Хатари «исломи»-хои мусаллах

Довуд Исмати  «ИмрузNews» №140 15.08.2013

Ҳар кас воқеиятро аз дидгоҳи худ баҳо медихад

Ба гуфтаи коршиносон, шуруъ аз соли 2010 Осиёи Марказй ба як мавзеъи ноустувор табдил ёфт. Бисёриҳо онро ба ҷанговарони исломй алоқаманд медонанд. Аз соли 2012 миқдори ҷанговарон афзун шуд, аммо таъйиди он ки ҷанговарони исломй ҷавобгари асосй барои ноамнии минтақаи осиёи миёнагй ҳастанд, сарсарй метобад, чунки ба бисёр ангезаҳои муҳими сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказй диққат дода намешавад:

«Агар на ғояҳои ҷиҳодталабон, балки ин ангезаҳо сабаби амалҳои охири ҷангиён шуда бошад, хуруҷи неруҳои ҳарбии амрикой аз Афгонистон дар соли 2014 эҳтимоли афзун шудани қувваҳои ҷангиёни исломӣ дар оянда мегардад. Ҳамроҳ бо тағйироти дарпешистодаи роҳбарияти чанд кишвари Осиёи Марказӣ, хуруҷи ҳарбиён мумкин аст, ки вазъи бе ин ҳам душвори ҷангиёнро дар минтақа душвортар гардонад». – менависад Евгений Чаусовский (Eugene Chausovsky), коршиноси Маркази тахлили-тахкикотии Stratfor.

Ҷангиёни минтақавии авохири солҳои 1990 ва ибтидои 2000-ум

Тарве гуфта мешавад, Осиёи Марказӣ минтақаи муҳим барои ҷангиёни исломй дар охирҳои солҳои 1990 ва авали соли 2000-ум буд. Қисмати зиёди мардуми минтақа мусалмон монданд, ҳарчанд ки дар даврони советӣ монанди дигар динҳо дини ислом низ маҳдуд карда шуд. Бисёре аз гуруҳҳои мазҳабӣ ва шахсони алоҳида бо дарназардошти фазои динии даврони шӯравӣ дар доираи чорчубаҳои муайян ба фаолияти динӣ машгул шуданд. Ба гуфтаи Евгений Чаусовский, ин гуруҳ ва шахсони алоҳида дар водии Фаргона, ки қисматҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Қиргизистонро бо ҳам пайванд мекунад, ба сар мебурданд. Исломиён махсусан дар Ӯзбекистон зиёд паҳн шуда буданд, ки дар он ҷо чанд шаҳри аз ҷиҳати фарҳангу мазҳаб муҳим ба мисоли Самарқанду Бухоро ҷойгир шудаанд:

«Вақте ки кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлол ба даст оварданд, дар аввалҳои соли 1990-ум диндорй ба таври ошкоро фаъол гардид. Ҳамчунин исломистоне, ки дар чаҳорчубаҳои муайян, ки қавонини давлатро халалдор намекард, фаъолият мекарданд, озодии мутлақи фаъолият ба даст оварданд. Дар натиҷа бархе аз гуруҳҳои исломӣ ба созмони хилофат, ки тибқи шариат ҳокимият мекунад, даъват ба амал оварданд»,-навиштааст вай.

Дар байни ин гуруҳҳо Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ва Ҳизби наҷоти исломӣ низ буданд, ки онҳо аз ҷанги муҷоҳидони афғон бо СССР аз соли 1979 то 1989 илҳом гирифтанд. Новобаста аз ҳамақидагӣ, ки ҳарду гуруҳ хоҳони истеъфои Ислом Каримов буданд, фарқиятҳо низ доштанд. Чунончи, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон зӯроварии худро мубориза барои роҳи ҳақ унвон мекард, Ҳизби наҷоти исломӣ бошад, не. Гурӯҳҳои дигар, ба мисли Акрамия баъдтар усули зуроварии Ҳаракати Исломии Узбекистонро истифода карда, гояхои Ҳизби наҷоти исломиро таблиғ мекарданд.

Қаримов ба саркубии гуруҳҳои зайл дар аввалҳои соли 1990 сар кард, аммо Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон паноҳ бурд, ки дар ин ҷо ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз 1992 то 1997 идома ёфт, сар шуда буд. Ба гуфтаи коршиносон, ҳолати ноороми ҳукумат ва сарҳади душворназорати Афғонистон сабаб шуд, ки Тоҷикистон пойгоҳи асосии амалкунандаи Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон гардад. Дар охирҳои соли 1990-ум ва ибтидои соли 2000-ум гурӯҳ чанд маротиба тавассути водии Фаргона ба ҷануби Қиргизистон ва Ӯзбекистон ҳуҷум овард. Дар натиҷаи вуруди неруҳои амрикоӣ ба Афғонистон дар соли 2001 режими Толибон саркуб шуд ва фаъолити ошкори ҷиҳодталабонро дар Осиёи Марказӣ каме ҳам бошад маҳдуд намуд.

Бо ёрии ҳарбиёни амрикоӣ, ки неруҳои махсуси амрикоиро дар бар мегирифтанд, қисмати зиёди Ҳаракати Исломии Узбекистон аз Осиёи Марказӣ бароварда шуданд. Имруз ба гуфтаи коршиноси афгон Осиф Чаводи, онхо дар сархади Афгонистону Покистон панох бурдаанд.

Дар ин муддат ба таъйиди коршиноси Stratfor. Хизби начоти исломи ба фаъолияти пушида пардохт.

Ҷангиён дар соли 2010

Ҳуҷумҳои муҷоҳидон дар минтақа аз моҳи июни соли 2010 ба маротиб зиёд гардид, аз вақте ки миёни қиргизҳо ва узбекҳо дар деҳоти водии Фаррона – Ош ва Ҷалолобод задухӯрд ба миён омад. Дар натиҷа ҳукумати қиргиз барои дарёфти муҷоҳидони исломӣ чанд амалиёти махсусро дар навоҳии ӯзбекнишин анҷом дод.

«Дарвоқеъ, ин тозакунӣ алайҳи узбекҳо сурат гирифт. Бисёре аз қирғизҳо барвақт ба узбекони муқимӣ, ки қисмати зиёди аҳолии Ошу Ҷалолободро ташкил медиҳанд, бо шубҳа муносибат мекарданд»,-мегӯяд Чаусовский.

Дар Тоҷикистон бошад, ҳолат баръакс буд. Баъди ҷанги шаҳрвандй ҷангиёни исломихоҳ сулҳ бастанд. Аз ҷумла, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба ҳайати ҳукумат ва мақомоти давлатӣ пайваст. Дар ин вакт ҲИӮ ва дигар ҷонибдорони ҷиҳодталаби он фишори худро идома медоданд.

Ҳамин тавр, фирори ҷиддӣ аз маҳбаси Душанбе моҳи августи 2010 ҳолати ороми кишварро халалдор кард. Он вақт 25 маҳбусе, ки бархе аз онҳо ба узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон муттаҳам буданд, ба воддйи Рашт гурехтанд. Ин ба он оварда расонид, ки ҳукумат дар Рашт амалиёти безараргардониро роҳандозй кунад. Зимни ин амалиёт ҳуҷуми мухолифин болои ҳарбиёни тоҷик низ сурат гирифт. Дар ин ҳуҷум ба ном муҷоҳидони исломӣ муттаҳам буданд.

Ба гуфтаи коршиносони минтақаӣ, он силоҳбадастон, ки баъдан аз суйи нерӯҳои Тоҷикистон саркуб шуданд, пеш аз ҳама, бо гуруҳҳои мухолифи давраи ҷанги шаҳрвандӣ алоқаманд буданд, на бо ҷанговарони ҷиҳодталаб:

«Фирор метавонист мубориза барои ҳокимиятро миёни тоҷикон ба амал оварад, муборизаеро, ки дар солҳои аввали истиқлол маъмул буд».

«Ба ҷуз ин, амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшони Куҳиро аз чунин нуқтаи назар бояд мушоҳида кард. Мақомоти интизомӣ ба Бадахшон баъди он сафарбар карда шуданд, ки тобеъони роҳбари собиқи мухолифин ва афсари низомй Толиб Айёмбеков корманди олирутбаи амниятро қатл карданд. Айёмоеков афсари олирутбаро на ба сабабҳои диниву мазҳабӣ аз миён бурд. Алоқаи Айёмбеков бо тиҷорати пурдаромади қочоқи ғайриқонунй ва муқовимат бо режим ба амалиёти муайян ва куштори афсар бурд»,-навиштааст коршиноси Маркази таҳлилй-таҳқиқотии Stratfor.

Ба ҳамин монанд, Қазоқистон назарияи онро, ки дар минтақа раванди афзуншавии ҷанговарони исломй давом дорад, рад мекунад. Аз солҳои 1990 то 2000-ум Қазоқистон бо ҷанговарони исломй сару кор надошт. Соли 2011 бошад, дар таърихи муосири Қазоқистон аввалин бор ҳуҷуми силоҳбадастон рух дод. Он ки ҳуҷумҳо ба Алмаато, Атурай ва Тароз бо нақшаҳои гуногун сурат гирифтаанд, нодурурст метобад, изхор медорад мекунад коршинос.

Хукумати Казокистон дар хамаи ин чанговарони исломи ва таблиготи мазҳабиро, ки дар кишвар гузаронида мешуданд, гунаҳкор шуморид. Замони ҳуҷум беҳадаф интихоб нашуда буд.

Лозим ба қайд аст, ки гурӯҳи муҷоҳидон бо исми «Сарбозони хилофат» чанд ҳуҷум ва таркишро дар Атурай моҳи октябри соли 2011 ба уҳда гирифт. Чунин мегӯянд, ки дар Қазоқистон хатари воқеии исломиён мавҷуд аст. То соли 2011 ин гурӯҳ номаълум буд ва маълумот дар бораи аъзои гурӯҳу пешвои он кам аст.

Дар вақтҳои охир миқдори ҳуҷумҳо ва маълумот оид ба фаъолияти ҷангиён дар Ӯзбекистон ва Туркманистон ба миқдор коҳиш ёфт. Ин маънои онро дорад ки вазъияти дохилии онҳо нисбатан устувор аст ва ҳукумат худро мутмаин мешуморад, барои амалитёи махсус алайҳи нерӯҳои силоҳбадасти радикалӣ баҳонае мавҷуд нест.

Моҳи ноябри 2011 дар Ӯзбекистон, на дуртар аз сарҳади Тоҷикистон дар роҳи оҳан таркиш ба амал омад. Ҳукумат онро чун теракт қабул кард. Бисёриҳо онро кори худи ҳукумати ӯзбек шумориданд, ки ба хотири боздошти қаторҳо ба Тоҷикистон буд, ки инро Тошканд мехост.

Дар Ӯзбекистон ҳам мубориза барои ҳокимият вуҷуд дошта, ба пешгӯии коршиносон, мумкин аст ба нооромии ҷиддӣ табдил ёбад. Воқеан, чандё пеш аз тазоҳуроти омаавӣ дар Андиҷон ва воддии Фарғона хабар дода шуд. Он замон ҳукумати Каримов ба ин тазоҳурот ҲИУ ва гурӯҳҳои исломиро муттаҳам кард.

«Аз сабаби наздикии Осиёи Марказӣ бо Афгонистон ва сарҳади ноустувори байни Тоҷикистону Афгонистон, эҳтимоли таркиши бузург ва бесарусомониҳо мавҷуд аст. Режимҳои Осиёи Марказй, махсусан ҷангиёни исломии сарҳади Афгонистону Покистонро безобита кардааст, ки онҳо дар муқовимат бо неруҳои Гарбӣ зинда боқй мондаанд. Маълумоте мавҷуд аст, ки пешвои ҲИУ Абу Усмон Одил 4-уми август дар пайи амалиёт бо ҳавопаймои бесарнишини ВВС ИМА дар Покистон ба қатл расид. Ин чунин маъно дорад, ки барои гурӯҳ зистан ҳатто дар сарҳади Афронистону Покистон душвор аст»,-илова мекунад Чаусовский.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи коршиносон, марҳилае, ки дар он ҷанговарони исломӣ дар Осиёи Марказӣ боз фаъол мешаванд, ба хуруҷи ҳарбиёни амдикоӣ ва ҳолати Ҳаракати Исломии Узбекистон дар ҳамон вақт вобастагӣ дорад:

«То ин вақт ҳар гуна рӯйдодро бояд бо дарназардошти мубориза барои ҳокимият дар дохили кишвар, ҳолати сиёсии ҳар як кишвар ва каме аз дидгоҳи ислом баҳо дод. Бо чунин тарзи баҳодиҳии ҳолат метавон ангезаҳоеро, ки дар паси ҳуҷумҳо ва амалиёти ҷангиён дар Осиёи Марказй қарор доранд, воқеъан, маълум ва ошкор кард»,-мегӯяд дар идома коршиноси Маркази таҳлилӣ-таҳқиқотии Stratfor.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: