Дар торнигористони точик чи хабар?

Бознашр аз «Як дарвеш»

Соли гузашта дар рузе чун имруз Точвар расман аз гардонандагии торнигори Андеша даст кашид ва лагоми умури онро ба Рустами Субхонй супурд. Дар огоз тасаввур бар ин буд, ки Андешаи азизи мо пас аз чалби он хама дустдор андак-андак ба кухулат хохад гароид ва махфили гарми мо сард хохад шуд. Як намунаи он дидгохи маъюсонаи Як Дарвеш дар хамон руз буд.

Як соли гузашта ин нигаронихоро бартараф кард. Андеша имруз хам чушандатарин майдони бахси интернетист. Афзоиши таъаххудоти корй боъис шуда, ки натавонам дар бахсхои он ширкат дошта бошам, аммо мурури тунди он бахсхо рохи муносибест барои санчидани набзи андешахои ичтимоъию сиёсй ба вижа дар миёни чавононе, ки ёро ё тавоноии андешидан доранд.

Дар ин муддат торнигористони точик доман густард ва аъзои тозае вориди арсаи он шуданд. Торнигори Салими Аюбзод бехтарин намунаи як торнигори шахсист, ки ховии мушохидоти бикр, хотироти талху ширин ва тахлилхои хондании як рузноманигори саршинос аст ва бедиранг хонандагони худро дар торона ёфт. Шояд ин икдом дигар рузноманигоронро низ ташвик кунад, ки дар сахнаи бозу озоди Интернет ба дур аз махдудиятхое, ки дар дафтархои коришон доранд, чавлон бизананд.

Дар паи он торнигори Мардикорнома зухур кард, ки дар навъи худ бехамтост ва шояд нахустин ёдворапардозии як мардикори точик дар торона бошад. Умед аст, ки доманаи корбарони он низ тавсеъа ёбад.

Ва тозатарин торномае, ки хабари гушоишашро аз «Торнигори Салими Аюбзод» гирифтам, веблоги хушноми Акбар Турсон аст – «Мурги самандар». Зохиран ин донишманди баноми гариби точик касд дорад пас аз солхо сукут дар арсахои хамагонии Точикистон самандарвор аз зери хокистар берун ояд ва дубора лаб ба гуфтан бигушояд. Як Дарвеш дар ин росто барои устод комгорй мехохад.

Дар зарфи як соли гузашта «Футболи Точикистон» ба бехтарин мачаллаи футболи кишвар табдил шуд. Ба гунае, ки такрибан хамаи руйдодхои майдони футболи Точикистон ва мухимтарин бозихои байнулмилалиро метавон аз тарики он дунбол кард.

Нуктаи манфие, ки таи 12 мохи ахир мушохида кардам, сукути бисёре аз торнигорхои точикист, ки дар гузашта бисёр фаъъол буданд. Хайф аст, ки ба торнигорхои хуби «Ойина»-хо, «Садои механпараст», «Шахриёристон», «Чоми Чам», «Эроншахр», «Сухансаро», «Ватандор» ва гайра сар бизанем ва бетуша таркашон кунем. Медонам, ки дустон пуркоранд. Аммо шояд бехтар аст, ки веблогнависиро хам чузъе аз хамон корхоямон бидонем, то ба ташаккули журнолисми шахрвандй ва бунёди як чомеъаи шахрвандй дар Точикистон мусоъидат кунем.

Наворе, ки табъи касро хуш мекунад

Иди Навруз дар соли Имоми Аъзам

thumb_navruzВакте ки рахбари Иттиходи Шуравй — Михоил Горбачуф маъракаи зидди май ва алкул эълон кард, дар тамоми мамлакате, ки он вакт СССР ном дошт, хама гуна моеъи монанд ба шароб зери таъкиб ва хамла афтод. Миллионхо бех ангури шаробй решакан гашт ва миллиардхо дона шиша шикаста шуд. Хазорон мансабдоре, ки майнушии онхо ифшо мегашт, аз кор ронда мешуданд.

Акнун дар Точикистон Соли Имоми Аъзам эълон шудааст. Оё ин ба маъно хохад буд, ки иди Навруз мамнуъ хохад гашт? Хануз дар хеч кучо нахондам, ки Имоми Аъзам бар зидди Иди Навруз чизе гуфта бошад, аммо аз кадимиён Мухаммад Газолй ва мутаахирон Оятуллох Мутахаррй, ки акнун яке аз дохиёни маънавии бисёре аз точикон ба шумор меравад, гуфтааст, чашн гирифтани Навруз як «харият», яъне харигарист, ки аз падару модарони ахмак ба мерос мондааст.

Пас чй кунем, харигарие карда, Наврузро чашн гирем, ё аз он даст бикашем? Ошкор аст, ки аксари кулли рухониёни Точикистон зидди Наврузанд. Харчанд шоъири миллат Муъмин Каноъат мегуяд, ки араб натавонист, Наврузро шикаст дихад, акнун худи точик онро бо дастони худ шикаст хохад дод.

Дар зимн, на комунистон дар Шуравй ва на Толибон дар Афгонистон натавониста буданд, Наврузро шикаст диханд. Вале мо дигарем. Мо метавонем!

Хирадварзӣ ва хирадгароӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Дар бораи ҷойгоҳи хирад ва хирадварзӣ дар дин, бисёр сухан гуфтаанд. Баъзеҳо, бо ҳадафи посдошти ҳурмати ваҳй, манзилати ақлро фурў костаанд, ҷамъе ба манзури ҳифзи фарбеҳӣ ва иззати ақл динро тазъиф кардаанд, ва гурўҳе низ дар ҷиҳати шинохти ҷойгоҳи ҳақиқии ақлу ваҳй гом бардоштаанд.

Хирадситезони ифротӣ

Гурўҳи нахуст, ки ононро хирадситезони ифротӣ меномем, мўътақиданд миёни ақлу дин ҳеҷ синхияте вуҷуд надорад, ва агар касе бихоҳад ба паёми паёмбарон вафодор бимонад, бояд ақлро раҳо карда, ба имон паноҳ барад. Яке аз чунин касон мутааллеҳи румӣ Флоренс Тертуллианус (Florens Tertullianus) (150-230) аст, ки мегўяд:

«Афина чӣ коре ба Иерусалим дорад? Миёни академиҳо ва калисо чӣ тавофуқ аст? Кофиронро бо масеҳиён чӣ муносибат аст?… Пас аз баҳра бурдан аз Инҷил, боз ба ҷустуҷўи чӣ ҳастем? Пас аз имони динӣ, хостори кадом эътиқоди дигар бошем?» (Ақл ва ваҳй дар қуруни вусто, Étienne Gilson, с. 4 ва 5).

Дар фарҳанги исломӣ низ пайравони маслаки салафигарӣ, ба вижа ваҳҳобиён, беш аз ҳама бо ақлу бурҳону мантиқ мухолифат кардаанд. Ибни Таймия бо нигориши китоби «Насиҳати аҳли имон дар радд бар мантиқи Юнон», ба гумони худаш хатароти мантиқу тааққулро бармало сохтааст.

Хирадгароёни ифротӣ

Гурўҳи дуюм, ки ононро хирадгароёни ифротӣ меномем, дар нуқтаи муқобили гурўҳи нахуст ҷой доранд ва дар ситоиши хирад ва хирадварзӣ то он ҷо пеш рафтаанд, ки онро дар маснади худоӣ нишонда, гуфтаанд:

«Эй некў, эй фармонравои ҳамаи ҳастӣ, ва шумо эй фазилату ақлу ҳақиқат, ки гиромитарин парвардагони домони ўйед, то абад худоёни мо бошед!» (Илму дин, Ian Barbour, с. 77).

Инон бар баҳрамандии инсон аз абзори ақлу андеша такя мекарданд ва ҷое барои ваҳй ва паёми осмонӣ намедиданд ва чунон мепиндоштанд, ки танҳо «дини хирад» барои башар зарурат дорад. Ин гурўҳ мегуфтанд:

«Агар қарор аст ба ваҳйу паёмбарӣ мўътақид бошем, кадом паёмбар аз ақл беҳтар, ва кадом фармон аз фармони ақл ҳаракатофаринтар?» (Таърихи фалсафа дар ислом, Миёнмуҳаммад Шариф, ҷ. 1, с. 619).

Абулалои Муарро (363-449 ҳ), шоири пуровозаи қарни панҷуми ҳиҷрӣ дар ин бора мегўяд: Заминиён ду дастаанд: хирадмандони бедин ва диндорони бехирад. (Лузуму мо ло ялзам, Муарро, ҷ. 3, с. 126).

Хирадгароёни мўътадил

Гурўҳи сеюм, ки метавон ононро хирадгароёни мўътадил номид, пайравони воқеии мактаби ислому Паёмбар (с) ҳастанд. Инон дур аз ҳар гуна ифроту тафрит, ҷойгоҳи ҳақиқии ақлу ваҳйро бозшинохта, ҳар якро дар маснади шоистаи хеш қарор додаанд.

Муроҷеа ба мутуни асили исломӣ нишон медиҳад, ки Қуръону суннат ва муфассирони воқеии онҳо, аз як сў мақому манзилати ақлро сутуда ва онро ҳуҷҷату паёмбари дарунӣ муаррифӣ кардаанд, ва аз сўи дигар, бо ангушт ниҳодан бар костиҳои абзори идроки инсон ва баёни лағзишгоҳҳои он, шароити лозими тафаккури саҳеҳ ва ҳақнаморо баён доштаанд.

Онҳо ақлу ваҳйро ду боли парвоз ба сўи ҳақиқат донистаанд, ки фуқдон ва ё беэътиноӣ ба ҳар як, ба гумроҳӣ ва табоҳӣ меанҷомад.
Лозим аст ёдовар шавам, ки мурод аз «тааққул» дар ин мақом, ба маънои «ба коргирии қуввае аст, ки дар ҳавзаи масоили назарӣ, одамиро ба шинохти мутобиқ бо воқеъ ва эътиқоди дуруст раҳнамун мешавад, ва дар қаламрави умури амалӣ-рафторӣ, рафторҳои шоистаро ба вай менумоёнад».

Ба иборати дигар: мурод аз ақл «қувваи шинохти ҳаққу ботил» аст. Ақл ба ин маъно, ҳаргиз дучори лағзиш ва иштибоҳ нахоҳад шуд. Албатта мумкин аст дарки матолиб ва маорифе, аз ҳудуду тавоноиҳои ақли одамӣ берун бошад, аммо ақл дар қаламрави тавоноиҳои хеш ҳаргиз дучори хато намешавад.

Аҳамияти хирадварзӣ дар ислом

Дар маорифи исломӣ, тааббуди бидуни ақл, ибодати бидуни маърифат, тақлиди кўр-кўрона аз дигарон ва паймудани роҳҳои ғайри ақлонӣ, накўҳида ва нописанд ба шумор меоянд. «Ақлу ваҳй» ва «илму имон» аз дидгоҳи ислом, робитае амиқ ва танготанг доранд, то он ҷо ки бархе аз донишмандони мусалмон, имонро чизе ҷуз шинохту маърифат надонистаанд.

Ва дастае дигар, ҳарчанд ваҳдати илму имонро напазируфтаанд, аммо бар ин нукта таъкид варзидаанд, ки «дил бастан» дар гарави «донистан» аст, ва бидуни огоҳӣ наметавон аз имони комил бархўрдор шуд. (Шарҳи Ақоиди Насафия, Саъдуддини Тафтозонӣ, с. 82).

Робитаи илму имон дар ислом

Дар нигоҳи ислом «Илм беҳтарин ёру ҳамроҳи имон аст» (Шарҳи Ғурарул-ҳикам ва дурарул-килам, ҷ. 6, с. 159), «Имон бидуни тааққул ва андеша мумкин нест» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 6, с. 70).
Алӣ (к) мегўяд:

«Ҳар кас бидуни илму маърифат даст ба коре занад, монанди касе аст, ки ба бероҳа меравад, ки ҳар чи ҷилавтар равад, аз ҳадафи худ дуртар мемонад. Ва ҳар кас ки аз рўи илму дониш даст ба коре занад, монанди касе аст, ки дар роҳе ошкору рўшан ҳаракат мекунад» (Наҳҷул-балоға, хутбаи 154).

Ва ҳам ў мегўяд:

«Имон мўҷиби ободонии дониш, ва дониш сабаби тарс аз марг (таҳкими имон) аст» (Наҳҷул-балоға, хутбаи 156).

Ҷойгоҳи ақл дар эътиқодоти динӣ

Мабоҳису маорифи нуҳуфта дар суханони Паёмбар (с) ва пешвоёни динии мо, умқ ва аҳамияти ҷойгоҳи ақл дар эътиқоти диниро менумоёнад. Бештарин мабоҳиси Наҳҷул-балоға (суханони Алӣ (к)) дар бораи тавҳид ва сифоти илоҳӣ, бар асоси баҳсҳои ақлӣ ва фалсафӣ баён шудааст, ки дар навъи худ ва бо таваҷҷўҳ ба мавқеияти фикрӣ ва фарҳангии он замон дар ҳадди эъҷоз аст.

Ба гуфтаи Ибни Абилҳадиди Мўътазилӣ, нахустин фарди арабӣ, ки ба майдони мабоҳиси ақлӣ ва фалсафӣ дар бораи зоту сифоти илоҳӣ гом ниҳод, Алӣ ибни Абўтолиб (к) буд. Албатта тарҳи мабоҳиси ақлӣ ва таъкид бар манзилати волои ақл дар каломи Алӣ (к), дар ҳақиқат идомаи ҳамон роҳе аст, ки Қуръони Карим ва Паёмбари бузургвори ислом (с) фарорўи одамиён гушудаанд.

Чун танҳо дар Қуръони Карим, беш аз 300 оят вуҷуд дорад, ки инсонҳоро ба тафаккуру тааммул дар оятҳои ташреӣ ва таквинӣ даъват мекунад, ва бар андеша дар нишонаҳои дарунӣ, ки дар вуҷуди одамӣ нуҳуфта, ва низ дар нишонаҳои берунӣ, ки дар офоқ пайдост таъкид меварзад.

Ҳатто аз назари Қуръони Карим, сарпечӣ аз раҳнамудҳо ва роҳнамоиҳои ақл будааст, ки сабаби аслии фурў ғалтидан дар азобҳои дўзах ба шумор меравад:

«(Аҳли дўзах) гуфтанд: Агар гўши шунаво доштем ва андеша мекардем, аз дўзахиён набудем» (Сураи Мулк, ояти 9).

Баёни фалсафаи аҳком

Аҳамияти хирадварзӣ аз дидгоҳи ислом, фақат дар ҷанбаи эътиқодӣ мунҳасир нест. Ақл дар ҳамаи умури марбут ба дин, ҳатто масоил ва аҳкоми фиқҳияш, нақши меҳварӣ дорад. Медонем, ки фалсафаи бисёре аз аҳкоми фиқҳӣ, бар одамиён пўшида аст.

Усулан, бисёре аз дастурҳои шаръӣ, аз ҳадди дарки ақлонии башар фаротаранд, мисли теъдоди ракъатҳои намоз, вақтҳои хосси ибодот, наҳваи закот ва ғайра. Ақли инсон дар ин гуна масоил, сухане надорад ва аз тавони нафйу исботаш бебаҳра аст.

Албатта бо таваҷҷўҳ ба ин ки ақл, зарурат ва ҳаққонияти ваҳй ва паёми осмониро исбот мекунад, ва ба табаи он, чунин аҳкому дастурҳои фароақлиро низ гардан мениҳад. Дар айни ҳол, шеваи бархўрди Қуръон ва Паёмбар (с) бо аҳкоми фиқҳӣ нишон медиҳад, ки ин аҳком дар айни мовароӣ будан, ҷузъи асроре, ки ба куллӣ фаротар аз андешаи башар бошанд, ба ҳисоб намеоянд.

Қуръони Карим фалсафаи бархе аз аҳкомро баён фармуда ва ба ин васила, башарро ба андеша дар бораи онҳо даъват кардааст, чунон ки қисосро мояи ҳаёти ҷомеа мешуморад, ва ё дар бораи намоз мефармояд:

«Намоз бапо доред, зеро намоз аз кори зишту нописанд бозмедорад» (Сураи Анкабут, ояти 45).

Алӣ (к) низ бо илҳом аз Қуръони Карим, ба баёни фалсафа ва ҳикмати ташреи порае аз аҳкоми динӣ мепардозад ва мегўяд:

«Худованд намозро воҷиб кард то одамӣ худро бузург дида ва такаббур наварзад, ва закотро то мўҷиби расидани рўзӣ шавад, ва рўзаро то ихлоси офаридагон озмун гардад, ва ҳаҷро барои наздик шудани диндорон, ва ҷиҳодро барои арҷмандии ислом ва мусалмонон, ва амр ба маъруфро барои боздоштани бехирадон, ва пайванд бо хешовандонро ба хотири рушду фаровон шудани шумори онон, ва қисосро то хун рехта нашавад, ва барпо доштани ҳаддро то он чи ҳаром аст бузург намояд, ва тарки майхорагиро то хирад бар ҷой монад, ва дурӣ аз дуздиро то покдоманӣ аз даст наравад, ва зиноро во ниҳодан то насаб наёлояд, ва …» (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 252).

Иртиботи ақлу дин аз назари ислом

Баёни бархе аз суханони пешвоёни диниямон дар бораи аҳамияти хирад ва хирадварзӣ, иртиботу ҳамоҳангии ақл ва ваҳйро бештар намоён мекунад. Алӣ (к) ақлро асоси дин медонад ва мегўяд:

«Асоси дин бар ақл устувор гардида ва аҳкоми динӣ бар пояи ақл воҷиб шудаанд. Худойро танҳо бо ақл метавон шинохт ва бо ақл метавон ба Ў тавассул ҷуст. Хирадманд, аз ҳамаи касоне ки роҳе ҷуз ақлро барои висоли Худо баргузидаанд, ба Ў наздиктар аст. Кори хуб аз ақл – ҳар андоза ки андак ҳам бошад – аз ҳазор соли ҷиҳоди ҷоҳил ва нодон бартар аст» (Ал-анвор, ҷ. 1, с. 94).
Ақл дашномам диҳад ман розиам
З-он ки файзе дорад аз файёзиам
Набвад он дашноми ў бе фоида
Набвад он меҳмонияш бе моида
Аҳмақ ар ҳалво ниҳад андар лабам
Ман аз он ҳалвои ў андар табам

Дар ривояте омадааст: «Ақл фиристодаи Худованд, ва меъёри ҳамаи умур аст» (Ал-ҳаёт, Ҳакимӣ, ҷ. 1, с. 46).

Дар ривояти дигар омадааст: «Мева ва самараи ақл, пайравӣ аз ҳақ ва пойдорӣ дар роҳи ҳақ аст» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 47)

Дар ривояте дигар мехонем: «Илм ҷони ақл, фаҳм руҳи он, зуҳд сари он, ҳаё чашми он, ҳикмат забони он, раъфат нияти он ва раҳмат қалби он аст» (Ал-анвор, ҷ. 1, с. 96).

Ва ҳам мехонем: «Ақлҳо пешвоёни андешаҳо, ва афкор роҳбарони дилҳо, ва дилҳо роҳнамоёни ҳавосс, ва ҳавосс пешвоёни аъзоянд» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 96).

«Динбоварӣ, ҳаё ва фазоили ахлоқӣ, аз хирадварзӣ ҷудо нестанд ва онро танҳо намегузоранд. Ҳар ҷо ақл бошад, дину ахлоқ низ ҳаст, ва ҳар ҷо ақл набошад, дину ахлоқ низ вуҷуд надорад» ((Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 86).

«Аслу решаи инсон ақлаш аст, ва ақли ў ҳамон дини ўст» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 1, с. 82).

«Гаронмоятарин бениёзӣ ақл аст, ва бузургтарин фақр нодонӣ» (Наҳҷул-балоға, калимоти қисор, 37).

«Худованд ақлро назди касе ба вадиат наниҳод ҷуз он ки рўзе ўро ба василаи он наҷот дод» (Наҳҷул-балоға, калимоти қисор, 407).

«Ҳамоно бадбахт касе аст, ки аз суди ақл ва таҷрибае, ки ба ў додаанд, маҳрум монад» (Наҳҷул-балоға, номаи 78).

«Хирад ба касе ки аз он насиҳат хоҳад, хиёнат накунад» (Наҳҷул-балоға, калимоти қисор, 281).

Диққат дар ин суханон, ин нуктаи бисёр муҳиммеро ба даст медиҳад, ки тасаввури ҷудоии ақлу дин (ислом) ва тазодду тахолуфи онҳо, пиндоре беш нест, зеро ақли саҳеҳ ва нақли сареҳ, ҳар ду манобеи дин ба шумор меоянд.

Агар ақл худ яке аз манобеи дин аст, чи гуна метавонад бо он таорузу тазодд дошта бошад? Чи гуна мумкин аст паёме, ки барои ҳидояти инсонҳо ва шукуфо кардани заминаҳои нуҳуфта дар ақли одамиён омадааст, бузургтарин имтиёзи инсонияти онон, яъне хирадашонро нодида бигирад, ва ононро ба чизе хилофи ақлу фитрат фаро хонад? Ба таъбири зебои Садро, файласуфи барҷастаи исломӣ:

«Ҳошо ки аҳкоми нуронии Худованд бо маорифи яқинӣ ва зарурӣ носозгор бошад, ва барқарор мабод фалсафае, ки қавонини он бо китобу суннат ноҳамоҳанг бошад» (Ҳикмати Мутаолия, ҷ. 8, с. 303).
Ба ҳамин далел, дар ҷои дигар бар ин нукта таъкид меварзад, ки миёни фалсафаи файласуфи воқеӣ ва дини ростин (ислом) тазодд нест:
«Файласуфе, ки динаш дини паёмбарон (а) набошад, баҳрае аз ҳикмату фалсафа набурдааст» (Ҳамон манбаъ, ҷ. 5, с. 207).

Бинобар ин, агар дар ҷое миёни маорифи ваҳёнӣ ва ақлонӣ таоруз ба чашм мехўрад, дар ҳақиқат мушкил ба худи инсон бозмегардад, ки ё дар фаҳми ваҳй ё дар он чи ки бурҳони қатъии ақлӣ мепиндорад, дар доми ваҳму пиндор гирифтор омада ва ё мубталои ба ҳар ду мусибат шудааст.

Дар баҳсҳои оянда иншоаллоҳ агар фурсате буд, перомуни лағзишгоҳҳои андешаи динӣ баҳс ба амал хоҳем овард.
Комёб бошед.

Торнигори Салими Аюбзод дар ҷаҳони интернет

tsa

Паёми ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромадани торнигори шахсии Салими Аюбзод чанд рӯз пеш ба дасти мо расид. Ин як хабари хушҳолкунанда аст, зеро Аюбзод яке аз журналистони саршинос ва тавонои тоҷик мебошанд ва бо чанд машварату роҳнамоии муфид дар кори «Андеша»-и мо низ кӯмакҳои бедареғ кардаанд. Мо самимона эшонро ба муносибати таъсиси сафҳаи хусусии худ дар ҷаҳони Интернет табрик мегӯем ва ба он кас комёбиҳои беназир орзу мекунем.

Аз аввалин ҷусторҳои торнигори ҷадид ба мо хотираҳои Салими Аюбзод дар бораи нависандаи шаҳир Муҳаммадзамони Солеҳ ва журналисти фақид Имомназари Холназар, аккос ва журналисти зиндаёд Муҳиддини Олимпур, ҳамчунин муколамаҳои зарифу латифи муаллиф бо шоираи машҳур Фарзона хеле писанд омад. Ду матлаби торнигори хусусии Салими Аюбзод ба забони русӣ навишта шудаанд ва шоҳид будем, ки чанд расонаи русизабон ин ҷусторҳои муаллифро бознашр кардаанд. Ба ақидаи мо, матолиби Аюбзод ба забони русӣ шояд хеле муҳимтаранд, зеро ногуфтаҳои зиёдеро аз тариқи расонаҳои русизабон мунташир мекунад. Зимнан таҳлили ӯро дар бораи вазъи журнализми Тоҷикистон қаблан ба забони англисӣ хонда будем.

Боз ҳам ва боз ҳам муборак бод мегӯем, ҳарчанд як суъоли густохона дар зеҳнамон боқӣ мемонад, ки шояд чаҳорчӯби «Озодӣ» ба ҷаноби Аюбзод тангй карда бошад, ки ба ҳавои кушоди интернет баромадаанд?

Пархоши абадии дин ва хирад?

Устод

Худоро нест накунед, ки занҳо нофармон мешаванд (занҳо оборзет мекунанд) навишт як хонандаи ин баҳс. Яъне тарсонданист, ки бехудой ҳам ба бисёрзании баъзеҳо хотима медиҳаду ҳам пояҳои ахлоқиро хароб мекунад.

Бисёрзаниро баъзе динҳо махҳум мекунанд. Дар ислом ҳам ҳатмй нест, аммо ичозат додааст.

Дар бахс оиди фалсафаи Юнони ва муносибати ислом ба он низ барраси шуда истодааст. Бояд тазаккур дод, ки муносибати рухониёни масехи низ ба осори файласуфони Юнони аз чумла Сукрот, Афлотун ва Арасту бад буд, хондани осори ононро манъ мекарданд. Зеро аз Сукрот сар карда хама файласуфон ба дин вобаста надоштани ахлокро дар чомеа доимо таъкид менамуданд. Сукрот таъсири динро ба ахлок тамоман рад мекунад ва даъват пеш овардааст, ки худро бишносанд ва дар худ асосхои ахлокиро кашф намоянд. Шогирди у Афлотун таълимоти Сукротро ривоч бахшида дониш ва хакикатро тахкурсии бинои ахлок хисобид.

Асоси накукори дар дониш аст, – мегуфт у, – надонистан манбаи асосии бадист.

Мардуми Аврупо хазор сол пеш тавонист ба манъкунихои диндорон эътибор надода фалсафаи юнониро асоси илми худ намуда ба пешрафти азими илму фарханг муваффак шавад. Холо хам осори онхо асоси илми муосирро ташкил мекунад.

Аммо дар Ирону Осиёи Маркази, ки ин чо низ тамаддуни бузурге – бузургтар аз хама тамаддунхои дигар вучуд дошт, ислом ба хама сохахои хаёт (аз мактабу мадраса сар карда) рох ёфт. Сино, Фороби, Беруни ва дигар донишмандони машхуре, ки мехостанд дар ин сарзамин илму дониш, ахлок бар зербинои фалсафа ва мантики юнони карор гирад ва дар ин бобат дар он шароити вазнин осори зиёде навишта парчами хирадгароиро баланд бардоранд, аз чониби Газоли ва уламои ба у монанд саркуб шуданд.

Охирин намояндаи хирадгарои Хайём буд, ки афкораш дар рубоиёташ таъсири амике дорад.

Афлотун адолатро асоси хамзистии осоиштаи одамон ва мувофикат дар чомеа медонад. Ин аз табиати одимизод бармеояд, – мегуяд у.

Хамин тавр Сукроту Афлотун тавонистанд пояхои , Этика-мачмуаи донишхо оид ба ахлокро ба вучуд оваранд, ки ин акидахо пойбанди на дини насронисту на дини исломи.

Онхо маъновиёти инсонро аз се бахш иборат медонистанд: Хирадманди, часорат ва каноатпешаги. Аммо Мухаббати одамонро ба хамдигар болотар гузошта пайванди Накукори ва Мехру Мухаббатро – камоли матлуби хама гуна дусти ва мувофикат дар чомеа медонистанд.

Дар осори Афлотун акидахое низ буданд, ки онхоро кабул кардан мумкин нест, Афлотун низ одам буд ва хато мекард. Аммо рушанфикрони Аврупо тавонистанд, акидахои галати у ва дигар файласуфони юнониро канор гузошта он акидахое, ки барои ривочи хирадгарои ва чомеаи пешкадам зарур аст, дастури асосии зербинои илми карор диханд.

Дар Точикистон дар кадимзамон чи тавр буд холо низ хамонро мушохида мекунем. Рухониён баъди сари Сино он вазъеро ба вучуд оварда тавонистанд, ки акидахои галати Сино афзалият пайдо кунад, хирадгароии у канор гузошта шавад ё тамоман фаромуш гардад.

Идомаи чунин кушишхоро дар асри 20 ва дар асри 21 низ дидем. Чаро блоги Герби шердор навистааст, ки чашни 1030 – солагии Синоро гузаронидан зарур аст? Мо точикон холо хама осорхои Синоро тарчума ва чоп накардаем ва он осорхоеро, ки чоп шудааст, ё нахондаем ё оиди акидахои у андеша нанамудаем.

Донишмандони точик оиди хирадгароии Сино осори хуб эчод намуда барои мардум шарху тафсири фахмотар нанавиштаанд.

Блоги «Андеша» бо ин бахс барои худошиносии точикон сахми бузурге гузошта истодааст ва барои идомаи он бобхои нав бояд кушод.

Кушиши Сино барои баркарор кардани хирадгарои кушиш барои баркарор кардани асли ориёнажодон аст.

Хирадгарои буд, ки ориёихо пеш аз хама дигар халкхои чахон чарху ароба офариданд. Хирадгарои буд, ки формулаи бехтарину комилтарини ахлоки – Пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек офарида шуд.

Сипас онхое, ки ба кавли Фирдавси шири шутур мехурданду сусмор аз биёбонхои Арабистон чун муру малах ба Эрону Осиёи Маркази фуру рехтанд ва динеро, ки ба акоиди кабилахои араб асос ёфта буд ба мутамаддинтарин мардуми чахон зуран бор карданд. Асли масъала ба дини ислом бовар кардан ё накардан нест. Чун ин кор хусусист, касе ки хохад бовар мекунад, нахохад не.

Асли масъала он аст, ки агар мо аз нажоди ориёи бошем, ба хирадгарои, ки чавхари он аст, бармегардем ё на?

Биёед ҳамакаса ба Озода кӯмак кунем!

Ба унвони Ёрони ҳамАндеш аз хоҳари донишомӯзи мо номае расид, ки вай дар он аз ҳамаи мо ёрдам дархост кардааст:

Салом хонандагони азиз. Хоҳише дорам аз ҳамагон!

Донишҷӯ ҳастам ва дар донишгох дар мавзуи «Оё мардуми Помир худро точик мешуморанд? Ва ё точикон дар ин бора чи фикр доранд?» презентатсия дорам. Хохиш мекунам, фикр у андешаи худро дар ин бора нависонед.

Кори худро дар асоси фикрхои Шумо муаррифӣ хохҳм кард.Посуххои Шуморо интизорам.

Бо эхтироми зиёд, Озода Нурматова. донишчу, Академияи САХА дар Осиёи Марказӣ

Биёед ба Озодамоҳ мадад кунем ва ҳар кас фикру андешаи худро бинависад. Шахсан ба ақидаи ман, бадахшониён тоҷиконе ҳастанд, ки забонҳо, суннат, фарҳанг ва мусиқии қадимии тоҷикиро дар шаклҳои таърихияшон нигоҳ доштаанд. Медонам, афроде ҳастанд, ки бо мақсадҳои тафриқаандозӣ ақидаҳои ботиле пеш мегузоранд, аммо ман ҳаргиз наметавонам, бадахшониҳои сарбаланди худро ғайритоҷик шуморам, ҳамон гуна ки яғнобиҳоро, ки бо забони вижаи худ сӯҳбат мекунанд. Назари шумо чист?