Точики овора

Ассалому алайкум эй аҳли озодаю озодихоҳу ҳақиқатмеҳвару адолатпарасти шуҷоъи Тоҷикистон! Хоҳишу илтимос мекунам ин ҳадяи ноқобил “Чоркитоб”-ро скачат карда мутолиа кунед ва агар лозим донистед ба он амал намуда ва онро ба воситаи емайлу фейсбуку телефону интернету китоб ба хешу табору ёру дӯстону ошною бегонагон ҳадя кунеду фиристеду тақсим намоед!Қаблан сипосгузорам!

Чун чанд рӯз пас ҷарроҳии мағз ва дилро бояд яке пас аз дигар дар яке аз бемористонҳои маъруфи Амрико гузаронам ва духтурон 0% замонат додаанд,пас лозим донистам инро ҳамчун ёдгори ночиз аз худ боқй гузорам!Илтимоси дуо!Дидор дар қиёмат!Маро ба некй ёд кунед!Ва ба бадй низ!…

Бишнав аз ман чун ҳикоят мекунам
Аз норасоиҳо шикоят мекунам
Норасоиҳои беҳадду ҳисоб
Гирдоварда андар ин китоб

Ҳар якеро баршумурам баҳратон
Аз норасоиҳо бигӯем,ал-амон!

 

Бузургтарин хатар ин дар байни мардуми Тоҷикистон тухми тафриқаю ҷудои ва яъсу ноумедиро парокандаю паҳн кардани Оли Раҳмон аст!

 

Бузургтарин наҷот ин дар байни мардуми Тоҷикистон тухми иттиҳоду пайванд ва орзую умедро парокандаю паҳн кардан аст!

 

Ҳақиқату воқеият ва расм аст,ки дар таърих бурду бохт,барору нобарорй,комёрию нокомй,пешрафту пасрафт,фазолату ҷаҳолат,наҷобату разолат,нафосату касофат,асолату даноат,камолу завол,сарбаландию сархамй,некбахтию бадбахтй,боорию беорй,нотарсию тарсуи,доноию нодонй ва зиракию аҳмақии халқу миллатҳо асосан ва аслан бо номи пешвоёну раҳбарони онҳо забту сабт ва нигоришу вироиш меёбаду ба ояндагон мерос мемонад,на бо номи мардуму халқи оддй!!!

Пешвоёну раҳбарон таҷассуму оинаи равшани халқу миллатҳо,ва халқу миллатҳо таҷассуму оинаи равшани пешвоёну раҳбарон будаанд!!!

Яъне,агар пешвою раҳбар бобурду бобарору комёру пешрафтаю фозилу наҷибу нафису асилу комилу сарбаланду некбахту боору нотарсу доною зирак бошад,халқу миллат ҳам чунин хоҳад буд!!!

Ё агар халқу миллат бобурду бобарору комёру пешрафтаю фозилу наҷибу нафису асилу комилу сарбаланду некбахту боору нотарс бошанд,пешвою раҳбар низ чунин хоҳад буд!

Баръакс,агар пешвою раҳбар бебурду бебарору нокому пасмондаю ҷоҳилу разилу касифу данию хозилу сархаму бадбахту беору тарсую нодону аҳмақ бошад,халқу миллат чунин хоҳад буд!

Ё агар халқу миллат бебурду бебарору нокому пасмондаю ҷоҳилу разилу касифу данию хозилу сархаму бадбахту беору тарсую нодону аҳмақ бошад,пешвою раҳбар низ чунин хоҳад буд!

1

Ҳар Президенте ё ҳар Сарвазире ва ё ҳар Подшоҳе ки:

1-аз Худованд (ҷ) натарсаду наҳаросаду бим надошта бошад
2-аз халқи Худо натарсаду наҳаросаду бим надошта бошад
аз ӯ золимтар,хоинтар,хатарноктар,бераҳмтар,беномӯстар,бенангтар,бевиҷдонтар ва бадбахтар нест!
Аз ӯ ҳар амалею ҳар кори ғайриинсонй ва ғайриахлоқиро интизор шудан мумкин аст,
мисли Э.Раҳмон!!!

2

Огоҳию ноогоҳй,доноию нодонй ва бохабарию бехабарии раҳбарону сарварону раисон

аз ҳаққу ҳуқуқу қонунҳою сиёсату иқтисоду иҷтимоъ ва беғамию нотавонию нолоиқию ноӯҳдабароии онҳо,далелу ҳуҷҷату сабабу боис намешавад,ки мардум онҳоро ҳатману маҷбурану бечунучаро раҳбарону сарварону раисони худ хонанду донанду бераҳмонаю ваҳшиёнаю ғайриинсонй зулму истисмору навкару бардаю чокари онҳо шаванду ҳаққу ҳуқуқу озодиҳояшон поймолу таҳқир гардад!!!

3

Ноогоҳию нодонию бехабарии мардум аз ҳаққу ҳуқуқу қонунҳою сиёсату иқтисоду иҷтимоъ ва нотавонию нолоиқию ноӯҳдабароии онҳо,далелу ҳуҷҷату сабабу боис намешавад,ки раҳбарону сарварону раисонашон онҳоро бераҳмонаю ваҳшиёнаю ғайриинсонй зулму истисмору навкару бардаю чокари худ кунанду ҳаққу ҳуқуқу озодиҳояшонро поймолу таҳқир намоянд!!!

4

Ягонаю танҳо сабаби ақибу қафомонии Тоҷикистон ин фароҳам оварда натавонистану

мусоид накардани Оли Раҳмон,шароиту имкониятҳои зарурию лозимии пешрафту тараққиро ва ноӯҳдабароию нолоиқию нотавонии Онҳо буду ҳасту хоҳад буд!!!

5

Ин аниқу дақиқ ва дар тамоми ҷаҳон исбот шудааст,ки раҳбарони худкомаю авторитару тоталитару диктатору дастаю бандаю командаи онҳо бо хубию оромию тенҷй канор намераванду барои ва ба хотири худу бандаю командаашону мансабу сармояаашон,

аз куштану аз байн бурдану несту нобуд кардану ҳабсу зиндонй кардану таҳқиру фишор додану зӯрй кардан ба мардуму миллати бегуноҳи худ,бо ному исми зебои ҳифзи қонуну тартиботу давлату ҳокимияти конститусионй,руй намегардонанд!!!

6

Ҳоло мардуми оддию нодори Тоҷикистон зоҳиран зиндагию ҳаёт доранд,аммо агар лаҳзае ба виҷдону номӯси хобидаи худ бозгарданд,амалан мурдагию мамот доранд!!!

7

Ҳоло мардуми олию дорои Тоҷикистон зоҳиран зиндагию ҳаёт доранд,аммо агар лаҳзае ба виҷдону номӯси хобидаи худ бозгарданд,амалан мурдагию мамот доранд!!!

8

Эй Мардуми Шарифи Тоҷикистон!!!То вақте Шумо:

1-Ғуломи бегонаед!!!Яъне муҳоҷиред!!!

2-Ғуломи ғуломи бегонаед!!!Яъне Эмомалй Раҳмон,ки ғуломи Россия аст!!!

Инро яқин бидонед,ки ҳаргиз,ҳеҷгоҳ,қатъан ва тамоман рӯи Озодй,Ҳақиқат,Адолат,

Истиқлолият,Тараққиёт,Пешрафт,Кор,Барқ,Бахт ва Саодатро нахоҳед дид!!!

Ҳар вақт аз ин Ду Монеъа ва Садди ҷиддию ҳақиқию воқеию хатарноку даҳшатнок раҳоию халосию наҷот ёфтед,он вақт ҳатман дарҳои Озодй,Ҳақиқат,Адолат,

Истиқлолият,Тараққиёт,Пешрафт,Кор,Барқ,Бахт ва Саодат бар рӯи Шумо

боз хоҳанд шуд!Иншоаллоҳ!!!

Раҳоию Халосию Наҷоти Шумо ҷуз ба дасти Худи Шумо ва дар Худи Тоҷикистон нест!

Ҳар кас ғайри инро мегӯяду ақида дорад,сахт Хато,Иштибоҳ ва Ғалат мекунад!!!

 

Намунаҳое аз “Чоркитоб”:

 

Ҳар чй ҳаст!Имом нест!
Шоистаи зимом нест!
Ҳар кй ҳаст!Алй нест!
Лоиқи сарварй нест!
Ҳамчу вай, авом нест!
Зебандаи ин ном нест!

 

Аз Рустам,не камам!
Чу Озода,кй назода!
Чу Рахшам!Не харам!
Гурдофарам!На хода!

 

Бо як бор озод,ҳар нафас кашидан
Беҳ зи дилшод,дар қафас тапидан
Низ озод будан ба дор,беҳ зи боре
Дар кӯча ноозод,бо ҳавас чамидан

 

Озодй ҳамчу хоби ширин шуда
Дар мо чу сароби чӯлин шуда
Гар бо озодии худ мағрур шуда
Ғарб зи печу тоби дерин шуда

 

Озодиро ободй дар пай бошад
Бе Озодй ободиҳо кай бошад
Ноозодиро гар орй ба ташбеҳ
Моро ҳамчу сардии дай бошад

 

Бо ҳоли азоб,муҳоҷир
Помолу хароб,муҳоҷир
Зи ҳар касу сӯ шунидй
Дашному хитоб,муҳоҷир

 

Пул надора!

Тоҷик овора!

Нест чора!

Сар мехора!

 

Рус кунад!

Ӯро таҳқир!

Қазоқ бошад!

Бидор!Бигир!

 

Бист сол!

Бекорагй!

Ҳар куҷо!

Оворагй!

 

Як милён!

Пансад ҳазор!

Муҳоҷирон!

Ҳар ҷо хор!

 

Ҳама кӯз!

Пеши рус!

Гӯядаш!

Ту “хурӯс”!(петух!)

 

Рагу силу ҳам спид!

Ба ҳар яке таҳдид!

Дили боор,об шавад!

Бешакку бе тардид!

Агар касй!

Ту биё Расй!

Онҷо нокасй!

Ту инҷо хасй!

 

Миллат овора!

Надорад чора!

Шуда бекора!

Мекуна зора!

 

Дар оғӯши зани рус!

Бо як соат бӯсобӯс!

Ҳушаш равад тамоман!

Ёдаш рава дора зан!

 

Духтари сафеди рус!

Саросар уммеди ӯст!

Бо як ду бӯсобӯс!

Аниқ ӯ дар қайди ӯст!

 

Духтари рус зебосанам!

Роҳатбахши ҷону танам!

Бе ту ба худ гӯр меканам!

Бе ту ба худ тор метанам!

 

Духтаре!Ман ба ту!

Сахт гирифтор шудам!

Ба ростй аз ғами ту!

Девонаи бозор шудам!

 

Духтари сафеди рус!

Карда ҳама беномӯс!

Тоҷик шуда даюс!

Он мокиён,ин хурӯс!

 

Дар оғӯши гармаш!

Он синаҳои нармаш!

Он зебои гуфтораш!

Охир кунад кораш!

 

Он чолокии рафтораш!

Он бебокии гуфтораш!

Он нозу он хумораш!

Охир кунад кораш!

 

Он чашмони пурхумор!

Ошиқкушанд бешумор!

Дуд аз димор бароранд!

“Ошиқ” канор биёранд!

 

Он фиреби нигоҳаш!

Он рӯи чу моҳаш!

Ақлу ҳушаш рабӯда!

Ёдаш не,куҷо буда!

 

Бисёр шуда бевазан!

Аз дасти он урусзан!

Муҳоҷирҳо кӯр шуданд!

Ятимчаҳо пур шуданд!

 

Духтарҳо бешӯ монданд!

Андар чаҳорсӯ монданд!

Пур шуда пирдухтар!

Барои ҳама дарди сар!

 

Баъди як муноқиша!

Яке шавад фоҳиша!

Он дигар тоҷирзан!

Ба ҳар кор ҳозир зан!

 

Ба лаби нон зор шуда!

Фоҳиша бисёр шуда!

Ба ҳар кор тайёр шуда!

Бубин чй хор шуда!

 

Оилаҳо вайрон!

Модаро ҳайрон!

Дидаҳо гирён!

Ҳама аз Раҳмон!

 

Инҷо кӯп доллар!

Онҷо хор модар!

Инҷо хуб духтар!

Онҷо зор хоҳар!

 

Инҷо кор,маош ғарам!

Онҷо хор,маош дирам!

Инҷо тоқат,бо пул!

Онҷо роҳат,бе пул!

 

Инҷо таҳқир!

Онҷо тазвир!

Инҷо азоб!

Онҷо хароб!

 

Инҷо шодмон!

Онҷо ҳайрон!

Инҷо дармон!

Онҷо вайрон!

 

Инҷо ҳаросу!

Онҷо бекорй!

Инҷо талвоса!

Онҷо нодорй!

Инҷо ҳамааш хатар!

Онҷо ҳамааш ғам!

Инҷо маош долар!

Онҷо маош кам!

 

Инҷо ҳавас озод!

Онҷо нафас танг!

Инҷо сарҳо пурбод!

Онҷо сарҳо данг!

 

Инҷо шавад обод!

Онҷо хароб монад!

Инҷо дилҳо шод!

Онҷо азоб монад!

 

Инҷо бепул!

Аз ҳасти тоҷик!

Шавад чу гул!

Аз дасти тоҷик!

 

Бо маоши камтар!

Бо намуди ҳӯзновар!

Обод кунад саросар!

Ин тоҷики диловар!

 

Майпарасту бангй шаванд!

Бо ҳар касе ҷангй шаванд!

Муҳоҷирро,ин ду,ҳам!

Боиси бенангй шаванд!

 

Бо зӯри қамчин!

Замони Истолин!

Обод кардем!

Мо русзамин!

 

Замони Раҳмон!

Аз дасти Раҳмон!

Маҷбуран онҷо!

Дорем “ҷавлон”!

 

Бо пои худмон!

Ин сӯем давон!

Бист солею боз!

Ҳамонему ҳамон!

 

Ҳар рӯзу ҳар ҳафта!

Расй шава пешрафта!

Бо ин ҳолати аҷиб!

Тоҷик монад ақиб!

 

Тоҷик боиси таҳқир!

Ҳам сабаби ханда!

Дар филму тасвир!

Дар ҳама ҷо ганда!

 

Тоҷик шуда ғулом!

Бо таҳқири мудом!

Ғӯтида дар ҳаром!

Ба дур аз маром!

 

Муҳоҷирҷон хобй!

Ба фикри саробй!

Аз ҳамин сабаб!

Ту дар азобй!

 

Муҳоҷир бедор шав!

Зуд зи паи кор шав!

Худатро адаб кун!

Ҳаққатро талаб кун!

 

Ҳаққи ту,ватани ту!

Фарзанду ҳам зани ту!

Ҷои кори доим!

Ҳам дуллори қоим!

 

Суханҳои мулоим!

Озодиҳои қоим!

Интихоботи озод!

Шаҳру деҳоти обод!

 

Исломи азиз,ҳаққи ту!

Имони лазиз,ҳаққи ту!

Ақлу тамиз.ҳаққи ту!

Нуқлу мавиз,ҳаққи ту!

 

Сари баланд,ҳаққи ту!

Шаккару қанд,ҳаққи ту

Шоҳи одил,ҳаққи ту!

Ҳаққро соил,ҳаққи ту!

 

Нафаси озод,ҳаққи ту!

Дили кушод,ҳаққи ту!

Мулки обод,ҳаққи ту!

Адл бо дод,ҳаққи ту!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: