Зухури салафихо ва тахририён ходисаи табиист

Муртазо Мустафозода

Дар торнигори шумо чанд матлаберо дар бобати салафихо хонда будам ва хушдори умда  дар ин матолиб чунин буд, ки зимни мудохилаи нерухои беруна дар умки афкори исломии Точикистон неруи тирае дар холи ташаккул аст. Ичоза дихед, бо вучуди кабули аксар нукоти матруха, ба ин хулосаи асосии шумо ва дигар муаллифони торнигор мухолиф бошам.

Дар мархилаи кунунй махз хамин чунбишхо мухаррики афкори сиёсй ва ичтимоъии чомеъаи Точикистон мебошанд. Мухолифати онхо ба низоми мавчуда дар кишвар холигохи дигарандешй ва эътирозро такмил мекунад. Дастпарвар ва муздури махофили хоричй шумурдани онхо иштибохи махз ва камбинии онхо ва камбуди шинохти сахех аз вазъи кишвар аст. Харчанд лозим ба икрор аст, ки махофили муайяни хоричй нерухои мазкураи исломгарои точикро, ки дар чомеъаи худ танхой кашида, пуштибонии заруриро пайдо намекунанд, мавриди истифода ва гохе суиистифодаи карор медиханд. Ин равиш холати фиребандаеро мучассам месозад, ки гӯё нерухи исломии кишвар аз берун идора мешаванд. Айнан монанди он ки замоне муъассисони Хизби нахзати исломии Точикистон муздурон ва ачирони махофили хоричй шумурда мешуданд. Имруз касе ёфт намешавад, ки дар нисбати ХНИТ чунин иттихомро ба миён бигузорад. 

Салафихо, тахририён, байъатиён ва пайравони чандин чараёни нисбатан нави исломи сиёсии Точикистон меваи ноканоатмандии чавонмуслимини точик аз вазъи феълии дин ва сиёсат дар кишвар мебошанд. Бахше аз онхо фиребхурдагони ХНИТ низ хастанд. Дар огози солхои 90-и карни гузашта онхо чашми умед ба ХНИТ духтанд, аз пайи рахбарони он рафтанд, дар сангари чанг карор гирифтанд ва шахид доданд. Ахдофи онхо аз мубориза билкулл ин набуд, ки чанд нафар ба макому манзалати давлатй бирасанд ва ду нафар ба узви порлумон табдил биёбанд. Ахдофи онхо фаротар аз ин буд. Яъне таъмини чойгохи воло ва муносиб барои арзишҳои динй ва миллии худ, ворид кардани рухи кудсияти динй ба колбади бегонасиришти чомеъа ва низом, чорй кардани адли илохй ва ичтимой.

Рахбарони ХНИТ ва Иттиходи оппозисюни точик ин афроди ангезадор ва гайюрро ваъдаи расидан ба ормонхоро доданд ва то тавонистанд, аз содалавхй ва сарсупурдагии онон истифода карданд. Дар соли 1997 сулхи козиб ва якчониба баста шуд. Рахбарон ормонхои бузургро курбони маъишат ва дунё карданд ва ин хиёнати эшон боздехи хубе барои онхо ва ахли хонаводаву хамдиёронашон овард. Судчуихои дунявии хештанро онхо бо бахонахои «хадди аксари имконоти мавчуда» пардапуш карданд ва ба махзи расидан ба ахдофи хусусиву гурухй, хонаводагиву махаллии худ садхо хазор чавони ангезадор ва мучохидро ба боди сарнавишт, ба дасти гаддорони пирузманд супурданд. Хазорон нафари онхо кушта шуданд, хамин теъдод зиндонй гаштанд, бакия фирор намуданд. Ормонхояшон дар сина монд ва аз кафани гулгунашон хануз хам дуд мехезад.

Дар холате ки солхои чанг рахбарони харакоти исломии Точикистон бо даъватхои чиходй ва расидан ба ормонхои исломй ангезаи ин чавонмардони сарсупурдаро харчи бештару бештар кавитар мекарданд, бо расидан ба максадхои кучаки хеш бо дастури хукумати рахмонуфй ва дар ивази тичорат бо ин хукумат ба таблиги низоми дунявият гузаштанд ва тамоми талошро карданд, ки он ангезаи кавиро бишкананд. Ба онхо муяссар гардид, ки то андозае ин ангеза ва ормонпарастии як насли пуршумори исломгароёнро заъиф гардонанд, аммо муяссар нагашт, ки онро комилан аз байн бубаранд.

Дар натича имруз мо сафхову халкахои зиче аз салафиён, тахририён, байъатиёнро дорем, ки шумори пайравонашон руз то руз бештар мешавад. Ба андешаи огахони раванд, теъдоди онхо бахусус дар миёни мухочирони точик, ки дар Русия азоби алим мекашанд, ба садхо хазор нафар мерасад. Дар бархе аз манотики Русия, бахусус вилоёти мусулмоннишин онхо шабакахои муназзам ва пуркор доранд. Холо танхо сарриштаи кори онхо дар Точикистон зухур кардааст, ки зиёд назаррас нест.

Лихозо, ин нируро наметавон гуфт, тира аст, балки кудрати ботинии он хамагонро ба харос меорад. Як далели ба сукути амик фуру афтодани ХНИТ дар мархилаи хозира низ хамин мебошад, ки ХНИТ намехохад, он чизе ки фардо ба вукуъ пайвастанист, натичаи кору пайкори он дониста шавад. Ба акидаи сарварони нахзатиён, эътидолгароии намоишкоронаи онхо бояд дар оянда сипаре шавад, ки эшонро аз иттихомот алайхашон эмин дорад. Ба хар тартиб, нерухои нав ва хуфиякори исломии Точикистон бо исмхои мухталиф ва эхтимолан муваккат аксисадои фиребхурдагон ва агар мехохед, интикомчуии онхоест, ки мубориза карданд, шахид доданд, аммо ба чое нарасиданд ва баракс мебинанд, ки вазъи Исломи азиз ва ватани азизи эшон бадтару бадтар мешавад.

 

Афроди мо дар хукумат

lat.jpg

ИСТЕЪФОИ ХУКУМАТ 

Агар дар чуёи Google ибораи «Хукумати Точикистон»-ро ба русй нависед, сарогоз ду хабарро пеш меорад, ки харду як сарлавха доранд: «Хукумати Точикистон дар хайати комилаш ба истеъфо рафт». Афсус, хабар на аз имруз, балки 22 ноябр аст. Солаш хам маълум нест. Хакикаташ низ — зери суол.

Вале агар ин ходиса рузи 22 феврали соли 2008 иттифок меафтод, президент Рахмон холо махбуби мардум мебуд. Аммо чаро дар хайати комил? Оё хама баданд?

ВАЗИР — ДУШМАНИ ХАЛК?

Рахмон гуфт, дар сардихои зимистони имсол касе аз шахрвандони Точикистон ба халокат нарасидааст ва касоне, ки чунин хабархоро пахн мекунанд, душманони миллатанд. 

Маълум мешавад, президенти кишвар вазири тандурустй Нусратулло Салимовро душмани миллат мешуморад. Чаноби вазир рузи 21 феврали соли 2008 ба хабарнигорон гуфт, аз сармо ва бухрони энержй 12 нафар ба халокат расидаанд. Шумори халокшудагонро хабаргузорихои байнулмилал хеле бештар эълон кардаанд. Рахмон аз холи мардуми худ хабар надорад?

Вазорати тандурустй аз Кохи раёсатчумхурй дуртар аст. Гушхо хам аз бори руган вазнин шудаанд. Лекин аз худи ин кох, сухангуи чаноби Рахмон, Абдулфаттох Шарипов гуфт, дар тармаи Майхура 3 нафар кушта шуданд. Ба ахбори дигар — то 50 нафар.

Дарег, Рахмон дар халкаи душманони миллат аст.

ТАЗЗОДИ ГИЮ-ОРИФМЕТИК

Хадафи Рахмон ин аст, ки мансабдоронаш бихаросанд ва чунин аркомро нашр накунанд. Холо дар Точикистон ду сирри давлатй вучуд дорад. Аз сармо ва бехунарии хукумат чанд нафар кушта шуд ва тарафдорони сарханги мардуд, аммо фарзанди хамин хукумат — Махмуд Худойбердиев чанд нафаранд?

Мурдахои сармо руз то руз камтар мешаванд, тарафдорони Худойбердиев бештар. Хар руз вазорати милиса ва пуркурорхои «пуркор» аз боздошти боз як (2,3,4… анд) тарафдори Худойбердиев ва суд* шудани онхо хабар медиханд. Шумори онхо гуё охир надоранд. 

ХАЙАТИ ХУКУМАТ

Хамчун нуре дар зулмот ва садое дар кабристон, нихоят ду хизби сиёсии кишвар, ба истиснои Хизби ромшудаи исломй, аз хукумат посух хостанд. Оби сард дар хавои ях аз тори сар. Ба хуш оед! Бархезед. Аз горхои гарми…на, соунахои тафсони худ берун оед ва бигуед, ки чаро миллати точикро дар ин вартаи шармсорй карор додед?

Вазирони пинакрафта такон хурданд. «Ин вазирияш боз чавобгарй хам доштааст? Дар мо худи Калон пеши хеч кас, хатто худо, чавобгар нест, чаро мо?»

Бухрон хукуматро пеши мардум русиёх кард. Аммо на хама аъзои кобина афроди баданд. Бархе аз онхо ба худо, миллат, ватан ва виждон бовар доранд ва медонанд, ки аз пули халк ишрат мекунанд.

ДУ ДАСТА Ё БЕШТАР?

Дар хукумат ин хама муддат ду даста ба хам дар «чанг»-анд. Маъзур доред, эпопеяи Убайдуллоев дигар кухна шуд. Калон уро дар чои худаш нишонд. Афродашро аз вазоратхонахо руфт. Ин дастахо дигаранд.

Чамъе аз ричоли давлат максади сода доранд. Чанд рузе ки кун ба курсиянд (як чои асосй дар чои асосии дигар), бояд сарват гундоранд. Аксари эшон чои асосии дувумро барои чои асосии худ, агар хешу табори «оила» набуданд, дар ивази сармоя ба даст овардаанд. Акнун бояд яки худро ду кунанд. Вагарна, кучо дидаед, касеро, ки дар хеч чабха муваффак нашуд, барканор гардид ва пас аз чанду дубора руи об баромад. Сафир ё вазир шуд.

Аммо нафарони дигаре хастанд, ки Рахмон илочи надоштани онхоро надорад. Чои асосии инхо болотар аз миён аст ва аклу дониши онхо даркор аст, ки киштии давлат батамом гарк нашавад. Бигзор нима зери об равад, хазорон сурох дошта бошад, лекин гарк нашавад.

Ин «бечорагон» мачбуранд, саисхонахои хукуматро бишуянд ва оби гаждро соф кунанд. Дили кас ба онхо месузад. Даргумон аст коме дарёбанд. На ба худ ва на ба миллат.

ХУШБАХТИИ РАХМОН

Хушбахтии уст, ки Точикистон афроди арзандае дорад ва Рахмон метавонад, аз миёни онхо чанд нафареро барои кашидани бори харони зиёде киро кунад. Тамоми хукумати кишлокй ва оилавии у дар сари китфи ин афрод кайфу сафо мекунад.

Агар Рахмон дарвокеъ пешвои миллй мебуд ба онхо такия мезад, аммо чун нест, танхо аз руи зарурат, мачбур аст, тобашонро дошта бошад. Дастаи аввал, ба дили у наздиктар аст. Хам хофизаи хун ва хам сармояи бехисоб. Дар хукумати у гапи онхое мегузарад, ки ин чизхоро доранд. Онхо сохиби мулканд, харчанд барои мардум ангушт ба ангушт намезананд.

КЙ БА ИСТЕЪФО МЕРАВАД?

Тарси бузург ин аст, ки ба даъватхои масьулиятшиносии раиси Хизби сотсиол-демукрот Рахматулло Зоиров махз афроди захматкаши хукумат мумкин аст, посух диханд. Оре, хамон чанд нафараки бечора. Истеъфои онхо низ осонтар аст, зеро на бо пул омадаанд, пас пуштибонии устуворе надоранд ва на ба хама маъкуланд, зеро кор мекунанд ва бо кори худ кайфи аглаби аъзои хукуматро мешикананд.

Ва Рахмон низ карзе аз онхо надорад, ки пуштибонияшон кунад.

??? — !!!

Номеро зикр накардам, вале шуморо замонат медихам, ки бештари ин нукот аз дохили хукумат берун омадаанд. Ман бовар кардам, ки набояд, хамаи онхоро яксон шумурд. Шумо, агар мехохед бовар кунед, намехохед, на.

________________________

Суд* — ин вожа бехтар аст, зеро ба додгох гуфтани ин идорахоои давлат забон намегардад. Инхо суданд, чун ба хукуматдорон фоида меоранд.

Гито — дилдодаи табиат ва нилуфар

Gita Tajik 

Дар Эрон беш аз 4 000 нафарро исми хонаводагй «Точик» аст ва наздик ба 200 000 нафаре ба сар мебаранд, ки худро точик мешуморанд. Муносибат ба онхо дар чомеаи имрузаи Эрон хуб нест, зеро ин мардум ахли суннатанд ва Эрон як кишвари дар ташаййуъ тундрав.

Дар ду шабакаи телевизонии мохвораии Эрон, ки барои хорич пахш мешаванд, чанде пеш ду сериоле идома дошт, ки дар харду исми кахрамонони манфй «Точик» аст. Яке аз онхо бо номи Афросиёби Точик ба Эрон меояд, то як китоби кадимии сехру чоду ва сирру асрорро бидуздад. Ба хотири ин тархи худ Афросиёб як нафарро мекушад, ду нафарро гирифтори нашъамандй мекунад, як оиларо аз хам чудо ва нихоят хатто падараш дар камоли нафрат ба аъмоли Афросиёб аз чунин писар даст мекашад. Ин хам дар холе ки худ аз хорич истода, ба писараш амр дода буд, биравад ва он китоби антикиро бидуздад.

Дар сериоли дигар низ номи кахрамони манфй Точик аст ва дар сериоли саввум, тавлиди муштарак бо хунарпешагони театру синамои Точикистон, точикон начандон дилписанд ва неку ба назар меоянд. Шеваи сохтаву ночаспони суханронияшон онхоро дар чашми бинанда афроди ноустувор ва дурушт намудор мекунад.

Gita Tajik - Agitation

Шояд ин хама тасодуф бошад, аммо шояд бобарнома. Лекин дучор шудани банда бо сомонаи интернетии нигоргар Гито Точик (акси боло ва ин чо хам як намунаи осораш), агар аз як су маро мафтун кард, аз суи дигар хамин андешахои, худо кунад, иштибохии маро ба миён овард. Ин хам дар холе ки дируз номаи як нафарро хондам, ки эътироз кардааст, чаро Абуабдуллохи Рудакиро шабакаи Би-Би-Си «шоири точик» ном бурдааст, дар холе ки у эронист (?)…

Театр ва ё сирк?

Ба назари Шумо чунин намеояд, ки вожаи «сирк» ғайриоддист? Оре, мо як замон онро таври дигаре менавиштем: Цирк! Ва дафъатан ширинкороне монанди Юрий Никулин ба ёди мо мерасид ва шахсе монанди Карандаш ё дар камтарин ҳолат маймунҳои шўху худбовар, ки ба назар мерасид, моро ҳеч хаёл мекунанд…

Хотира аз замони кўдакй ё наврасист. Вақте бузург шудем, дидем, ки тамоми умр ширинкор буданд чи сахт аст ва саҳнаи он ки маймунҳо ба шерҳо амр медиҳанд чи дарднок. Бадбахтист, ки имрўз дар ҳама гуша ва канори дунё бузинаҳо дар сари коранд ва ба шерҳо дастури амал медиҳанд. Онҳо ҳатто ба шерҳо савор мешаванд ва онҳоро мисли харон метозанд.

Шоири саршиноси мо, Бозор Собир, зиндагиро ба саҳнаи театр монанд кардааст, уи дар он ҳар фарде ниқоб дар руй мехоҳад нақше бибозад. Вале ба назари ман зиндагии имруз на театр, балки тсирк аст. Шоирону нависандагон ба ҳамон ширинкор ва ё луттиҳо табдил ёфтаанд, палангҳо гурба шудаанд ва аксари кул хазанда.

Пурсиши ман аз Шумо ин аст, ки оё шеред ва ё маймун. Оё метавон чунин андешид, ки замоне шерон сарвар хоҳанд буд ва бузинаҳо мақоми аслии худро пайдо хоҳанд кард? Пурсиши сахт. Ва бепосух. Номуайян…