Ҷурахон Кабиров кист ?

Шаҳри Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадимтарини ҷумҳурии азизи мо буда, таърихи беш аз 2500 сола дорад.Мардуми ин диёр бар замми ҳунармандию меҳнатдустӣ ва софдилию поктинатӣ боз дорои чанд хислате вижа аз қабили шуҷоат ,ҷасорат ,ҷавонмардӣ ,адолатпешагӣ ва тан надодан ба зулму ситам буданду ҳастанд.

Бa шаҳодати таърихнигорон Искандари Макдунӣ ,ки дар асри 3 юми пеш аз мелод зиндагӣ кардааст ба Осиёи миёна ,аз ҷумла ба Точикистони кунунӣ лашкар мекашад . Шаҳрҳоро паи ҳам забт карда меояд ,аммо дар шаҳри Истаравшан аз пои худ захм мебардорад, ин нишонаи шуҷоати ин мардум аст, ки далели гуфтаҳои болост.

Дар замони навин ҳам мардуми ин шаҳр бо кордонию меҳнатқаринии худ забонзадаи хосу ом аст, ва барои ободии кишвар саҳми арзандаи худро мегузорад. Ин мардум борҳо исбот кардааст,ки хориву зиллатро қабул надорад, зери ситами ҳеҷ ситамгаре рафтанӣ нест ва барои дифоъ аз худ метавонад ҳар золимеро ба зону шинонад. Аммо зиёда аз 4 сол мешавад ки як ноҷавонмард собиқ узви фронти халқӣ Кабиров Ҷурахон сардори Ш К Д –и ин шаҳр шуда, гумон дорад ,ки шоҳи ин шаҳр аст. Худаш шоҳу табъаш вазир. Мисли ин ки бешаро бе паланг ёфта, ҳар Кори хостагиашро кардан дорад .

Аслан вазифаи ӯ ҳимояи қонун ва дифоъ аз ҳуқуқи мардум аст ,аммо ӯ ҷиноятҳоеро содир мекунад ки лоиқи номи сардорӣ нест ва нишонаи ноодамии ин шахс аст . Корҳои бади ин шахс сабаби қалам ба даст гирифта навиштани мо гардид,зеро нангу номус ва ғайрати тоҷиконаи мо онро қабул надорад . Амалҳои ҷиноятбори ин шахс зиёд аст ва мо бахше аз онро дар зер меоварем ва қазоватро ба хонанда мегузорем.: Аввалин ҷинояте ,ки ин сардори номӯҳтарам содир мекунад ин порахурии аз ҳад зиёд аст .Аслан пора як амали зишт буда, дар ин кор диҳандаву гиранда ҳарду гунаҳкоранд.

Мо инҷо порадиҳандагон ва порахӯронро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, ба ин васила то чи ҳад бад будани аъмоли ин сардори хунхорро нишон медиҳем. Гуруҳи аввали порадиҳандагон- касоне ҳастанд,ки барои пешрафти кори худ ва манофеъи шахсияшон ба ин ё он мансабдор пора медиҳанд ва бо ин васила кори худро пеш мебаранд . Гуруҳи дуюм- онҳое ҳастанд ,ки зери тӯҳмат мемонанд ,пас барои дифоъ аз худ ва халоси аз ин бало даст ба ин амали номатлуб мезананд. Ҳамчунин порахурон низ мувофиқ ба ҳамин ду гуруҳанд ,ки яке аз кор афтодагони шикам сер ва дуввумӣ аз бечорагони мусибатзада ,ба гуфтаи худашон «туҳфа» меситонанд.

Аммо ин сардори мо намуди сеюҳми порагиронро ба вуҷуд оварда ,яъне тӯҳматро ҳам худаш бофта ба сари мардум бор мекунад ва боз барои халосӣ аз туҳмат аз онҳо пул талаб мекунад. Ҳамагон хабар доранд,ки дар ш.Истаравшан 2 сол қабл як гуруҳ чавонон бо иттиҳоми даст доштан ба амалҳои террористӣ дастгир шуда буданд ,ки боиси нороҳатии ҳар як сокини ин шаҳр аст.Ин воқеъа барои рафиқ сардор доми хубе шуд барои пора чини.

Даҳҳо ҷавононро бо суханони таҳдидомез ,аз кабили: “туро ҳам ба гуруҳи панҷох нафара ҳамроҳ мекунам», «мехоҳӣ намехоҳӣ террористӣ!»,»ман таҳрирут гуфтум значет таҳрирӣ”… тарсонида аз ҳазор то чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифт.Баъзе аз ин бечораҳо ҳатто қарз гирифта худро аз шарри ин золим нигоҳ доштанд.

Дар муносибатҳои шахсии сокинони шаҳр дахолат намуд,корро ба фоидаи худ ҳал намуда аз инхо низ пора меситонад.ҳаромхуриҳои ин шахс зиёд аст ва мо зикри муфассаллтарро бо далелҳои айниву зеҳни дар мавридаш мегӯем . Инҷо танҳо онро мегуем, ки оё ин сардори бад кор фикр намекунад ,ки рӯзе ин пулҳои ҳаром ба сараш балоеро меоварад?.Боз шарм накарда яке аз кормандони мн шуъба, ки аз лаганбардорони ин сардор аст “мо пора не тӯҳфа мегирем“ гуфтааст. Ба наздикӣ «тӯҳфаи хубе» мегиранд аз мо!!!.

Яке дигар аз аъмоли нохуби ин сардори нокас худсарона дар роҳу кӯча боздоштани мардум ва бо баҳонаи муаъйян кардани шахсияти онҳо тарошидани риши онон аст. Риш як узви инсон аст ,мондану тарошиданаш ихтиёрӣ буда, ҳуқуқи фитрии ҳар кас аст ва дахолат ба он маънии поймол кардани ҳаққи одамро дорад.Онқадар риштарошӣ кард ин сардор, ки ҳатто мардум милисахонаро бо истеҳзо сартарошхона мегуфтагӣ шуданд.

Агар касе,ки синнаш аз панҷоҳ болост ,гуяд ,ки ман барои он риш мондаам,ки тоҷикам ва Рудакиву Фирдавсӣ ва Сомонӣ,ҳам риш дошт ,аз сардори шуъбаи корҳои дохила ҳакоратҳоеро ба мисли: “ Рудакиатро фалон кардам “, “ Сомониро фалон кунам “, “ ба тоҷику тоҷикият фалонам “ мешунавад. Инро чихел фаҳмидан мумкин?.Магар касе ,ки муқаддасоти миллӣ барояш чун сангу кулух қадр надорад, метавонад ҳомии қонун бошад?.Оё чунин шахс сазовор аст, ки дар шӯъбаи як вазорати муҳимми давлатӣ сардор бошад?.Магар кирдори ин гуна ашхос боиси бадбинӣ миёни мардум ва ҳокимият намешавад?.

Ба фикри мо додани мансаби давлатӣ ба чунин афрод маънои супоридани ватан ба як хоини ватанро дорад .Албатта миллати тоҷик хоинони худиро зиёд дида аст ва парвое надорад ,вале мо мардуми Истаравшан ба корҳои хоинонаи ин шахс хотима бахшиданро вазифаи муқаддаси худ медонем!!! Ҳама бадкориҳои ин сардор як тараф асту бе ҳурматиаш нисбат ба мардум як тараф.

Одобу ахлоқ, иззату эҳтироми инсон, хусусан калонсолону пирони диёр аз хислатҳои лозимии инсонӣ буда, ҳатто барои тоҷикон гӯё нишонаи тоҷикият аст.Аммо ин чизҳо барои сардори мо тамоман бегона аст,на калонсол барои ӯ эҳтиром дорад, на иззати пешвоёни диёрро медонад, хусусан бееҳтиромие,ки нисбати раисони маҳаллахонаҳо кардаву мекунад, бисёр аламовар аст. Вақте муносибаташро нисбат ба мардум мебинӣ гумон мекунӣ,ки ӯ мусичаи бегуноҳ аст ва гумон мекунӣ,ки аз раиси шаҳр саркарда то раиси маҳаллаву мудири мактабу хатибу муаллим ҳамааш ҷинояткоранд. Ин чизҳоро дида кас дар ҳайрат мемонад ,ки ин шахс дар куҷо ва дар чихел оила тарбият дида бошад, ки ин қадар бадахлоқ аст.Оё намедонад, ки бе эҳтиромӣ ба мардум оқибат хориву зорӣ меорад?. Оқибаташ ба хайр бошад!

Баъди хондани ин мактуб шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки ин кори чаҳор нафар тарсу аст.Аммо, бегумон ин хаёли хом аст,зеро мо як гуруҳ аз мардони ба ору номуси ин шаҳр, ки баъзе аз онҳо дар идораи давлатӣ ва баъзе аз онҳо дар ШКД кор мекунанд бо дастгирии садҳо соҳибкор ва ҳазорҳо мардуми оддӣ ин корро оғоз кардем ва ба нуқтаи охиринаш хоҳем расонид!!!. Ин мактуби аввалин ва беному махфии мост ва огоҳиест барои ин сардори нобакор . Махфиву бе ном будани ин мактуб барои ӯ як шанси хуб аст, то корашро ислоҳ кунад ва ё бахубӣ аз вазифа равад.Вагарна агар муборизаи ошкоро шурӯъ шавад ,ҷиноятҳои ӯ мушахасс ва бо далелу шоҳидони зинда зикр мешавад ва мактуб ҳам беном неву балки бо ҳазорҳо имзои шаҳрвандон ба органҳои дахлдор ирсол мешавад.

Хулоса, мардуми шарифи Истаравшан метавонад,ки на бо ҷанҷолу хархашаи бесаводона,балки бо муборизаи қонунӣ ҳаргуна беадолатиро аз байн бардорад!!! ҲАР БЕША ГУМОН МАБАР,КИ ХОЛИСТ, ШОЯД КИ ПАЛАНГ ХУФТА БОШАД !!! Мактуби дувумро интизор шавед ! Дар мактуби оянда №2 ҷиноятҳои зерини ин сардори нобакор бо далелҳои катъӣ ба шумо пешниҳод мешавад : 1.Ҷиноятҳое,ки дар вақти дар идораи мубориза бар зидди коррупсия кор карданаш содир карда аст,ба монанди: аз як корманди БДА ,ки зан аст ба маблағи бист ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтанаш ( ки номи ин зан дар мактуби оянда зикр мешавад ) 2 .Даст доштан дар хариду фурӯши маводи мухаддир (шоҳидҳое ҳастанд ки бе восита бо сардори ШКД дар хариду фурӯши маводи мухаддир иштирок кардаанд, сардор Кабиров Ҷурахон бо сардорони наркобизнеси шаҳр нишасти ҳар ҳафтина, «гап» доранд ) 3.Гирифтани пора аз як ҷавони Истаравшанӣ ба маблағи чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ барои берун кардан аз рӯйхати ҷавонони муттаҳам ба равияи салафӣ(барои исботи ин ҷиноят сабтҳои телефонӣ дорем) 4.Чашм ало кардани ин сардори ҷинояткор ба занҳои Истаравшан бо воситаи як фоҳишаи Истаравшанӣ, ки (номи ин зан дар мактуби оянда зикр мешавад).

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: