Маспор ватанро ба казову кадар, эй дуст

Эхсони Шариф, чомеашинос ва рузноманигор

Эй мардуми азизи ман, эй тоҷикони асилу боғуруру сафшикан! Руҷӯе ба якояки шумо дорам. Ман ҳам ба мисоли шумо як бечораву мазлумам, ки ҷабру зулми як тоифаи золимро тоқат мекунам. Ба бечорагиву нотавонии худ, ба мазлумии худ ки ҳоло на рӯҳам озод асту на равонам ором аст, мегиряму мегирям. Дар таърихи худ миллати азизи ман чунин хориву залолатро надида буд.

Имруз барои миллати ман гуиё рузи марг фаро расида бошад ва гуиё поёни зиндагиаш бошад, дар нигоҳи кудакони бечораи мову шумо ки онхоро ҳатто гуломи дари як фиръавни беақлу бенасабе кардаанд, шароре нест, дар дили мову шумо гуиё охирин шуълаҳои зиндаги ламъаи охирини худро мезанад. Ҳоло замонае расидааст, ки дар он вокеан пинхонтар аз хакикат ва ошкортар аз дуруг чизе намонда ва хамамон дуруг мегуему дуруг мешунавем ва ба ин дуругхои худу дигарон бовар мекунем. Continue reading

Дар Тоҷикистон ба ҷавонон роҳ нест

«Озодагон» №19 18.05.2011

Сухроб ШАРИПОВ, рахбари Маркази тадкикоти

стратегии назди президенти Точикистон

Ба фикри ман ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби масъулин дастгирӣ меёбанд ва ҳукумат ба онҳо эътимод дорад. Ҳар як вазифаи калидӣ таҷриба, таҳлил ва масъулият мехоҳад. Албатта, ҷавонон дар вазифаҳои расмӣ ҳастанд, барои мисол Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Ҳамин тавр шояд 20 ва ҳатто 30 дарсади кадрҳои ҳукуматиро ҷавонои ташкил диҳанд. Ман ҳамаруза мебинам. Агар ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон ва дигар вазоратҳо равед, мебинед. Ҳама ҷавонон ҳастанд то 30 сола ва аз он бештар.

Continue reading

Таъиноти нави Рустами Эмомалӣ

Эҳсони Шариф

Имрӯзҳо дар бораи ба вазифаи нави давлатӣ тансиб шудани Рустами Эмомалӣ дар торнамоҳо ва нашрияҳо фикрҳои гуногунеро хонда дар ҳайрат меафтам. Бисёр мехонам, ки…ба ин таъиншавӣ бо шубҳа менигаранд ва дарҳол аз он менависанд, ки Рустами ҷавонро барои гирифтани мансаби президентӣ тайёр карда истодаанд.

Магар як ҷавон ҳақ надорад, ба мансабҳои баланди давлатӣ расад? Магар худи ҳамин торнамоҳову нашрияҳо ҳар рӯз наменависанд, ки чаро дар ҳукумати кишвар ҷавонон каманд? Ҳоло вақте ки ба як ҷавон роҳ дода шудааст, онҳо баръакс даъво доранд, ки чаро Рустами Эмомалӣ ба ин мақоми тансиб шудааст.

Continue reading

Ҳ. Табаров: «Ӯзбекистон Кӯлобро кӯмак кард»

Хуршеди ҲАМДАМ «Начот» №29 22.07.2010

Ба ҷои муъаррифи: Ахиран, китоби Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзӣ бо номи «То мард сухан нагуфта бошад», мунташир шуд.

Дар ин китоб хотираҳо ва ёддоштҳои муаллиф, аз ҷумла дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳ.Табаров, раёсати баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии вақтро дар моҳи ноябри соли 1992 бар ӯҳда дошт. Иҷлосияе, ки боиси сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуд. Дар гуфтугӯе, ки ҷаноби Табаров бо радиои «Озодӣ» дошт, нахуст аз сафари вакилони мардумии минтақаи Кӯлоб ба иҷлосияи Хуҷанд ёдоварӣ кард.

Continue reading

Лидери миллй

Рачаби МИРЗО «Озодагон» №18 12.05.2010

Чаро дар Осиёи Миёна ин маъноро танхо бо «президентии якумра» якчоя дидан мехоханд?

Пайоварди нахустини ташаббус барои кабули доктринам вахдати миллй дар Казокистон тахияи конун дар бораи макоми лидери миллй барои Нурсултон Назарбоев гардид. Ноябри соли гузашта хини як суханронии телевизиониаш президенти шок изхор намуд: «Доктринаи вахдати миллй бояд хеле мушаххасу муътамад ба се савол посух дарёбад: мо зери мафхуми вахдати миллй чиро мефахмем? Асоси вахдати миллй чист? Ва дар оянда онро чй гуна тахким мебахшем»?

Continue reading

Узбакистон ба хучуми васеъ тайёр мешавад

Назар ба ахборот рузи 26 март дар чаласаи фавкулоддаи хукумати Узбакистон тайёрии Штаби марказии Куввахои мусаллахи Узбакистон ба ташаннучи вазъият дар минтака мухокима шуд. Планхои махфии Тошканд инчунин дар рузхои сафари чонишини сарвазири Русия Сергей Иванов ки хамчунин рахбари комиссияи байнидавлатии Русия ва Узбакистон хам хаст, идома кардаанд.

Узбакистон ба хулосае омадааст, ки бояд манфиатхои худро бар зидди сохтмони пойгохи баркии обии Рогун дар Точикистон ба хар шакли мумкиин химоят кунад. Акидае дар миён гузошта шудааст, ки хукумати Точикистон бо накшаи сохтмони Рогун максад дорад, оромииро дар хамаи минтака бархам занад.

Continue reading

Исломистхои Точикистон галаба мекунанд

Назархохихое, ки мо дар мавриди интихобот гузаронидем, нишон доданд, ки бештари хонандагони торнамои мо ба Хизби сотсиал-демократ овоз доданиянд. Ин натича дар хамаи назарсанчихои гузашта хам хамин хел буд. Як нафар аз мухлисони «Андеша» навиштааст, ки ин хизби равшанфикрон ва конундонхо аст ва дар чомеа обруи бузург дорад.

Валекин дар худи кишвар мо шохиди таблиготи хеле окилона ва пуркуввати Хизби исломии Точикистон хастем. Маълум, ки ин хизб сармояи кофй дорад ва токтикхои хуби интихоботиро пеша кардааст. Барнома ва даъватхои рушану фасехи нахзатиён нишон медихад, ки онхо потенсиали кавие доранд. Халк хам ки аз ваъдахои хушку холии Хизби халки демократй ва мансабпарастии ин хизбихо хаста шудаанд, дар чустучуи олтернатиф хастанд ва онро хамин хизби исломихо пешниход мекунад.

Continue reading