Чаро дар герб акси хафт ситора аст?

Адаш Истад (Герби Шердор)

01Аз масоили баҳс оиди герби Тоҷикистон мавзўи «ҳафт ситораи болои тоҷ» берун монда буд. Навишта будам, ки оиди ифодаи чи будани он устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки дар ёдам намондааст. Ва низ гуфта будам, эҳтимол рамзи муассире набудааст, ки аз хотир зудуда шудааст. Дар оини асотири мардумони гуногун рақамҳо маъноҳои қудсии худро доранд.

Ба ҳафта тақсим кардани рўзҳо ба мо аз арабҳо омад.

Дар қомуси «Асотири мардумони ҷаҳон» (ҷилди 2, саҳ 537) бо такя ба манобеи бостонии чинӣ овардаанд, ки «ҳафт ситора» аз парастишҳои қавми турк аст. (Аз ин пеш нависта будам, ки дар байни мардуми туркнажод «бўрӣ» бўрибой барин номҳо, ки маънояш гург аст, бисёр вомехўранд. Ин ба тотем не, балки ба асотири асосии қавмҳои турк вобаста будааст. дар замони қадим қавми турк танҳо аз як қабила иборат будааст. Онҳо дар канори ботлоқе мезистаанд. Як қавми дигар ба онҳо ҳуҷум карда ҳамаро мекушад. Гумон мекунанд, ки ҳамаро куштанд, аммо дар байни мурдаҳо як писарчаи даҳсолаи пурзахму нимҷоне буд. Модагурге ин бачаро ба ғоре бурда тарбия мекунад. Аз заношўии модагургу ин писар даҳ нафар фарзанди нарина ба дунё омада аз ноҳияи Гаочина зан гирифта қавми туркро зинда мекунанд ва аввалин манзилашон Олтой бадааст. Ин тибқи манбаъҳои асри VI-и чинӣ).

Воқеан ҳам барои мардуми чорводор ва саҳроновард, ки роҳи худро дар биёбонҳои васеъ аз рўи ситораҳои осмон хусусан Ҳафтдодарон муайян мекард, рақами ҳафт ё ҳафт ситора мақоми беназир дошт. Ба фикри шахсии камина дар марзи Тоҷикистон мардуми туркзабон кам нестанд, ин нишонро дар герб бетағйир нигоҳ доштан лозим аст.

Аммо аз ёд набояд бурд, ки барои ниёгони мардуми тоҷик дар замонҳои қадим рақами панҷ бештар аҳамият доштааст. Рақами панҷ маънои қудсӣ низ доштааст. Ба ин сабаб номҳои географии Панҷ, Панҷакент, Панҷрўд, Панҷоб дар мавзеҳои тоҷикнишин вомехўранд.

Аз ин ҷост, ки дар ҳунарҳои мардумӣ асосан расми ситораи панҷгўша дар мақоми аввал аст.

Advertisements

Наворе, ки табъи касро хуш мекунад

Чаро аз хубиҳои он даврон нагўем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

istaravshaniSДар робита бо масъалаи “худшиносии миллӣ”, ки ҳамагӣ қабул дорем яке аз муҳимтарин авомили водоркунанда ва руҳиябахшандаи афроди ҷомеа ба сўи гом ниҳодан барои тараққӣ ва пешрафти ҳамаҷониба ба шумор меравад, бештар баҳсҳои назарӣ матраҳ шуда, ва дар бораи намунаҳои зиндаи он, ки чӣ чизе масалан аз масодиқи худшиносӣ ба шумор меравад, то ба он таваҷҷўҳ дошта бошем, хеле кам баҳс ба амал омадааст. Дар бораи рамзи миллӣ, ки бешак яке аз масодиқи боризи таваҷҷўҳ ба худшиносист, тавассути устод Адаш Истад баҳсҳои ҷолибе матраҳ шуда буд ва воқеан ҷои ташаккур дорад.

Камина дар ин мақола ба яке дигар аз масодиқи худшиносии миллӣ ишора хоҳам намуд. Ва он, таваҷҷўҳ ба таърих ва гузаштаи мо тоҷикон ва ин ки тоҷикон дар таърихи башарият чӣ ҷойгоҳе доштаанд мебошад. Албатта на таърихи чанд ҳазорсолаи пеш, балки ҳамин таърихи чанд сад солаи ахирамон. Зеро дар бораи таърихи кўҳан ва ин ки тоҷикон кӣ буданду чӣ карданд, баҳсҳои ҷолибе шудааст. Феълан коре ба он надорем. Кори мо феълан, ҳамин таърихи чанд сад соли ахири мост.

Мутаассифона, таърихи 200 ё 300 соли ахири мо чунон торик ва зулмонӣ нишон дода шудааст, ки ба сароҳат метавон гуфт, ки агар касе худро тoҷики бошараф биҳисобад, бо хондани он, ҷуз лаъну нафрин ба ниёкони наздикаш намефиристад. Аз назари сиёсӣ, ҳокимон як мушт афроди лоуболӣ ва бемоя ва худбохта ба намоиш гузошта шудаанд. Сохтори сиёсии ҳукуматҳо, хусусан ҳукуматҳои 300 соли ахир, дорои бадтарин шакли сохтори сиёсӣ нишон дода шудаанд. Аз назари иқтисодӣ ҳам, хондани авроқи ин марҳала аз таърих, ҷуз aфсўс чизе дигар бароямон намебахшад. Аз назари фарҳангӣ ва динӣ ҳам, ки дигар ҳар чи носазо барои бадбахтии миллат дар ин бурҳа аз замон бигўем, кам аст. Аммо…

Оё каме ҳам, ки бошад, бо худ андешидаем, ки шояд ин бурҳа аз даврони таърихи мо, чунон ки бароямон ба тасвир кашида ва то ҳанўз мекашанд, ба ин дараҷа аз бадбахтиву замони торику зулмонӣ набуда бошад?

Ҳарчанд сафаҳоте ғамангез дорад, чунон ки таърихи ҳар миллате аз вуҷуди чунин сафаҳоте холӣ нест, аммо ҳатман сафаҳоти дурахшоне ҳам доштааст. Магар қарор аст мо фақат ба сафаҳоти торики таърихамон таваҷҷўҳ намуда, ва билкулл сафаҳоти дурахшони онро нодида гирем?

Агар охирин Амири сулолаи манғитиҳо яъне Олимхон, одами лоуболие буда, оё маънояш ин аст, ки даврони ўро ба куллӣ афроде мисли ў ташкил медоданд? Магар дар замони вай афроди шоистае набудаанд? Феълан коре надорем, ки ин фард мутааллиқ ба кадом нажоду миллат буда, то бигўянд ў, ки тоҷик набуд, балки ўзбак буд. Ҳар чи буд, дар бурҳае аз замон, вай Амири Бухоро ҳисобида шуда, ва ин Аморат ҷузъе аз таърихи сиёсии мо тоҷиконро ташкил медиҳад. Фаромўш накунем, забони расмии ин Аморат, забони тоҷикӣ буд ва тамоми муоҳидоти расмӣ ба забони тоҷикӣ анҷом мепазируфт.

Ҳоло, агар Олимхонро намепазирем, лоақалл падараш Абдулаҳадхон мисли ў набуд. Дар замони вай ислоҳоти калоне дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ ва иқтисодӣ ба анҷом расида буд, ва ба шаҳодати таърих, мардум дар даврони ў дар осоишу рафоҳи нисбатан хубе ба сар мебурданд.

Чаро аз хубиҳои ин даврон ба фарзандонамон нагўем? Чаро фарзандонамон бо хондани таърихи ин даврон, дар вуҷуди ниёконашон ҳеҷ хубие набинанд? Набояд фаромўш кунем, ки инҳо таъсир доранд; таъсири бевосита дар ташакккули руҳияи фарзандон ва ояндагонамон доранд.

Чаро милали дигар, кўшиш мекунанд ҷуз аз ифтихороташон сухан ба миён наёваранд, вале мо ин ҳақро надошта бошем? Ҳамин русҳо, агар аз подшоҳони гузаштаи худ чизе мегўянд ва ё чизе менависанд, ҷуз таърифу тамҷиди онҳо, чизе дигар ба забон намеоваранд. Корашон ба ҷое расидааст, ки имрўз ҳатто аз амсоли Сталини хуношом ба унвони як абармард ёд мекунанд.

Набояд фаромўш кунем, ки китобҳои таърихи чандсад соли ахири мо, бештар дар замони Шўравии собиқ ба нигориш даромадаанд. Табиӣ буд, ки он давронро сиёҳу торик нишон диҳанд. Ин шеваи ҳар инқилобест. Яъне вақте ин инқилоб – инқилоби октябр – ба вуқўъ пайваст, магар таваққўъ мерафт даврони пеш аз вуқўи ин инқилобро зебо нишон диҳанд?

Таърихнигорони мо бояд таҷдиди назар кунанд. Бо як ҷиддияти томм ин сафаҳотро аз нав варақ бизананд.

Камина бо овардани фақат як намуна иктифо мекунам, то бубинем оё ин марҳала аз таърихи мо ба ҳамон сурати каҷе, ки нишон медиҳанд будааст ё на?

При эмире Абд алАхаде в ханстве были отменены пытки и ограничены смертные казни, а самые жестокие виды из них (например, когда осужденного сбрасывали с самого высокого в Бухаре минарета Калян) были запрещены. При нем в ханстве была начата промышленная добыча меди, железа, золота, были проложены железные дороги и телеграфных линии, активно развивалась торговля. Сам эмир деятельно участвовал в торговле каракулем, занимая третье место на мировом рынке по объему торговых операций с этим ценным сырьем…

Эмир был почетным членом Туркестанского благотворительного общества. На особом месте для эмира стояла забота о делах мусульманской веры. Так, переданные им в вакф в пользу святынь Мекки и Медины владения приносили до 20 тысяч рублей годового дохода, а в начале 30-х г.г. Абд ал-Ахад пожертвовал несколько тысяч рублей золотом на постройку Хиджазской железной дороги (тогда же его ближайшие придворные выделили для этой же цели по 150 тысяч рублей). При нем количество улемов в Бухаре выросло от 500 до 1500 человек, причем для их содержания предназначались доходы от особых вакфов.

Наконец, совершенно исключительную роль сыграл эмир в строительстве мусульманской мечети в Санкт-Петербурге – крупнейшей мечети в Европе. – Абд ал-Ахад не только добился у царского правительства разрешения на постройку мечети, но и пожертвовал 350 тысяч рублей на выкуп земельного участка для строительства и еще 100 тысяч – на само строительство. Кроме этого, он организовал сбор средств для этой цели среди бухарских купцов (всего было собрано более 200 тысяч рублей). Еще один довольно неожиданный штрих к портрету эмира – Абд ал-Ахад серьезно увлекался поэзией. Он был не только большим почитателем изящной словесности, но и составил «Диван» собственных стихотворений, в которых описывал пережитые им события и настроения, особенно во время поездок в Россию. Стихи эмир писал под псевдонимом Оджиз (слабый, беспомощный)/// Манбаъ: http://nedvetsky.boom.ru/books/bukhara.htm

Ин буд танҳо гўшае аз таърихи яке аз Амирони он даврон. Камина муаррих нестам, ин таърихнигорон ҳастанд, ки бояд камари ҳиммат баста, бештар дар ин замина кор кунанд, то хондани сафаҳоти дурахшони он, мояи иззати мо тоҷикон бошад, на мояи нанг.

Албатта дар поён такрор мекунам, ки муддаӣ нестам ҳар чи дар он даврон гузашта, ҳама хуб буда. На, чунин нест. Танҳо он чи мегўям, ин аст, ки ҳамаи он сафаҳот торик набуда.

Комёб бошед.

Дурўғи беҳадду марз, яъне шохдор

Посух ба мақолаи «Тўраҷонзода – ҷосуси КГБ?»

Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода «Фараж» №18 07.05.09

Ман афроди бисёреро медонам, ки дар КГБ кор карданд ё кор мекунанд ва бисёри аз онҳо инсонҳои бисёр шоиста ва дўстдорони ҳақиқии ватани худанд. Ман нисбати ин ниҳоди муҳими давлатӣ ҳеҷ гуна эҳсоси нафрату хусумат надорам, чунки онҳо муҳофизони манфиатҳои давлат ва оромиши мардуми мо ҳастанд. Хоҳишмандам, аз хадамоти амнияти давлатӣ деву ҳаюло насозед! Ба фикри ман ҳамкорӣ бо идораҳои амниятӣ агар фақат ба хотири ҳифзи амнияту манофеи кишвар бошад, кори хубест, ба шарте ки ин ҳамкорӣ бар зарари дину оин ва ягон нафари бегуноҳ набошад.

Рўзи 9-апрели соли 2009 дар нашрияи «События» матлабе зери унвони «Тўраҷонзода-ҷосуси КГБ?» ба нақл аз сайти интернетии «forum.msk.ru»-и Русия ба қалами муаллифи сохтае бо номи «Фаррух Мамадшоев» ба нашр расид. Баъдан рўзномаи «Ҷумҳурият» ва Агентии миллии иттилоотии «Ховар» гўё ба хотири «таъмини гуногунандешӣ» онро чоп намуданд.

Банда махсусан солҳои 1992-97 чунин дурўғу бўҳтонҳоро дар бораи худ фаровон хонда ва шунидаам. Ин мақола низ идомаи ҳамон «афсонаҳо» аст. Ман ба ин навиштаҳо одат карда, ба аксари онҳо посух намедодам, аммо ин дафъа як сабаб водор кард, ки ба ин дурўғ посух диҳам: Муаллифони ин дурўғнома дар ҳаққи азизтарин одам дар зиндагиам – падари бузургвори марҳумам тўҳмат задаанд. Зикр бояд кард, ки хушбахтона, то ба имрўз ҳеҷ яке аз нашрияҳои мустақили тоҷикӣ ин мақоларо чоп накардаанд. Аз рўи маълумоте, ки дорам, сарфи назар аз илтимосҳои ботакрори соҳибони ин тўҳматнома, сардабирони мўҳтарами ҳафтаномаҳои мустақил розӣ нашуданд, ки он навиштаро бидуни зикри имзои муаллифи ҳақиқӣ чоп кунанд.

Мехоҳам дафъатан таъкид кунам, ки ин мақола аз оғоз то ба поён саршор аз дўруғи маҳз, хаёлбофиҳои муаллифи он ва мушовиронашон аст. Ман инҷо мехоҳам ба чанде аз бўҳтону дурўғҳои шохдор ва «тахайюлот»-и бепояи онон ҷавоб бигўям.

Дурўғи №1: Дар тўҳматнома омадааст, ки «ҷаноби Тўраҷонзода зимни сўҳбат дар робита бо вокуниши Сарвари давлат ба проблемаи истиқлолияти обу энергетики давлати соҳибихтиёр изҳори норизоӣ намуда, Ҳукуматро танқид мекунад, ки дар вақташ корхонаи дар мамлакат ягонаи алюминии «ТАЛКО» – ро ба Олег Дерипаскаи «камбағалу бечора» нафурўхтааст. Ҳол он ки корхонаи мазкур натанҳо мояи ифтихор, балки манбаи асосии даромади буҷети мамлакат бошад.»

Посух: Ман дар мусоҳибаам аслан чунин сухане нагуфтаам ва ҳеҷ вақт дар ҳеҷ ҷое аз сиёсати Сардори давлат норозигие накардаам. Аз хонандаи мўҳтарам хоҳиш мекунам, ки агар ба ин гуфтаи ман бовар накунад, ба мусоҳибаи ман дар ҳафтаномаи «Фараж» аз 5 феврали соли 2009 муроҷиат намояд ва худаш қазоват кунад, ки чӣ тўҳматеро болои ман бор кардаанд.

Аз ин навъи масъалагузории «муаллифон» ва хусусан, аз такрор шудани ибораҳои шиносе, ки гўё Корхонаи алюминий «натанҳо мояи ифтихор, балки манбаи асосии даромади буҷети мамлакат мебошад», маълум мегардад, ки ин тўҳматнома дар асл «ҷавобест» ба мусоҳибаи ман ба ҳафтаномаи «Фараж аз 5 феврали 2009 ва ҳамчунин ба мақолаи «Афсонаҳои алюминӣ», ки баъдтар дар нашрияҳои «Фараж» ва «Миллат» (№8, аз 26.02.09) чоп шуда буданд. Зеро ман бовар дорам, ки фармоишгарони ин тўҳматнома натавонистаанд посухи муносиб ба далоили овардаи ман бидиҳанд, аз ин рў, мутаассифона, ба чунин иқдом даст зада, бо истифода аз имконоти васеи молии худ як компанияи матбуотиро бар зидди ман ба роҳ андохтаанд.

Дар бораи масъалаҳое, ки банда дар он мусоҳиба ва мақола дар бораи Заводи алюминий баён карда будам, хусусан, дар бораи афсонаи гўё «манбаи асосии даромади буҷети мамлакат» будани он, фақат ҳаминро гуфтаниам, ки хушбахтона, 23 апрели соли 2009 Раиси Бонки Миллии ҶТ, ҷаноби Ш. Раҳимзода дар мусоҳибаи худ дар ҳафтаномаи «Озодагон» дар бораи мифҳои «фоидаовар» будани «Талко» ба таври возеҳ ишора кардаанд. Хоҳишмандам, муроҷиат намоед.

Дўруғи № 2. Дар тўҳматнома омадааст, ки «Ислом Каримов ва Дмитрий Медведев манфиатҳои Тоҷикистонро фаромўш карда, танҳо дар бораи манфиатҳои Ўзбекистон ва Русия сухан ронданд. Дар ҳамин маврид, сарбозони «ҷабҳаи махфӣ » аслиҳа ба даст гирифтанд.» Яъне мусоҳибаву мақолаи дар боло зикршудаи бандаро назар доранд.

Посух: Ин як иттиҳоми бисёр даҳшатнок аст. Ман аз муаллифони ин тўҳматнома даҳҳо маротиба зиёдтар ватани худро дўст медорам ва манофеи ин миллат, давлат ва марзу буми онро аз ҳама болотар медонам. Зеро ақидаи диниям аз ман талаб мекунад, ки ватанамро дўст дорам ва ман дар чунин фазои тарбиявӣ ба воя расидаам, бархилофи тўҳматчиҳо. Агар дақиқтар тафтиш шавад, шояд онҳо паспорти русӣ ҳам дар ҷайб доранд ва нафақапулиро ҳам аз Русия мегиранд. Бархилофи онҳо, ман фақат шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва аз ҳеҷ куҷо ҳеҷ нафақапулӣ ҳам намегирам. Агар дар Тоҷикистон «калонаи панҷум»-е вуҷуд дошта бошад, онҳоро ҳам дар байни ҳамин муаллифон ва фармоишгарони онҳо ёфтан мумкин аст, на аз байни онҳое, ки ба хотири манфиатҳои миллӣ ва ислоҳи ҷомеа ҳаёташонро ба хатар гузошта, сухани ҳақ мегўянд.

Вақте, ки мақолаи «Афсонаҳои алюминӣ»-ро менавиштам медонистам, ки ин пешниҳоди ман доираҳои бонуфузи манфиатдорро ба ғазаб меорад ва шояд дардисарҳои зиёдеро ба сарам биёранд, вале бо вуҷуди ин тасмим гирифтам, ки онро чоп намоям. Чаро? Ба хотири он, ки Роғунро ҳарчӣ тезтар бисозем ва он сад дар сад ба давлати тоҷикон тааллуқ дошта бошад ва ҳамчунин, кишвар ва мардум аз бўҳрони бебарқӣ ҳарчӣ тезтар берун ояд. Танҳо ватандўст ва миллатдўсти ҳақиқӣ метавонад бо вуҷуди дарки зиёнбор будани ин пешниҳодҳо барои худ ва оилааш боз ҳам онро матраҳ кунад. Шахси манфиатҷў, чуноне, ки маро тўҳмат задед, ба чунин коре даст намезанад.

Ман боз таъкид мекунам, ки ин пешниҳоди ман барои ҳифзи манофеъи мардуми мо, давлату кишвари мо ва пешрафту шукуфоии он ва беҳбуди муносибот бо кишварҳои зикршуда сурат гирифта буд. Ин пешниҳоди як шаҳрванди оддӣ буд. Чаро боиси ин қадар сару садову душманиҳо шуд? Магар гуногунандешӣ ва озодии сухан аз замонатҳои Конститутсияи мо нест? Дар ниҳоят, ҳаққи тасмимгирӣ дар ин масъала фақат бо ҳукумати Тоҷикистон аст на бо ман ё каси дигар. Ва акнун, ки Ҳукумат тасмими худро гирифт, мо онро эҳтиром мекунем.

Дигар ин, ки баракс, банда дар он мусоҳиба аз мавқеи Президенти Россия дар бораи тарафдорӣ аз мавқеи Ўзбекистон дар масъалаи Роғун интиқоди ошкор намудам ва эълон кардам, ки Вахш рўдхонаи дохилимарзист, на фаромарзӣ ва Роғун бояд сад дар сад милки Тоҷикистон бошад ва бо ҳеҷ кас қисмат нашавад.

Дўруғи № 3. Гўё ман аз соли 1971 ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Мири Араби Бухоро бо КГБ ҳамкорӣ оғоз кардам.

Посух: Дар соли 1971 ман ҳанўз донишомўзи синфи 10-и мактаби № 9-и ноҳияи Орҷоникидзеобод будам ва онро моҳи июни соли 1972 хатм кардам. Аз ин рў дар соли 1971 ҳам дар мадрасаи Бухоро ва ҳам дар мактаби миёна таҳсил карда наметавонистам.

Дўруғи № 4. Гўё Ҳазрати қиблагоҳӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) бо КГБ ҳамкорӣ мекарданд ва ҳамеша ду зан доштаанд.

Посух: Падари бузургворам ҳаргиз дар мактаби шўравӣ нахонда буданд ва наметавонистанд ба хатти сириллик бихонанду бинависанд. Аз ин рў Эшон наметавонистанд барои КГБ («данос») дар бораи ягон нафаре бинависанд. Ҳазрати қиблагоҳии мо аслан ба ягон кас душманию рақобат надоштанд, ҳасад надоштанд, бо ҳама мардум, хусусан бо эшонҳову домуллоҳо муомилаи хуб ва муносибати дўстонаву мўҳтарамона доштанд. Дар маҷмўъ, Эшон соҳиби имону ахлоқи олии инсонӣ буданд. Тамоми умри худро ба таблиғи исломи азиз ва амри маъруфу наҳйи мункар ва таълими шогирдону муридон сарф карданд. Баракс, он кас тамоми умр зери фишори шадиди КГБ қарор доштанд. Бори охир дар соли 1986 Ҳазрати қиблагоҳӣ ва бародари бузургам Эшони Нуриддинҷонро барои таълими улуми исломӣ ва даъвати мардум ба ислом кормандони КГБ аз деҳаи Пичефи Ромит бо «конвой» ба Душанбе оварданд ва як ҳафтаи тамом аз субҳ то нимаҳои шаб дар КГБ бозҷўӣ («допрос») карданд. Ташкилкунандаи ин амал Сироҷиддинов- сардори шўъбаи 5-уми КГБ-и ҶСС Тоҷикистон, дар даҳаи 1980 буд. Аз ин нафар ба он хотир ёдовар мешавам, ки ў ҳамеша дар он солҳо бо баҳонаҳои гуногун болои Ҳазрати қиблагоҳӣ ва хонаводаи мо фишор меовард.

Дар тўҳматнома ҳамчунин аз як корманди масъули КГБ – и ҶСС Тоҷикистон ёдоварӣ мешавад, ки замоне гўё мухолифи интихоби ман ба мақоми раҳбарии идораи қозиёти Тоҷикистон буд. Ў ҳамин «рафиқ» Сироҷиддинов аст. Ба хотири он, ки ман ба истилоҳ кадри маҳаллию кўҳистонӣ будам, он кас розӣ набуд, ки ман дар вазифаи Қозии ҷумҳурӣ таъин шавам. Зеро сиёсати кадрии он солҳо ҳамин хел буд.

Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Ҳазрати қиблагоҳии ман (Худо раҳматашон кунад) ҳамеша ба ислом ва ба мардуми мусулмон хидмат мекарданд ва ҳаргиз маддоҳи сохти шўравӣ набуданд ва давлати шўравиро давлати бедин ҳисоб мекарданд. Аз ин рў, чунин инсони ботақво ва худотарс наметавонист ба КГБ-и Иттиҳоди Шўравӣ хидмат кунад.

Ҳамчунин, Ҳазрати қиблагоҳӣ ҳаргиз ду зан надоштанд. Фақат баъд аз вафоти модари мо дар соли 1978, Эшон дубора издивоҷ карданд.

Дўруғи № 5. Гўё аз Мири Араб танҳо мадрасаи исломии Иттиҳоди Шўравӣ ба унвони шўъбаи мактаби КГБ ҳам истифода мешудааст ва шогирдони он «курсантҳо» будаанд ва дар он замон дар Мири Араб танҳо ҷосусҳои ниҳодҳои амниятӣ таҳсил мекарданд.

Посух: Ин як дурўғи бешарафона дар бораи як мадрасаи маъруфи исломӣ аст. Агар ин дурўғро ҳамчун ҳақиқат бипазирем, пас оё метавон Ҳусейнҷон Мўсозода – сархатиби вилояти Суғд ва ҳамчунин имомхатибони номдору соҳибэҳтироме чун Мулло Ҳайдар аз Кўлоб, Мулло Муродҷон аз Қўрғонтеппа, Мулло Ҳабибуллоҳ аз Душанбе ва даҳҳо тани дигар аз фориғуттаҳсилони ин муассиса ва ходимони имрўзаи масоҷидро дар кулл кормандони КГБ донист? Ин чӣ беинсофист?

Дурўғи № 6. Гўё кормандони КГБ ба ман пешниҳод кардаанд, ки ба худ тахаллуси «Максим»-ро бигирам ва ман написандидаам ва тахаллуси «Абдулкаримов»-ро ихтиёр кардаам. Гўё Абдулкарим бародари падари ман, яъне амакам будаанд, ки нобаҳангом ин ҷаҳонро тарк кардаанд ва гўё низ орзу дошта будааст, ки «курсант»-и мадрасаи Мири Араб шаваду ва бо ин тариқ ба ватани худ «хидмат кунад».

Посух: Чӣ дурўғи шохдоре. Ҳазрати қиблагоҳии ман се бародар доранд: Ҳоҷӣ Муҳаммадсалим, Ҳоҷӣ Абдулқодир ва Ҳоҷӣ Абдусамиъ. Худоро шукр, ки ҳамаашон зиндаву солим ҳастанд. Ҳазрати Эшони Халифа Абдулкарим (раҳматуллоҳи алайҳ) исми падаркалони ман, яъне бобои ман аст. Эшон яке аз намояндагони бузурги тариқати қодирияи тасаввуф дар минтақа буданд ва соли 1954 аз дунё гузаштанд. Муридони Эшон бар изофаи дараи Ромит, ҳамчунин дар водиҳои Зарафшону Бойсуну Ҳисор зиндагӣ мекарданд. Ҷанобони дурўғгў ҳатто агар ман рафту бо КГБ ҳамкорӣ медоштам, магар метавонистам номи чунин инсони шариф ва авлиёи Худоро ҳамчун «лақаб» бар худам баргузинам? Аз Худо битарсед! Дар воқеъ Ҳазрати Эшони Халифа Абдулкарим (раҳматуллоҳи алайҳ) худашон аз қурбониёни саркўбҳои КГБ-и сталинӣ буда ва чаҳор соли умрашонро дар зиндонҳои Сибир гузарониданд. Магар чунин инсони худотарсу ботақво, пешвои тариқат, ки ранҷҳои зиёде аз дасти КГБ-и сталинӣ кашидааст, боз орзуи ҳамкорӣ бо он мекарда бошад?! Худо худаш шуморо барои ин тўҳмататон ҷазо диҳад.

Дурўғи № 7. Гўё дар соли 1982 КГБ маро ба таҳсил ба Урдун фиристод, то «дар иҷрои тадбирҳое, ки малакаву тавоноиҳои хосеро металабад», саҳм бигирам.

Посух: Наход ба фикри Шумо Донишгоҳи давлатии Урдун низ шўъбаи мактаби КГБ-и СССР буд? Ин гумони бемантиқро, тавре ки мегўянд, ба виҷдонатон ҳавола мекунам!

Воқеъият ин аст , ки дар солҳои 1980-1982 баъди хатми донишкадаи исломӣ ба номи имом Бухорӣ дар шаҳри Тошканд, ман дар шўъбаи равобити хориҷии САДУМ (Идораи мусалмонони Осиёи Миёна) кор мекардам. Баҳори соли 1982 дар ҷараёни дидори Шайх Иброҳим Қаттон- қозиюлқуззот ё Раиси Додгоҳи Олии кишвари Урдун аз Иттиҳоди Шўравӣ ўро тарҷумонӣ мекардам. Тўли ду ҳафтаи ҳамроҳӣ бо ҳам аз наздик шинос шудем ва боре ў аз ман пурсид, ки оё мехоҳам таҳсили худро дар ягон донишгоҳи хориҷ идома бидиҳам? Табиист, ки ман мехостам ва ин як орзуи ман буд. Аммо ман ба ў гуфтам, ки ин мавзўъ танҳо аз хоҳиши ман вобаста нест ва тавзеҳ додам, ки ин масъаларо муфтӣ Бобохонов – Раиси Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Куроедов- Раиси Шўрои динии Иттиҳоди Шўравӣ метавонанд ҳал кунанд. Дар фурўдгоҳи Шереметово ба ҳангоми гусели ҷаноби Иброҳими Қаттон ба бахти ман, Бобохонов ва Куроедов ҳам омаданд. Иброҳим Қаттон вақти сўҳбат бо онҳо масъалаи таҳсили маро ҳам дар миён гузошт. Ў гуфт, ин мутарҷим ҷавони боистеъдод аст ва хуб мешуд, агар ў таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Урдун идома диҳад, ҳазинаи таҳсилашро мо ба ўҳда мегирем. Чун ин ду масъули баландпоя ба ин меҳмон эҳтироми вижа доштанд, ногузир мувофиқат карданд. Баъд аз чанд муддат ба номи ман даъватнома омад…

Дурўғи № 8. Гўё баъди пас аз бозгашт аз Урдун ман дар Идораи мусулмонони Осиёи Миёна дар Тошканд кор мекардаам.

Посух: Пас аз хатми донишгоҳи давлатии Урдун солҳои 1987-88 ман на дар Идораи мусалмонони Осиёи Миёна, балки дар Донишгоҳи Исломии Имом ал-Бухории шаҳри Тошканд аз фанҳои фиқҳ ва ҳадис дарс медодам. Ин бори дигар собит мекунад, ки далелҳои навиштаи шумо саҳеҳ нест.

Дурўғи № 9. Гўё дар китоби хотироти Петкел-раиси собиқи КГБ-и Тоҷикистон навишта шудааст, ки ман бо ў ва муовинаш дар яке аз манзилҳои махфии хадамоти махсус, дар ҳошияи шаҳри Душанбе дидору мулоқот доштаам. Ва навиштааст: «Ман сўҳбати онҳоро бо диққат мушоҳида мекардам. Пай бурдам, ки муовини тоҷикам, ки дар назари аввал шахси ҷасур менамуд, бо агент бо овози пасту илтиҷоомез сухан мекунад. Гумон кардан мумкин буд, ки вай барои додани ҳисобот ба назди «Абдукаримов» омадааст».

Посух: Як дўруғи дигар ва бисёр ночаспон. Ман намедонам Петкел дар китобаш чиҳо навиштааст. Лекин як чизро медонам, ки ў ба миллати тоҷик нафрати зиёд дошт ва тоҷиконро таҳқир мекард. Аммо аввалин мулоқоти мо бо ў баъд аз рўйдодҳои баҳмонмоҳи соли 1990, дар дафтари ман дар Идораи Қозиёт баргузор шуд, на дар «манзили махфӣ». Ҳамроҳи ў додситони собиқи ҷумҳурӣ Михайлин низ буд ва онҳо бо ман дар бораи ҳодисаҳои февралии соли 90-ум сўҳбат карданд. Баъдтар чандин маротиба ўро дар нишастҳои Шўрои Олӣ дидам. Дигар ин ки агар ман ҷосуси онҳо мебудам, пас чаро онҳо бояд бо ман бо таври «илтиҷову илтимос» сўҳбат мекарданд!? Агар Петкел мехост, дар соли 1990 метавонист маро ба осонӣ аз вазифаи Раиси идораи Қозиёт барканор кунад. Зеро дар он замон ҳанўз Иттиҳоди Шўравӣ побарҷо буд ва КГБ-ю Додситонӣ ниҳодҳои тавоное буданд. Мантиқи ин ҳарф куҷост?

Ва агар ман ҷосуси КГБ мебудам, чаро аз рўзи аввали Раиси Идораи Қозиёт буданам, ба сохтани масҷидҳо, мадрасаҳо, фиристодани донишомўзон ба донишгоҳҳои исломӣ, маҳдуд кардани дахолати ҳукуматдорон дар таъйину интихоби имомҳову хатибҳо ва умури молии масоҷид ва ғайра талош кардам ва адади масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаро то соли 1992 ба 2900 масҷид расонида будем? Ва ман будам, ки аввалин бор дар соли 1989 «босмачиҳо»-ро ҳамчун нирўҳои озодихоҳ ва мубориз бар зидди истилогарони хориҷӣ эълон карда, фатвои худро дар ин бора содир намуда, аз тариқи матбуот эълон намудам. Магар КГБ-и онвақта набуд, ки солҳои 1992 бо баҳонае, ки гўё ман «давлати исломӣ» месохта бошам, ба муқобилам як маъракаи бузурги таблиғотӣ ба роҳ андохта, нисбати ман тўҳматҳои зиёде мекард?

Ҳатто баъд аз мусолиҳаи миллӣ, ки ба ҳайси муовини аввали Сарвазир адои вазифа мекардам, вақте занҳоро аз рафтан ба масҷид манъ карданд, аввалин касе, ки эътироз кард ва дар ин бора мақола ва китоб навишт, магар ман набудам? Вақте, ки дар матбуоти тоҷик Каломи Худоро- Қуръонро ба «Майн Камф»-и Гитлер баробар донистанд ва Пайғамбари Азимушшаънро (с) аз Чингиз бадтар гуфтанд, пеш аз ҳама кӣ эътироз намуд ва кӣ посух дод? Магар ман набудам? Вақте, ки масҷидҳои панҷвақтаро бастанд ва баъзеяшро хароб карданд, ки эътирози расмӣ кард? Магар ман набудам? Магар ҳамкор ё хидматгори КГБ манофеи худро дар хатар гузошта, аз муқаддасоти динии худ чунин дифоъ мекунад? Ҳаргиз. Тўҳматгарони беинсоф, Шумо гумон мекунед бо навиштани ин тўҳматномаатон обрўи банда дар назди мардум кам мешавад? Иншоаллоҳ, ҳеҷ вақт не. Касе моро эҳтиром мекунад ё мухлис аст, ба ин сафсатаву тўҳматҳо бовар намекунад. Аммо, касе ки моро барои исломхоҳиямон бад медид, пеш аз тўҳматномаи Шумо низ бад медид.

Дўруғи № 10. Гўё ман аз ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев дар ноябри 1998 ҳимоят кардаам. Ин «далел» мубтанӣ бар гуфтаҳои Додоҷон Атовуллоев аст, аммо ба ман нисбат дода шудааст.

Посух: Дар воқеъ, ин иддао нишон медиҳад, ки муаллифу мушовирони он одамони чандон солиме нестанд. Агар чунин аст, бояд табобат шаванд. Якум ин, ки дар замони вуқўъи ин фоҷиа ман муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон будам ва ҳамон вақт ин ҳамларо сахт маҳкум кардам. Дар он рўзҳо нерўҳои мусаллаҳи оппозисиюн ҳанўз мунҳал нашуда буданд. Садҳо тан аз размандагони мо дар атрофи Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат барои ҳифзи ватан ва иштирок дар ҷанг бар зидди М.Худойбердиев изҳори омодагӣ карданд ва ман шахсан ҷаноби Президентро аз ин мавзўъ огаҳ карда будам.

Шумо мегўед, ки Додоҷон Атовуллоев наздиктарин фардест барои ман. Бале, ман инкор намекунам, ки Атовуллоев солҳои ғурбат дар канори даҳҳо рўзноманигори дигар дар шумори дўстон ва ҳамсафони мо буд. Вале дар солҳои ахир ман бо Додоҷон Атовуллоев ҳеч гуна робитае надорам. Агар ошноии гузашта бо Додоҷон Атовуллоро гуноҳ бидонем, пас метавон ҳамин иттиҳомро алайҳи ҳамаи онҳое, ки замоне зери раҳбарии ў дар «Чароғи рўз» кор мекарданд ҳам матраҳ кард, хусусан, бар муассиси ҳафтаномаи «События», ки худ аз ҳамкорони собиқи Додоҷон буда, аввалин шуда ин тўҳматномаро чоп кард ва имрўз мудири шўъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.

Ҷанобони тўҳматчӣ ва дўруғбоф! Бале, ман бо намояндагони КГБ дар соли 1980-ум шинос шудам, вале на дар Бухоро дар замони таҳсил дар мадрасаи Мири Араб, балки дар шаҳри Тошканд ҳангоми кор дар шўъбаи равобити хориҷии идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Ин фард бо номи Абдулмуталиб (номи хонаводагиашро ёд надорам) муовини бахши равобити хориҷии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна буд, ки дар бинои идораи динӣ утоқи корӣ дошт.

Баъд аз «инқилоб»-и Саври Афғонистон ҳайатҳои калоне иборат аз 20 то 30 нафар аз он кишвар ба Тошканд меомаданд ва аз Бухорову Самарқанд ҳам дидан мекарданд ва бо ҳаёти мардуми советӣ ва «дастовардҳои» онҳо аз наздик шинос мешуданд. Чун ман бо забони форсию дарӣ сўҳбат мекардам ва хатти арабиро медонистам, маро мутарҷими ин гурўҳҳо таъйин карданд. Абдулмуталиб дар оғоз худро фақат муовини шўъбаи робитаҳои хориҷии Идораи мусулмонони Осиёи Миёна муаррифӣ мекард, аммо баъди ду се моҳи кор кардани ман дар шўъбаи мазкур як рўз гуфт, ки ў корманди КГБ аст. Ў нахустин маъмури КГБ буд, ки худро расман ба ман ҳамчун корманди ин ниҳод муаррифӣ кард.

Бале, ман афроди бисёреро медонам, ки дар КГБ кор карданд ё кор мекунанд ва бисёри аз онҳо инсонҳои бисёр шоиста ва дўстдорони ҳақиқии ватани худанд. Ман нисбати ин ниҳоди муҳими давлатӣ ҳеҷ гуна эҳсоси нафрату хусумат надорам, чунки онҳо муҳофизони манфиатҳои давлат ва оромиши мардуми мо ҳастанд. Хоҳишмандам, аз хадамоти амнияти давлатӣ деву ҳаюло насозед! Ба фикри ман ҳамкорӣ бо идораҳои амниятӣ агар фақат ба хотири ҳифзи амнияту манофеи кишвар бошад кори хубест, ба шарте ки ин ҳамкорӣ бар зарари дину оин ва ягон нафари бегуноҳ набошад.

Хонандаи гиромӣ! Чи гуна ман метавонам ҷосуси Русияю Ўзбекистон бошам, дар ҳоле, ки дар солҳои 1992-1993 ҷангандаҳои ин кишварҳо зодгоҳи маро бомбаборон карданд? Ин бомбаҳо даҳҳо тан аз хешовандони маро куштанд ва падару писарамро захмӣ карданд. Онҳо дар он сол Фронти халқиро мусаллаҳу пуштибонии сиёсӣ карданд, на Ҳукумати муросои миллӣ ва на бандаро…

Ду ҳафта ин ҷониб банда аз сардабири нашрияи «События» борҳо хоҳиш кардам, ки раддияи маро чоп намуда, исми аслии муаллифи ин мақоларо эълон намояд, зеро ман мехостам ўро ба додгоҳ бикашам. Аммо мутаассифона, эшон бо ҳар баҳона раддияи маро чоп накарданд ва илова ба ин, вақте он тўҳматнома дар хабаргузории давлатии «Ховар» ва нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба нашр расид, фаҳмидам, ки пушти ин кор натанҳо муаллифон, балки доираҳои бонуфузи ҳукумат низ истодаанд.

Аз ин сабаб, аз нияти даъво кардан ба суд даст кашидам, зеро аз як сў, ман наметавонам бо ҳукумат сарбасар шавам ва ҳеҷ вақт ҳам намешавам ва аз сўи дигар, дар чунин ҳолат муроҷиат ба судро бефоида медонам. Ҳамаи тўҳматгарону нашркунандагони онро ба Худои Қодиру Мунтақим месупорам. Умедоворам Худои Таъоло худаш ҷазои сазовор медиҳад.

Дар поён ман аз Худо мехоҳам, ки шумо ва амсоли шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад, то дар оянда ба хотири манофеъи шахсӣ ва пули ҳаром дигар ба ҳеҷ касе тўҳмат назанед.

Аз редаксия: Чун дар маводи «Тўраҷонзода – ҷосуси КГБ?» аслан ишора сари мусоҳиба ва мақолаи дар «Фараж» чопшудаи Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода мерафт ва як гуна ҷавоб ба ин ду мавод буд, ҳамчунин, нашрияҳои маводро нашркарда, аз чопи ҷавобия худдорӣ карданд, рўзнома ба хотири дастгирии маънавии яке аз муаллифони ҳамешагиаш, қарзи виҷдонии худ донист то онро нашр намояд.

Самарқанду Бухоро дар ивази нерӯгоҳи Роғун?

maqsomХитобаҳои ҳаррӯзаи Ислом Каримов бар зидди нерӯгоҳи Роғун ҳарчӣ бештар ба шиъорҳои зидди-Исроилии Маҳмуди Аҳмадинажод монанд мешаванд.

Президенти Узбакистон ҳарчанд монанди ҳамтои иронии худ нагуфтааст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон тарошида шавад, аммо даъвои бедалелаш бештар чунин зермаъно дорад, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз зону барнахезад. Роғунро сохтани Тоҷикистон маънои бархостан ва қавӣ шуданро дорад.

Исроил дар посух ба суханони Аҳмадинажод таҳдиди инро дорад, ки иншооти ҳастаии Иронро бомбаборон хоҳад кард. Сарони Ирон ин таҳдидҳоро пуч мешуморанд, вале ҳамзамон ба Шӯрои амнияти Созмони Милал нома менависанд, ки ба Исроил ҳушдор диҳад.

Тоҷикистон аввалин бор дар нишасти Алматй ба Узбакистон гуфт, аввал вазъи обанборҳои дохилии худро бисанҷад, ки чӣ қадар дар хушкидани Баҳри Арал саҳм доранд. СММ гуфтааст, наздик ба 70%-и об дар Узбакистон нодуруст истифода мешавад ва ин яке аз сабабҳои хушкидани Арал аст.

Аммо чӣ мешавад, агар  Тоҷикистон дар посух ба даъвоҳои ҷангҷӯёнаи Каримов масъалаи эҳтироми ҳуқуқҳои миллӣ ва инсонии тоҷикони Самарқанду Бухоро ва Сурхондарёву Қашқадарёро дар миён гузорад ва таҳдид кунад, ки дар сурати идома ёфтани сиёсати мавҳкунӣ ё ассимилятсияи тоҷикон дар Узбакистон аввал ба СММ муроҷиат хоҳад кард ва дар ҳолати зарурӣ даст ба чораҳои қатъӣ хоҳад зад.

Аз сабаби он ки масъалаи Роғун аз тарафи Ислом Каримов маҳз ба як даъво ва муштзӯрӣ ва чораи пешгирӣ аз тақвияти иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст, Душанбе ҳам ҳаққи комил дорад, ки ба ҳамин шева «салом»-ро «алайк» диҳад.

Шаби Ялдо, шаби рушан…

Иди Қурбон гузашт. Хеле хуб аз он қадр карданд. Аммо Шаби Ялдо иди асили точикон аст, ки аз ёдҳо зудуда шудааст. Идест, ки ноаён ба масеҳиён ҳам таъсир кард ва ончи Кристмасс меноманд, аз Ялдо берун омадааст. Чунончи, оростани ниҳоли сабз аз иди Ялдо баромадааст. Акнун таърихи Шаби Ялдо дар зерхонаҳои таърих гум шуда, дар шакли Мавлуди Масеҳ дубора зуҳур кардааст.

Ягона касе ки Шаби Ялдоро ба ман муборак гуфт, устоди азиз Адаш Истад буд ва паёми гарми у дар зимистони сарди шаҳри ғурбат аз Самарқанди бостонию хуршедию қандманд монанди нуре ба ман расид. Вай менависад, «масеҳиён пас аз тасхири Мод, як қисми сарзамини паҳновари Эрони бостон, ки ҳоло Туркия ном дорад, бо иди қадимии эрониён, Рузи Мавлуди Меҳр (Митра) дучор шуданд ва азбаски рузи таваллуди Исои Масеҳ маълум набуд, онро рузи таваллуди Исо эълон карданд. Ва оростани сарв (арча) дар рузи таваллуди Меҳр  аз нишони асосии ин ид буд, ки онро низ қабул карданд. Азбаски он замон нучум саҳеҳ набуд, Шаби Ялдо ба 25 декабр рост меомад ва баьд дар 1 январ қарор гирифт. Аммо инкишофи нучум онро боз ба чои худ, шаби 21 декабр овард, аммо масеҳиён аз 1 январ ба пас нагаштанд. Аммо мардуми точик имруз аз ин огоҳ нест. Ба ҳамин сабаб аксар гумон мекунанд, ки Соли Нави мелодй эчоди масеҳиён аст…»

Ин суханони устод Адаш аз он лиҳоз муҳиманд, ки фарҳанг ягона пайвандгоҳи ҳувият дар фазои тақсимшуда мебошад. Бахусус ҳувияти тақсимшудаи мардумони мо, тақсимшуда дар миёни ислому эроният, таъсирпазир аз маданияти ғарбию шарқию худию бегона, порчашудаи миёни қавму маҳалгароиву гуруҳпарастиҳои тангназарона ва худбинона. Бояд зарпораҳои гузаштаро гирд овард ва аз онҳо офтобе сохт, то роҳи сахту сангини моро рушан кунад. Иди Шаби Ялдо яке аз ин зарпораҳост.