше аз масъулият, балки миқдори зиёде аз масъулият дар ин заминаро бар ўҳда доранд. Онҳоянд, ки моягузори аслии вуқўи чунин ҳаводисе ба шумор мераванд.
Ҳоло ба намунаҳое аз ин қароин ишора мекунем:

  • 1. Шеваи гуфтор ва рафтори сиёсатпешагони русӣ дар робита бо ғайри русҳо дар Русия, хусусан муҳоҷирони тоҷик ба гунае аст, ки вақте дар бораи ин муҳоҷирон баҳсе пеш ояд, чунон таҳқиромез аз онҳо сухан ба забон меоваранд, ки гўи «одамони дараҷаи сеюм ё чаҳорум» бошанд. Масалан, тавсифи муҳоҷирони тоҷик ба «нерўҳои арзони корӣ» ва истифода аз онҳо дар аъмоле, ки лоиқи нажоди русӣ намебошад, аз ҷониби сиёсатмадоре чун Жириновскийро ба кадом маъно қабул кунем? Ҳатто агар воқеият, мутаассифона, чунин ҳам бошад, аммо изҳори он, оё таҳқири як миллат нест? Оё чунин бархўрде, яке аз авомили водоркунанда барои қатли одамони мутааллиқ ба ин миллат намешавад?
  • 2. Филмҳое, ки тайи чанд соли ахир тавассути коргардонҳои русӣ сохта шуда ва мешавад, дар онҳо эҳсос чунин мешавад, ки мехоҳанд коре кунанд ва ба мардум ва хусусан ҷавонони саргардони русӣ, руҳияи миллатдўстӣ ва ватанпарвариро эҳё намоянд. Албатта кори нописанде нест ва бояд ҳар миллате чунин кунад. Аммо мутаассифона дар бештари ин филмҳо, душмани фарзӣ, ҷуз ба истилоҳ «сиёҳон» нестанд. Ва медонем, ки мурод аз «сиёҳон» дар истилоҳи русҳо, қафқозиҳо ва осиёи миёнаиҳо ҳастанд. Оё ин кор, худ саҳме барои иқдом бар куштани «сиёҳон» намегузорад?
  • 3. Осиёи миёнаиҳо, хусусан тоҷикон, ба персонажи аслии масхаршавандаи бозигарони театри хандаи русҳо табдил шудаанд. Ҳар вақт хостанд касеро мавриди тамасхур ва истеҳзои худ қарор диҳанд, аввал ба суроғи тоҷикон мераванд. Ё тарзи гуфтори тоҷикон мавриди тамасхури онҳост ва ё тарзи рафторашон. Гўи тоҷикон мардуме бошанд нафаҳм, содалавҳи аблаҳ, чизе сарашон намешавад, забони русӣ намедонанд ва … Донистани забон, ҳоло ҳар забоне бошад, ҳирфаи хубест. Аммо агар як нафар натавонист ба шеваи худи русҳо забони онҳоро талаффуз кунад, оё бояд мавриди тамасхур ва ханда қарор гирад? Оё ин тарз бархўрд ҳам, худ яке аз авомили таҳқир ва дар натиҷа тасоҳул дар қатли миллатеро фароҳам намеоварад?
  • 4. Намунаи дигар он ки ҳар гоҳ ҳодисаи ногуворе аз сўи яке аз муҳоҷирони тоҷик ба вуқўъ пайваст ва ё аз ў маводди мухаддире пайдо карда шуд, васоити ахбори русӣ чунон бузургнамоӣ мекунанд ва ба такрор онро нишон медиҳанд, ки гўи тамоми тоҷикони муҳоҷир чунин бошанд. Ва қатъан чунин пўшиши хабарӣ, аз бузургтарин ва аслитарин авомили пайдоиши адоват ва душманӣ нисбат ба тоҷикон дар назди русҳо хусусан ҷавонони бехирадаш мешавад.

Намунаҳои зиёди дигареро ҳам метавон зикр намуд, ки аз авомили водоркунанда бар қатлу куштор ва таҳқири як миллат аз ҷониби миллати дигаре ба шумор меравад. Аммо мо бо ҳамин чанд намуна иктифо кардем.

Дар поён боз ҳам ёдовар мешавам, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз қатлу куштори муҳоҷирини тоҷик, таҷдиди назари сиёсатмадорон ва дастандаркорони фарҳангии русӣ дар амалкарди худ аст ва агар амдан ин корҳоро мекунанд, ки зоҳиран амдӣ ба назар мерасад, бояд аз ҷониби ҳукумати мо ва ташаккулҳои иҷтимоӣ, тазаккури лозим, ва дар ҷои худаш эътирози расмӣ нисбат ба ин чунин амалкардҳо эълом дошта шавад.
http://kemyaesaadat.com/

Мактуби точикон аз махбаси Русия

Бар ёрони хамАндеш аз махбаси Русия чунин нома расид, ки наметавон аз он катъи назар кард. Бародари хамхун ва хамватан менависад:

Ассалому алайкум бародари азиз. Ман Нажмиддини Ёрмухаммадзод зодаи нохияи Вахдат. Ман дар махбасхонаи шахри Екатеринбург махбус хастам.  Дар инчо кариб 300(!) нафар хамватанони мо шиштаанд. Нисф зиёдашон хукмашонро гирифтаанд (аз 8 то 15 соли). Хамаи инхо фикр доранд, ки баъди хукм гирифтан харакат мекунанд то ба ватан равон кунандшон то, ки вакти хабсшудаи (срок наказания) худро дар ончо шинанд. Лекин ин корхо вакте карда мешад, ки байни давлатхо шартнома бошад.Савол: – Оё хамин хел шартнома байни давлати мо ва…

Дар хамин чо номаи у катъ шудааст, маълум нест ба кадом сабаб. Аммо фахмост, ки пурсидан мехохад оё созишномаи миёни Русия ва Точикистон дар бораи ба кишвари хамдигар супурдани афроди махкумшуда ба хабс мавчуд аст ё на.

Хуб аст, агар бародароне ки дар ин бора маълумоти дакик доранд, ба мадади хамватани мо расанд ва ин иттилоъро дар миён бигзоранд. Аммо ковишхои банда дар интернет нишон дод, ки агарчи байни Русия бо бисёр кишвархои чахон аз Ангола гирифта, то Узбакистон чунин шартномахо хастанд, созишеро бо Точикистон дар ин бора пайдо карда натавонистем. Ба назар мерасад, ин чо хам хукумати Точикистон шахрвандони худро ба панохи худо супурдааст.

Вале як санади дигар мавчуд аст. «Ковенсюни тахвили махкумшудагон барои ичрои минбаъдаи чазо» 6 марти соли 1998 аз тарафи кишвархои Иттиходи давлатхои мушатаркулманофеъ, аз чумла Точикистон имзо шудааст, ки шахрвандони махкумшуда метавонанд аз чониби кишвари содиркунандаи хукм ба кишваре супурда шаванд, ки шахс ба таври доимй он чо зиндагй мекунад. Барои ин бояд кишвари ватани доимй аз кишвари содиркунандаи хукм дархост кунад. Хамчунин кишвари содиркунандаи хукм низ метавонад, чунин пешниходро ба кишваре кунад, ки афроди махкумшуда шахрванди онанд.

Умедворам, ёрони дигар машварати худро дарег намедоранд, вале аз чониби худ мегуям, ки шояд махбасхои Русия аз махбасхои Точикистон бехтар бошанд. Хам аз лихози тозагиву таъмин бо гизо ва хам аз лихози он ки созмонхои байнулмилалии хифзи хукуки инсон метавонанд, аз ахволи махбусон дар ин чо хабар гиранд. Махбасхои Точикистон ба чунин тафтишхо рох намедиханд ва касе намедонад, ки вазъи махбусон дар он чи чй гуна аст. Ду сол пеш махбусони зиндони Кургонтеппа ва пештар махбусони Хучанд ошуб бардошта буданд, ки ба онхо гизои хуб намедиханд, хидмати тиббй намерасонанд ва гузашта аз ин махбусонро шиканча медиханд ва ба номуси онхо тачовуз мекунанд. Макомоти Точикистон аввали сол икрор карданд: ки дар соли 2007 дар махбасхои кишвар 87 нафар аз беморихои СПИД ва сил мурдаанд.

Дар айни замон махбасхои Точикистон бартарихо низ доранд, ки наздик будани хешу табор имкон медихад, ба махбусон гизои бехтаре расонда шавад ва аз ахволи онхо хабар гирифта шавад. Сониян, хар сол камаш ду бор ба муносибати иди истиклолият ва рузи сулху вахдат афвхо мешавад ва онхое, ки чазои сабуктар доранд, метавонанд, пеш аз мухлат ба озодй бароянд.

Ба сурати умум дар махбасхои Русия, ба гуфтаи вазири умури дохилии ин кишвар Рашид Нургалиев то аввали соли равон 8 200 шахрванди Точикистон ба сар мебурд. Дар бораи ба махбасхои Точикистон интикол дода шудани афроди махкумшуда хабаре ба нашр нарасидааст.

Тоҷиккушй ҳамчун натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонӣ

Ягон сарвар ё вазорати Русия ба номаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон посух надод. Касе дар Русия аз сарбурии шаҳрванди Тоҷикистон изҳори таассуф ё маъзарат накард. Баракс як намояндаи давлати Русия, раиси Кумитаи равобити байнулмилалӣ ва сиёсати миллии ҳукумати шаҳри Маскав Михоил Соломентсев гуфт, ин ҳодиса ба қавму миллият пайванде надорад, балки дар натиҷаи бӯҳрон ба амал омадааст. Аз руи мантиқи ин давлатмарди Русия тоҷикон бояд бо сари худ барои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодй ҷавоб бидиҳанд.

Дар ҳоле ки аз сафири Тоҷикистон дар Русия гирифта, то чандин нафари дигар аз худ ҳомии муҳоҷирони тоҷик метарошанд, ягона шахсе, ки аз куштори ваҳшиёнаи ҷавони тоҷик Салоҳиддин Азизов дар рубаруи мансабдорони Маскав истода садо баланд кард, Хуршедаи Даврондухт буд, ки ҳамчун намояндаи Маркази фарҳангии тоҷикон ба ин ҷаласа роҳ ёфт. Вай гуфт, ҳар рӯз қатлу куштор аст ва ҳар рӯз ба Тоҷикистон тобуте фиристода мешавад, аммо ҳукумати Маскав ва ҳукумати Русия гӯё ин ҳамаро намебинанд. Вай гуфт:  «Если за убийства двадцати человек преступников будут осуждать на десять лет, ничего не изменится», – считает Хамракулова. (15 декабря этого года были осуждены члены группы несовершеннолетних скинхедов, обвиняемые в 20 убийствах и 12 покушениях. Главари банды Артур Рыно и Павел Скачевский получили по 10 лет колонии общего режима.)

Бо таъкидҳо ва фишори Хуршеда бону дар ин ҷаласаи ҳукуматдорони Маскав тасмим гирифта шуд, барои ислоҳи вазъ як номгуйи чораҳо омода шавад. Ин чораҳо бояд аз ислоҳи қонунҳои Русия, ки ба сартарошидаҳо имкон медиҳад, амалан беҷазо монанд, то тоза кардани ҳама гуна матнҳои бегонаситез дар китобҳои дарсиро фаро гиранд.

Хуршеда гуфт: «Политики прямо так и говорят: наступил кризис, и сейчас потерявшие работу таджики выйдут на улицы разбойничать, – заявила Хамракулова. – Но почему таджики? Почему не просто безработные?» По ее словам, ксенофобских настроений в столице хватает и без подобных безответственных заявлений. «Во время наших мероприятий мы даем подискутировать детям разных национальностей, – рассказала она. – И уже у них намечаются агрессивные тенденции, они говорят теми же словами, что и взрослые».

Вале намояндагони Думаи Маскав ба ин духтари тоҷик дарафтоданд ва нуқсу камбуди диспораҳои миллии Тоҷикистон, қонуннописандии муҳоҷирони тоҷик, бесаводию бадрафтории онҳоро ба сари у заданд. Раиси кумиссюни Думаи Маскав Игор Елиференко гуфт, бо афзоиши бӯҳрон, ҷои гурез нест, бегонабадбинй бештару бештар хоҳад шуд. Пас барои ин сари боз чанд тоҷик бурида хоҳад гашт? Аммо шояд танқиди онҳо аз диаспораҳои тоҷикй дуруст ҳам ҳаст, мисли он ки сари онҳоро ҳам бурида бошанд, ҳама хапу хомушанд.