Мерасад он руз, ту низ сарсон шави,

Чамъи моро ту парешон кардаи,
Халкро аз мулк гурезон кардаи .
Хонаи ободи ту, вайрон бод ,
Эй,ки моро хонавайрон кардаи.

Continue reading

Маспор ватанро ба казову кадар, эй дуст

Эхсони Шариф, чомеашинос ва рузноманигор

Эй мардуми азизи ман, эй тоҷикони асилу боғуруру сафшикан! Руҷӯе ба якояки шумо дорам. Ман ҳам ба мисоли шумо як бечораву мазлумам, ки ҷабру зулми як тоифаи золимро тоқат мекунам. Ба бечорагиву нотавонии худ, ба мазлумии худ ки ҳоло на рӯҳам озод асту на равонам ором аст, мегиряму мегирям. Дар таърихи худ миллати азизи ман чунин хориву залолатро надида буд.

Имруз барои миллати ман гуиё рузи марг фаро расида бошад ва гуиё поёни зиндагиаш бошад, дар нигоҳи кудакони бечораи мову шумо ки онхоро ҳатто гуломи дари як фиръавни беақлу бенасабе кардаанд, шароре нест, дар дили мову шумо гуиё охирин шуълаҳои зиндаги ламъаи охирини худро мезанад. Ҳоло замонае расидааст, ки дар он вокеан пинхонтар аз хакикат ва ошкортар аз дуруг чизе намонда ва хамамон дуруг мегуему дуруг мешунавем ва ба ин дуругхои худу дигарон бовар мекунем. Continue reading

Таъиноти нави Рустами Эмомалӣ

Эҳсони Шариф

Имрӯзҳо дар бораи ба вазифаи нави давлатӣ тансиб шудани Рустами Эмомалӣ дар торнамоҳо ва нашрияҳо фикрҳои гуногунеро хонда дар ҳайрат меафтам. Бисёр мехонам, ки…ба ин таъиншавӣ бо шубҳа менигаранд ва дарҳол аз он менависанд, ки Рустами ҷавонро барои гирифтани мансаби президентӣ тайёр карда истодаанд.

Магар як ҷавон ҳақ надорад, ба мансабҳои баланди давлатӣ расад? Магар худи ҳамин торнамоҳову нашрияҳо ҳар рӯз наменависанд, ки чаро дар ҳукумати кишвар ҷавонон каманд? Ҳоло вақте ки ба як ҷавон роҳ дода шудааст, онҳо баръакс даъво доранд, ки чаро Рустами Эмомалӣ ба ин мақоми тансиб шудааст.

Continue reading

Фаттох САИДОВ: Бобохонов дар назди конун чй хам мегуяд?

Гулафшон СОҚИЕВА, «Фараж» №31 04.08.2010

«Ин маьлумоти нодуруст аст ки Шерхон Одина сари мансаби прокурори генерали омаду наздикону пайвандони Бобохоновро аз мансаб дур карда истодааст. Шерхон Одина дар ин идора (Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон. Г. С) ду сол кор карда буд ва хуб медонист, ки кадом прокурори шаҳру ноҳия дар коррупсия даст дорад».

Дар нишасти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи чумхурии Тоҷикистон, ки рӯзи 31 июни соли равон доир гардид, кариб аксари журналистон ба роҳбарияти агентӣ Фаттоҳ Саидов дар гирди як савол баҳс карданд.

Continue reading

Точикон бояд чй кор кунанд?

Мухиддин

Ба хама салом, хамватанон.  Он шароите, ки мо дар Точикистон дорем, дили маро месузонад. Ман худ тахрири бисер иктисодиети давлатхоро омухта ба он хулоса хастам, ки мо точикон аввал тафакури худро ба як равонаи муайян оварда, холати хозираи иктисодиету давлатамонро хуб донем.

Continue reading

Бачаи деҳқон ба Русия, бачаи вазир ба вазорат

Шаҳлои Наҷмиддин, журналисти мустақил

Имрўзҳо барои ҳамагон пўшида нест, ки мутахассисони зираку кордони ватани мо дар дигар диёр меҳнати худро гарон мефурўшанд. Чунки зиндагӣ дар меҳан онҳоро маҷбур кардааст, то дар дигар ҷой мақому манзалати хешро ёбанду зиндагии «одамиёна» дошта бошанд.

Ҳар сол ҳазорон нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун донишгоҳҳоро хатм намуда сарсону саргардон аз пайи коркобӣ мешаванд.

Аслан дар Тоҷикистон буҳрон фақат аз ҷиҳати баланд шудани доллари амрикоӣ нишонаи худро айён намуд. Вале бўҳрони бекорӣ кайҳо боз мисли заҳрпечак ҷомеаро печонида таъсирашро сахт гузошта буд.

Ба истиснои касби омўзгорӣ, ки озод асту дар қисми зиёди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ муаллим намерасад. Ҳар ҳафта дар ҳафтаномаҳо эълонҳои ҷойҳои кори холӣ дар бонку вазорату ширкатҳои хориҷӣ ба табъ мерасанд.

Дар ин эълонҳо ҳатман мутахассиси барномаҳои компютери забондонро меҷуянд. Ва дар ин эълонҳо ишора гардидааст, ки довталаб бояд собиқаи корӣ аз се сол зиёд дошта бошад. Акнун, пас аз мутолиаи ин эълонҳои бадвоҳима суолҳои зиёд пайдо мешаванд:

  1. Хатмкардагони дигар соҳаҳо, ки забонҳои хориҷиро намедонанд, аз куҷо кори «хуб» меёбанд?
  2. Он хатмкунандагони забондон, ки пас аз хатми Донишгоҳ дар асоси озмунҳо ғолиб баромада дар хориҷ тўли 2-3 сол таҳсилро идома додаанд, бе собиқаи корӣ чӣ кор мекарда бошанд?

Пас аз мушоҳидаи шахсии хеш ба хулоса омадам:

  1. Қисми зиёди эълонҳои чойҳои кори холӣ танҳо барои нақша ва расмият мебошад. Чунки аллакай ин ҷойҳо барои писарону ҷиянҳои вазиру мансабдорон «зайнит» шудаанд.
  2. Боз вомехўранд эълонҳое, ки танҳо як намуди пулкоркуниянду халос. Масалан аз талабгорони ҷойи кор ба маблағи 10 доллари амрикоӣ мегиранду ҷавоби аризаҳояшонро пас аз ду моҳ мегўянд. Дар сурати аз озмун нагузаштан пул баргардонида мешавад. Вале аллакай маълум аст, ки ин пули ҷамъшуда дар ин муддат гардиш меёбад.
  3. Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ аз ҷониби шуғли аҳолӣ таъсис дода хеле кам манфиат меорад.
  4. Баъзе аз эълонҳо маҳсули ҳиллаву найранги ширкатҳои тиҷоратие мебошад, ки маҳсулоти бесифатро тамғаи хориҷӣ часпонда корҷуёнро ҳамчун фурушанда истифода мебаранд.

Хуллас, эълонҳо қисман воқеӣ нестанд. Бештари онҳо маҳсули «пирамидаҳо» ҳастанд. Пирамида- аз секунҷае иборат аст, ки бояд бо ҷалб сохтани дигар «мардумони содалавҳ» онро боло бардошт. Ба доми ин ширкатҳо фитодан хеле осон аст. Ин мавзуъро баъдтар шарҳ хоҳам дод.

Акнун бармегардем ба сари мавзуъи нархи кори «хуб» дар баъзе вазорату идораҳо. Масалан дар бонкҳо. Доля хеле калон аст. Чунки даромаду баромадаш хеле-хеле баланд ба ҳисоб меравад.

Баъзе вақтҳо шоҳиди сўҳбатҳое мешавам, ки мегуянд: «Куҷора мехоҳӣ, гап зану пула тайёр кун, медиҳемат». Аҷибаш ҳамин аст, ки ҳамин вазифахарон худашон ҳоло вазифаро нагирифта «ташкилӣ» мекунанду ин овозаро байни мардум паҳн менамоянд.

Агар ман роҳбар мешудам, аввал ин кадрҳоро ба курсҳои махсуси «одаму одамгарӣ», «маданияту одоби сухан» ҷалб намуда, сипас вазифаеро лоиқашон медидам.

Як нуктаи дигар хеле муҳим аст, ки чаро мансаб фақат ба «пиракиҳо» мерасад. Магар кадрҳои худии ҷавон аз уҳдаи роҳбарӣ намебароянд. Ё ин ки кадрҳои хубро пеш мекунанду дигар суроғ намекунанд.

Вале кадрҳои «ҷонӣ» оқибат ягон «курнамакие» мекунанду шармандавор аз мансаб ронда мешаванд.

Дар маҷлисҳои ҳисоботиву тантанавӣ фақат чеҳраи «дилбазанкунандаи вазирону депутатҳоро» мебинем. Обшуста гуем, мешавад.

Хайрият, ки ҳамин сомонаҳои интернетӣ ҳасту кам-кам ҳам бошад президент аз баъзе корҳои «левийи» зердастонаш огаҳӣ меёбад. Вагарна маслиҳатчиёни худӣ мафияҳои пурқудратро ташкил мекарданд.

Барои ҳамин бачаи деҳқон бояд ба Русия раваду бачаи вазир ба вазорат Ҳамин тавр не? Охир касби дустдошта барои оилаи камбизоат «русиян» асту барои писари эркаи раисе «юрист».

Зинда бод Медведев! Шумо чӣ мегуед?

Роҳро пулакӣ кардед, ҳаво фаромӯш шуд?

Парлумони Тоҷикистон ягона роҳи Марказ –Шимоли кишварро пулакӣ кард, ки сабаби коҳиши ҳаракати афрод ва молу коло дар ин масир хоҳад шуд.

Ҳамагӣ чанд вакили ангуштшумори Маҷлиси Намояндагон ба ин қарор эътироз карданд, зеро он зидди Қонуни асосии Тоҷикистон аст, вале аксарияти кулли аъзои парлумон аз он тарафдорӣ карда, нишон доданд, барояшон на Қонуни асосӣ аҳамияте дорад ва на манфиатҳои миллии мардуми Тоҷикистон.

Гузашта аз ин онҳо ҳатто зидди ормону орзу ва барномаҳои президенти Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон раъй доданд, ки пеш аз даври охири интихоб шуданаш гуфта буд, сохтани роҳҳои кишвар яке аз барномаҳои асосии ӯст, ки барои пешрафти иқтисодиёт, густариши рафтуомад, тиҷорат ва муомилаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ хидмат хоҳад кард.

Ҳоло бояд мунтазир буд ва дид, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон манфиатҳои миллиро боло хоҳад гузошт ва ё шахсию гурӯҳии як дастаи хурдро, ки барои гузарондани ин қонуни зиддиқонунӣ парлумонро ба зону шинонд.

Ин як лаҳзаи муҳиму таърихӣ на танҳо барои Раҳмон, балки тамоми миллат хоҳад буд. Агар Раҳмон қонунро имзо накунад, маълум мешавад, вай дарвоқеъ ғами мардумро мехӯрад ва президенти мардум аст. Аммо агар имзо кард, рӯшан мешавад, ки кайҳо ба гаравгони як дастаи хурди одамони бемиллат  ва баднафс табдил ёфтааст.

Вагарна, дуздии рӯзи равшан будани кори парлумон ҳеҷ ҷои шубҳа надорад. Агар Маҷлиси Намояндагон дар бораи умуман тартибу низоми роҳҳои пулакӣ қарор ё қонун мебаровард, гапе набуд. Парлумон дар тамоми кишварҳо қонунҳои ҳамагонӣ ё универсал қабул мекунад, то ниҳодҳои иҷроии давлат дар чаҳорчӯби онҳо мушкилотро ҳал кунанд.

Як саволи оддӣ раиси ин порлумон ва ё ҳамаи тарафдорони қонуни навро мулзам мекунад, ки чаро роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хум, Душанбе — Ҷиргатол — Уш ё роҳи Мурғоб — Қулма — Қароқурум пулакӣ нашуд, вале роҳи Душанбе — Хуҷанд — Бӯстон — Чаноқ пулакӣ шуд? Оё метавон гуфт, парлумони Тоҷикистон аҳолии кишварро ба як чашм мебинад? Магар роҳҳои дигар низ бо қарзи байнулмилалӣ сохта нашудаанд?

Парлумон як роҳи мушаххас аз байни даҳҳо роҳи дигарро интихоб карда, онро пулакӣ эълон кард, аммо чаро ба таври шаффофу ошкор намегӯяд, ки чаро ин гуна шуд ва ин пешниҳоди кӣ буд?

Коре ки парлумон амалӣ намуд, аз мунфаҷир кардани пули Фондарё дар соли 1992 чӣ фарқ дорад? Он вақт раҳбари вилояти Ленинобод Абдуҷалил Ҳомидов ин пулро аз байн бурд, то робитаи вилоят бо пойтахт қатъ шавад.

Чӣ фарқ дорад, кори парлумон аз фишори Узбакистон дар марз, ки сабаби коҳиши сафари сокинони шимол ба марказ ба воситаи Узбакистон шудааст?

Агар қарзи Чин баҳона аст, қарздиҳанда нагуфтааст, ки ин пул бояд дар кӯтоҳтарин фурсат баргардонида шавад. Ба дарозо кашидани пардохти он мумкин аст, давраеро пеш орад, ки Чин қарзи худро монанди миллионҳо долларе, ки ба Замбия дода буд, лағв кунад ва ё монанди чунин сармоя, ки ба Нигерия дода буд, қариб ним баробар кам кунад.

Чӣ шуда, ки парлумони ва ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи ҳамин шеваи африқоии қарзгирй васеъ истифода мекарданд, ин дафъа ҳанӯз роҳсозӣ тамом нашуда, ин қадар шитобзада дар ғами қарзи Хитой афтоданд?

Балки онҳо, тавре мегӯянд, барои аз селу харобй ҳифз кардан ва сари вақт тармим кардани роҳ ин қадар саросема шудаанд? Аҷаб вакилони ғамхор! Бояд гуфт, Чин дар бисёр кишварҳои африқоӣ роҳ сохт ва месозад, аммо ин роҳҳо вобаста ба аҳамияти стратегияшон аз 12 то 25 сол давраи кафолатӣ (гарантия) доранд ва дар ин муддат ҳама гуна харобие, ки сар мезанад, Чин худаш онро дуруст мекунад.

Чаро қонунгузорони «тоҷик» намeгӯянд, ки мӯҳлати хидмати гарантиявии ин роҳ чанд сол аст ва чаро намешавад, то он вақт роҳ бепул боқӣ бимонад?

Агар қарзи зормондаи Хитой 381 миллион доллар аст, ин роҳ бояд то чанд сол пулакӣ бошад, ки ғун шудани чунин сармояро таъмин кунад? Вақте пулакӣ шудани он абадӣ бошад, пули ҳангуфти роҳ ба кисаи кӣ хоҳад рафт.

Оё онҳое, ки пули ин роҳро медиҳанд, аз андози роҳ, ки солона таги 40 миллион доллар мешавад, озод хоҳанд шуд? Магар даромади мардуми Тоҷикистон чӣ қадар аст, ки боз бояд пули роҳ бидиҳад? Ҳукумат дар сарватманд шудани мардум чӣ хидмате кардааст, ки ба пули кисаи онҳо чашм песонад? Пас беҳтар нест, ҳаво ва нафаскашӣ аз ҳаворо низ пулакӣ кунеду ягон хеши президент ин пулҳоро ҷамъоварӣ намояд?

Бисёриҳо медонанд, ки дар таги ин косаи парлумони кисагӣ, даҳшат хоҳад буд, агар боз ҳам мардум ҳаминҳоро вакил интихоб кунаyд, нимкосае ҳаст. Вале бидонед, сирре нест, ки як рӯз шармандавор ошкор нашавад.

Ба ҳар ҳол дар ҳаёти ҳар шахс лаҳзаҳое мешавад, ки як тараф пули калон намудор мешавад ва дар тарафи дигар виждони инсонӣ ва кас бояд интихоб кунад. Хоҳем дид, ки президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон кадомеро интихоб хоҳад кард.

«Бачам йигитай!»

Шаҳлои Наҷмиддин, шаҳри Душанбе

Ҳангоми аз назди партовгоҳи назди бинои истиқоматие гузаштан шоҳиди воқеае гардидам, ки то ин дам аз пеши чашмонам дур намешавад.

Се кўдаки синну солашон 7-8 сола гурбачаеро , ки садояш ваҳмангез буд, дошта аз болояш бензин рехта дар партовгоҳ оташ зада бо шавқ ҷонкании онро тамошо мекарданд. Ин ҳолати даҳшатнокро дида асабҳоям вайрон шуд. Бо шаст ба ҷониби онҳо рафтам. Вале кўдакон дар як зум фирор намуданд. Ин воқеаи даҳшатнок маро аз худ бехуд карду ба андеша овард.

Худоё, вақте, ки кўдаки 7 сола имрўз ҳайвони зиндаву безабонро бо чунин тарз ба марги майбурӣ бурда мерасонад, пас фардо аз ин кўдак шахсияти комилро мунтазир шудан мумкин аст?

Ҳаргиз… Чунки чунин кўдаку наврас аллакай бепарвоии наздиконашро нисбат ба худ эҳсос намуда ба ҳама кирдорҳои зишт даст мезанад.

Имрўзҳо бо сабабҳои камбизоатии қисми зиёди хонаводаҳо ва набудани қувваи кори мард (қисми зиёдашон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд) бисёрре аз фарзандони хонаводаҳо беназорат монда сарсону саргардон дар кўчаҳо мегарданд.

Кўдак ба куча мебарояду бо ҳамин рўзашро шаб карда ба хона бармегардад. Модар аққалан як боракак намепурсад, ки чӣ ҳол дорӣ? Куйо будӣ? Баръакс , барои чунин волидайн хуш аст, ки фарзандаш муштзӯру ба нонаш соҳиб ба воя мерасад.

Ё худ кўдаке аз бинои истиқоматии ҳамшафатамон навдаи дарахти кўдакистони рақами 93-ро барканд. Вакте, ки мураббия ба назди падару модари ин кўдаки навтоҷик омад, падараш дашному ҳақоратро оғоз намуда гуфт:

-чӣ ин қадар дод мегуӣ? Пули ҳамин дарахтро ман «двойной» медиҳам. Охир бачам йигитай.

Чӣ андешаи ботил.

Дар бисёр ҳолатҳо дидан мумкин аст, ки модарон баҳузур пойҳояшонро назди майдончаи биноҳои истиқоматӣ дароз карда машғули чақ-чақи занонаи худ мешаванду ба фарзандон аҳамият намедиҳанд.

Дар натийа фойиаи ислоҳнашаванда рух доданаш мумкин аст. Масалан худи ҳамин сол дар пойтахт дар назди биноҳои истиқоматӣ зиёда аз 10 кўдак зери мошин монда ба ҳалокат расиданд. Чунки кўдакон машѓули бозӣ ба омадурафти мошинҳои сабукрав аҳамияте намедиҳанд.

Модарам фақат мегуянд, ки кори хона тамомшавӣ надорад. Вале баъзе аз занҳои хонанишин аз субҳ то шом дар берун нишаста вақти пкрқимати хешро бо ғайбати мардум кўр мекунанд.

Магар вазифаи ҳар як зан пеш аз ҳама тарбияи фарзанди солиму хушахлоқ нест. Охир дар йаҳон аз ҳама донишгоҳи пурмасъулияттарин ин донишгоҳи оила мебошад.

Ҳамин , ки кўдаку наврас аз ҷониби модар назоратеро надид, пас ҳатман рў ба бероҳагӣ меорад. Пас дар тарбияи фарзанд саҳми модар бештар аст.

Имрўз дар пойтахт Интернет кафеҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки машғулиятгоҳи асосии қисми зиёди наврасон гардидаанд. Наврас аз модар бо фиреб пул меситонаду рост хатто ба мактаб нарафта йониби интернеткафеҳо меравад. Худро ба бозиҳои компютерӣ банд карда рўзашро мегузаронад. Ё ин ки ба сайтҳои шиносоӣ роҳ ёфта худро хамчун йавони 20-22 солаи муйаррад муариффи менамояд. Ҳайратовараш ин аст, ки ақлу фаҳмиши навраси 12-13 сола ба чунин амалҳои аблаҳона мерасаду ба донишандузӣ не.

Ба якчанд чунин интернет кафеҳо рафта мушоҳида намудам. Фақат хонандагони мактаб ба чашм мерасанду хплос. Яке аз сарварони интернеткафеҳо нақл кард, ки чанд наврас аз хона пули калон дуздида ба ин ҷо меомаданд. Дар рафти мушоҳида аз якчанд наврас пурсон шудам, ки интернет ба ў чӣ манфиат меорад, йавоб доданд, ки чатбозӣ мекунанд.

Агар сари вақт волидайни чунин наврасон аз пайи тарбияи дурусти фарзандонашон нашаванд, фардо дер мешавад, дер…..

Оё дар мазҳаби Имом Аъзам (р) будааст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Одатан, унвони зиёӣ ва ё рўшанфикр, барои касоне зебанда аст, ки дар ҷомеа таъсиргузор бошанд, на таъсирпазир. Ҳоло, агар касе на танҳо таъсирпазир бошад, балки аз ҷиҳати «Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав», ба дараҷае хештанро «ҳамранги ҷамоат» сохта бошад, ки дигар худи ҷамоат ҳам, аз ҳамрангии ў шигифтзада шаванд, оё барои чунин касе, унвони зиёӣ додан сазовор аст?

Дар замони шўравӣ, меъёру миқёси арзёбии ашхос, афкору андешаҳои касоне чун Марксу Ленин буд. Яъне агар касе бо он миқёс, одами хуб ташхис дода нашавад, дигар на ин ки «одами хуб» бошад, балки «инсоне бад» дониста мешуд.

Вақте Раиси Ҷумҳур, шиори ориёӣ будану ифтихороти қабл аз исломи Тоҷикистонро сар дод, як дафъа миқёси арзёбӣ пеши зиёиёни «ҳамранг», фақат ҳамон ориёӣ будану аз насли Куруши Кабир будан, ягона меъёри ташхиси хуб ё бад будани ашхос қарор гирифт. Агар касе, нисбати гузаштаи қабл аз исломи Тоҷикистон, калимае нақдомез ба забон меовард, дигар «хоини миллат» қаламдод мегардид.

Соли 2009 мелодӣ, аз ҷониби Раиси Ҷумҳур, соли Имоми Аъзам (р) номгузорӣ гардид. Камина, ба унвони як нафар мусалмон, қатъан аз ин номгузорӣ хушҳолам, ва қасд дорам дар пойгоҳи «Кимёи саодат», озмуне мақоланависӣ дар ин мавзўъ эълон намоям. Аммо…

Касоне ки то дирўз, шиоре ҷуз ҳамон шиоре, ки пеш аз соли 2009 аз «боло» таъйин шуда буд сар намедоданд, як дафъа тамоми он шиорҳоро ба фаромўшӣ супурда, ба ҷои он, шурўъ карданд ба сар додани шиори Имоми Аъзам (р)-ӣ будан.

Дигар, дар назди инон, меъёри арзёбии ашхос ҳам иваз гардид. Агар то дирўз, ориёӣ будан милок бошад, имрўз Имом Аъзам (р)-ӣ будан милок қарор гирифт.

То ҷое ки амсоли Аттор ҳам, агар қарор бошад «одами хуб» ташхис дода шаванд, бояд дар мазҳаби Имом Аъзам (р) бошанд, вагарна «унсуре номатлуб» дониста хоҳанд шуд. Бовар надоред?

14 апрели соли ҷорӣ ба ибтикори Пажўҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳамоише баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, ба гузориши BBC тоҷикӣ, нақши Фаридуддини Аттор (р), аз чеҳраҳои барҷастаи олами тасаввуф, арзёбӣ шуд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш, нақши Аттор (р)-ро дар рушди фарҳангу адаби форсу тоҷик пурарзиш хонданд.

Ин иқдом, дар воқеъ, иқдоми хубест ва бояд арҷ ниҳода шавад. Аммо…
Як дафъа ба зеҳни яке аз ширкаткунандагон чунин хутур кард, ки набояд фаромўш кунем, ки солӣ ҷорӣ, соли Имом Аъзам (р) аст. Бояд бубинем ҷаноби Аттор (р), чӣ нисбате бо Имом Аъзам (р) дорад?
Тибқи гузориш, «баррасии ҷойгоҳи Аттор дар ирфон, дар ҳоле сурат гирифт, ки ихтилофи назарҳое дар бораи мазҳаби вай вуҷуд дорад ва бархе мудаъӣ шудаанд, ки вай бо мазҳаби ҳанафия ҳеч иртиботе надоштааст».

Намедонам, интисоб ба як мазҳаб, чӣ рабте дар ин миён дорад? Фарз кардем, ки Аттор дар мазҳаби ҳанафия набудааст. Аслан, аз аҳли тасаввуф маъруф аст, ки ҳеҷ гоҳ мазҳаби хеш ошкор намекарданд, ҳатто ба гуфтаи бархе аз пажўҳишгарон, мутасаввифа худро пайрави ҳеҷ як аз мазҳабҳои фиқҳӣ намедонистанд.

Агар дар мазҳаби ҳанафия набуд, яъне дигар бузурге аз бузургони мо нест?

Дар баробари чунин мавзеъгирии бе ҷо, ба назари шумо, дигарон бояд чӣ вокунише нишон бидиҳанд? Ҳатман, хоҳед гуфт, ки касоне бояд бигўянд: Мавзўъ, баррасии Аттор аст, ҳол, дар кадом як аз мазҳаб буданаш, хеле аҳамият надорад. Билохира, яке ҳанафӣ асту дигаре шофеиву сеюме моликиву чаҳоруме ҳанбаливу ғайраву золик… Аслан касоне чун Носири Хусрави Қубодиёнӣ, дар ҳеҷ як аз мазоҳиби номбурда нестанд, балки исмоилӣ мебошанд, вале ба унвони як абармарди тоҷик, ҳатто дар арсаи дин, аз бузургонанд.

Аммо, он дигар ширкаткунандагон низ, бо имзои ин мавзеъгирӣ (яъне ин ки бояд афрод бо миқёси Имоми Аъзам (р)-ӣ будан, арзёбӣ гарданд), «ғайрати мазҳабӣ»-яшон ба ҷўш омада, шурўъ карданд ба дифоъ аз Аттор (р), ки эшон аз ҳанафия буданд.

Бар асоси гузориши фавқ, яке аз ширкаткунандагон ин иддаъоро радд кард ва гуфт, ки шарҳи ҳол ва осори Аттор ҳокӣ аз он аст, ки вай аз мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа пайравӣ мекардааст. Ба гуфтаи ў, Аттор аз рӯйи насаб ва хонавода, ба мазҳаби Ҳанафия пайванд дошта ва маҳаки таълимоти Абӯҳанифа таҳаммулгароӣ буда, ки ин мавзӯъ дар осори Атттор низ нақши калидӣ доштааст. Мазҳаби Имоми Аъзам ба Аттор имкон дода, то мароҳили маърифатро, ки дар тасаввуф ва ирфон аст, яъне шариъат, тариқат ва ҳақиқатро тай кунад».

Камина, бо ин гуфтор, ҳаргиз аз бузургии Имоми Аъзам (р) костанӣ нестам. Мо, ҳар андоза ўро арҷ ниҳем, боз андак аст. Манзури ман, мавзеъгирии бархе аз зиёиён аст.

Онон дар воқеъ касоне ҳастанд, ки агар фарз кунем, соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳур, на соли Имоми Аъзам (р), балки масалан соли Зардушт номида мешуд, ба ҷои чунин гуфтор, сад дар сад гуфторе дигар ва муғойир бо ин ки инак мебинем мегуфтанд. Масалан мегуфтанд: «Шарҳи ҳол ва осори Аттор ҳокӣ аз он аст, ки вай аз ҳаводорони маслаки зардуштӣ будааст. Аттор аз рӯйи насаб ва хонавода, ба мазҳаби маздаясанӣ пайванд дошта ва маҳаки таълимоти Зардушт, ки «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» будааст дар осори Атттор низ нақши калидӣ доштааст».

Агар бовар надоред, чанд соле дигар сабр кунед ва мунтазири ин бошед, ки яке аз солҳои оянда, ба номи Зардушт номугзорӣ шавад.
Комёб бошед.
http://www.kemyaesaadat.com/

Хосияти чамбаршохй ё «чорвои калони шохдор»

gov_korova

Ба бархе аз афрод лақаби «Гов»-ро муносиб мебинанд, вале фикр намекунанд, ки гов агар забони гуфтор медошт, шадидан эътироз мекард. Гови бечора забон надорад ва ҳарчанд шояд мефаҳмад, ки чаро афродеро бо номи он хитоб мекунанд, бовар дорад, кореро ки чунин афрод мекунанд, ягон чамбаршох дар умри сараш намекунад.

Ба бузургтарин говсифатҳо лақаби дигарро раво медоранд: «Гови худо». Ин ҷо дигар тафсире зарур нест. Сухан аз афроде меравад, ки дар говигарй ягонаи даврон ва ҷаҳонанд. Онҳоро худо дар як экземпляр офаридааст. Барои ҳамин ба он мегӯянд, Гови худо. Супер-гов.

Дар байни ин ду бахш, яъне «Гов» ва «Гови худо» подаи дигаре қарор дорад, ки онҳоро «Гови бешох» унвон гузоштаанд ва ба онҳо мегӯянд, «агар шох медошт, як оғилро пур мекард.»

Не, сухан аз буққаҳо намеравад. Давраи буққаҳо гузашт. Шояд нагузашту балки ба таври ором ба давраи говҳо интиқол ёфт. Онҳоеро, ки намехостанд, аз буққагӣ даргузаранд, ба маҳбасҳо ҷой карданд. Ҳоло қариб ҳар камераи маҳбас як буққаи худро дорад. Бархе аз буққаҳои «хатарнок»-ро ба камераҳои якка ҷойгир карданд, бизананд бо шохҳои чамбар дару девори зиндонро!

Буққаҳои боқимондаро ахта карданд, то дигар суде барои буққагарй надошта бошанд. Оромтарин пода аз говҳо таркиб меёбад.

Гов будан бисёр бартариҳо дорад. Чизеро ки намешавад, бо донишу фаҳмишу ҳунар ба даст овард, мешавад, бо говигарй аз худ кард. Дар баҳсе, ки далели устувор надорй, як шох ҷунбондан кофист, ки назарияи илмй ба фоидаи ту ҳал шавад. Баъдаш, агар танқид зиёд шавад ва ҳақиқат ҳам дошта бошад, беҳтарин роҳ и халосӣ дум афшондану ба роҳи худ рафтан ё сар хам кардану худро банди алафхӯрй гирифтан аст. Ин фили аблаҳ аст, ки ба ак-аки саг эътибор медиҳад, гов парвое намекунад ва ба роҳи худ рафтан мегирад.

gov

Дар нисбати гов ҳама чиз бахшанда аст. Хайр чӣ шудааст, ки ногаҳон дар байни роҳ тӯдаи бадранге аз ақибаш партофт? Магар ба шумо дар ин сардиҳои зимистону бегазию бебарқй тапак ворй маводди беҳтарин сӯхт даркор нест? Бардореду ба девор занед, то хушк шавад. Албатта, на ба девори қасри ҳукумат ё додситонии кулл, девор ки кам нест. Дар панҷум этаж бухорй шинондед, шуд ку. Акнун ба ҳамон деворҳо тапак занед. Баъдаш бисёр ингу минг ҳам накунед. Гов гов аст, хоҳад тапак мепартояд, хоҳад об сар медиҳад. Аз гов чй мехоҳеду чй интизор доред? Худо онро ҳамин гуна офаридааст. Агар ба гунаи дигар мебуд, гов ки намешуд.

Дар ин қадар сол мебоист кайҳо забони гов ва хулқу атвори онро ёд мегирифтед. Бояд ҳанӯз «бӯъ» нагуфта, фаҳмед, ки коҳ мехоҳад ё коҳу, об ё алаф. Бояд ҳатто аз шох такон доданаш дарк кунед, ки дилаш чй кашидааст. Баракс, бархе ончунон худро ба нодонй мезананд, ки гӯё дар умри сарашон говро надида бошанд.

Гов будан аз хар будан беҳтар аст. Говҳо мустақим ба Худо итоат мекунанд. Харҳо ба Пайғамбар, яъне як зина поён. Барои ҳамин кори харҳо на ҳамеша омад мекунад. Бори бисёре мекашонанд ва баҳудаву беҳуда шатта мехӯранд. Мушкиле пеш ояд, аввал хар ба хотир мерасад. Гов замоне дархост мешавад, ки агар хар пайдо нашавад, вагарна гов дар гӯшаяки худ орому осуда чаридан мегирад. Гов аз назарҳо пинҳон аст  ва тақрибан ҳамеша ҷавоби нобакориҳои говро хар медиҳад. Хар дар пеши назар аст ва касе ба муҷозот шудани он мухолиф нахоҳад омад, зеро ҳама медонад, ки хар ин хар аст ва сазояш лагаду тозиёна. Ягон бор дидаед, ки касе бе ҳеч гуноҳе говро лагад занад? Албатта на.

Азон ба гӯши хар намефорад, қасидаву мадҳия ҳам. Шояд натиҷаи маъкус бидиҳад. Хар аз таърифу тавсиф ба ҷастухез меояд, ҳам ҷоро хароб мекунад ва худро ба хоку чанг меолояд. Гов қасидаи шуморо нафаҳмад ҳам бо тамоми нозу изз гуш мекунад ва посухе намедиҳад, аммо ба зудй хоҳед дид, ки шираш бештар шудааст. Ҳатто агар ба ҳаяҷон омаду садо ҳам баровард, мебахшед, нидои он бо ҳанг задани хар аз замин то осмон фарқ мекунад.

Хулласи калом, ин албатта, кори шахсист, ки кас гов буданро дӯст дорад ё хар  буданро, аммо гуфтаанду мегӯянд, «падарат хук бошад, хукбонӣ кун ва раисат подабон бошад, гов шав.»