Эшони Нуриддинчон: Хакки никохи хешовандиро ба мо Худованд додаст

«Нигох» №06 01.05.2013

Бисмиллоҳ ассалоту вассалому ало Расулиллоҳ

Худованди Карим никоҳ ва издивоҷро барои ҷаҳониён машруъ гардонид. То ба ин васила насли башарият идома пайдо кунад ва аз пушти ин издивоҷҳои наслҳои солим ва созандаи башарият сар баланд кунанд ва то ин ки байни зану мард муҳаббату маваддат ва улфату раҳмат боқӣ бошад. Издивоҷ суннати илоҳист, ки аз замони ҳазрати Одам ва тамоми паёмбарони илоҳӣ то имрӯз идома дорад ва Худованд ба воситаи издивоҷ насли башариятро аз нобудӣ нигоҳ доштааст.

Аммо шариати Паёмбари охирин алайҳиссалом барои издивоҷ ва ихтиёри ҷуфти худ якчанд қавонини худро гузоштааст. Чуноне ки дар сураи Нисо ояти 24 омадааст, Худованд якчанд даста занонро издивоҷашонро ҳаром донистааст, ки аз ҷумлаи онҳо: модар, хоҳар, хола, амма, хоҳари ширхора ва ғайра мебошад. Худованд дар охири ин оят издивоҷи дигар занҳоро барои мард ҳалол донистааст. Яъне издивоҷ бо духтари хола ва ё амма аз назари шариати ислом мамнуъ нест. Худованд фармудааст:

«Эй Паёмбар, мо барои ту он ҳамсаронеро, ки маҳрашонро додаӣ, ҳалол гардонидем ва онеро, ки Худованд аз ғанимати ҷангӣ дар ихтиёри ту қарор дода ва духтарони амакат ва духтарони аммаат ва духтарони тағоят ва духтарони холаат, ки бо ту муҳоҷират карданд…» (Аҳзоб /50).

Дар ин ояти муборака сароҳатан зикр шудааст, ки издивоҷ бо духтари хола ё амма, тағо ё амак ҷоиз аст. Шариати ислом дар масъалаи издивоҷ зану мардро мухаййяр гузоштааст ва он чӣ, ки барои шариат муҳим аст, ин аст, ки дар масъалаи куфъ аҳамият диҳанд. Куфъ, яъне зану мард бояд муносиби ҳам бошанд ва марди мусалмон ва намозхон бояд ҳамсареро барои худ ихтиёр кунад, солиҳа ва муъмина бошад.

Инчунин, чуноне ки аз таърихи мо, мусалмонон собит шудааст, Паёмбари Худо бо духтари аммаи худ – Зайнаб бинти Ҷаҳш издивоҷ карданд ва духтари худро ба писарамуяш – ҳазрати Алӣ издивоҷ кунониданд. Аз ҳазрати Али ва Фотимаи Заҳро фарзандоне ба дунё омад, ки ҳам донишманд ва ҳам шахсиятҳои нотакрори майдони ислом буданд. Ҳасан ва Ҳусайн – ду писари ҳазрати Алӣ ва Фотима беҳтарин улгу ва намунаи хирад ва донишу илм буданд. Бинобар ҳамин ин суханҳо, ки гӯё издивоҷи хешовандӣ сабаби носолим таваллуд шудани фарзанд мешавад аз назари тиб ба шакли қонуни тиббӣ собит нашудааст. Балки ин ҳолатҳо нисбӣ аст. Ҳолатҳои нисбӣ, ки гоҳо дар баъзе ҳолатҳо рух медиҳад ва дар ҳолатҳои дигар на, наметавонад қонуни қатъии тиббӣ гардида бошад.

Аслан, он чизе, ки боиси нигаронии таваллуд шудани фарзандони носолим аз издивоҷи хешовандӣ шудааст, ин аст, ки баъзан бемориҳои ирсӣ ба воситаи падару модар ба фарзанд интиқол меёбанд. Омилҳои бемориҳои ирсӣ ба ду даста тақсим мешаванд: ғолиб ва иртиҷоӣ (нуҳуфта). Омилҳои ирсии ғолиб қудрати зуд зоҳир шуданро дорад, вале омилҳои ирсии иртиҷоӣ қудрати зуҳур пайдо карданро надорад, магар дар ҳолате, ки як омили ирсии иртиҷоии дигар бо ӯ ҳамроҳ шавад. Дар ин ҳолат зуҳур мекунад. Масалан, агар дар якеи аз падар ё модари тифл омилҳои ирсии ғолиб бошад, бемории ирсӣ ба фарзанд интиқол меёбад ва фарзанд, эҳтимолан, носолим ба дунё меояд. Дар ин ҳолат фарқ надорад, ки зану шавҳар бегона бошанд ва ё наздик. Аммо дар ҳолати иртиҷоӣ, агар ба шарте ки дар ҳар дуи зану шавҳар омилҳои ирсии иртиҷоӣ вуҷуд дошта бошанд, эҳтимолан, фарзанд носолим ба дунё меояд.

Хулоса, табибон баён доштаанд, ки дар сад фоизи ҳолатҳои таваллуди фарзанди маъюб ва ё носолим нисбати издивоҷи хешовандӣ 3 ё 4 фоизро ташкил мекунад. Магар ин нисбат дар 94%, ки ношӣ аз майзадагӣ ва ё нашъамандӣ ва фоҳишагӣ аст, ки ба чашми душманони дин хурд, ки имрӯз сару садо баланд кардаанд. Мо намегӯем, ки ҳатман, бояд инсон бо духтари хола ва амаки худ издивоҷ кунад, ҳамчуноне ки дар баъзе аз диёнатҳои ҳиндусӣ чунин аст, ки бар онҳо чунин навъ издивоҷ воҷиб аст, вале ҳаргиз ҳам рози бар он нестем, ки ҳалоли Худован ботил дониста шавад. Ин ҳақро ба мо ҳамчун мусалмон на Худо додааст ва на Паёмбар алайҳиссалом.

Хулоса, он чӣ, ки боиси ба дунё омадани фарзандони носолим мешавад, ин танҳо издивоҷи хешовандӣ набуда, балки ин як ваҳми бегонагон, хусусан, масеҳиён аст, ки имрӯз дунёро аз назари моддӣ ва набардӣ маълумотӣ контрол мекунанд. Мо то ҳол дар кишвар ягон шакле аз оморҳову пажуҳишҳои солими илмӣ дар ин маврид надорем, ки исботи онро кунад, ки аксари фарзандони носолим таваллудшудаи ҷомеаи мо натиҷаи издивоҷи хешовандӣ аст. Фақат одате бар мо ва бар забонҳои мо часпидааст, ки он чӣ аз Ғарб ва ё фарҳанги Ғарб дикта мешавад, бе ягон тафаккури солим қабулаш дорем. Ҳол он ки, ба гумонам, ин қабил издивоҷҳо дар ҷомеаи мо зиёд ҳастанд. Зеро ҷомеаи кишвари мо суннатӣ аст ва мардуми суннатӣ, аслан, бештар пойбанди таомули хешовандӣ ва падару модарсолорӣ ҳастанд. Аммо то ин дам мушкилии густариши фарзандони носолим аз ҳисоби издивоҷи хешовандӣ нигаронкунанда нанамудааст.

Яке аз профессорҳои машҳур Ален Битлерз, мудири маркази генетикии инсонӣ дар шаҳри Перси Австралия, баъди пажуҳиш дар гуруҳи бузурги аз кӯдакони дорои ноқисии модарзодӣ ба хулосае омадааст, ки эҳтимоли таваллуд шудани фарзандони ноқис ва носолим дар издивоҷҳои бегона 2 дар садро ташкил мекунад ва дар издивоҷҳои хешовандӣ 4 дар сад. Яъне ин маънои онро дорад, ки издивоҷи хешовандӣ танҳо сабабгори таваллуд шудани фарзандони носолим нест. Балки дар ҳолатҳое, ки дар генҳои падару модари хеш беморие вуҷуд дошта бошад, эҳтимоли интиқол ёфтани он ба фарзанд чанд дар сад зиёд аст. Худи ӯ чунин мегӯяд: «Мардум бидуни ин ки таҳқиқоти лозим дар ин замина анҷом диҳанд, ин гуна издивоҷҳоро мамнуь эълон мекунанд ва ҳол он ки ин тавр нест». Ӯ пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз таваллуд шудани фарзандони носолим хуб мешавад, ки марду зан қабл аз издивоҷ ташхиси генетикӣ супоранд.

Агар дар сурате ки дар генҳои ҳар дуи онҳо бемориҳои ирсӣ вуҷуд дошта бошад, аз чунин издивоҷ худдорӣ кунанд.

Бинобар ҳамин роҳи ҳал ин нест, ки бояд қонуне бароварда шавад, ки пеши роҳи издивоҷҳои хешовандӣ гирифта шавад. Зеро таваллуд шудани фарзанди носолим метавонад аз падару модаре низ бошад, ки аслан, ба ҳам қаробати хешӣ надоранд. Агар воқеан ояндаи насл барои давлатдорон муҳим аст, бояд ки роҳҳои анҷоми ташхисҳои генетикиро ба роҳ бимонанд ва ҳатто, ин озмоишҳоро бепул анҷом диҳанд. Сониян, оё манъкунандагони ин издивоҷ метавонанд кафолат диҳанд, ки дар сурати манъи издивоҷи хешовандӣ дигар фарзандони носолим дар ҷомеа таваллуд намешаванд? Магар оморҳои бесару нӯги кишварҳои Ғарбро наменигаранд, ки чӣ қадар фарзандони маълул ва носолим аз пушти падару модари майзада ва нашъаманад таваллуд шудааст ва чӣ қадар ин амал боиси нигаронии он кишварҳо гардидааст?

Хулоса, шариати ислом аз издивоҷи хешовандӣ дифоъ накардааст ва онро низ харом надонистааст. Балки ин амр ба худи шахсони издивоҷ мекарда вобаста аст. Ҳатто, дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Ибни Умар ҷавононро тавсия карданд,. ки бо бегонагон издивоҷ кунанд. Инчунин, фақеҳони ислом гуфтаанд: «Издивоҷ бо хеш сабру таҳаммул мехоҳад ва бо бегона сабабгори таваллуди фарзандони наҷиб мешавад. Яъне агар инсон бо хеш издивоҷ кунад, ба хотири силаи раҳми хешӣ сабру таҳаммулҳои зиёд бояд дошта бошад ва издивоҷ бо бегона фарзанди наҷиб мебахшад. Ба ҳар ҳол, мо, ки мусалмон ҳастем ва дидгоҳи мо дар асоси ислом бошад ва назари ислом ва тамоми фақиҳони ислом ин аст, ки издивоҷ бо хеш ҷоиз аст ва ҳеҷ касе ҳуқуқи манъи инро надорад. Аммо дар ҳолати вуҷуд доштани бемориҳои ирсӣ, ки баъди ташхиси генетикӣ маълум мешавад, новобаста он ду ҷуфт хеш бошанд ё бегона, беҳтар аст, аз чунин издивоҷ худдорӣ шавад. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: