Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ
Яке аз масоиле, ки ҳалли дурусти он барои бештари андешмандон ва рўшанфикрони ҷомеаҳои мухталиф, минҷумла ҷомеаи Тоҷикистон, душвор ва дар бархе маворид, ҳалношуданӣ менaмояд, ташхиси он аст, ки робитаи дин (албатта муроди мо аз дин дар ин мақола, дини ислом мебошад) бо ҳувияти миллӣ чигуна аст?
Оё пойбандии мо ва шумо ба дине мисли дини мубини ислом ва ифтихори мо ба ин нисбат, бо мансуб будани мо ба миллат ва нажоде муайян, ки ҳамоно тоҷик ва ориёием ва зиндагиямон бо ҳифзи ҳувияти миллӣ ва нажодӣ, бо ҳам дар тақобул ва ҷамъношуданӣ аст, ё на, қобили ҷамъ аст ва мо дар айни ин ки мусалмон ва мултазим ба шариат ва ба он ифтихор ҳам кунем, метавонем пойбанд ба фарҳанги миллӣ ва нажодии худ бошем ва ин ду ҳеҷ таноқузе бо ҳам надоранд?
Мусалмони тоҷике ёфт мешавад, ки ба ин далел, ки мусалмон ва ба дини ислом нисбат дорад, чунин меангорад, ки бояд аз реша мункири ҳувият ва нажод бошад ва гумон мекунад, ки акси он, мунофӣ бо илтизомаш ба шариат аст. Ба назари ў, лозимаи илтизом ба шариати ислом, навъе пушт кардан ба нажоду ҳувияти миллӣ аст.
Дар муқобил, миллигарои тоҷике ҳам ҳаст, ки пойбандӣ ба шариат ва ифтихор ба дини ислом ва исломгаро буданро, навъе нодида гирифтани нисбати нажодӣ ва пойбандӣ ба фарҳанги миллӣ ва поймол сохтани ҳувияти миллӣ меангорад.
Асбоб ва авомили ҳар як аз ин ду пиндори нодуруст ва амал ба муқтазои он, ба назар мерасад, ё сарчашма дар тафсир ва бардошти ғалат аз мафоҳими зерин (1), ва ё андешаи зайл (2) бошанд:
- Чистии дин ва рисолати он, ҳувияти нажодӣ ва моҳияти он, ташхиси дақиқи робитаи дин бо ҳувияти нажодӣ;
- Маҳдуд донистани ҳар дине ба марзҳои ҷуғрофии оварандаи он дин ва ин ки пазириши дини ў, ба маънои қабули фарҳанги миллӣ ва вуруд ба доираи нажодии ўст;
Дар ин мақола талош мешавад барои ҳар як аз ин андешаҳо рўшанӣ андозем ва собит намоем, ки дидгоҳи саҳеҳ (ба назари нигоранда) дар ин мавзўъҳо кадом аст.
Дин ва нажод ва робитаи онҳо бо якдигар
Ҳар инсоне, бо омадан ва по ба арсаи ҳаёт гузоштан дар ин дунё, бо ду воқеият рўбарўст: яке ин ки ў мансуб ба як xиттаи ҷуғрофиёии муайянест, ки дар он зода шуда. На метавонад худро аз он ҳита хориҷ донад ва на ин ки хештанро ғайр аз он нажоде ангорад, ки дар он ҳита зиндагӣ мекунанд. Зеро ихтиёри ҷуғрофиё ва ё нажод ва миллати муайне барои худ, хориҷ аз доираи ихтиёроти ўст. Воқеияти дигар ин ки ў хештанро мавҷуде меёбад, ки ҳақҷў, ошиқи ахлоқи писандида ва некў ва мутанаффир аз ахлоқи нописанд ва бад, адолатхоҳ, зулмситез, озода, маҷзуби зебоиҳо ва манфур аз зиштиҳост. Дар ин воқеият (яъне воқеияти дуюм) инсон хештанро, бар хилофи воқеияти аввалӣ, соҳибихтиёр меёбад. Яъне ў ҳарчанд хештанро фитратан ҳақҷў ва ҳақхоҳ меёбад, вале ин ихтиёр барои ў муяссар аст, ки ба ҷои ҳақ, ботилро баргузинад. Метавонад ахлоқи некўро канор зада, ахлоқи бадро барои худ ихтиёр кунад. Ба ҷои адолат, зулмро баргузинад ва ҳоказо. Яъне бар хилофи хостаи фитраташ гом ниҳад. Донишмандон иттифоқи назар доранд, ки иллати ихтиёри инсон он чиро, ки хилофи хостаи фитрати солими ўст, хостаҳои шаҳавонӣ, худкомагӣ, худхоҳӣ ва хулоса худбинии инсон аст. Ў мехоҳад ҳама чиз аз они ў бошад. Мехоҳад беш аз дигарон аз додаҳои табиат баҳра гирад ва дигаронро барои худ тасхир намояд.
Хулоса, инсон бо ин ду воқеият рўбарўст.
Қуръони Карим, китоби осмонии мусалмонон, ин ду воқеиятро, бо расотарин баён ва шева табйин кардааст, ки шояд ҳеҷ мактаби ахлоқӣ ва ё дини дигаре ба андозаи ин китоби осмонӣ баён накарда бошанд. Қуръон мефармояд: «Эй мардум! Мо шуморо аз як мард ва як зан офаридем…» яъне асли ҳамаи шумо як мард аст, ки ҳамон Одам бошад ва як зан аст, ки ҳамон Ҳавво бошад. Сипас мефармояд: «Ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем…» яъне шуморо миллатҳои гуногун ва қавмҳои мухталиф гардонидем. Ин ҳамон воқеияте аст, ки дар боло ба он ишора шуд ва инсон аз он ҷудоношуданӣ аст.
Ҳоло, савол ин аст, ки оё Худо наметавонист ҳамаро мисли ҳам қарор бидиҳад? Чаро якеро ориёнажод, дигареро соминажод ва… қарор дода? Ин савол вақте маъно дошт, ки агар мо нисбати нажодиро мояи бартарӣ ангорем. Аммо аз дидгоҳи худоӣ, нисбати инсон ба як қавму миллияти мушаххас (ки гуфтем ихтиёри ҷуғрофиё ва ё нисбати қавмӣ ва ё нажодӣ, дар доираи ихтиёроти инсон қарор надорад), ҳаргиз мояи бартарии ў бар инсони дигар намебошад. Яъне аз дидгоҳи худоӣ, наметавонад як ориёнажод (ки гузиниши чунин нажоде барои ў иҷборӣ буда, на ин ки ў бо ихтиёри хеш онро баргузида аст) бартар аз як соминажод бошад. Вагарна, бар адолати худоӣ ин ишкол ворид мегардид, ки чаро А-ро соминажод ва Б-ро ориёнажод қарор додӣ? Чаро адолатро риоят накардӣ (агар нажод мояи бартарӣ бошад)? Аммо бо вуҷуди ин, чунин тақсиме беҳикмат ҳам нест, Худо кори беҳуда намекунад.
Қуръони Карим дар идомаи ҳамин оят, бо ишора ба ҳикмати тақсими инсонҳо ба қавмҳо ва нажодҳои гуногун мефармояд: «Ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем то (якдигарро) бишносед…», яъне нисбат ба ҳамдигар ошноӣ ҳосил карда бошед, вагарна дар сурати ҳамсон будани инсонҳо (ки ҳеҷ тафовуте миёни онҳо дар нажод, фарҳанг, забон, ранги пўст, одоту русум ва ғайра вуҷуд намедошт), аслан таоруф ва ошноӣ имконпазир набуд. Ҳама мисли ҳам, дуруст мисли ҳайвонот ва ё ҳашарот буданд. Дигар инсон будан маззае надошт. Аслан яке аз иллатҳои пешрафти инсонӣ он аст, ки бо якдигар тафовут дар нажоду фарҳангу амсоли инҳо доранд ва дар партави ҳамин ошноӣ ва тафовут аст, ки бар ҳамдигар сибқат меҷўянд. Ҳеҷ дину оине ва ё ҳеҷ мактаби дигаре наметавонад одамиро аз асли нажодӣ ва ё нисбати қавмияш ҷудо ангорад. Ҳеҷ кас, ба ин далел, ки пайрави дини муайянест, наметавонад пушт бар асли нажодӣ ва ё қавмии хеш намояд.
Аммо, агар аз дидгоҳи худоӣ, нисбати нажодӣ мояи бартарӣ нест, балки барои тамоюз ва ҷудоӣ аст, пас оё чизи дигаре ҳаст, ки мояи бартарии як инсон (новобаста ба нисбати нажодияш) бар инсони дигаре бошад?
Оре, ҳаст. Идомаи ҳамин оят ба ин асл низ ишора мекунад. Мефармояд: «Ҳамоно (бидонед, ки) гиромитарини шумо назди Худо, парҳезкортарини шумост» (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13). Ин ҷо ишора аст ба ҳамон воқеияти дуюм, ки дар оғози баҳс ба он ишора шуд.
Тавзеҳ он ки таҳаққуқи зиндагии хуш барои навъи одамӣ, дар партави амал ба ҳамон хостаҳои фитрии инсонӣ аст. Ҳеҷ ду донишманде ёфт намешавад, ки дар ин маъно бо ҳам ихтилофи назар дошта бошанд, яъне ҳамагӣ иттифоқи назар доранд, ки бо ҳақ будан ва дар канори ҳақ қарор гирифтан (чи дар заминаи фикру андешаи ҳақ ва чи дар маҷоли амалкарди ҳақ), чун муқтазои фитрат аст, матлуби одамӣ аст. Адолатхоҳ ва зулмситез будан, озода зистан ва ҷуз Худо бардаи дигарон набудан, зебоиро баргузидан ва бар зиштӣ пушт кардан, ҳамаи инҳо чун ба муқтазои фитрат аст, матлуби одамӣ аст. Ва зиндагии хуш ва саодатманд барои фард ва ҷомеа он ҷо аст, ки тибқи ҳамин усул зиндагӣ намоянд. Ва ҳамон тавре ки гуфта шуд, ҳарчанд одамӣ хоҳони чунин зиндагие аст, аммо ғаризаи худхоҳӣ ва худбинии ў монеъ аз он мешавад, ки тибқи он амал намояд. Зеро аҳёнан чунин мешавад, ки инсон агар ҷониби ҳақро баргузинад, зиндагӣ барояш талх мегардад, ки ин бо ғаризаи роҳатталабии ў созгор нест. Агар ҷониби адолатро рияот намояд ва бо зулму ситам мубориза кунад, бояд бо ҳазорон душвориҳо ва сахтиҳо рўбарў гардад ва ҳоказо.
Ин ҷо аст, ки пои дин ба майдон меояд. Дин аст, ки роҳ ба сўи андешаи ҳақро нишон медиҳад. Дин аст, ки адолат ва таҳқиқи он дар ҷомеаро рисолати аввалин дараҷаи худ дониста мефармояд: «Мо паёмбаронро ҳамроҳ бо далелҳои рўшан фиристодем ва ба ҳамроҳи эшон китоб ва мизон (тарозуи арзёбии ҳаққу ботил) фурў фиристодем то мардум ба адолат ба по хезанд…» (сураи Ҳадид, ояти 25). Дин аст, ки мо ва шуморо водор мекунад пайрави ҳақ бошем, адолатро риоят кунем, ҷониби мазлум ва бар зидди золим биистем, зебоиро дўст ва аз зиштӣ гурезем. Дин мегўяд: ҳарчанд дар канори ҳақ истодан ва адолатхоҳ будан ва бар алайҳи зулм қиём кардан, талхиҳо ва душвориҳое бароят дар ин дунё меоварад, аммо ту бояд ба он амал кунӣ, ки агар чунин кардӣ, пеши Худо (ки офаридгори туст) гиромӣ ҳастӣ ва аз дигарон мақоми бартаре дорӣ. Илова бар он, дар охират низ, подоши некў насиби ту хоҳад шуд. Ин аст маънои «гиромитарини шумо назди Худо, парҳезкортарини шумост». Зеро амал ба он чи гуфта шуд, ҷуз бо тақво пеша кардан муяссар нест. Аслан маънои тақво ва парҳезкорӣ ҷуз ин нест, ки ба он чи – аз ҳаққу адолат – ки Худо дастур фармуда амал намоӣ ва аз он чи – аз ботилу зулму гуноҳ – ки Худо аз он наҳй фармуда даст бикашӣ.
Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар таърифи дин (манзури мо дини ислом аст) омада: «Дин, оине аст дорои андешаҳои дуруст ва мутобиқ бо воқеъ (яъне ҳамон ҳақ), ки рафторҳое (аз рафтори ҳақ, адолат, зулмситезӣ ва ғайра)-ро мавриди тавсия ва таъкид қарор медиҳад».
Пас натиҷа ин шуд, ки мо бо ду воқеият рўбарў ҳастем, ки аз ҳар дуи онҳо гурезе надорем: яке нисбат доштани мо аст ба нажод ва қавмияти муайяне, ки дорои фарҳанг, забон, ранги мушаххас ва ғайра аст ва аз дидгоҳи худоӣ, ин нисбат ҳаргиз мояи бартарии мо бар дигарон намебошад, аммо дар айни вақт, лозимаи инсон будан ва зиндагии мо аст. Ва дигар он ки лозимаи зиндагии хуш ва саодатманд доштан, амал ба муқтазои фитрат аст (яъне ҳамон воқеияти навъи дуюм) ва дин, барангезонанда ва таҳаққуқбахшандаи чунин зиндагие аст. Аслан дастуроти дин, ҳамон муқтазаёти фитрати мост: «Пас, дар ҳоле ки яктопараст ҳастӣ, рўи худ овар ба сўи дин; ҳамон фитрате, ки Худо мардумро бар он сиришта аст…» (Сураи Рум, ояти 30).
Бинобар ин, ҳаргиз ҷоиз нест, ки диндоре ба далели диндорияш, нисбати нажодӣ ва милли худро инкор кунад ва ҳам, дуруст нест, ки миллигарое, диндорӣ ва пойбандӣ ба шариат ва исломгаро буданро, навъе рў гардондан аз асли нажод ва фарҳанги миллӣ ангорад.
Мусалмон будан, лузуман араб будан нест
Масъалаи дуюм, ки гуфтем яке аз авомили ин пиндори нодурусти бархе аз миллигароён, ки пойбандӣ ба шариати ислом ва исломгаро буданро мутаноқиз бо ҳифзи ҳувияти нажодӣ ва миллӣ меангоранд, ин аст, ки эшон ҳар динеро ба марзҳои ҷуғрофии оварандаи он дин маҳдуд дониста ва пазириши дини ўро, ба маънои қабули фарҳанги миллӣ ва вуруд ба доираи нажодии ў мепиндоранд.
Ба назари онон, дине, ки ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст, бояд дар ҳитаи ҷуғрофие қарор гирад, ки ў дар он зиндагӣ мекарда. Дине, ки ҳазрати Исо (а) овардааст, бояд маҳдуд барои Бани Исроил, ки ҳамон яҳуд ҳастанд бошад. Ва дине ҳам, ки мо (тоҷикон) бар он пойбанд бошем, мебоист ҳамон дине бошад, ки Зардушт оварандаи он аст. Ва ҳар гоҳ диданд касе дам аз ислом занад ва ё шиори исломӣ сар диҳад, зуд қазоват мекунанд, ки ту хоҳони пиёдасозии фарҳанги араби бодиянишин дар сарзамини моӣ.
Агар ба рисолати дин, ки дар баҳси боло онро тавзеҳ додем таваҷҷўҳ шуда бошад, посухи чунин пиндори нодуруст ҳам рўшан мешавад. Зеро ки сару кори дин, бештар бо ботину замири инсон аст то зоҳири ў. Кори дин ин нест, ки масалан таъйин намояд мо чӣ забоне дошта бошем. Дин бароямон таъйин намекунад, ки чӣ ранге дошта бошем. Дин барои афрод мушаххас намекунад, ки чӣ либос ва чӣ навъ хўроку пўшок дошта бошанд.
Дин мегўяд: андешаи ҳақ бар сар дошта бош, кирдору рафтори ҳақро пеша кун, адолатро риоя ва бо зулму ситам дар ситез бош, ахлоқи некўро анҷом ва аз ахлоқи бад дурӣ гузин, ҷазби зебоӣ ва аз зиштӣ гурез ва ҳоказо. Ва чунин мафоҳиме, хостгоҳи ҳар инсоне новобаста аз нисбати нажодӣ ва милии ў мебошад. Бар ҳамин асос аст, ки мебинем дини ҳақ зуд дар дилҳо ҷо мегирад ва афрод бо ихтиёри хеш ба сўи он мешитобанд. Бар хилофи пиндори бархе аз ғаразварзон, ки мепиндоранд ислом ба зўри шамшер интишор ёфтааст, мардуми он замон, чӣ форсӣ бошад ва чӣ румӣ ва чӣ ҳабашӣ бошад ва чӣ арабӣ, гумшудаи худро дар маорифи дини мубини ислом пайдо карданд. Диданд, ислом ҳамон мегўяд, ки фитраташон мунодии он аст. Аз ин рў, соҳибихтиёрона рў ба сўи он оварданд ва касе эшонро маҷбур ба пазириши дин нанамуд. Албатта мо мункири ин ҳам нестем, ки бархе аз хулафои умавӣ ва ё аббосӣ, бар хилофи дастуроти исломӣ, дар манотиқе (минҷумла минтақаи Мовароуннаҳр) аз силоҳи шамшер ҳам дар бархе маворид баҳра ҷустанд, ки албатта ин амал, ҳеҷ алоқае ба асли интишори ислом надорад.
Ва шоёни зикр аст, ки ислом дар оғози даъвати хеш, аз ҷониби худи арабҳо беш аз қавмҳои дигар мухолифат дид. Ва ягона ҳуҷҷати мухолифати аъроб бо ин дини навзуҳур ин буд, ки мегуфтанд: Ту (Муҳаммад) дине овардаӣ, ки бо фарҳанги обову аҷдоди мо ҳеҷ созгорӣ надорад. Яъне лозимаи пайравӣ аз дини ту, пушт кардан ба расму одоти падарони мост. Дар Қуръон мехонем: «Мушрикон (дар посухи даъвати Паёмбар (с) ба сўи дини ислом) гуфтанд: «Мо падаронамонро бар оине ёфтем ва мо бар осори эшон роҳёфтагонем» (Сураи Зухруф, ояти 22).
Агар он чи бархе имрўз мегўянд, ки дини ҳазрати Муҳаммад (с) тибқи одоту русуми аъроб буда, дар ин сурат шоиста бар мушрикон ин буд, ки пеш аз дигарон ба ин оин мегаравиданд ва намегузоштанд дигарон бар онҳо дар гароиш ба дини ислом пешдастӣ намоянд.
Ҳоло, шоҳиде аз таърих бар он чи гуфтем меоварем, то рўшан гардад, ки рисолати дини ислом чӣ будааст ва пойбандӣ ва исломгаро будан, ҳеҷ мунофоте бо нисбат доштани мо ба қавму нажоди мушаххасе надорад.
Вақте гурўҳе аз мусалмонон ба ҷиҳати фишори сахте, ки аз сўи Қурайш ба онон ворид мешуд ба сарзамини Ҳабаша (Эфиопияи имрўз) сафар намуда ва подшоҳи он сарзамин бар эшон паноҳ дод, гурўҳе аз мушрикони араб ба ҳузури Наҷҷошӣ (подшоҳи Ҳабаша) расида, аз ў хостанд то мусалмононро бар кишварашон баргардонад. Раиси ин гурўҳ хитоб ба Наҷҷошӣ гуфт: «Зимомдори мўҳтарами Ҳабаша! Гурўҳе аз ҷавонони тоза ба даврон расида ва сабукмағзи мо, даст аз равиши ниёкон ва гузаштагони худ кашида ва ба нашри оини дигаре иқдом кардаанд, ки на бо оини расмии кишвари Ҳабаша (ки масеҳӣ аст) татбиқ мекунад ва на бо оини падарону ниёкони худашон. Ин гурўҳ ахиран ба ин кишвар паноҳанда шудаанд ва аз озодии ин мамлакат суистифода мекунанд. Бузургони қавми онҳо, аз пешгоҳи мулукона дархост мекунанд, ки ҳукми ихроҷашонро содир фармоед, то ба кишвари худ бозгарданд…»
Он гоҳ зимомдори Ҳабаша ба Ҷаъфар ибни Абўтолиб (ки риёсати гурўҳи мусалмонони паноҳандаро бар ўҳда дошт) рў карда ва гуфт: «Чаро аз оини ниёкони худ даст бардоштаед ва ба оини ҷадиде, ки на бо дини мо татбиқ мекунад ва на бо кеши падарони худ, гаравидаед?»
Ҷаъфар ибни Абўтолиб чунин посух дод: «Мо қавме будем нодон ва бутпараст, аз мурдор иҷтиноб намекардем, пайваста ба гирди корҳои зишт будем, ҳамсоя пеши мо эҳтиром надошт, заифу нотавон маҳкуми зўрмандон буд, бо хешовандони худ ба ситеза ва ҷанг бармехостем. Рўзгоре ба ин минвол будем, то ин ки як нафар аз миёни мо, ки собиқаи дурахшоне дар покӣ ва дурусткорӣ дошт, бархост ва ба фармони Худо моро ба тавҳид ва яктопарастӣ даъват кард ва ситоиши бутонро накўҳида шумурд ва дастур дод дар баргардондани амонат (ба соҳибонаш) бикўшем ва аз нопокиҳо иҷтиноб варзем ва бо хешовандон ва ҳамсоягон хушрафторӣ кунем ва аз хунрезӣ ва омезишҳои номашрўъ ва шаҳодати дурўғ, хиёнат дар молҳои ятимон ва нисбат додани занон ба корҳои зишт дур бошем. Ў ба мо дастур дод: намоз бихонем, рўза бигирем ва молиёти сарвати худро бипардозем. Мо ба ў имон оварда, ба ситоишу парастиши Худои ягона бархостем ва он чиро ҳаром шумурда буд, ҳаром ва ҳалолҳои ўро ҳалол донистем. Вале Қурайш дар баробари мо қиём карданд ва рўзу шаб моро шиканҷа доданд, то мо аз оини худ даст бардорем ва бори дигар сангҳо ва гилҳоро бипарастем, гирди нопокиҳо ва зиштиҳо биравем. Мо муддатҳо дар баробарашон муқовимат кардем то он ки тобу тавоноии мо тамом шуд. Барои ҳифзи оини худ, даст аз молу зиндагӣ шуста, ба хоки Ҳабаша паноҳ овардем. Овозаи додгарии зимомдори Ҳабаша, басони оҳанрабо моро ба сўи худ кашонид ва акнун низ ба додгарии ў эътимоди комил дорем». (Ал-комил фи ат-таърих, ҷ 2, с 54-55, Таърихи Табарӣ, ҷ 2, с 73).
Он гоҳ зимомдори Ҳабаша фармуд: «Гуфтори Паёмбари инҳо ва он чи ки Исо овардааст, аз як манбаи нур сарчашма мегиранд…» Он гоҳ хитоб ба мушрикон гуфт: «Биравед, ман ҳаргиз инҳоро ба шумо таслим нахоҳам кард». (Ҳамон манбаъ)
Пас, бубинед усуле, ки Ҷаъфар ибни Абўтолиб ба унвони дин матраҳ мекунад, иртиботе ба ҳувияти нажодии аъроб надорад, балки дар воқеъ барномае аст ҷиҳати таҳқиқи зиндагии саодатманд дар сатҳи фард ва ҷомеа ва қобили пиёда шудан барои ҳар қавм ва нажоде, новобаста ба нисбати нажодии вай. Агар дар сарзаминҳои мо дар он рўзгор ислом пазируфта шуд, барои таҳқиқи чунин зиндагонии саодатманд буд ва ин барномаи зиндагӣ, ҳеҷ мунофоте бо чигунагии нажоду фарҳанги ҳоким дар он рўзгор дар ҷомеаи мо надошт. Бар ҳамин асос буд, ки ҷомеаи мо дар он айём, дар айни ҳифозат бар ҳувияти нажодӣ ва забону фарҳанги ориёии хеш, бо рў овардан ба ислом ва пойбандии комил ба дастуроти шариати муқаддаси ислом, пешоҳанги тамоми башарияти он рўз гардиданд. Ҷамии бузургони мо, чӣ дар заминаи сиёсат ва чӣ дар маҷоли донишу маърифати дунявӣ ва чӣ дар майдони адаб, дар айёме буруз кардаанд, ки мо тоҷикон (ва ё худ форсҳо) зери ливои дину шариати ислом ба сар мебурдем. Форобӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хисрав ва садҳо абармардони мо, дар айни пешоҳангӣ дар маҷоле, ки тахассус дар онро доштанд, аз донишмандон дар майдони илму маърифати динӣ ҳам ба шумор мерафтанд. Ҳаргиз аз забони ҳеҷ як аз онон шунида нашудааст, ки исломро мутаноқиз бо ҳувияти нажодӣ ва ё фарҳанги куҳани порсии хеш муаррифӣ кунанд. Албатта ногуфта намонад, ки уламои диние ҳам, ки имрўз ҷамии мусалмонон ба онон ифтихор мекунанд, аксарашон аз нажоди мост. Магар амсоли Имом Абўҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Муслими Нишопурӣ, Абўдовуди Сиистонӣ, Насоӣ, Табарӣ, Абўсолеҳи Хуҷандӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Мавлавии Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва садҳо, балки ҳазорон донишмандони улуми динӣ, аз аъробанд?
Оё мо замонеро суроғ дорем, ки дар он боиззаттар, бошарафтар ва боиқтидортар аз замоне бошем, ки дар он, ислом дар миёни мо комилан пиёда мешуд?
Ифтихори мо бо давлати Сомониён, на танҳо ба ин ҷиҳат аст, ки забону фарҳанги порсӣ дар он побарҷо буд (ва Амир Исмоил ифтихор дошт, ки аз сулолаи Сосониён аст), балки ба ин ҷиҳат ҳам мебошад, ки шариати ислом, беш аз ҳар ҷои дигар (ҳатто аз маркази хилофат) дар ин сарзамин пиёда буд. Нақл аст, ки Амир Исмоил ҳеҷ иқдоме бидуни машварат бо Имом Абўҳафси Бухорӣ (ки муфтии он диёр ба шумор мерафт) намекарда. Ба нақли Наршахӣ, бештари умарои сомонӣ, афроди пойбанд ва мултазим ба шариати ислом буданд. Дар бораи онҳо, он чи дар бораи бархе аз хулафои арабӣ, ки афроди фосиқ ва шаробхор буданд, нақл нашудааст.
Ба ҳар ҳол, ин ҷо суханро поён мебахшам ва аз хонандагони азиз хоҳиш ба амал меоварам назари худро дар ин мавзўъ иброз бидоранд. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!
Filed under: Бухоро, Ислом, Мерос, Форсизабонон, Religion | Tagged: Islam, фарҳанг, Tajik language | 132 Comments »