Чамъи моро ту парешон кардаи,
Халкро аз мулк гурезон кардаи .
Хонаи ободи ту, вайрон бод ,
Эй,ки моро хонавайрон кардаи.
Сарвари нест ояти бехиради ,
Пас чаро ту касби султон кардаи.
Шоиронро ту ба зиндон кардаи ,
Фозилон хар су ба хичрон кардаи.
Рахму шафкат нест дар кирдори ту,
Модаронро бас ту нолон кардаи ,
Чохилию котили дар мазхабат,
Окилон аз бех яксон кардаи.
Миллати точикро, Эй Ахриман ,
Туъмаи Заххоки морон кардаи.
Дар таборат нест чу фазли одами ,
Говро маснадсаворон кардаи .
Ди ба дашти Дангара бузбон буди,
Холиё майли хиёбон кардаи .
Ин хиёбон маскану чои ту нест,
Ту хаме сайри биёбон кардаи ,
Чун биёбон маскани ачдоди туст,
Пас чаро ру суи бустон кардаи ?
Бог чун харгиз макони хор нест ,
Богро хори мугелон кардаи .
Хиради ту хиради султони нест,
Лек бар сар точи султон кардаи .
«Кори хар буз нест хирман куфтан »,
Иштибох дар рузгорон кардаи .
Аз замин то осмон донанд ,ки ту ,
Тарк аз даргохи Яздон кардаи .
Сарварон буданд ,оянду раванд ,
Кас накард ин сон,ки вайрон кардаи .
Мерасад он руз, ту низ сарсон шави,
Чунки миллатро парешон кардаи .
Гар ту пиндори, зи насли одами,
Пас чаро таклиди шайтон кардаи?
Аз кудумат мулки мо вайрона гашт,
Точикистонро ту зулмон кардаи.
Пойтахти точиконро ин замон ,
Маскани мангити туркон кардаи .
Хоки зарринаш туву ачдоди ту ,
Бесамар , пуршуразорон кардаи .
Файзро аз мамлакат баркандаи ,
Бенавоёнро хазорон кардаи,
Туркнажодо! Турктози то ба кай?
Коре аз Махмуди туркон кардаи .
Ранч доди шоири озодаро ,
Бе ватан, бе рузгорон кардаи .
Хар касе к-имруз монд андар ватан ,
Бенавову бе мадорон кардаи .
Дод аз чаври туву ачдоди ту ,
Миллати моро харосон кардаи .
Вой аз дасти туву авлоди ту ,
Рузгоронро шабистон кардаи.
Вожгун бод тахту точу бахти ту,
Эй, ки катли сад хазорон кардаи .
Сарнагун бод номи туву Оли ту .
Эй,ки мулкро мотамистон кардаи .
Ворахон ин сарвариву довари ,
Кош, к- охир азми хокдон кардаи .
Хоки бобо , Дангара дар интизор ,
Рав ба коре к-аз азал, он кардаи.
Чун бихохи лаззати ин зиндаги ,
Калбро бояд зи имон кардаи .
Нафрати Хак бар туву бар Оли ту,
Эй, ки касд бар Точикистон кардаи .
Filed under: Blogroll, Central Asia, corruption, Culture, Dushanbe, Андеша, Бадахшон, Бухоро, Вахш, Гардун, Дангара, Душанбе, Ислом, Кулоб, Мактаб ва маориф, Мерос, Норак, Самарканд, Точикистон, Узбекистон, Форсизабонон, интихобот, Economy, Internet, migration, Nation, president, Rahmon, Rakhmon, Tajik crisis, Tajikistan |
Javob berish