Мактуби точикон аз махбаси Русия

Бар ёрони хамАндеш аз махбаси Русия чунин нома расид, ки наметавон аз он катъи назар кард. Бародари хамхун ва хамватан менависад:

Ассалому алайкум бародари азиз. Ман Нажмиддини Ёрмухаммадзод зодаи нохияи Вахдат. Ман дар махбасхонаи шахри Екатеринбург махбус хастам.  Дар инчо кариб 300(!) нафар хамватанони мо шиштаанд. Нисф зиёдашон хукмашонро гирифтаанд (аз 8 то 15 соли). Хамаи инхо фикр доранд, ки баъди хукм гирифтан харакат мекунанд то ба ватан равон кунандшон то, ки вакти хабсшудаи (срок наказания) худро дар ончо шинанд. Лекин ин корхо вакте карда мешад, ки байни давлатхо шартнома бошад.Савол: – Оё хамин хел шартнома байни давлати мо ва…

Дар хамин чо номаи у катъ шудааст, маълум нест ба кадом сабаб. Аммо фахмост, ки пурсидан мехохад оё созишномаи миёни Русия ва Точикистон дар бораи ба кишвари хамдигар супурдани афроди махкумшуда ба хабс мавчуд аст ё на.

Хуб аст, агар бародароне ки дар ин бора маълумоти дакик доранд, ба мадади хамватани мо расанд ва ин иттилоъро дар миён бигзоранд. Аммо ковишхои банда дар интернет нишон дод, ки агарчи байни Русия бо бисёр кишвархои чахон аз Ангола гирифта, то Узбакистон чунин шартномахо хастанд, созишеро бо Точикистон дар ин бора пайдо карда натавонистем. Ба назар мерасад, ин чо хам хукумати Точикистон шахрвандони худро ба панохи худо супурдааст.

Вале як санади дигар мавчуд аст. «Ковенсюни тахвили махкумшудагон барои ичрои минбаъдаи чазо» 6 марти соли 1998 аз тарафи кишвархои Иттиходи давлатхои мушатаркулманофеъ, аз чумла Точикистон имзо шудааст, ки шахрвандони махкумшуда метавонанд аз чониби кишвари содиркунандаи хукм ба кишваре супурда шаванд, ки шахс ба таври доимй он чо зиндагй мекунад. Барои ин бояд кишвари ватани доимй аз кишвари содиркунандаи хукм дархост кунад. Хамчунин кишвари содиркунандаи хукм низ метавонад, чунин пешниходро ба кишваре кунад, ки афроди махкумшуда шахрванди онанд.

Умедворам, ёрони дигар машварати худро дарег намедоранд, вале аз чониби худ мегуям, ки шояд махбасхои Русия аз махбасхои Точикистон бехтар бошанд. Хам аз лихози тозагиву таъмин бо гизо ва хам аз лихози он ки созмонхои байнулмилалии хифзи хукуки инсон метавонанд, аз ахволи махбусон дар ин чо хабар гиранд. Махбасхои Точикистон ба чунин тафтишхо рох намедиханд ва касе намедонад, ки вазъи махбусон дар он чи чй гуна аст. Ду сол пеш махбусони зиндони Кургонтеппа ва пештар махбусони Хучанд ошуб бардошта буданд, ки ба онхо гизои хуб намедиханд, хидмати тиббй намерасонанд ва гузашта аз ин махбусонро шиканча медиханд ва ба номуси онхо тачовуз мекунанд. Макомоти Точикистон аввали сол икрор карданд: ки дар соли 2007 дар махбасхои кишвар 87 нафар аз беморихои СПИД ва сил мурдаанд.

Дар айни замон махбасхои Точикистон бартарихо низ доранд, ки наздик будани хешу табор имкон медихад, ба махбусон гизои бехтаре расонда шавад ва аз ахволи онхо хабар гирифта шавад. Сониян, хар сол камаш ду бор ба муносибати иди истиклолият ва рузи сулху вахдат афвхо мешавад ва онхое, ки чазои сабуктар доранд, метавонанд, пеш аз мухлат ба озодй бароянд.

Ба сурати умум дар махбасхои Русия, ба гуфтаи вазири умури дохилии ин кишвар Рашид Нургалиев то аввали соли равон 8 200 шахрванди Точикистон ба сар мебурд. Дар бораи ба махбасхои Точикистон интикол дода шудани афроди махкумшуда хабаре ба нашр нарасидааст.

Тоҷиккушй ҳамчун натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонӣ

Ягон сарвар ё вазорати Русия ба номаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон посух надод. Касе дар Русия аз сарбурии шаҳрванди Тоҷикистон изҳори таассуф ё маъзарат накард. Баракс як намояндаи давлати Русия, раиси Кумитаи равобити байнулмилалӣ ва сиёсати миллии ҳукумати шаҳри Маскав Михоил Соломентсев гуфт, ин ҳодиса ба қавму миллият пайванде надорад, балки дар натиҷаи бӯҳрон ба амал омадааст. Аз руи мантиқи ин давлатмарди Русия тоҷикон бояд бо сари худ барои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодй ҷавоб бидиҳанд.

Дар ҳоле ки аз сафири Тоҷикистон дар Русия гирифта, то чандин нафари дигар аз худ ҳомии муҳоҷирони тоҷик метарошанд, ягона шахсе, ки аз куштори ваҳшиёнаи ҷавони тоҷик Салоҳиддин Азизов дар рубаруи мансабдорони Маскав истода садо баланд кард, Хуршедаи Даврондухт буд, ки ҳамчун намояндаи Маркази фарҳангии тоҷикон ба ин ҷаласа роҳ ёфт. Вай гуфт, ҳар рӯз қатлу куштор аст ва ҳар рӯз ба Тоҷикистон тобуте фиристода мешавад, аммо ҳукумати Маскав ва ҳукумати Русия гӯё ин ҳамаро намебинанд. Вай гуфт:  «Если за убийства двадцати человек преступников будут осуждать на десять лет, ничего не изменится», – считает Хамракулова. (15 декабря этого года были осуждены члены группы несовершеннолетних скинхедов, обвиняемые в 20 убийствах и 12 покушениях. Главари банды Артур Рыно и Павел Скачевский получили по 10 лет колонии общего режима.)

Бо таъкидҳо ва фишори Хуршеда бону дар ин ҷаласаи ҳукуматдорони Маскав тасмим гирифта шуд, барои ислоҳи вазъ як номгуйи чораҳо омода шавад. Ин чораҳо бояд аз ислоҳи қонунҳои Русия, ки ба сартарошидаҳо имкон медиҳад, амалан беҷазо монанд, то тоза кардани ҳама гуна матнҳои бегонаситез дар китобҳои дарсиро фаро гиранд.

Хуршеда гуфт: «Политики прямо так и говорят: наступил кризис, и сейчас потерявшие работу таджики выйдут на улицы разбойничать, – заявила Хамракулова. – Но почему таджики? Почему не просто безработные?» По ее словам, ксенофобских настроений в столице хватает и без подобных безответственных заявлений. «Во время наших мероприятий мы даем подискутировать детям разных национальностей, – рассказала она. – И уже у них намечаются агрессивные тенденции, они говорят теми же словами, что и взрослые».

Вале намояндагони Думаи Маскав ба ин духтари тоҷик дарафтоданд ва нуқсу камбуди диспораҳои миллии Тоҷикистон, қонуннописандии муҳоҷирони тоҷик, бесаводию бадрафтории онҳоро ба сари у заданд. Раиси кумиссюни Думаи Маскав Игор Елиференко гуфт, бо афзоиши бӯҳрон, ҷои гурез нест, бегонабадбинй бештару бештар хоҳад шуд. Пас барои ин сари боз чанд тоҷик бурида хоҳад гашт? Аммо шояд танқиди онҳо аз диаспораҳои тоҷикй дуруст ҳам ҳаст, мисли он ки сари онҳоро ҳам бурида бошанд, ҳама хапу хомушанд.

Рахбари рахгумзада ё миллати вайроншуда?

rahm2.jpg

Ин шахс шиорхои хуб мезанад, суханони чолиб мегуяд вале харчанд мулло нест, ба гуфтааш раведу аз аъмолаш пархез кунед. Касе ки мегуяд, «саломатии миллат сарвати бебахост», мебоист ба сайру саёхати бехудаи Техрону Маскав намерафт, балки бемористон ба бемористон, хона ба хона, кудакистон ба кудакистон мегашт ва аз вазиронаш талаб мекард, саломатии миллатро дар ин сармо ва бебаркй хифз кунанд, зеро он сарвати бебахост.

Аммо субхи имруз, 21 феврали соли 2008, дар пешоруи мулокоти президент Рахмон бо мухочирони точик дар Маскав ва бо андешаи он ки чаноби олй то кучо аз киссахои пурдарди мухочирони точики Русия андухгин хохад шуд ва чи стротежии рахоии онхоро аз чунин авзоъ ба кор хохад гирифт, истгохамро аз даст додам ва дар истгохи галате аз трамвай поин шудаму худ ба худ гуфтам, наход рахбари миллат маро рахгум занонад, хол он ки у рахбару рахнамост…

Сомонаи интернетй ё торнамояшро боз кардам ва ин суханони уро хондам: «Вахдат барои мо як вожа ё калимаи оддй нест, балки номаи такдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба суи  ояндаи ободу осуда ва мухимтар аз хама, кафили сарчамъивву хушбахтии имрузу ояндаи халкамон аст.»

Ба ёдам мулокотхои дигар омад. Дидори президентхои Арманистону Озарбойчон бо диаспорахои миллияшон дар Маскав бо ширкати президенти Русия, Владимир Путин чараён ёфта буд. Хузури Путин сабаб гашта буд, ки на танхо матбуъоти Русия, балки расонахои хамагонии чахон аз ин анчуманхо хабару макола нашр кунанд ва таваччухро ба вазъи мухочирони озару арман дар Русия бикашонанд. Оё Рахмон метавониста бошад, Путинро ба ин мулокот биёварад, фикр мекардам, дар холе ки кариб буд, боз истгохи трамвайи худро гум кунам.

Путин мухим аст, зеро ширкати у дар мулокоти президенти Точикистон бо точикони Русия як кадаме ба бехтар кардани вазъи мухочирони мо дар Русия хохад шуд. Обруи точикон хам хохад буд, ки президент Путин дар нишасти онхо ширкат кардааст… 

Ман шояд хоб медидам ва ё аташи вахдати миллй ва орзуи эътимодварзй ба Рахмон маро дигарбора саргич карда буд, ки интизорихои галате доштам ва вакте хакикати холро фахмидам, тарбуз аз багалам афтиду кафид ва хунаш монанди хуни чавонони точик дар кучаву паскуча ва порку чангалхои Русия заминро аргувонй кард…

Президент Рахмон дар Маскав танхо бо онхое мулокот кард, ки бо дидани дастархони пурнозу неъмат ва толори дурахшони «Президент Отел» ва наздикии гарм бо кудрати олии кишвари худ хама чиро фаромуш карданд.

Даханхо воз ва оби онхо ба шоридан омад. Онхо билоахира барои чанд лахза худро одам хис карданд, на факат одам, балки одами наздик ба хукумат, одами бесохибу бекас на, балки сохибдору бокас. Онхо барои чанд лахза «Равшан» ва «Джамшут» будани худро фаромуш карданд ва низ катлу куштори хаммиллатони худ, фанду фиреби кордихандагони Русия, горату ягмогарй ва тахкиру тавхини милисаи ин кишвар, бе чурме дар кунчи зиндонхои Русия пусидани бародарони худ, хуллса хамаи бадбахтихои точик дар Русияро билкул аз ёд бурданд.

Онхо мачоле накарданд, аз чаноби президент бипурсанд, ки агар тибки конститутсияи Точикистон кафили хукуку озодихои мо бошй, бигу, дар ин холат моро чигуна метавонй химоят кунй? Чигуна хохй тавонист, обруи точиконро боло бардорй, то онхоро на танхо дар кучаву бозор, балки телевизиону газетахо тахкир накунанд? Ва сухан на аз сад ё дусад нафар, балки садхо хазорон нафар меравад. Як милён ва ё 1 500 000 нафар! Ин хам дар холе ки мо садхо милён дуллор ба ватан мефиристем ва халкеро, ки ту бояд хуронию пушонй, вале наметавонй, мо мехуронему мепўшонем. Ин хам дар холе ки ту гунахкори мухочирати мо хастй, зеро бароямон дар ватан чои коре мухайё накардй ва мо мачбурем сарсону саргардони олам шавем. Чаро касе ин мавзўъхоро дар миён нагузошт?

Маълум аст дигар. Рафтори гуломвор дар Русия, вакте ки хар писарбачаи дайдуи рус метавонад, ба акиби профессори точик лагад занад ва профессор хак надорад, хатто садо баланд кунад, касро тадричан ба гулом табдил медихад. Лек маро вахшат фаро мегирад, вакте мебинам, ки чисмангуломон ба вартаи нихоие мерасанд, ки рухангулом низ мешаванд. Рухангуломон касоне хастанд, ки бо вучуди гуломй аз худ ифтихор мекунанд, бо гуломии худ мефахранд.

«С ними все понятно. Джамшуд он и есть Джамшуд.» 

Вале «падари миллат» чи кард? Оё вай аз он чизе ки медид, дардеро хис кард? Дилаш сих назад? Ба холи писаронаш монанди Рустам дар суги Сухроб фигон накашид, гиря накард? Напурсид, чи хол доред, фарзандонам? Чаро гариби мулки бегона ва дастнигари дари мардумонед? Котилони шумо кистанд ва аз кучо онхоро пайдо кунам ва аз кадом гиребон панча занам? Чи санге барои шумо ба сарам занам ва чи коре барои шумо аз чонам бикунам? На. Напурсид. Маъруза сар кард. Варсокй. Аз хамон шиорхои деринаи вахдату ягонагию ободй, ки худаш ба як харфи онхо бовар надорад.

Ба назди мусофиракон аз ватан касе биёяд, пеш аз хама вазъи ватанро мегуяд. Ахволи мардумро. Вале вай чизе нагуфт. Шояд шарм дошт, бигуяд, ки мардуми худро ба чи холе афкандааст. Барк нест, газ нест, об нест, нон кимат. Падару модари пир ва занони бо шавхарони зинда бевамонда, навзодони аз бебаркй мурдаи ин мардикоронро ёд накард. Шояд нахост, дили бе ин хам гамбори онхоро гамгинтар кунад.

Вале инхо хама хадсу тахмин, зеро вай зохиран хеле шод буд ва ахволи мардуми кишвар шояд ба гушаи хотираш хам намеомад. Шод буд ва баланд механдид. Подшохи кишвари мотамзада. Агар хабари катлхои ахири точикон тоза намебуд, хоса катлхои гусфандвор ва сагвори точикон дар Маскав, пойтахти Русия, вай шояд аз хурсандй, аз дидани неруи фаровони барки «Президент Отел» ва эхсоси гармии рохатфизо, ки дар кишвараш тухми анко шудааст, ба ракс медаромад ва чорта чавонияшро ба ёд меовард. Вай одат дорад, дар руи хун бираксад.

Аммо рафтори вай суоли дигареро пеш овард: Чаро касе, ки «вахдат»-ро на вожаи оддй, балки кафили сарчамъй, рушд ва хушбахтии миллат медонад,  мухочирони точик дар Русияро ба «худихо» ва «бегонахо» чудо кард? Шахсан ман аз президенти кишвар чунин рафторро интизор надоштам ва холо ин сатрхоро менависаму боварам намешавад, ки вай тавонистааст, хамрохи як гурух аз хамдехагону хамвилоятхо ва чанде аз резахурони дастархони Сафорати Кулоб дар Маскав зиёфат хурад, дар холе ки бахши дигар аз сарварони созмонхои мухочирони точик танхо барои он ки хукуматашро дар беэътиной ба вазъи мардикорон айбдор мекунанд, ба ин мулокот даъват нашуданд.

Президенти Точикистон, Раиси Форуми Точикони Чахон ва даъвогари унвони «Падари миллат» кам нест, ки дар Точикистон одамонро ба кабилаву навъу сортхо чудо мекунад ва танхо намояндагони «элу ирк»-и худро вазиру сафиру раис мекунад, дар Русия низ бояд айни сиёсаташро давом дихад? Оё ин тафрикаангезй нест? Мухочирони точик бе ин хам худро дар Русия одамони навъи дувум хис мекунанд. Рахбари точикон меояд ва як бахши онхоро боз ба зернавъи дуи навъи дувум хукм мекунад.

Ба мулокот бо рахбари кишвари худ онхое даъват нашуданд, ки хануз солхо пеш то андозае ки метавонистанд, мардуми худро сохибй мекарданд. Инхо буданд, ки аввалин шуда, монанди Бўрй Карим аз музди худ як микдор пасандоз мекарданд, то ба дармондагони точик дар мулки бегона кумак кунанд. Рузгороне ки инхо монанди Сайиди Назар барои аввалин фирорихои точик дар Маскав хона мечустанд, онхо точиконро аз манзилхояшон меронданд ва хонахоро месузонданд. Вакте инхо мисли Хуршедаи Даврондухт осори адибони точикро дар Маскав ба русй тарчима ва нашр мекарданд, онхо китоби шоирони точикро дар майдони Озодй оташ мезаданд. Замоне ки инхо, монанди Юлия Хижняк намоиши осори хунару фарханги точикро дар Маскав ташкил мекарданд, онхо дастхатхои кадимй ва бозёфтхои бостониро ба хоричиён мефурухтанд. Инхо буданд, ки мисли Додочони Атовулло шуморахои пасихами «Чароги руз»-ро ба сулху вахдат мебахшиданд ва аз сарони оппозисюн боисрор такозои оштй бо хукуматро мекарданд, вале онхо дар нашрияхои ватан ба номи якояки афроди оппозисюн сиёхномахои хадамоти амниятро мунташир месохтанд. Инхо буданд, ки монанди Каромати Шариф аввалин шуда, хар як хамла ба точиконро дар Русия руихат мекарданд, то манзараи умумиро ошкор кунанд ва бонги изтироб зананд ва бо факту далел макомоти Русияро мачбур ба дарки масъала созанд ва ин Каромат буд, ки дар пайи точики бенишоншуда шуъба ба шуъбаи милиса ё мурдахона ба мурдахона мегашт.

Инхоро даъват накарданд, зеро ба назари онхо касоне, ки хукуматро танкид мекунанд, хатову иштибохи мансабдоронро нишон медиханд ва хифзи гуруру эътибори точикон дар Русияро талаб менамоянд, душман мебошанд. Магар бехтар набуд, одамони дорои акидахои гуногунро чамъ овард ва аз иттилоъ ва андешаву афкори онхо истифода кард, то як корпояи фаъолиятхои муштараки ояндаро омода сохт? Оё бехтар набуд, агар дар байни созмонхои гуногуни мухочирон хамдигарнофахмй чой дорад, рахбари аъзам онхоро сари як миз биёрад ва вахдатро ба онхо ёд бидихад?

Джамшудхоро чамъ оварданд, вале одамони дилсуз ва захматкашро на.

Онхо буданд, ки мисли Хокими Мухаббат, аз пули нони оилахои худ буридаву часпонда, ба гушахои дурдасти Русия сафар мекарданд, то аз холи зори хамватанони худ хабар гиранд. Аз пули кисаи худ, на аз хазинаи миллати Точикистон, онгуна ки чаноби Рахмон ва хамрикобонаш сайру саёхат мекунад ва хайру зиёфат. Мард буданд, онхо агар ин зиёфат ба хамшахриёни хешро аз чайби худ мекарданд, на аз хисоби давлати Точикистон, ки шарм накарда, дасти гадой ба чахоргушаи олам дароз кардааст. 

Онхо буданд, ки солхо пеш, вакте дар Музейи Осори Шарки Маскав номи «Сомониён»-ро ба забон меоварданд, ин хукуматдорон он вакт ба бомбаборони Гарм машгул буданд. Вакте инхо Созмони хукуки башари Осиёи Марказиро дар Маскав таъсис медоданд, мулокотороёни имруза он вакт дар кучахои Душанбе бадахшонихоро сар мезаданд. Замоне ки инхо барои гурезахои точик чои кор меёфтанд, онхо мардуми мутахассисро ронда, хатто дарвозабонии хочатхонахоро ба хамдехагони худ медоданд. Айёме ки точикони Маскав барои кудакони мухочир мактаб ташкил медоданд, аз шарри голибони чанги ватан хазорон кудак дар хиёбонхо ва дур аз китобу калам ба сар мебурданд. Ин гуна тазодхоро тулонй мешавад ин чо овард, аммо онхо хоханд гуфт, ёди гузаштаро ангехтан даъват ба чанг аст.

Вале фикр намекунад, ин чанобон бо хамин тафрикаангезихо чангро идома медиханд? Хануз хам, мо точикон дар чашми ин чанобон ба ду кисмем: Точикони хуб ва точикони бад. Ширкаткунандагони мулокоти Маскавро хамон гунае интихоб карданд, ки солхо боз мехмонони Форуми Точикони Чахонро интихоб мекунанд. Точики барои онхо хуб даъват мешавад, точики барои онхо бад, даъват намешавад. Гуё инхостанд, ки хакки точик будану точик набудани моро низ чузви салохияту вазифаи худ карор додаанд. Ёд доред, Рахмон рахбари тарафи дигари сулху вахдатро, ки ба хотири сулхи точикон аз хама чизи худ гузашт, устоди равоншод Сайид Абдуллохи Нуриро ба чашни сулху вахдат даъват намекард? Магар хакки маънавие ба ин дошт? Ин раванд хамоно давом дорад ва магар ин нест идомаи чанги шахрвандй ва хокимияти тафаккури чанганда???

Дар зохир — сулх, дар ботин — чанг. Боз хохиш мекунад, ки инкилоб нашавад.

Пас ин инкилобро магар пинхонкорон омода мекунанд ва ё худи чаноби Рахмон ва атрофиёнаш? Хуб, агар Рахмон президенти факат як бахши муайяни ахолии Точикистон бошад, бахши дигари ахолй бояд президенти худро чустучу кунад. Агар вай рахбари танхо точикони «хуб» аст, пас бояд точикони барояш «бад» касеро президент кунанд, ки онхоро ва хамаи миллати точикро ба як чашм бубинад ва хама барояш «хуб» бошанд, бидуни хеч истисно. Чи дар ватан ва чи берун аз он. Чи дар раёсат ва чи дар сафорат ва чи дар вазорат! Агар ин шахс дар ивази некии мардуми хеш хамин гуна тангназар бокй монданй хаст, бояд барояш дар як гушаи Точикистон маконе сохт ва хамаи точикони барояш «хуб»-ро низ ба он макон бурд ва бигзор хар кадар ки мехохад бо онхо бираксад, аммо ин миллатро осуда гузорад, аз тафаккури чангиёна рахояш кунад, то мардум худ рохи нур, озодй ва ободиро дарёбад.

Дар хамин мулокот чаноби Рахмон гуфт: «Ман ба хамаи хамватанони бурунмарзй мурочиат карда, мехохам як нуктаро таъкид намоям, ки хар яки шумо хамчун оинаи миллат дар хоричи кишвар халки худро бо сатхи фархангу маърифат ва рафтору одобатон муаррифй мекунед.» Дар бораи сарфу нахви забони ин порча чизе намегуем, магар ин ки боз як тахкир ба унвони забони модарии мост, аммо агар хар яки мо оинаи миллат дар хоричи кишвар бошем, чанобашон оинаи тира, зангзада ва вахшатангезанд. Ин оина моро дар Русия боз хам бадтар нишон дод, афсус…