Ба Точикистони азизу нозанини мо овоз дихед!

Чандест, ки дар як торнамо раъйдихии истифодабарандагони интернет ба кишвархои гуногуни чахон идома дорад. Бо талошхои як дусти мо номи Точикистон дар кутохмуддат аз охири руйихат ба чои 12 баромад.
 untitledq

Аммо фикр намекунед, ки ин кам аст? Магар намехохед, ки ватани азизу беназири мо дар чойи аввал бошад? Медонам, точик дар хар гушаи олам бошад хам, Точикистони азизу нозанинашро дуст медорад ва хеч кучои дунёро бехтару зеботар аз Точикистон намешуморад.

Бигзор, зиндагй дар он чо имруз хуб нест, бигзор мансабдоронаш окилу варзида нестанд, бигзор чойи кору даромади арзанда вучуд надорад, бигзор кадри инсон дар ин мулк ба як пашизи сиёх баробар шудааст, аммо чизе ки хаст, ватани мост. Ин хама мегузарад, Ватан мемонад. Пас овоз дихед барои он ки Точикистони нозанини мо ба чойи аввал барояд. Бигзор хама бинад, ки чй хел мо ватанро дуст медорем! Хама бубинад, ки мо муттахиду сарчамъ ва якпорча хастем!

Advertisements

Шоъире бе зодруз, бе хона, бе кишвар ва бе маргруз

bozor.jpg

Худоё, магзор ки ягонагон аз пой биуфтанд. Таън бар бузургон издихомро чи гуворост! Издихом факат зурдмадоронро дуст дорад. Ва интикоми заъфи хешро аз фарзонагоне бигирад дар лахазоти иштибохи онон.

Ягонагон ба рушанй ва саъодат рахнамун мекунанд, ки ба дарки саъодатнадидагони абад харгиз намерасад. Аксарият бар инанд, ки бехтар аст, дар миёни тудахо ва якчо бо тудахо рахгум бизананд, то дар танхой рохи хакикат ва начотро бичуянд.

Яктоёнро худои якто дуст дорад, на галахову тудахову авом.

Онон, ки медонанд, медонанд, ман чи мегуям ва чаро. Ман ба ёди у бодаи талх менўшам ва ашки шур мерезам. Ба ёди оне, ки хамаи иштибоххояш бахшиданиянд ва хамаи талххояш ширин. Ба ёди оне ки хазорон фарсах дур аз ин диёри касофатзада хамсадо бо дили ман менолад, нолаи дили маро месарояд:

Сар то ба кадам чу аргувон дар хунам,
Аз зиндашахидони кафангулгунам,
Рагхои маро чу хамрагам кас набурид,
Кас хуни маро нарехт чун хамхунам

Гулгункафани зиндашахиди мо. Озодсухан ва озодасухан. Сухани озоди уро дар Амрико наёристанд, тахрир бикунанд, вакте гуфт, ба мучассамаи Озодй (мукаддастарин рамзи амрикоихо) туф мекунад ва ба сурати Клинтон (президенти вакти Амрико) дар оинаи телевизион низ. Аммо сухани хакки уро дар Точикистон тахрир карданд ва аз навиштахояш хама чизеро, ки нукси хукумату чамъияти имрузи точиконро падид меовард, берун партофтанду аз номаш китобе нашр карданд, ки хондани он баробари марги миллионхо тори аъсоби харобаш шуд.

Дар он маколахо туффи уро ба Амрико бокй гузоштанд, буи ношуштахо дар хонахои беоби Душанберо хазф карданд. Туффи у ба Клинтону Бушро монданд, танкиди Эмомалй Рахмонро махв карданд. Натича — Бозор Собир аз Буш наметарсад, аммо аз Э.Р. мехаросад. Бо вучуди танаффур аз Бушу Клинтон розист, дар Амрико ба сар барад, аммо на дар Точикистон. Ва бузургтарин бадбахтии як бузургвор — ин корро на хасану хусейн, балки шогирди нозпарвардаш кард. На душманаш ашки уро резонд, дусташ. На хамсояаш, фарзандаш…

Вале оё касеро часорате хаст, ки харфи шеъри уро бечо кунад? Ба чумлаи он шогирдакони камзарф, ки устоди хешро ба мансаби бардавору пуче бифурухтанд?

Хар шеър, ки пора-пора месозам ман,
Пайдост, ки чорпора месозам ман.
Хар пораи чорпораам пораи дил,
Дилро духазорпора месозам ман.

Бозор дигар аз гами хамдиёрони лода ва бардаи худ гузаштааст. Мегуяд, Точикистон кишвари «боякхо ва муллохост» ва пайванде ба ман надорад. Оё барои як кишвар фочиаи аз ин бузургтаре хаст, ки шоири бузургаш аз он ру тобад? Як бор хост, ба он тасвир хат бикашад ва онро бусид. Як бор рафт, то барнагрдад, баргашт. Ин бори вопасин нест? Иштибох накунед! Вай на аз ватан ру тофтааст, балки аз мардумони ин ватан, ки на ба кадри худи у расидаанду на ба кадри сухани покаш ва на ба кади хештани хеш.

Устоди танхои шеър акнун дар гами парандахои мусофир аст. Мургакони белона, ки бехтар аз инсонхои касрнишину рамаи гусфандонанд. Ва худи у низ парандаест, ки сайёди замона нимбисмилаш кардааст.

Дар боги парандахо хазон омада буд,
Бо тиру камони чонситон омада буд,
Дар боги парандахо хазонрезии пар
Аз бориши тири парфишон омада буд.

Дар хавлии ман на чормагз аст, на бед,
Не арари кадбаланд, не дори  сафед,
Маъзур парандагон, хазор маъзур,
Дар шохаи панчахои ман биншинед.

Пархои пароканда ба хар бому даре,
Бишкаста ба зери пойи хар рахгузаре,
Бингар чикадар харобкорй кардаст
Сайёд ба як парандаи мушти паре.

Ба дафтари тозаи шеъри у биравед ва аз ин оби зулоли чонбахш нуш бикунед, агар ба шарте барда нестед ва рахгумзадагии миёни галаро аз рахгумзадагии рахнаварди танхо бартар намедонед.

Торнамои Бозор Собир
Ашъори Бозор Собир

Ва охирин изофа: Хукумати Точикистон пешниходи тачлил аз 70-солагии Шоъири Халкии Точикистон, барандаи Чоизаи давлатии ба номи Рудакй — Бозор Собирро дар Точикистон катъиян рад кард. Аммо садсолахо баъд рузгоре мешавад, ки Эмомалй ё фаромуш мешавад ё монанди Махмуди Газнавй танхо бо зулму ситамаш дар ёдхо мемонад, вале зодрузи Бозори Собир ба иди миллии точикон табдил мегардад.

Медведев оё Медведзода хохад шуд?

Маколае дар шумораи ахири хафтавори «Нигох» («Филкина грамота» аз Путин) боз хам рушан нишон медихад, ки Русия ва хукумати он ошкоро ба зидди хувияту пешрафти милли мо, Точикон, амал мекунад. Дар ин матлаб мухочирони точик аз бадрафтории милисаи рус дар баробари номхои миллии мо навиштаанд. Шояд баъди як хамсоякишвари мо, Русия дуюмин давлатест, ки бехбудй ва болоравии моро чашми дидан надошта бошад. Ин нигохи зишти он на факат бар зидди Гурчихо буданаш хам имрузхо фахмост.

Агар хукумати мо то хол бедор нашуда, аз ин холатхои манфури гуё «шарики стратегии» худ бехабар бошад ё ба эътибор нагирад ва барои рафъи онхо чорахои катъй ва фаврй наандешад, ман намефахмам, ки чи пас чи гуна худро хукумат номида метавонад.

«Хукумат» ин хаммаънои пуштибон ва мухофизи манфиатхои миллии хар кишварест. Пас агар миллати мо, ки холо кушиши аз фарханги бойи кадимаи худ дубора бахраманд гашта, хувияти миллии худро эхё карданист ва аз чумла, ба номгузории ачдодии худ ру оварда, хукумат аз ин максад хамачониба химоят намуда, ба пешбарии он мусоидат намояд.

Албатта, рохбари давлат хам ба ин раванди нек пайваста аз насаби худ пасвандхои гайрро партофт, вале ин ташаббус аксаран дар сухану когаз бокй монд ва ба таври зарурй амаливу назорат нагашта истодааст. Бар замми он ки чараёни ба насаби ниёгони гардонидан холо хам кори пурзахмату пурхарч аст ва мутаассифона, содаву осон нашудааст, боз кадом як кишвари дигар аз мо талаб мекардааст, ки насабамон ба тарзи дилхохи онхо навишта шавад.

Оё дар шиносномахои хама «ба кур асо» гуфта насабу ном чудо-чудо навишта нашудааст, ки насаб кадому ном кадом буданро русхо фарк карда натавонад. Ягон кас бе насаб намешавад, шиноснома хам бе насаб дода намешавад. Силвио Берлускони ин Силвиван Берлусконов нест.  Чи тарзе ки ба хоси хамон миллат навишта шуда бошад, ному насабаш хам хамон аст.

Дар Амрико намояндахои садхо миллату кавмхо бо номхои ачоибу гароиби худ ворид мешаванду озодона тахсил, кор ва зиндагй мекунанд. Чаро чавонони мо бо насабхои соф Точикй ва бе ягон конунвайронкунй аз фурудгохи онхо бозпас ронда шаванд? Махз барои он ки аз пасвандхои славянии ачнабй даст кашидаанд? Дар кучо, кадом конун, кадом асос? Зиёни молй ва маънавии онхоро ки чуброн мекунад?

Шояд дафъаи дигар чаноби Рахмонро хам бо сабаби надоштани пасванди «зарурй» дар насабаш ба кишварашон рох надиханд? Ё Медведевро то ба Медведзода ном нагузоштанаш ба Точикистон ичозаи даромадан надихем?

Шояд русхо ё бесавод бошанд ё кур, вале корманди давлатии он ба гумон аст, ки бо чунин нокисихо ба кор гирифта шуда бошад. Инчо хадафи сиёсист, ки он хеле ноухдабароёна ба таври нихонй бе эъломи расмй баён карда шудааст.

Оё мо, Точикон, дар итоати дигарон ва пойбанди систему тартиботу конунхои онхо бояд бошем ва барои иззати нафси ачнабиён аз аслу насаби худ даст кашем? Албатта на! Ин манфиати миллии мост якин ва хукумати мо вазифадор аст, ки аз он химоят бикунад.

Чи тавр? Воситахо бисёранд ва факат хисси худшиносй ва хурмати худро доштан лозим асту бас. Пеш аз хама вазоратхои корхои хоричиву дохилй, ки бо шахрвандони мо дар берун аз кишвар сарукор доранд, садо бояд баланд бикунанд. Ба хамтохои худ ва хадамотхои мухочирати ва гумрукии кишвари онхо занг бизананд, номаву дархостхои расмй бинависанд, шарху баёноти онхоро гирифта, посух бидиханд ва шарту шароитхои моро рушан созанд ва баъд ба чомеаи моро натичахои корхояшон бо ВАО огох созанд.

Хукумат хамон вакт хукумат ба маънои томаш хохад буд, на танхо дар сухану когаз, балки дар амал аз мардуми худ ва фархангу манфиатхои он пуштибонй карда тавонад.

Бо умеди ояндаи неки миллат!
Ботур Косимй,

Истаравшан, Точикистон

Вермонт, ИМА

Назму наво ва мазору макбараи Сангтуда

Бахмани Исфандиёрй, Душанбе

Навиштае дар бораи «чооболй» ба ман бисёр писанд омад, вале бояд ба он иловае кард, ки Чооболии Сангтуда шавад. Чанд хафтаи охир гуши хамаи мо махз аз калимаи «Сангтуда» кар шудааст. Телвизюн он тудаи сангро шояд 1 миллиард бор намоиш дод, ки ба як макбараи хубе монанд буд. Як корманди донотароши он «чомадон»-и аз моххои январу феврал сармозадашро ин кадар ба сангхо молид, ки гарм шуд ва афсонахое мехонд, ки кас аз точик буданаш пушаймон мегашт. Вай мазорхоро низ гашт ва тамоми талошаш ин буд, ки мо ба кудсияти Сангтуда бовар кунем. Маълум шуд, ки Сангтуда чои хамхобагии як макдунй ва як зани точик будааст, бинобар ин мукаддас аст ва подшохи мукаддаси мо барои сохтани ниругох чои мукаддасро интихоб кардааст. Факат хаминаш монд, ки Чонибеки Асрориён як бор хамон сангхоро ба хотири шоханшохи бузург мелесид, ба хамаи гуфтахояш бовар мекардем.

Ман хайронам, ки агар Сангтуда 75 дарсад моли рус бошад, оё ин кадар чои фахру ифтихор дорад, ки рузу шаб, соатхои дароз аз он таблиг сурат гирад? Як сарояндаи гафс бар матни шоираке бо номи Хайрандеш дар пояи пайкараи пучи Сангтуда ин кадар вохима карда хонд, ки худам бе ин хам гушна будам, нафас дар гулуям дармонд, кариб аз хавои нафаскашй хам махрум мегаштам.

Хамзамон дар нашрияи «Чумхурият» назме бо имзои Камол Насрулло нашр шуд, ки харчанд худашро шогирди Лоик меномад, буе аз устоди бузург набурдааст. Вай менависад, нури Иличй тамом шуд, акнун нури рахмонй мерасад, ки бе он хатто хамхобагй бо чонон номумкин аст. Мехохам, матни ин назмро ин чо биёварам то назари Шумо ва дустони дигарро бифахмам:

 Камол Насрулло
Бар замини Точикистон нури Рахмон мерасад

Ин сафои бахт, ин фирузии имони мост,
Чашни Вахдат, чашни нузхат,
                                                   чашни шаъну шони мост.

Чашни фарзандони курбонгашта дар рохи мурод,
Зинда монда дар шукухи мардуми олинажод.

Чашни он оби парешоне, ки бо хам ошност,
Чашни ин марзе, ки хоки назаргохи Худост.

Чашни рузу рузии мо, рузгори васли мост,
Чашни эхёи асолат, бозтоби асли мост.

Чашни файзи субхи сулху бозгашти офтоб,
Чашни фатхи хикмату ин чехрахои беникоб.

Чашни пирузии ному точу тахти точикон,
Чашни нурафшонии хуршеди бахти точикон.

Вахдат ин осоиши хар хонадони точик аст,
Рушании эзади дар чисму чони точик аст.

Аз Бадахшону Зарафшон, Сугду Хатлону Хисор,
Бораи нанги Ватан шуд шонаи мардони ор.

Аз дили таърих бо набзи бузургони диёр,
Мерасад, пайки саодат, шодбоши ифтихор.

Бар замини Точикистон нури Рахмон мерасад,
Дил ба армон, сар ба сомон, чон ба чонон мерасад.

«Чумхурият» панчшанбе, 26 июни соли 2008
78 (21 435)

Рўзи душанбе, дар шаҳри Абарканд…

Навиштаи ҳамандеш АРИЁРОМ

Пажӯҳиш дар таърихномаҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад, ки шаҳраки Ваҳдат дар садаҳои миёна Андиён (Ҳаким Фирдавсӣ онро дар «Шоҳнома» овардааст), то соли 1936 Янгибозор ва то соли 1991 Орҷоникидзеобод ном доштааст. Шаҳр ва ноҳияи Орҷоникидзеобод 25 декабри 1991 бо Қарори №476 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Кофарниҳон номида шуд, аммо дар марти 2003 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи шаҳру ноҳияро Ваҳдат гардонд.

Ин гуна номгузорӣ хилофи суннати номгузории тоҷикист, зеро мафҳумҳои муҷарраде чун дӯстӣ, бародарӣ, иттифоқ, ваҳдат ва ғайра бе пасванди маконсоз наметавонанд номи ҷое бошанд. Аз ин ру агар номгардонон вожаи гурҷӣ-тоҷикии Орҷоникидзеободро намуна мегирифтанд ва шаҳрро Ваҳдатобод меномиданд, номҷои тоҷикие сохта буданд ки ҳам хушоҳангтар асту ҳам маъное дорад. Ҳамчунин метавонистанд ки дар пайрави аз раванди эҳёи номҳои бостонӣ ва бо дар назар гирифтани шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ин шаҳрро Андиён номанд.

Вожаи “Андиён” шояд бозмондаи вожаи ҳиндуэронии “hind-” ба маънои “рӯд” бошад. Аммо беҳтарин ва муносибтарин ном барои ин макон Кофурниҳон аст зеро баргирифта аз номи рӯдест ки дар таркиби обаш кофур (моддаи хушбӯи сафедранг) дорад ва шаҳри Ваҳдат дар канори он ҷойгир аст.

Бисёре аз ободиҳову сарзаминҳо номи худро аз номи рӯде гирифтаанд ки дар канори он ҷойгир шудаанд. Чунончи, Ҳиндустон номашро аз номи рӯди Ҳинд гирифта ки бозмондаи ҳамон вожаи “hind-” аст ва эрониёни бостони ин рӯдро Ҳинд ва ҳиндиёни бостони Синд меномиданд.
Яке дигар аз номҷойҳои таърихй, ки маҷлисиён аз нақшаи Тоҷикистон зудудаанд, Дарбанд аст. Ин ободй басе пештар аз Кофурниҳон падид омада ва нақши муҳимеро дар таърихи мардуми тоҷик доштааст. Дарбанд дар садаҳои миёна диже будааст ки ҳамроҳ бо дижу девори шаҳри Рашт роҳи Тоҷикзаминро бар руи туркон мебастааст ва номаш низ гувоҳи ин аст: “Луғатномаи Деҳхудо” дарбандро “қалъа ва ҳисор”, “фосилаи миёни ду вилоят”, “марз” ва “садд” гуфтааст.

Дарбанд дар гузашта қалъа ва ҳисоре будааст ки садди роҳи турктози кирғизҳо буда ва фосилаи миёни ду вилоят – Рашт ва Дарвоз – аст. Аммо маҷлисиёни тоҷик ин пешина ва маъноҳоро нодида гирифта, Нурободаш номиданд ки ҳеҷ рабте ба шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ин шаҳрак надорад.

Дигар намунаи нодонии маҷлисиёни тоҷик номи кунунии шаҳраки Нов аст, ки 21 ноябри 2003 бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Спитамен номида шуд. Шояд маҷлисиён мехостанд, ки бад-ин номгузорй ёди сипаҳсолори суғдиро зинда кунанд ки барои озодӣ ва ободии меҳанамон дар ҷанг бо мақдуниҳо ҷонсупорй карда буд. Аммо гумон накунам, равони он шаҳиди меҳандӯст аз ин номгузории бозмондагонаш хушнуд шуда бошад. Зеро маҷлисиён Новро ба забони юнонӣ Спитамен номиданд ки навишти юнонии номи суғдии Спитамана аст ва дар забони тоҷикӣ Спитамон мешавад. Як ҳарф ҳама заҳмати номгардониро беҳуда гардондааст.

Дере нагузашт ки 30 сентябри 2004 Ҳукумати Тоҷикистон бо дархости Маҷлиси вакилони ВМКБ деҳистони Барӯшони Рӯшонро «Назаршо Додхудоев» номид. Мусаллам аст ки ному ёди устод Назаршо Додхудоев шоистаи ёдбуду посдошт аст, аммо маълум нест, ки чаро маҷлисиёни Бадахшон номи таърихии Барӯшонро хуш надоштаанд? Бар-Рӯшон – гунаи дурусти ин номҷо – шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёии ин деҳаро ошкор мекунад, ки вокеъан як канораи Рӯшон аст.

Ду деҳаи Бар-Рӯшон ва Дер-Рӯшон (гунаи дурусташ «Зер-Рӯшон» ба маънои Рӯшони Поён аст) номҷойҳое ҳастанд ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд. Аммо Барӯшонро «Назаршо Додхудоев» номидан хилофи ақли салим ва қоидаҳои номсозии таърихӣ аст, зеро дар фарҳанги номгузории тоҷикӣ “исмҳои хос бе пасванди номҷойсоз наметавонанд маконноме бошанд”. Гузашта аз ин ки ин гуна номгардонӣ номҷойҳои бостониро мезудояд, ки гувоҳи гӯёи таърихи ҳазорсолаи маҳалланд.

Ҳамакнун номгузорӣ ва номгардонӣ барои Тоҷикистон чандон масъалаи муҳим шояд набошад. Аммо агар зарурате пеш ояд қабл аз ҳама бояд аз номи расмии Бадахшон – ВМКБ – вожаи “Кӯҳистон” бурида шавад. Хандаовар аст ки дар кишваре ки 93 дарсадаш кӯҳсор аст як вилояташ ба кӯҳистон номбардор бошад. Дигар ин ки ин вилоятро русҳо Бадахшон номида буданд ва ҳадафашон кандани Бадахшони Афғонистон ва пайвастани он ба Шӯравистон буд. Мардуми бумии ин вилоят имрӯз онро Помир мехонанд ва беҳтар аст ки ВМКБ расман Помир номида шавад.

Ҳамчунин қаторкӯҳи Пётри Кабир бояд Вахиё, пиряхи Федченко – Лозур (мардуми маҳаллӣ пиряхро лозур мегӯянд), ҶиргатолКумед (номи бостонии ин ноҳия), ҚарокӯлТиракӯл (”тира” дар тоҷикӣ бо “тер” дар шуғнӣ ва “тор” дар рӯшонӣ ба маънои “сиёҳ” аст), ОқсуСапедоб, ҚизилсуСурхоб, ҚурғонтеппаХуталканд ва КолхозободҲалевард, ЯхсуЯхсой номида шавад.

Агар рӯзе зарурате пеш ояд, ки номи Душанберо баргардонем, зеро номи рўзи ҳафта дар паҳлуи номи пойтахт ҳамеша ихлол ба миён меорад, пешниҳод мекунам, ки Абарканд ном гирад. Ин ном аз ду бахш сохта шудааст: “абар” ва “канд” ки реша дар вожаҳои авестоии «upairi» ва «kantha» доранд. “Абар” ба маънои “бартар”, “болотар”, “беҳтар” ва “баргузида” аст. “Канд” маънои “ободӣ” ва “шаҳр”-ро дорад ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошт. Барои намуна номҳои бостонии Мароканд, Пайканд, Панҷаканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯкандро овардан басанда аст.

Чунон ки медонед, номи кунунии пойтахти кишварамон ёдовари он бозорест, ки рӯзҳои душанбе дар ҷои шаҳри имрӯза баргузор мешудааст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт ва бо амри тақдир пойтахти Тоҷикистон гашт. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд ки дар замини кунунии Душанбе чанд шаҳраке ҷой дошт, ки бино бар додаҳои бостоншиносӣ беш аз 2300 сол пеш вуҷуд доштаанд.

Душанбе дар 84 соле ки ҷонишини Самарқанду Бухоро ҳаст, маркази маънавӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвари тоҷикон гашта ва сазовори доштани номи фарраҳманду бошукӯҳу ифтихорбарангез шудааст.

“Абарканд” номест наву суфтаву хушнаво, дорои намунаи таърихӣ ва ба маънои “пойтахт” ва “шаҳри бартару баргузида”, “ҷойгоҳи ҳукумату давлат”, “маркази кишвар” ва “дили Меҳан”.

Рар моро ба Чин месупорад

Александ Рар, яке аз сиёсатшиносони маъруфи Урупо ба пурсиши шаҳрванди Точикистон Файзулло Насруллоев посухи ачибе додааст. Ҳамватани мо аз ин донишманд дархост кардааст, ки андешаи худро дар бораи авзоъ дар Точикистон бeғаразона баён дорад. Файзулло, аз чумла чунин навиштааст:

Кишвар комилан ба ҳарчу марч ва фасоду ришват ғарқ аст. Он гуна ки Ф. М. Достоевский мегўяд, «қашшоқй айб аст», мо қашшоқем ва ҳар шаҳрванде агар имкон ёфт, ба Русия мегурезад. Кишвар холй мешавад, аммо барои президент Э. Раҳмон ин муҳочирати мардумаш «як раванди табиист.» Аммо ҳамчун кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандии мо, Раҳмон гўё намебинад, ки солона дар Русия ба ҳисоби расмй то 400 точик кушта мешавад ва ба ҳисобҳои ғайрирасмй ҳазорон нафар. Аз ин бунбаст чигуна мешавад, берун омад?»

Посухи Александр Рар ба ин суъоли шаҳрванди Точикистон қисман дипломатист, аммо нукоти муҳиме дорад. Вай, ки дар ин гуфтугўи интернетй вазъи имрўза ва ояндаи Русияро шарҳ медод, аз посухи мустақим дар бораи куштори муҳочирон дар Русия аз дасти нажодгароёни тундрав худдорй мекунад ва аз рўи матали «қарз ба қиёмат намонад», дар чавоб ба номбар шудани Достоевский аз тарафи шаҳрванди Точикистон, аз Солженитсин ном мебарад.

Солженитсин мегуфт, барои Русия аз дўши худ партофтани юғи 300-солаи тоторй осонтар аст, то тамиз кардани зеҳни худ аз афкори коммунистй. (Аммо агар сартарошидаҳои рус коммунист мебуданд, ба халқи бародари муҳочир ингуна рафтор намекарданд. – Т.) Мушкили табдили коммунизм ба ягон чизи нав роҳи дароз ва душворест. (Зиёд фаҳмо нест. – Т.) Аз ҳама муҳимаш бояд ба чанги нав роҳ надод. (Дар кучо? Дар Русия ё Точикистон? – Т.)

Ин қисмат аз посухи чаноби Рар ихтисоре дидааст ё аз ҳад зиёд политологист, ки ақли банда онро ҳазм карда натавонист. Ба назари ман, сартарошидаҳо маҳсули ҳукумати путинй мебошанд, ки миллатгароии русиро дар чомеъа густариш дод. Путин президенти Русия буду аз фурўшандагони сиёҳмўи бозорҳо ҳарф мезад. Чй монад ба чавонаконе, чи дар оилаҳои шаробзадаи русй ба воя мерасанд. Вале баъдаш Рар як чумлаи тилой мегўяд. Ҳушдоре ба точикон ва дигар бошандагони Осиёи Марказй.

Ман фикр мекунам, ки Чин ба зудй дар минтақаи шумо вазни бештрае касб хоҳад кард. Иттиҳоди Урупо талош дорад, ба Осиёи Марказй таъсир расонад, аммо дар ҳолии ҳозир бефоида.»

Оё метавон гуфт, ки ин суханони Рар бо назардошти муҳочирати қариб хонахези аҳолй аз Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба зеҳнаш омадааст? Тасаввур кунед, ки мардинаи Точикистон, он ҳам дар айни шукуфоии нерў ва тавоноияш ватанро тарк мекунад. Ба хонаи холии ў чиноиҳо монанди малахи Хатлон ҳамла мекунанд. Бо баҳонаи сохтани роҳ, нақб ё нерўгоҳи барқи обй. Ин албатта, фаҳмиши омиёнаи суханони Рар аст, ҳарчанд безамина намебошад. Мегўянд, дар тўли роҳҳое, ки чиноиҳо месозанд (гўё точик роҳ сохта наметавонад, бечора нав аз чангал баромадааст!) аз дасти онҳо на саге зинда монду на сангпуште. Мегўянд, ки онҳо бо ҳамон чашмони тангашон ба духтарони точик ҳам ало-ало менигаранд. Як блогнависи точик пешгўй кардааст, ки насли ояндаи точикон пўсти зард ва чашмони танг хоҳад дошт.

Чаноби Рар сипас ба ёд меорад, ки мавзўъи асосии сўҳбаташ Русия аст ва изофа мекунад, ки албатта, агар Русияи аз лиҳози иқтисодй тавоно дигарбора барои ҳамсоягонаш чолиб гардад, метавонад, шаклҳои нави ҳамоишро ба миён гузорад. Инаш пешгўии ояндаи дур, ки шояд ба Точикистон чандон дахле надорад. Хеч яке аз каналҳои телевизионии Русия обуҳавои Точикистонро нишон намедиҳад. Худ хулоса бароред…

Ин сўҳбат рўзи 21 апрел дар торнамои Иносми ба амал омадааст.

Лабханди дардолуди бонувони мо

bonuvon.jpg

Хафт ходисаи огози соли 2008  

        1 

13-уми феврали соли 2008 зане дар баробари Касри раёсатчумхурии Точикистон ба сару тани худ бензин рехт ва хост худро бисузонад. Хирмангул Халимова барои он мехост, худро бикушад, ки суд шавхараш Бобочон Амировро, ба гуфтаи у нохак ба 6 соли хабс махкум кард. Дасти уро дар лахзае доштанд, ки сонияе монда буд, Хирмани гул ба Хирмани оташ табдил гардад ва фарзандони у бекас бимонанд.

Пас аз 27 соли зиндагй дар хобгох Вазорати умури дохилии Точикистон Бобочон Амиров — ин собикадори худро аз сарпанох махрум кард. Хангоми рондани оилаи серфарзанд, кормандони милиса Хирмангулро дар назди шавхару фарзандонаш латукуб кардаанд.

Ин зан дигар зистан намехост. Зеро намедонист, бе шавхари махбубаш бо кудакони зиёд сари худро ба кучо хохад бурд. Хонаводаи сарсахт ба куча ронда шуд. Дар атрофи хобгох даххо бех нихоли сездах сол пеш шинондаи шавхараш ба ёдгор монд.

          2

Нависандаи точик Кухзод дар «Точикони имруза» достони як зани бевамондаи чангро нигоштааст. Тасвири деха яке аз махалхои Кургонтеппаро ба хотир меорад. Хикоят аз бомдод сар шуда, нимашаб ба поён мерасад. Хонанда монанди як навори филми мустанад 24 соати зани точикро мушохида мекунад.

Дар ин 24 соати як зани оддии точик 24 соли охири хамаи занони Точикистон каламдод шудааст. Сари  хар чумла андарзе ба ёд мерасад, ки «инсон аз гул нозук, аз санг сахт.» Ва агар дили хонанда аз санг набуд, дар поёни достон чашмонаш пури об хоханд шуд.

          3

Профессор Гузал Майитдинова аввалин касест, ки соли 1991 дар бинои сирки Точикистон намоиши сарулибоси бонувони точикро ташкил кард. «Муди точик дар карни Борбад». Вай он вакт дар Пажухишгохи торих ва мардумшиносии Фархангистони Улуми Точикистон кор мекард. Мехмонони хоричии Симпозиуми Борбад аз дидани муди кадимии бонувони точик ба хайрат афтода буданд. Гузал матоъи ин сарулибоси ашрофонаи точикро аз читгарону шохибофон бо пули худ харида буд.

Дертар вай омузиши таърихи точиконро густариш дод ва дар яке аз рисолахои худ исбот кард, ки Шинчони имрузаи Чин аз огозаш як давлати точикй будааст. Гузоришхои у дар даххо конфаронс ва махофили илмии чахон садо додаанд. Аввали имсол суди шахри  Душанбе уро барои мухолифат ба мусодира ва тахриби манзилаш ба 5 соли зиндон махкум карданд. Ягон хидмати у ва шавхараш, шодравон М. Арабовро, собик коргардони «Точикфилм» ва муаллифи чандин филми мустанад аз торихи точикон, ба назар нагирифтанд. Даххо олими саршинос аз кишвархои Осиёи Марказй, Точикистон, Амрико, Итолиё, Фаронса, Бритониё ба президент Рахмон нома фиристоданд, ки чунин корро дар нисбати олими машхур раво набинанд. Азоне буд ба гуши ношунаво…

Дар акси дасти рост вай охирин бор дар назди дари худ истодааст. Вай метавонист, як намунаи занони муваффаки точик бошад.

          4

Бузургтарин бадбахтии бонувони точик факр аст. Агар мардхо бенавоянд, занон ду баробар бенавотар. Агар кишвар нодор аст, занон сад баробар нодортар. Бенавой бадтарин вайронгари иффату покдоманист. Дар чунин авзоъ чигуна бонувон бояд сармояи худро дошта бошанд ва ин пул мояи истиклолияти онхо бошад? Оё аз модарони мутеъ, бенаво ва дастнигар одамони сазовор ва озода ба дунё хоханд омад?

Вале аксарияти фаъоли чомеъаи мо имруз сари ин дар андеша аст, ки чигуна ин бечорагону бенавоёнро танхо ба хотири онки зананд, зери хичоб андозад. Гуё хичоб посбони иффат хохад буд. Ва хам онхое, ки хичобро моли арабхо мешуморанд, низ галат мекунанд, зеро он ихтироъи ислом нест ва аз ашрофзанони Византиё мерос мондааст. Хадаф аз он бештар ангезиши шахвати мардон буд, на пушиши боэхтиёти занон. Агар шуморо бисёр гам гирифтааст, аввал ин занро ба сатхи ашрофони Византиё бирасонед, сипас халтаи сиёхро ба сараш бикашед.

Аз бенавой берун овардани зани точик вазифаи чомеъа ва пеш аз хама мардон аст. Бахусус мардоне, ки сари курсихо менишинанд ва карор аст, гами мулкро бихуранд.

          5

Вазъи мардикорони точик дар Русия сангин аст. Аммо акнун мухочирони зан хам дорем, ки ба гуфтаи созмони Каромат Шарифов 30%-и хамаи мухочирони точик дар Русияро ташкил медиханд.

Онхо ба президенти кишвар навиштаанд, ки мачбуранд, ба чои шавхарони аз мухочират дардманду нотавон баргаштаи худ, озими Русия шаванд. Нашрияи русии «Демоскоп» дар бораи онхо чунин менависад: «Работают они в подвальном помещении, приспособленном под рабочее, живут здесь же. Вентиляции нет, душ отсутствует (вместо него — тазики). В маленькой комнатке, размером с кладовку, есть раковина, где они и умываются, и стирают белье, и моют посуду. Готовят и едят в одной из комнат, там же, где спят, вторая комната — для работы, третья — склад. В город хозяин их выпускает только два раза в месяц, остальное время они проводят в подвале.» Ба навиштаи ин нашрия 42%-и занони мухочир дастизурй мешаванд.

          6

13-уми феврали соли 2008, эхтимолан дар хамон лахзахое, ки Хирмангул Халимова мехост, худро дар рубаруи Кохи раёсатчумхурии Точикистон оташ занад, Раъйгул Содиковаи 26-сола дар яке аз хиёбонхои Маскав ба халокат расид. Ба вай аз зодгохаш — нохияи Маскави вилояти Хатлон хабар доданд, ки модараш дар дами марг аст. Вай ба чои шиноснома танхо нусхаи онро дошт ва бо он наметавонист, чиптаи хавопаймо бихарад.

Ба консулхонаи Точикистон рафт, то санади муътабаре бигирад. Ба у гуфтанд, танхо дар холе чунин санад хохад гирифт, агар аз нохияаш «Формаи №1»- ро ба консулхона факс кунанд. Бар замми ин барои як порча когаз Раъйгул мебоист 1500 рубли русй пардохт мекард. Ин маблагро хам надошт, зеро намедонист, чунин харче дар пеш дорад.

Вай аз хамдехагонаш карз хост ва ба назди онхо шитофт, то ин пулро бигирад ва ба консулгарй бисупорад. Шахсе бо номи Абдурахмон Каримов розй шуд, ба Раъйгул карз бидихад. Аммо хеле интизор монд. Факат рузи дигар Абдурахмон хабар ёфт, ки Раъйгулро дар рох мошин задааст.

Часади бонуи точик боз хафтахо дар мурдахонаи нохияи Солнтсевои Маскав бекас монд, зеро аснодаш кобили эътимод набуд. «Формаи №1»-ро низ аз дехааш касе факс карда натавонист. Чунки дар деха, монанди тамоми Точикистон барк набуд.

          7

Шояд дар миёни точикон ва дар Точикистон бонувони хушбахту комёб хам бошанд. Хатман хастанд. Вале Хирмангул ва Раъйгул симои кулли занони точик дар огози соли 2008 мебошанд. Ва агар ба занони хушбахти точик хам нигаред, суоле дар зехнатон ру мезанад, ки агар онхо хушбахтанд, чаро хатто лабханди онхо низ дардолуд ва чашмонашон гамгинанд?