Мерасад он руз, ту низ сарсон шави,

Чамъи моро ту парешон кардаи,
Халкро аз мулк гурезон кардаи .
Хонаи ободи ту, вайрон бод ,
Эй,ки моро хонавайрон кардаи.

Continue reading

Точики овора

Ассалому алайкум эй аҳли озодаю озодихоҳу ҳақиқатмеҳвару адолатпарасти шуҷоъи Тоҷикистон! Хоҳишу илтимос мекунам ин ҳадяи ноқобил “Чоркитоб”-ро скачат карда мутолиа кунед ва агар лозим донистед ба он амал намуда ва онро ба воситаи емайлу фейсбуку телефону интернету китоб ба хешу табору ёру дӯстону ошною бегонагон ҳадя кунеду фиристеду тақсим намоед!Қаблан сипосгузорам!

Continue reading

Хатари «исломи»-хои мусаллах

Довуд Исмати  «ИмрузNews» №140 15.08.2013

Ҳар кас воқеиятро аз дидгоҳи худ баҳо медихад

Ба гуфтаи коршиносон, шуруъ аз соли 2010 Осиёи Марказй ба як мавзеъи ноустувор табдил ёфт. Бисёриҳо онро ба ҷанговарони исломй алоқаманд медонанд. Аз соли 2012 миқдори ҷанговарон афзун шуд, аммо таъйиди он ки ҷанговарони исломй ҷавобгари асосй барои ноамнии минтақаи осиёи миёнагй ҳастанд, сарсарй метобад, чунки ба бисёр ангезаҳои муҳими сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказй диққат дода намешавад:

«Агар на ғояҳои ҷиҳодталабон, балки ин ангезаҳо сабаби амалҳои охири ҷангиён шуда бошад, хуруҷи неруҳои ҳарбии амрикой аз Афгонистон дар соли 2014 эҳтимоли афзун шудани қувваҳои ҷангиёни исломӣ дар оянда мегардад. Ҳамроҳ бо тағйироти дарпешистодаи роҳбарияти чанд кишвари Осиёи Марказӣ, хуруҷи ҳарбиён мумкин аст, ки вазъи бе ин ҳам душвори ҷангиёнро дар минтақа душвортар гардонад». – менависад Евгений Чаусовский (Eugene Chausovsky), коршиноси Маркази тахлили-тахкикотии Stratfor.

Continue reading

Шукронаро ҳам мо кунем, Шумо чӣ кор мекунед?

Абдулазизи Восеъ «Озодагон» №29 24.07.2013

Тоҷикистон дар гирдоби вируси шукрона гирифтор аст. Ҳама ҷо шукронамания.

Аз президент то вазиру раис, овозхону мулло, журналисту савдогар таъкид мекунанд, ки бояд шукрона кунем. Раисиҷумҳур мегӯяд, «бояд шукронаи ватани маҳбуб» кард, дигарон мегӯянд, «бояд шукронаи Ҷаноби олӣ»-ро гуфт.

Continue reading

Турачонзода аз ТВ «Сугд» чи мехохад?

Дилошуб Орифзода «Озодагон» №22 05.06.2013

Дах казияи судие, ки тайи як соли ахир, яъне аз мохи майи соли 2012 то хамин давраи соли 2013 огоз шудаасту як чониб намояндагони ВАО махсуб меёбанд, зикр гардид. Яке аз ин казияхо даъвои Турачонзода нисбати ТВ «Сугд» ва рузноманигораш Тохир Искандарзода мебошад.

Continue reading

Мочарои Каромат Шарифов ва Иззат Амон

Хамрагули Кодир «Нигох» №52 19.03.2013

Ки мехохад аз афтодагии зани хомила «имич» созад?

Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷик дар Русия қасд дорад аз Каромат Шарифов, роҳбари Ҷунбиши «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ба суди шаҳри Москав шикоят барад. Вай мегӯяд, Шарифов шаъну эътибори фардӣ ва касбии уро поймол карда, нисбаташ маводи таҳқиромез ва туҳматнокро нашр кардааст.

Continue reading

Адвокат Турaчонзода

Амруллохи Низом «Нигох» №04 17.04.2013

Чаро Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода аз Эшони Абдухалилҷон, эшони Абдулвоҷиди Қалъаинавӣ ва домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳимоят кард?

Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода, собиқ қозии мусалмонон ва муовини аввали сарвазири Тоҷикистон чанд муддат аст, ки хомўш аст. Гоҳ мешунавем, ки дар Чин аст, гоҳ дар Арабистони Саудӣ ва гоҳе дар ягон кишвари дигар. Дар матбуот ҳам кам падид меояд, ё матбуот ўро “ором” гузоштааст. Аммо қозӣ – домулло ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ўро фаромўш кунанд ва шояд як шахсияти фаромўшшуданӣ нест. Continue reading

Кисмати охирин мухолифони Рахмон

Абдулазизи Восеъ «Озодагон» №10 13.03.2013

Онҳо аз як маҳал нестанд ва синну солашон ҳам гуногун аст. Муштаракоти онҳо ин аст, ки ду шахсияти сиёсишуда, ду чеҳраи мухолифи ҳукумат, ду боздоштшудаи аз ватан ҷудоянд ва мақомот кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то ин ҳар дуро ба Душанбе истирдод намояд.

Аммо як чиз маълум аст, ки эшонро дар ин ҷо бо гулу гулдаста пешвоз нахоҳанд гирифт…

Continue reading

Дар чустучуи номзади ягона

Рачаби Мирзо «Фараж» №09 27.02.2013

Интихоботи президенти: Аз «А» то «Я»: Вариантҳои ҳукумат, имконоти мухолифин, номзадҳо ва вазъияти ғайримунтазира… (идома аз шумораҳои гузашта)

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки пешкори аслии эътилофи аҳзоби сиёсии кишвар аст, ахиран ба хабарнигорон эълон кард, ки онҳо то ҳанӯз ҳам дар талоши дарёфти номзади ягонаи интихоботи президентианд. У ҳамчунин хабар додааст, ки то имрӯз номи ин номзад мушаххас нест. Зойиров ин ҳарфҳоро дар ҳоле баён медорад, ки қаблан Ҷунбиши миллӣ, созмони сабтиномнашудаи сиёсӣ, ки аслан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса Фейсбук фаъол аст, ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ эълон кард.

Continue reading

Маспор ватанро ба казову кадар, эй дуст

Эхсони Шариф, чомеашинос ва рузноманигор

Эй мардуми азизи ман, эй тоҷикони асилу боғуруру сафшикан! Руҷӯе ба якояки шумо дорам. Ман ҳам ба мисоли шумо як бечораву мазлумам, ки ҷабру зулми як тоифаи золимро тоқат мекунам. Ба бечорагиву нотавонии худ, ба мазлумии худ ки ҳоло на рӯҳам озод асту на равонам ором аст, мегиряму мегирям. Дар таърихи худ миллати азизи ман чунин хориву залолатро надида буд.

Имруз барои миллати ман гуиё рузи марг фаро расида бошад ва гуиё поёни зиндагиаш бошад, дар нигоҳи кудакони бечораи мову шумо ки онхоро ҳатто гуломи дари як фиръавни беақлу бенасабе кардаанд, шароре нест, дар дили мову шумо гуиё охирин шуълаҳои зиндаги ламъаи охирини худро мезанад. Ҳоло замонае расидааст, ки дар он вокеан пинхонтар аз хакикат ва ошкортар аз дуруг чизе намонда ва хамамон дуруг мегуему дуруг мешунавем ва ба ин дуругхои худу дигарон бовар мекунем. Continue reading