Русия шарик ё ракиби кишвархои форсзабон?

Ё вақти он аст, ки дӯстро аз душман фарқ кунем!

Ҳошим Холзода НЕКВАРЗ

«Миллат» №23 10.06.2010

Форсизабонони ориёитабор аз кӯҳанзамон ба далели доштани тамаддуни воло ва фарҳангу хунари асил ҳамвора бо ду бархӯрди ба ҳам зид аз сӯи давлатҳо ва кавмиятҳои сокин дар дуру наздик рубарӯ будаанд:

Якум: Эътироф ва арҷ ниҳодан ба фарҳангу тамаддуни форсизабонон. Барҷастатарин намунаи ин гуна арҷгузорӣ каломи гуҳарбори Паёмбари Ислом-Ҳазрати Муҳаммад(с) хитоб ба Салмони Форсӣ аст, ба ин шакл, ки-«Агар илм ба Сураё биравад, мардоне аз Форс(Ирон) ба он дастрасӣ меёбанд»

Ва низ дар идомаи ин матлаб

Continue reading

Қонун барои элита

Рӯзбеҳи ДОДБЕҲ «Нигох» №35 19.11.09.

Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумӣ набуда, аз манфиатҳои ин мардум пуштибонӣ карда наметавонад, зеро он «Қонун барои элита»-ҳост, барои элитаи сарукалобааш гуми тоҷик.

Қонуни демократй

Чанде пештар Қонуни 22-юми июли соли 1989, таҳти рақами 15, ки Совети Олии РСС Тоҷикистон қабул намуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд ва Қонуни нави забон, ки бояд кайҳо рӯи кор меомад, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гашт ва мавриди амал карор гирифт.

Аз нигоҳи худи Қонун, он «вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро танзим мекунад», Дар баробари ин, дар боби 1-ум, сархати 2-юм омадааст: «Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад», ки ин, аллакай, ба дарди ҳамагон, махсусан, ба дарди оне, ки парвардаи миллати таҳҷои асту ин замину обу ҳаворо дӯст медорад ва худро фарзанди ин халқи тӯли садсолаҳо азияткашида медонад, намехӯрад. Чунки Қонун иҷозат медиҳад, ки дар кӯчаву паскӯча, бозору мағоза, ҷойҳои ҷамъиятӣ, чӣ тавре ки хоҳед ва бо кадом забоне, ки хоҳед, сӯҳбат кунед.

Шаклан Қонуни мазкур демократӣ аст, аммо ба назари банда, барои рушди забони миллӣ монеа ба вуҷуд меорад, тавре ки қаблан буд, яъне мақоми забон ҳамон хел боқӣ хоҳадмонд.

Дар моддаи 3- юм, дар сархати аввал чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -забонитоҷикӣ аст». Маъмулан, дар ин бора зиёд гуфтанду зиёд навиштаанд, ки чунин забон, яъне забони тоҷикӣ вуҷуд надошт ва онро забони форсӣ мегуфтаанд, аниқтараш, гуфтаанд ва ман метавонам садҳо мисол орам, ки ифодагари андешаи форсӣ будани ин забон бошад, аммо чун доманаи баҳс ба дарозо мекашад, аз гуфтани ин нукот худдорй менамоям.

«Забони тоҷикӣ» дар ҳеҷ куҷо нест

Аммо ин нуктаро хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар ҳолати аз адабиёту ториху фарҳангу улуми гуногуни муштаракамон бо эрониён ва тоҷикони Афғонистони фарогири асрҳои V-II-и пеш аз милоди Масеҳ, манзурам, фарханги форсии бостон, фарҳанги форсии миёна, фарҳанги паҳлавӣ ва фарҳанги вуруди ислом ба ин сарзамин, то давраи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва, ҳатто, то асри XVIII даст бикашем ва ба домони замони Аҳмадм Дониш, Мирзо Сироҷ, Шоҳин, Ҳайрату пасомадаҳо (то аввали садаи 20) даст бизанем, ҳам дар ҳеҷ ҷое ба ибораи «забони тоҷикӣ» во нахоҳем хӯрд.

Аммо ин забон бо номи забони форсии Мовароуннаҳр, забони форсии бухороӣ дар сарчашмаҳо ва гуфтаҳои бузургон, монанди аллома Аҳмад Махдуми Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Шоҳин, Садри Зиё зиёда вомехӯрад. Аҳмади Дониш менависад: «Ӯ бо лисони русӣ ҳарф мезаду ман бо лисони форсӣ, мо ҳамдигарро намефаҳмидем», ин як ҷумлаест аз «Наводир-ул-вақоеъ», ки иқтибос аз сӯҳбат ҳангоми сафари Петербургии аллома байни ӯ ва фойтунрони рус мебошад. Ва аммо халқияти тоҷик буда ва он танҳо ба тоҷикони Варорӯд вобаста набуд ва ҷуғрофиёи хеле васеъ дорад. Оғози он агар Байнаннаҳрайн бошад, поёни он лаби баҳри Хазару сохилҳои Арал, қаторкӯхҳои Олой ва Помир будааст.

Пас, ин гуна забон бо номи тоҷикӣ ҳеҷ гоҳе набудааст ва мо хоҳем, нахоҳем, ин забони форсии хуросонӣ ва форсии мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо он қабл аз мо эҷоди илму адаб шуда, моро ба ҷаҳониён шиносондааст.

Дар ҳеҷ тарҷумаи русӣ, инглисӣ, олмонй, фаронсавӣ шарқшиносе ё тарҷумонеро надидаам, навишта бошанд, ки шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсй, Носири Хисрав то Нақибхони Туғрал аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудааст. Дар хама ҷо «перевод с персидского» (тарҷума аз забони форсӣ) навишта шудаааст. Наход, ин бандро вакилони Маҷлиси Оли кабул намуда бошанд? Агар ҳа, пас, ин вакилон аз фарҳанги форсӣ воқеан бехабар ва ё тарбиятдидаи фарҳангу тамаддуни халқи дигаранд?

Забони форсӣ ва СММ

Баъдан, аз рӯзе, ки инқилоби исломӣ дар Эрон ғалаба намуд, баробари баҳисобгирифтани тоҷикони Ҳиндустону Покистон, Чину Тоҷикистон, Афғонистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, ҳатто, тотҳои Доғистон ва аллониҳои Осетия ва толишҳои Озарбойҷон, донишмандони эронӣ даъво доранд, ки забони форсӣ низ яке аз забонҳои қудратманд буда, он бояд яке аз забонҳои Созмони Миллали Муттаҳид бошад.

Ва ҳоло ман бар он андеша мекунам, ки магар, дар ҳоле ки даъво барои забони муоширату ҷаҳонӣ гардидани забони модарии мо, манзурам, забони форсии варорудӣ, худро ҷудо намудан ва номи базӯрӣ гузоштаи собиқ «хоҷагонамон»-ро фаромӯш нанамудани мо, шикасти ин миллат нест? Ба назарам, ҳамин тур аст.

То ҳанӯз шогирдони В.С. Расторгуева ва дигару дигарҳо будани худро исбот менамоем ва дар мурдобчаи сохтаи онҳо, ки хеле танг ва обаш гандида аст, шино мекунем. Чаро баҳри азими форсиро намебинем ва чарову аз чӣ сабаб худро нодида мегирем?

Дар моддаи 2- юм омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст». Кас ба ҳайрат меояд: Қонун қабул мекунем, аммо то имрӯз «Қонуни асосӣ»-ро бо ду ном интишор менамоем ва онро Конситутсия ва дар қавсаин Сарқонун менависем.

Дар ҳоле ки маҳз дар Қонуни забон, ки он бо истифода аз имлои забони мо сохта шудааст, бояд яке аз ин вожаҳо қабул мегашт ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мефаҳмид, ки «Қонуни асосй»-ашро бо юнонӣ «Конститутсия» номад ва ё бо лафзи ширину равонаш «Сарқонун».

Баъдан, дар моддаи 11, банди 2-юм омадааст: «Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар сурат мегирад». Ин ҷо бояд забонҳои байналмилалӣ: русӣ, инглисӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ номбар карда мешуд ва ибораи «забонҳои дигар» дар чанд моддаи дигари ин Қонун низ истифода шудааст. Ба назарам, ин мантиқӣ нест, чун забонҳо дар рӯи ҷаҳон хеле зиёданд ва дар Қонун (!) бояд номуайянӣ набошад.

Тазъйиковартарин модда, ба назарам, моддаи 13-ум аст, ки дар банди аввали он омадааст: «Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад», дар банди дуюми ҳамин модда, ки ба асоси банди аввали он хатти батлон мекашад ва маънии банди аввалро батамом гум мекунад ва агар боз ҳам дагалтар гӯем, онро чун тимсоҳ фурӯ мебарад, омадааст: «Эълону рекламаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешаванд». Намедонам, дар кишваре, ки куюми асосии он бо забони тоҷикй, манзурам, ҳамон забони форсии варорудӣ ё мовароуннаҳоӣ гап мезанад, реклама ба забонҳои дигар ба кӣ лозим аст? Ин ҷо, албатта, бояд ба касоне, ки ширкатҳои бузурги рекламадиҳандаро ба бозоргир будани реклама, ба қавле, бо забонҳои дигар, мутақоид сохтаанд, қоил шуд.

Бояд пеши онҳо даст бардошт ва гуфт: «Офаринатон бод!!!». Чӣ тур тавонистед, ки, хатто, ба депутатҳои тоҷик ин фикри ботилро талқин кунед?! Аз он забони давлатӣ чӣ боқӣ мемонад, дар ҳоле ки, ҳатто, молро дар бозор ба забони дигар пешниҳод мекунанд? Ба масал, инро метавон ба харбузафурӯшии ҳамон тоҷик монанд кард, ки дар бозори лекин молашро «асал барин ширин» гӯяд.

Баъдан, андеша чунин аст, ки дар ҳолати амал намудани забонҳои дигар, дар шаҳрҳои бузург ва шаҳрҳои музофотию шаҳракҳо, умуман, тағйироти кироиё нахоҳад шуд ва рекламаҳо, чуноне ки буданд, хамон тавр хоҳанд боқӣ монд. Нуктаи дигар он аст, ки худи вожаи «реклама»-ро бояд ба «навидҳои бозоргонӣ» ё «пайёмҳои бозоргонй» иваз намоем ва ҳеҷ ҳоҷат ба вожаи ғайрро истифода бурдан нест, чун дар таркиби забони мо ибораи ин маъниро медода вуҷуд дорад.

Моҷарои «у»-и дароз ва «у»-и кӯтоҳ

Мо доир ба «у»-и дарозу «у»-и кӯтоҳ ва «у»-и мобайн ҷанг мекунем, ҳамдигарамонро носазо, саҳфаҳои рӯзномаамонро аз дашноми ҳамдигар пур мекунем, ба рӯи якдигар туф мекунем, аммо дар паҳлӯямон ба забони мо ба воситаи ҳаммиллати миллатгумнамудаи мо фишор меоранд ва вожаю ибораҳои нодаркорро ба сари мо бор мекунанд, ки аз туркию ӯзбекӣ, русию яҳудй ва дигару дигарҳо иборат аст ва ин кор низ аз ҷониби нафароне рӯй медиҳад, ки аз фарҳангу тамаддуни ҳазору чандсолаи мо бехабаранд, хомӯшем.

Чун имрӯз дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезанӣ, гумон мекунӣ, ки дар Туркиё, Ӯзбекистон, Русия ва Инглистон гаштай. Баъдан, аз но фаҳмию беақлии мутахассисони рекламадиҳанда ва рекламақабулкунанда низ, ки ҳеҷ сареву сарваре надоранд, рекламаҳое «зеб»-и шаҳри мо гаштаанд, ба забони мо, ки ба назари «чиновник»-ҳои мо, аз афти кор, «камбағалу қашшоқ» менамояд, рекламаҳои ғайритоҷикие, монанди Метро, Москвичка, Русия, Ойдин, Истамбул, Абрикол, Арбат ва ғайра ворид гашта, забонамонро «ғанӣ» гардонидаанд.

Пас аз чанде гумон мекунам, мегӯем, ки ин вожаҳо хоси забони модарии моянд ва бояд бошанд, чунки онҳо халқй гаштаанд.

Аҷибии кор дар он аст, ки вожаи «работ», ки аслаш арабӣ аст, ба воситаи тоҷикон ва эрониёни савдогар ба Маскав рафта, номи маҳаллии «Арбат»-ро гирифтааст, яъне вожаи русӣ гаштааст. Ин вожаи ба воситаи савдогари тоҷик ба ин кишвар рафта баъди гузаштани асрҳо ба сарзамини мо баргашт ва мо худро донандаи хуби забони русӣ мехонему бе ин забон худро тасаввур карда наметавонем. Бехабар гирифтани Фарҳанги русии оқоёни Дал ва Ожегов, ки ба забони чиновникҳои мо «Толковий словар» аст, онро «Арбат» гуфтем ва мағозаю тарабхонаамонро дар роҳи Ҳисор-Душанбе чунин ном гузоштем.

Ман бо боварй гуфта метавонам, ки то ин дам ба маънии ин вожа на нафаре, ки дар шаҳрдории мо дар идораи номгузорӣ кор мекунад сарфаҳм мерафту на соҳиби он, вагарна ҳамон вожаи маъмулии работро, ки тоҷикӣ шудааст, мегузошту ҷони ҳама халос мешуд. На мо менавиштему на шумо механдидед.

Дар ҳолати донистани маънии вожа, пас, ин таҳқири соҳибзабон ва кулли миллат аст, на бешуна кам. Рекламаҳои телефонҳои мобилй, ки дар кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанду ба воситаи ВАО бозгӯ мешаванд, ба забони ғайритоҷикй буда, дар дуртарин нуқоти ҷумҳурии соҳибистиқлол ба назар мерасанд. Ҳатто, агар ба муассисаҳои мазкур занг зада, ба забони давлатӣ чизеро пурсед, беистиҳола, ба шумо бо забонҳои ғайр ҷавоб медиҳанд ва агар шумо, ба қавле, дурусттар талаб намоед, гӯширо мегузоранд. Сабабаш ҳамоно банди дуюми ҳамин Қонун аст. Ҳамин гуна рафторро дар кулли мағозаҳои бузурги пойтахту шаҳри Хуҷанд низ дидан мумкин аст.

Марҳамат ба мағозаҳои «Волна», «Техносила» ва ғайра, ки, ҳатто, аз номи тоҷикй гузоштан соҳибони он шарм доштаанд. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки сабаби ҳамаи ин ҳамоно банди дуюми Қонуни мазкур аст, ки дар собиқ Қонуни забон бо номи «забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо» дониста шуда буд ва бо тағйироти камубеш дилрабо ва чашмрас ба мардум пешкаш гаштааст.

Пас ин ҷойи Қонуни номбурда ва чанд ҷойи дигари он, ки ибораи «забонҳои дигар» омадааст, ҳамоно забони русй аст. Мавқеи он аззабони ба ном давлати шудаи мо, баландтар аст. Шояд, як сабаби аз вожаи «форсӣ» рӯй гардонидани депутатҳои халқӣ, ки ба халқй буданашон, маъзур доред, ҳеҷ бовар надорам ҳамин нукта бошад. Баъдан, нуктаи дигареро бояд гуфт, ки аксари кулли ин «шоҳмардони халқй» фарзандон ва набераву абераи худро дар мактабҳои русиву туркӣ ва инглисй ба таҳсил додаанд ва ё дар хонаҳояшон устодони махсусе ин забонҳоро ба пайвандонашон меомӯзанд.

Аз ин рӯ, ин Қонун – Қонуни халқӣ не, балки «Қонун барои алита» аст. Ва ахиран, бегоҳии 22-юми октябри соли 2009 бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Дмитрий Медведев пресс-конфронс баргузор шуду онро аз тамоми шабакаҳои Русияву Тоҷикистон намоиш доданд. Нашрияҳои воҳимачии русӣ, ки қаблан мегуфтанд: «Эмомали Рахмон выдворяет русский язык» (Эмомалӣ Раҳмон забони русиро меронад) навиштанд: «Медведев вернул русский язык Таджикистану» (Медведев забони русиро ба Тоҷикистон баргардонд).

Ба назарам, ин бори дигар исбот кард, ки қабули Қонуне бо номи «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» фиреби назар буд ва то ҳанӯз мо ҳисоботдихандае дар назди «бародари бузург» хастем ва боз кӣ медонад, ки то кай хоҳем буд? Чӣ гуфтед, нухбагон, э, мебахшед, элитаҳо?

Дар Эрон чй мегузарад?

IranДусте бо номи Мунаввар ба ман навишт, чаро торнигори «Андеша» чизе дар бораи руйдодхои Эрон наменависад?

Чавоби ман: замоне хохам навишт, ки хамаи мушкилоти Точикистон хал шуда бошад ва кори дигаре надошта бошам.

Сониян, чизе ки дар Эрон мегузарад, ба хама рушан аст: мафияи Рафсанчонй мехохад, мафияи Хоманаиро аз сари косаи чулупалав дур кунад. That’s it!

Ин хама иддаъои димукросй ва озодихои хусусй шиъоре беш нест. Агар Рафсанчонй димукросй мехост, вакте ки раисичумхур буд, мекард. Агар Мусавй димукросй мехост, вакте ки сарвазир буд, чизе барои он мекард. Ва гайра…

Фикр мекунед, агар Мусавй пируз мешуд, чй мекард? Хуб, хамон як Мусавинажод Ахмадй мешуд, факат шояд шиъорхои мочароомез камтар медод ва бо гарбихо дастфишорй мекард.

Баъдаш, агар каме фаротар рафтанй мешуд, мебоист барои исломгарохо, яъне хамнишинони собикаш дар чазираи Кеш як махбаси Гуантанамо боз мекард, зеро дигар илоч нест. Аквоми Шарк, тавре хануз Румй ва дертар Икбол кашф кардаанд, мардумони нокисе хастанд, ки зехни кунди онхо танхо ифроту тафритро мешиносад. Яъне ё сафед ё сиёх, ранги дигаре вучуд надорад.

Хоманай дарк кард, ки хамнаслонаш аз фасоду найранги у безор шудаанд ва мехоханд, фасоду найранг ба манфиати онхо низ самар дихад. Хоманай хатарро хисс кард ва барои химояти худ ба насли чавонтару нодонтар, ки фасоди уро намедонанд, такия кард. Ин кадар амик рафту мустахкам кор кард, ки хамнаслонаш илочи дигаре ба гайр аз аз такия ба озодманишхои Эронро наёфтанд ва мачбур шуданд, барои димукросй мубориза кунанд.

Тасаввур кунед, агар холо Убайдуллоев бо Асадуллохзода як шаваду бар зидди Рахмон занад, бечора Эмомалй чй мекунад? Хатман ки ба насли чавонтару нодонтар, вале богайрат такия мезанад.

Ва Убайдуллоеву Асадуллохзода он гох ба пешсафтарин демократхову хакикатталабон табдил меёбанд. Хатто Достиев мумкин дар накши Каррубй ба майдон биёяд.

Манзур, сиёсат палид буд ва палид аст, Мунавварчон, бояд аз пайи зиндaгй шуд. Намебинй, ман чандест чизе наменависам, зеро рузгорам каме тира шудааст. Аз як манбаъи даромад мондам, холо пули камтар мегирам ва хатто хамин пардохти кимати интернет бароям гарон шудааст.

Хам кор кардану хам рисола навиштан хеле сахт аст, боз ин карзи инсонии ман дар назди хонандагони «Андеша» ва устоди азизам Точвар оромам намегузорад. Точвари гиромй розй шуданд, кимати интернетро ба гардан бигиранд ва ман карзро фаромуш накарда, ба номаат посух додам, зеро медонам, аз хонандагони фаъоли ин торнигор хастй.

Агар дар мавриди Эрон чизе галат навиштам, лутф куну ба ман бинамо. Вале дар холи хозир назари ман ба руйдодхои Эрон хамин аст ва бовар кун, рухияи ман ба акидаам дар ин бора таъсир накардааст.

Порсиён дар ҳар сурат пирўзанд

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Ду ҳафтаи ахир анзори ҷаҳониён ҳамагӣ мутаваҷҷеҳи кишвари Ирон буд. Амрикову Англису Фаронсаву куллан тамоми ғарбиён, мушкилоту душвориҳои дохилии хеш аз бўҳрони иқтисодиву ғайраву золикро канор зада, тамоми нерўҳои расонаияшон аз Би-би-сиву Си-эн-эну Фокс-нюзу ғайраро, машғули таҳлилу баррасиҳои вазъи интихоботӣ ва пас аз интихоботии Ирон намуданд, ки гўи шуғле ҷуз Ирону иронӣ надошта бошанд.

Ҳатто кишварҳои арабӣ, ки мардумонаш ҳатто аз алифбои иҷрои интихобот маҳруманд ва ҳазорон сол зери султаи ҳокимоне аз як хонавода ба сар мебаранд, ба худ ин ҷасоратро доданд, ки роҷеъ ба дурустӣ ё нодурустии раванди интихобот дар Ирон, ибрози назар намоянд.

Ҳамаи ин таваҷҷўҳ ба хотири чӣ буд?

Дар ин бора ҳар касе, бо таваҷҷўҳ ба масолеҳ ва манофее, ки дорад, интизоре мушаххас аз натоиҷи ин интихобот дошт. Амрикоиҳо ва куллан ғарбиён, ки бешак масолеҳе барои худ дар Ирон мебинанд, мунтазири ин буданд, ки бубинанд чӣ касе бар маснади риёсати Ирон хоҳад нишаст ва чӣ барномаҳое дар робита бо музокирот перомуни барномаи ҳастаии Ирону машокили Ховари миёна барояшон пешкаш хоҳад кард.

Сардамдорони ҷаҳони араб, ки аз нуфузи камназири Аҳмадинажод дар назди мардумонашон ранҷ мебаранд, даст ба даргоҳи илоҳӣ ёзида, дуо мекарданд, ки Худо ин падидаро аз миён бубарад. Бар хилофи мардумонаш, ки дуо мекарданд то Худо ин падидаро аз нав бар сари қудрат биншонад, то аз шиорҳои ўву пеш кашиданаш масъалаи Ҳолокостро лаззат бубаранд.

Роқими сутур, дар ин масъала, қасд надорад на ба диди ғарбиён ба он бингарад ва на ба диди ҳукумату мардумони Ховари миёна. Ва ҳамчунин коре надорад, ки чӣ касе дар ин интихобот баранда шудааст ва чӣ касе бозанда. Ва низ барои худ ин иҷозаро ҳам намедиҳад, ки бигўяд оё тақаллубе дар он сурат гирифтааст, ё на? Зеро мўътақид аст, ки ин кор, кори худи ирониҳост, ва аз боби “Аҳлул-байт адро би мо фил-байт”, онро ба худашон вомегузорад то худ ҳал кунанд.

Балки мехоҳад ба ҳақиқате ишора намояд, ки аз диди хелеҳо пинҳон аст; ҳақиқате, ки дарки он, марҳуни шинохти амиқи порсиён аст.

Касе ки бо фарҳангу таърихи ирониву порсигўён ошноӣ дорад, медонад, ки ин мардумон, мардумони озодихоҳ, сарбаланд, зулмситез ва аз ҳама муҳим, мустақил ҳастанд. Агар пеш аз зуҳури ислом, ҳукумати подшаҳӣ дошт, подшаҳонаш аз худаш буд, на бегона. Ҳамчунин баъд аз ислом, агар кишваре буд исломӣ, исломӣ буданаш ба сурате буд, ки худ мехост, на ба он сурате ки аъроб барояш мехостанд.

Дар замони пеш аз инқилоби исломӣ низ, ҳарчанд подшаҳоне қавӣ надошт, вале мустақил буданд, на сарсупурдаи бегона. Замоне ки инқилоби исломӣ барпо карданд, худашон хостанд ва ба воситаи раъйпурсӣ онро баргузиданд, на ин ки касе аз берун барояшон онро таҳмил карда бошад. Албатта қишре аз мардумонаш бо ин тарзи ҳукуматдорӣ мувофиқ набуданд, вале аксарият ҳаминро хост.

Ин падида, яъне падидаи истиқлолият ва сарбаландӣ, дар ин интихоботи ахир бештар таҷаллӣ намуд. 85 дар сади ин мардум пои сандуқҳо рафта, раъйи худро доданд. Ҷаҳониён аз ширкати ин теъдод, ки назире дар ҷое дигар надорад, буҳтзада шуданд.

Аммо достон ин ҷо поин напазируфт. Иттифоқе афтод, ки ҳаргиз мо назири онро дар миёни мардумони кишварҳои дигар, ҳатто ғарбиён, ки муддаии демокросӣ ҳастанд, суроғ надорем.

Дар ҷоҳои дигар, вақте интихоботе баргузор мешавад, маъмулан баъд аз эътои раъй, ҳар касе дунболи кори худ меравад ва дигар коре надорад, натоиҷ ба чӣ сурат анҷом хоҳад ёфт. Аммо иронӣ чунин нест. Ў барои раъйи хеш, ҳатто баъд аз иҷрои интихобот, арзиш қоил аст. Ҳозир нест касе бо раъйи ў бозӣ кунад. Ў раъйи худро, номуси худ мешуморад, ки агар эҳсос кунад бо раъйи вай касе бозӣ кардааст, то пои марг, аз раъйи хеш дифоъ мекунад.

Оё сарбаландие болотар аз ин ҷое суроғ дорем? Шояд касоне, аз вақоеии кунунии ҷорӣ дар Ирон, ки мутаассифона хунҳое дар он рехта мешавад, эҳсоси нороҳатӣ кунанд. Аммо чунин нест.

Дарси озодӣ ва истиқлолхоҳие, ки имрўз ирониён барои ҷаҳониён меомўзанд, басе арзхишмандтар аз он аст. Дарсе, ки шояд касоне бо мушоҳидаи он, аз худ ба хиҷолат оянд. Дарсе, ки мегўяд: Инсони озода, касест, ки на фақат мехоҳад барои рақам задани ояндаи кишвараш раъй медиҳад, балки то охирин нафас аз раъйи худ, ки номуси ўст, дифоъ менамояд.

Комёб бошед.

Дар торнигористони точик чи хабар?

Бознашр аз «Як дарвеш»

Соли гузашта дар рузе чун имруз Точвар расман аз гардонандагии торнигори Андеша даст кашид ва лагоми умури онро ба Рустами Субхонй супурд. Дар огоз тасаввур бар ин буд, ки Андешаи азизи мо пас аз чалби он хама дустдор андак-андак ба кухулат хохад гароид ва махфили гарми мо сард хохад шуд. Як намунаи он дидгохи маъюсонаи Як Дарвеш дар хамон руз буд.

Як соли гузашта ин нигаронихоро бартараф кард. Андеша имруз хам чушандатарин майдони бахси интернетист. Афзоиши таъаххудоти корй боъис шуда, ки натавонам дар бахсхои он ширкат дошта бошам, аммо мурури тунди он бахсхо рохи муносибест барои санчидани набзи андешахои ичтимоъию сиёсй ба вижа дар миёни чавононе, ки ёро ё тавоноии андешидан доранд.

Дар ин муддат торнигористони точик доман густард ва аъзои тозае вориди арсаи он шуданд. Торнигори Салими Аюбзод бехтарин намунаи як торнигори шахсист, ки ховии мушохидоти бикр, хотироти талху ширин ва тахлилхои хондании як рузноманигори саршинос аст ва бедиранг хонандагони худро дар торона ёфт. Шояд ин икдом дигар рузноманигоронро низ ташвик кунад, ки дар сахнаи бозу озоди Интернет ба дур аз махдудиятхое, ки дар дафтархои коришон доранд, чавлон бизананд.

Дар паи он торнигори Мардикорнома зухур кард, ки дар навъи худ бехамтост ва шояд нахустин ёдворапардозии як мардикори точик дар торона бошад. Умед аст, ки доманаи корбарони он низ тавсеъа ёбад.

Ва тозатарин торномае, ки хабари гушоишашро аз «Торнигори Салими Аюбзод» гирифтам, веблоги хушноми Акбар Турсон аст – «Мурги самандар». Зохиран ин донишманди баноми гариби точик касд дорад пас аз солхо сукут дар арсахои хамагонии Точикистон самандарвор аз зери хокистар берун ояд ва дубора лаб ба гуфтан бигушояд. Як Дарвеш дар ин росто барои устод комгорй мехохад.

Дар зарфи як соли гузашта «Футболи Точикистон» ба бехтарин мачаллаи футболи кишвар табдил шуд. Ба гунае, ки такрибан хамаи руйдодхои майдони футболи Точикистон ва мухимтарин бозихои байнулмилалиро метавон аз тарики он дунбол кард.

Нуктаи манфие, ки таи 12 мохи ахир мушохида кардам, сукути бисёре аз торнигорхои точикист, ки дар гузашта бисёр фаъъол буданд. Хайф аст, ки ба торнигорхои хуби «Ойина»-хо, «Садои механпараст», «Шахриёристон», «Чоми Чам», «Эроншахр», «Сухансаро», «Ватандор» ва гайра сар бизанем ва бетуша таркашон кунем. Медонам, ки дустон пуркоранд. Аммо шояд бехтар аст, ки веблогнависиро хам чузъе аз хамон корхоямон бидонем, то ба ташаккули журнолисми шахрвандй ва бунёди як чомеъаи шахрвандй дар Точикистон мусоъидат кунем.

Иқбол ва “фалсафаи худӣ”-и ў

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

pic_iqbal_23Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар таърихи 22 феврали соли 1873 дар яке аз шаҳрҳои иёлати Панҷоб (Ҳинди пеш аз тақсим) зода, ва 21 апрели соли 1938 дунёи фониро тарк гуфтааст.

Ў пас аз дарёфти дараҷаи фалсафаи ахлоқ аз донишгоҳи Кембриҷ, вориди донишгоҳи Мюнехи Олмон шуд ва рисолаи доктории худро бо унвони «Сайри фалсафа дар Юнон» тадвин намуд, ва муддате дар донишгоҳи Лондон ба тадриси забону адабиёти араб пардохт. Ў аз миёни мутафаккирони ғарб ба осори Ҷон Лок, Кант, Ҳегел, Гёте, Толстой, ва аз шарқиён ба ашъори Мавлавӣ дилбастагии хоссе дошт.

Дар айёми таҳсил дар Аврупо таҳаввулоти умдае дар вай падидор шуд. Ў дар айни он ки комилан бо фарҳангу фалсафаи мағрибзамин ошноӣ дошт, аммо бар он буд, ки Ғарб фоқиди як идеоложии ҷомеи инсонӣ аст. Ў мўътақид буд, ки мусалмонон танҳо мардуме ҳастанд, ки аз чунин идеоложӣ бархўрдор ва баҳраманданд.

Аз ин рў, Иқбол дар айни даъват ба фарогирии улуму фунуни ғарбӣ, аз ҳар гуна ғарбгароӣ ва шефтагӣ нисбат ба фарҳанги ғарбӣ, мусалмононро бар ҳазар медошт. Ў мегўяд:

Мисолигарии Аврупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он дарнаёмада, ва натиҷаи он пайдоиши «ман»-и саргардонест, ки дар миёни демукросиҳои носозгор бо якдигар ба ҷустуҷўи худ мепардозад, ки кори мунҳасири онҳо баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст. Сухани маро бовар кунед, ки Аврупои имрўз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият аст. Аз тарафи дигар, мусалмонон молики андешаҳо ва камоли матлубҳои ниҳоии мутлақи мубтанӣ бар ваҳйе мебошанд, ки чун аз дарунитарин жарфои зиндагӣ баён мешавад, ба зоҳирӣ будани он ранги ботинӣ медиҳанд» ((Эҳёи фикри динӣ, с. 204).

Иқбол фалсафае дорад, ки онро «фалсафаи худӣ» меномад. Ў мўътақид аст, ки шарқи исломӣ ҳувияти воқеии худро, ки ҳувияти исломӣ аст, аз даст дода ва бояд онро бозёбад. Иқбол мўътақид аст ҳамон тавр ки фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва ё гум кардани шахсият мешавад, аз худ фосила мегирад ва бо худ бегона мегардад, ғайри худро ба ҷои худ мегирад, ва ба қавли Мавлоно «дар замини дигарон хона месозад», ва ба ҷои он ки кори худ кунад, кори бегона мекунад, ҷомеа низ чунин аст.

Ҷомеа монанди фард, руҳу шахсият дорад, монанди фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият мегардад, имон ба худ ва ҳисси эҳтиром ба зоту каромати зотро аз даст медиҳад ва яксара суқут мекунад. Ҳар ҷомеае, ки имон ба хештан ва эҳтиром ба киёни зоту каромати зоти хештанро аз даст бидиҳад, маҳкум ба суқут аст.
Иқбол мўътақид аст, ки ҷомеаи исломӣ дар ҳоли ҳозир дар бархўрд бо тамаддуну фарҳанги ғарбӣ дучори бемории тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият шудааст.

«Худ»-и ин ҷомеа ва «хештан»-и асили ин ҷомеа ва рукни ракини шахсияти ин руҳи ҷамъӣ, ба қавли Иқбол, ислом ва фарҳаги исломӣ аст. Нахустин кори лозиме, ки ислоҳгароён бояд анҷом диҳанд, бозгардондани имону эътиқоди ин ҷомеа ба «худ»-и воқеии ў яъне фарҳангу маънавияти исломӣ аст. Ва ин аст «фалсафаи худӣ» назди Иқбол.

Торнигори Салими Аюбзод дар ҷаҳони интернет

tsa

Паёми ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромадани торнигори шахсии Салими Аюбзод чанд рӯз пеш ба дасти мо расид. Ин як хабари хушҳолкунанда аст, зеро Аюбзод яке аз журналистони саршинос ва тавонои тоҷик мебошанд ва бо чанд машварату роҳнамоии муфид дар кори «Андеша»-и мо низ кӯмакҳои бедареғ кардаанд. Мо самимона эшонро ба муносибати таъсиси сафҳаи хусусии худ дар ҷаҳони Интернет табрик мегӯем ва ба он кас комёбиҳои беназир орзу мекунем.

Аз аввалин ҷусторҳои торнигори ҷадид ба мо хотираҳои Салими Аюбзод дар бораи нависандаи шаҳир Муҳаммадзамони Солеҳ ва журналисти фақид Имомназари Холназар, аккос ва журналисти зиндаёд Муҳиддини Олимпур, ҳамчунин муколамаҳои зарифу латифи муаллиф бо шоираи машҳур Фарзона хеле писанд омад. Ду матлаби торнигори хусусии Салими Аюбзод ба забони русӣ навишта шудаанд ва шоҳид будем, ки чанд расонаи русизабон ин ҷусторҳои муаллифро бознашр кардаанд. Ба ақидаи мо, матолиби Аюбзод ба забони русӣ шояд хеле муҳимтаранд, зеро ногуфтаҳои зиёдеро аз тариқи расонаҳои русизабон мунташир мекунад. Зимнан таҳлили ӯро дар бораи вазъи журнализми Тоҷикистон қаблан ба забони англисӣ хонда будем.

Боз ҳам ва боз ҳам муборак бод мегӯем, ҳарчанд як суъоли густохона дар зеҳнамон боқӣ мемонад, ки шояд чаҳорчӯби «Озодӣ» ба ҷаноби Аюбзод тангй карда бошад, ки ба ҳавои кушоди интернет баромадаанд?

Биёед ҳамакаса ба Озода кӯмак кунем!

Ба унвони Ёрони ҳамАндеш аз хоҳари донишомӯзи мо номае расид, ки вай дар он аз ҳамаи мо ёрдам дархост кардааст:

Салом хонандагони азиз. Хоҳише дорам аз ҳамагон!

Донишҷӯ ҳастам ва дар донишгох дар мавзуи «Оё мардуми Помир худро точик мешуморанд? Ва ё точикон дар ин бора чи фикр доранд?» презентатсия дорам. Хохиш мекунам, фикр у андешаи худро дар ин бора нависонед.

Кори худро дар асоси фикрхои Шумо муаррифӣ хохҳм кард.Посуххои Шуморо интизорам.

Бо эхтироми зиёд, Озода Нурматова. донишчу, Академияи САХА дар Осиёи Марказӣ

Биёед ба Озодамоҳ мадад кунем ва ҳар кас фикру андешаи худро бинависад. Шахсан ба ақидаи ман, бадахшониён тоҷиконе ҳастанд, ки забонҳо, суннат, фарҳанг ва мусиқии қадимии тоҷикиро дар шаклҳои таърихияшон нигоҳ доштаанд. Медонам, афроде ҳастанд, ки бо мақсадҳои тафриқаандозӣ ақидаҳои ботиле пеш мегузоранд, аммо ман ҳаргиз наметавонам, бадахшониҳои сарбаланди худро ғайритоҷик шуморам, ҳамон гуна ки яғнобиҳоро, ки бо забони вижаи худ сӯҳбат мекунанд. Назари шумо чист?

Нописандии Би-Би-Сй кори эронихои он аст

Хануз аз сарварони Би-Би-Сй посухе ба номаи ман наомадааст ва шояд хам наояд. Аммо як рохи дигари баёни андеша боз гашт, ки торнигор ё веблоги сардабирони ин расона аст ва бояд номахоро ба он низ фиристод. Бахусус, ки сардабирон бо ифтихори тамом мегуянд, телевизиюни нави Би-Би-Сй барои Эрон, Афгонистон ва Точикистон (!) аст, ки чамъан 100 миллион бинанда доранд.

bbc

Сармояе, ки Вазорати умури хоричии Британия барои ин телевизиюн дар шакли грант ва кумакхо медихад аз 15 миллион паунди инглисй иборат аст ва ин маблаг аз он чо хисоб шудааст, ки расонаи нав ба чунин теъдоди бузурги форсизабонон нигаронида шудааст. Агар точиконро аз ин номгуй хазф кунанд, шояд сармояи камтаре ба он расад.

Интизори посух хастам ва номахои навро ба форуми веблоги Сардабирони Би-Би-Сй низ мефиристам. Онхо чй мекарда бошанд? Шояд боз хамон сарварони эронитаборро даъват кунанд ва машварат бипурсанд? Аслан чаро аз се сарвари ин расона яке бояд точик набошад? Хмммм, магар дар наздик ба 20 соли пахши барномахои родиюии Би-Би-Сй ин бародарон точикеро гузоштанд, ки дар Буш-хауз реша бигирад ё ба курсии раёсате бирасад? Баракс точиконеро, ки метавонистанд, ба онхо ракобат кунанд ё берун ронданд ё намегузоранд, пое аз Душанбе ба суи Лондон биниханд. Танхо онхое «комёб» мешаванд, ки сари хам ва лабони баста дошта бошанд.

Дустони эронии мо вакте сухан аз точикон равад, хамеша посухи омода доранд. Онхо моро дар русгарой, шуравипарастй, махалбозй, бехунарй ва даххо чурми дигар муттахам хоханд кард. Хеле кам эронихоеро дидаем, ки бо вучуди кумакашон ба мо, точиконро бо худ баробар шуморанд. Афгонхо кайхо аз афсонахои ширини эронихо дил кандаанд ва дар хар кучо аз хакки халоли худ дифоъ мекунанд. Онхо ба пайравй аз Мавлонои Балх мегуянд, «хамдилй аз хамзабонй бехтар аст.» Шояд моро хам зарур аст панба, эъ мебахшед, пахта аз гуш бикашем? Ё хамон русгароии мо бехтар асту аз русхову киргизу казоку узбакхои худмон намонем. Факат маълум нест, кадом рох ба Туркистон аст, оне ки бародарони эронии мо мераванд ё мо меравем?..