Мерасад он руз, ту низ сарсон шави,

Чамъи моро ту парешон кардаи,
Халкро аз мулк гурезон кардаи .
Хонаи ободи ту, вайрон бод ,
Эй,ки моро хонавайрон кардаи.

Continue reading

Advertisements

Шукронаро ҳам мо кунем, Шумо чӣ кор мекунед?

Абдулазизи Восеъ «Озодагон» №29 24.07.2013

Тоҷикистон дар гирдоби вируси шукрона гирифтор аст. Ҳама ҷо шукронамания.

Аз президент то вазиру раис, овозхону мулло, журналисту савдогар таъкид мекунанд, ки бояд шукрона кунем. Раисиҷумҳур мегӯяд, «бояд шукронаи ватани маҳбуб» кард, дигарон мегӯянд, «бояд шукронаи Ҷаноби олӣ»-ро гуфт.

Continue reading

Турачонзода аз ТВ «Сугд» чи мехохад?

Дилошуб Орифзода «Озодагон» №22 05.06.2013

Дах казияи судие, ки тайи як соли ахир, яъне аз мохи майи соли 2012 то хамин давраи соли 2013 огоз шудаасту як чониб намояндагони ВАО махсуб меёбанд, зикр гардид. Яке аз ин казияхо даъвои Турачонзода нисбати ТВ «Сугд» ва рузноманигораш Тохир Искандарзода мебошад.

Continue reading

Бозор Собир чаро баргашт?

Шоири мухочир Бозор Собир, пас аз анкариб 20 соли гурбат бо даъвати Хукумати Точикистон шоми душанбеи 27 май ба Тоҷикистон баргашт ва гуфт, дар ватан хохад монд. Агарчи уро даххо бор даъват кардаанд, танхо холо розй шудааст баргардад ва замони бозгашташ саволхои зиедеро ба миен овардааст.

Continue reading

Такдири Зайд Саидов чӣ мешавад?

Бозгаште, ки ба боздошт анчом ёфт. (Оҷонсии фасод боздошти Зайд Саидовро расман эълон кард)

«Озодагон» №20 22.05.2013

Очонсии фасод бегохи 20-уми май расман хуччати боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи точикро таҳия карда бо вакилони мудофеаш ироа кардааст. Шухрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов зимни тайиди ин хабар ба Озодагон гуфт, акнун тибқи ин хуччат мақомот хақ доранд зерхимояашро барои 72 соат боздошт намоянд. Аз ин бештар мақомот хақ надоранд, Зайд Саидовро нигохдорӣ кунанд, агар додгох дар бораи ба хабси пешакӣ гирифтани ӯ карор содир нанамояд.

Continue reading

Кисмати охирин мухолифони Рахмон

Абдулазизи Восеъ «Озодагон» №10 13.03.2013

Онҳо аз як маҳал нестанд ва синну солашон ҳам гуногун аст. Муштаракоти онҳо ин аст, ки ду шахсияти сиёсишуда, ду чеҳраи мухолифи ҳукумат, ду боздоштшудаи аз ватан ҷудоянд ва мақомот кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то ин ҳар дуро ба Душанбе истирдод намояд.

Аммо як чиз маълум аст, ки эшонро дар ин ҷо бо гулу гулдаста пешвоз нахоҳанд гирифт…

Continue reading

Дар чустучуи номзади ягона

Рачаби Мирзо «Фараж» №09 27.02.2013

Интихоботи президенти: Аз «А» то «Я»: Вариантҳои ҳукумат, имконоти мухолифин, номзадҳо ва вазъияти ғайримунтазира… (идома аз шумораҳои гузашта)

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки пешкори аслии эътилофи аҳзоби сиёсии кишвар аст, ахиран ба хабарнигорон эълон кард, ки онҳо то ҳанӯз ҳам дар талоши дарёфти номзади ягонаи интихоботи президентианд. У ҳамчунин хабар додааст, ки то имрӯз номи ин номзад мушаххас нест. Зойиров ин ҳарфҳоро дар ҳоле баён медорад, ки қаблан Ҷунбиши миллӣ, созмони сабтиномнашудаи сиёсӣ, ки аслан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса Фейсбук фаъол аст, ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ эълон кард.

Continue reading