Мочарои Каромат Шарифов ва Иззат Амон

Хамрагули Кодир «Нигох» №52 19.03.2013

Ки мехохад аз афтодагии зани хомила «имич» созад?

Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷик дар Русия қасд дорад аз Каромат Шарифов, роҳбари Ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” ба суди шаҳри Москав шикоят барад. Вай мегӯяд, Шарифов шаъну эътибори фардӣ ва касбии уро поймол карда, нисбаташ маводи таҳқиромез ва туҳматнокро нашр кардааст.

Сомонаи Ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” 14 март дар маводе дар бораи “маблағситонӣ”-и Иззат Амон аз як тоҷики муқими Русия нақл мекунад. Дар ин мавод омадааст: “дар рафти суд, дар ҷойе ки парвандаи ҷиноии шаҳрванди Тоҷикистон шунида мешуд, ба назди Дилноза ҷавони, “ранги шоколад” дошта ва ноотбукбадаст омад. Ношинос шинос баромад, худро ҳимоятгари ҷавонони Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ кард. Дилнозаи 26 – сола гумон кард, ки ба вай ва шавҳари 27-солааш ин ҷавонро Худованд фиристод. Номи ӯ Иззат Амон аст. Бо лаҳни нарм вай ба Дилноза хабар дод, ки бар ивази 20 ҳазор рубл омода аст бегуноҳии шавҳарашро исбот намояд. Вақте фаҳмид, ки ҳамватанаш оши уйғурӣ омода карда метавонад, ҳимоятгар майли хонаи онҳо кард…”

 Иззат Амон “Копияи” Кабири аст?

Каромат Шарифов дар суҳбат ба “Нигоҳ” аз Маскав 18 март ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки шаҳрванд Дилноза шахсан ба вай муроҷиат карда, ҳодисаро нақл кардааст. Ба гуфти ӯ, ин як намунаи фаъолияти Иззат Амон аст, ки мехоҳад худро ҳомии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хонад, аммо дар асли худи вай касе нест:

– Ман вайро аз соли 2009 мешиносам. Он вақт бо риши гулла назди ман омада, худро ҳомии ислом муарифй карда буд. Дар баромадҳояш ҳамеша Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамин марди пирро танқид мекунад. О худат чй карди ба миллат, ба муҳоҷирон, ки дигаронро танқид мекунй? Вай худашро гоҳ паҳлуи Кабири мегирад, гоҳ паҳлуи дигарон. Касе пул дорад, худашро паҳлуйи вай мегирад. Худашро роҳбари созмони ҷавонони муҳоҷир эълон кардааст, кани ҳамон ҷавонҳо ва анҷумани созмон? Ҳоло худашро вакили дифоъ гирифта, пул меканад. Ҳамон духтар ба ман мурҷоиат кард. Ман ба сафорат хабар додам. Рузе худро ҳуқуқшинос, рузи дигар сиёсатмадор ва рузи дигар роҳбари ҷавонони муҳҷоир эълон мекунад. Ин чй гап аст? Кй аст вай? Радиои Озодй ҳам моли онҳост ва зиди ман мавод нашр мекунанд? Инҳо зиёд буданд, Абдулло Давлатов ҳам худро ҳомии муҳоҷирон мегирифт, ҳамааш рафтанд, аммо ин писарча монд. Бо ин бача падар ва ҳамсари худаш ҳарф намезананд, аз куҷо роҳнамои миллат ва муҳоҷирон мешавад?”

Хусумати шахсй

Иззат Амон гуфтахои Шарифовро хусумати шахсй хонда, мегӯяд, ин ҳама аз руйи рашк ва кина аст ва ба ҷойи дастгирии як муҳоҷири тоҷик он ҳам ҳомила, Шарифов ба хонаи онҳо рафта, ҷанҷолу сиёсат кардааст.

– Каромат Шарифов ин муҳоҷири дар ҳолати вазнини афтодаро мехоҳад ба ғаразҳои шахсии худ истифода карда, бар зидди ман иғво андозад, аммо Худованд шоҳид ва қонун ҳоким аст. Қаблан ба пешниҳодҳои Шарифов ман мухолиф будам. Вай пешниҳод кард, ки бояд ба шаҳрвандони Тоҷикистон Русия раводид ҷорӣ кунад. Ман инро иштибоҳи сахти сиёсии вай хонда будам. Акнун аз ин барномахо истифода мекунад, то шинохти моро миёни муҳоҷирони кории тоҷик ва ҳукумат манфӣ гардонад, аммо чеҳраи вай алллакай ба муҳҷирон ва ҳукумат шинос аст, бемавқеъ ва эҳсосотй. Корафтодагии як зани ҳомила коре набуд, ки расонай шавад. Чун ваӣ медонад, ки занонро фиреб кардан нисбат ба мардон осонтар аст.

Иззат Амон мегӯяд, ин нахустин ё дуввумин шаттоҳии Каромат Шарифов нест ва дар асл худи ӯ пушти дари як зани ҳомила рафтаву ҳоло мегуяд, ки он зан назди вай омадааст:

– Як зани дигаррро дар гузашта фиреб карда пул ситонида буд, ки писарашро аз маҳбас мебарорад. Ман ба ҳайси вакил дар мурофиа иштирок карда, ба адвокат 25000 рубл ба ҷои ин зан дода, қарордод бастам, то ваӣ зуд аз пайи кор шавад. Зеро болои шаҳрвандони мо ҷиноятҳои нокардаро бор карданд. Ин зан (Дилноза) гуфт, то 10 уми март пули адвокатро медиҳад. Он рӯз ба ман занг зад, ки пул омода аст. Чун зан ҳомила буд, ман аз Маскав бо мошин ба хонаи онҳо, ки берун аз шаҳр буд, омадам. Вақте вохӯрдем, ӯ гуфт, ки ҳануз маблағ омода нест. Гуфтам, бошад, пас Шумо имкон надошта бошед, ман бо Шуҳрат, яъне шавҳараш суҳбат мекунам, зеро он рӯз дар асл ба вакил бояд 50 000 рубл медодем. Ман ваъда дода будам. Намехостам назди вакил дурӯггу бошам. Ман баромада рафтам. Дигар ҳеҷ гапе миёни мо нагузаштааст. Ман чандин маротиб ба Каромат Шарифов оид ба кирдорҳои нохубаш гуфта будам, ҳатто фиреб додани муҳоҷирон ва аз онҳо пул канданро. Пули бачаҳоро мегирифт, барнамегардонид. Ҳуҷҷатҳои сохта таҳия карда, мефурӯшад. Вай зан ба ман ҳамчун ҳамшаҳои гиря карда, муроҷиат кард, шоҳидон буданд. Байни мо ҷанҷол нашудааст. Марде, ки ҳимояааш мекардем ва ин зан ӯро шавҳари худ мехонад, сокини шаҳри Душанбе аст. Ман вакили рафиқи шавҳари ин зан мешавам, онҳо худро гунаҳкор медонанд. Ин бори аввал нест, ҳафт сол боз вакили дифоъ ҳастам. Як сол шуд, ки дар Коллегияи адвокатҳо кор мекунам.

Иззат Амон мегуяд, ки ният дорад рӯзҳои наздик нисбати ин туҳмати Каромат Шарифов ба суд муроҷиат кунад. Ахирй ҳам мегуяд, ки далелҳоеро дорад, ки дар суд худро ҳимоят намояд. Шарифов мегӯяд, ҳукумат аз Ҷунбиши вай дастгирӣ мекунад ва диаспорҳои Тоҷикистон дар Русия бар зидди вай кор мекунанд. Ӯ аз фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон интиқод мекунад, ки барои манфитаҳои муҳоҷирон кор намекунанд, аз он ҷумла Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия.

Каромат Шарифов миллат аст?

Аммо Абдулло Давлатов дар суҳбат ба “Нигоҳ” гуфт, ҳеҷ гоҳ аз муҳоҷирон барои фоида худ истифода накардааст:

– Ман шахсан холисона дар хизмат будам, ки каме бошад ҳам имиҷи тоҷиконро дигар кунам. Набошад ба ман чӣ мерасид? Шаш сол раиси бахши тиббии Анҷумани байналмиллалии китобхонаҳои электронӣ будам, дар яке аз беҳтарин клиникаҳои Маскав кор мекардам. Баъде, ки фирефтаи ононе шудам, ки даъватам карданд ва омадам ба ҷамъияти тоҷикон, 2 моҳ шабу рӯз хоб набудаму верстка, макет, дизайн ва гайраро худомӯзӣ карда, рӯзнома чоп кардам. Зеро пул надоштем, ки мутахассис даъват кунем, вале дар байни дигар миллатҳо бояд худро нишон медодем. 31 минтақаи Русия рафтам. Хело кор кардам. Баъде, ки захираҳои шахсиям тамом шуд, маҷбур шудам, ки фаъолиятро суст кунаму аз паи рӯзгорам шавам.

Ман натавонистам мисли Каромат муҳоҷиронро горат кунам, натавонистам мисли сафорату консулгарӣ справка фурӯшам. Яъне, ман аз доираи онҳо нестам ва албатта душмани чунин миллат мешавам – агар Достиеву Каромату ҳукумати Тоҷикистон миллат бошанд! Ман тоҷикам ва алҳамдуллилаҳ, мусалмон! Имрӯз бо раҳбарони приставҳои Маскав, ки мутасаддии аз Русия берун кардани шаҳрвандони хориҷиянд, вохӯрӣ доштам. Бовар кунед, ки ҳамин сохторҳои расмии Русия хело корҳоеро мехоҳанд анҷом диҳанд, то муҳоҷирон конунӣ ва зери ҳимояи қонун бошанд, вале тарафи Тоҷикистон коре намекунад! Чанд тоҷик дар боздоштгоҳ ҳастанд, вале ягон ҳуҷҷат надоранд! Тарафи Русия аз мо илтимос мекӯнад, ки дар муайян кардани шахсияташон кӯмак кунем, зеро бо намондагиҳои сохторҳои расмӣ кор карданашон осон нест. Магар хандаовар нест? Намояндагиҳо барои кӯмаки муҳоҷирону шаҳрвандонашон аз буҷаи Тоҷикистон маблагҳои ҳангуфт мегиранду корашонро ҷамъиятҳо кунанд?

Намедонам чаро, мушкилоти маро ҳангома карданд?

Аммо асли қазия чй аст? Дилноза, ки ҳоло дар Русия ба сар мебарад, гуфт, сарнавишти баҳси судии вайро яке аз иҷоранишинаш ба Каромат Шарифов расонидааст:

– Вакте Иззат Амонро мо ба меҳмонӣ ҳамчун ҳамватан даъват кардем, Фарзона, як духтар, ки дар хонаи мо иҷоранишин буд, иштирок дошт. Хабари паловхуриро хам ҳамон духтар ба Каромат Шарифов расондааст. Чй хайр хонаат касе омад, ё давъат кардед, албатта ягон гизо мекунӣ! Ин коре набуд, ки ҳар ҷо паҳн мешуд, намедонам чаро акаи Каромат ин хел кардааст. Иззат Амон гуфт, ба Каромат Шарифов муроҷиат накунед. Баъди рафтани вай Фарзона гуфт, ки Каромат хеши мо аст, Иззат Амон вайро бад гуфт. Ҳамин духтар ба Каромат хабар бурдааст. Баъд яке Каромат ба ман занг зад гуфт, ки ҳоло охранаҳои ман меоянд, туро кӯмак мекунанд. Рафтам куҷое буд. Акси маро гирифтанд. Аммо ман Каромат Шарифовро надидам, танҳо аксашро дидам.

Вақте Дилноза ба мо суҳбат мекард дар шоҳидии мо бо телефони дигар бо Каромат Шарифов суҳбат кард ва гуфт, ки “ман кай ба Шумо муроҷиат кардам?”. Шарифов аз он тарафи хат гуфт, ки “ту ба офиси мо омадй, аммо маро нашинохтӣ”

Дилноза 26 сол дорад ва моҳҳои наздик бояд ду тифл ба дунё орад. Вай гуфт, ки нахустин фарзандонашро интизор аст ва сарнавишти ба сари шавҳараш омада барояш сангин аст. “Аз нашр шудани маводи Каромат Шарифов хеле нороҳатам, чаро чунин кардааст”, – мегӯяд вай.

Вай мегӯяд, аз Каромат Шарифов ва сафорати Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки нисбати Иззат Амон ҳарзагуйиро бас кунанд, то ӯ аз роҳи кӯмак ба шавҳараш даст накашад, зеро ин шабу рӯз ба дастгирии Иззат Амон сахт ниёз доранд.

Бино ба иттилое, ки ба дасти мо расид вакили аввали шавҳари Дилнозаро Каромат Шарифов бо пардохти ҳақи хизмат ё ҳимоятгарӣ бо маблағи 300 000 рубл ёфта буд. Ҳоло Иззат Амон Дилнозаро бо вакили нав бо пардохти маблағи 50 000 рубл таъмин кардааст. Иззат Амон гуфт, ки 25 000 онро ҳамчун кӯмак додааст.

“Мурдаро мондану тутхурй”

Ин аввалин баҳси тоҷикон дар Русия аст, ки бархурди манфитаҳои пулиро ба намоиш мегузорад. Яке аз паӣвандони Дилноза дар суҳбат ба мо гуфт, “ки на танҳо Иззат Амон нафарони дигар ҳам гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ аз Каромат Шарифов кӯмак нахоҳед ва наздик нашавед, ки шаттоҳ аст, Ман Изат Амонро ҳам намешиносам. Мо намедонам чаро ҳодисаи ба сари мо омодаро ба сафорат ба ҳама кашониданд ва барои манфиатҳои худ истифода мекунаид. Вакили пешина чечен – мусалмон буд, аммо чӣ кор кард? Ҳоло вакили рус гирифтаем, аммо аз руйи инсоф ҳақи хидмат гирифт, бо инҳо кор кунӣ хуб мешавад аз ҳамон тоҷикони дуруггӯу мусалмон”.

Аммо Каромат Шарифов инро иттиҳомот нисбати худ медонад ва мегуяд, ки талощаш барои ҳал кардани мушкили муҳоҷирон аст.

Ҳоло кӣ мехоҳад, ки аз зиндонӣ шудани муҳоҷири мо ва сарнавишти талхи Дилноза, ки ҳомиладор ҳасту фарзанди нахустини худро интизор аст ва он ҳам дар кишвари бегона барои худ имиҷ ва пул кор кунад? Ё ин ҳолатро нисбати рақибон истифода мекунанд? Оё сафорати Тоҷикистон дар Русия бо баҳси ду тараф ё ду шахсе, ки бар пояи “занакхабар” сар шудааст, ҳамроҳ шудааст?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: