Адвокат Турaчонзода

Амруллохи Низом «Нигох» №04 17.04.2013

Чаро Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода аз Эшони Абдухалилҷон, эшони Абдулвоҷиди Қалъаинавӣ ва домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳимоят кард?

Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода, собиқ қозии мусалмонон ва муовини аввали сарвазири Тоҷикистон чанд муддат аст, ки хомўш аст. Гоҳ мешунавем, ки дар Чин аст, гоҳ дар Арабистони Саудӣ ва гоҳе дар ягон кишвари дигар. Дар матбуот ҳам кам падид меояд, ё матбуот ўро “ором” гузоштааст. Аммо қозӣ – домулло ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ўро фаромўш кунанд ва шояд як шахсияти фаромўшшуданӣ нест.

Бахусус, лаҳзае ў пайдо мешавад, ки ҷомиаи Тоҷикистон фикр мекунад, ҳама ҷо оромист, “руфтаву об задагӣ”. Аммо вақте ў дар расонаҳо ҳатто бо чанд ҷумла изҳори назар карда, падид меояд, зуд шўре ба по мешавад. қабл аз ин, ў додани хайрот ё маблаѓ ба як ҳизби исломӣ, дар мавриди Тоҷикистон – ҳизби наҳзати исломиро ҷоиз дониста буд. Ин изҳори назар, ё шояд фатвои ў “фабрикаи ҷавоб” – ро чун одат бетараф нагузошт ва як мақола ҳам дар “ҷумҳурият” алайҳи Тўраҷонзода чоп кард.

Аммо вокуниши ахири ў дар сомонаи Радиои “Озодӣ” дигарбора ўро дар сархати ахбори расонаҳо қарор дод ва ҷомиаро ба масъалаи хеле муҳим, ки на ҳама кас, ба итминони мо, шояд 99,9 дарсади Тоҷикистон ба даркаш намерасад, ҷалб кард. Аммо ин дафъа мутмаинем, ки “фабрикаи ҷавоб” ҳадди ақал дастгирӣ накунад ҳам, хомўш хоҳад монд, зеро Тўраҷонзода як масъалаи доѓи мазҳабиро ба миён гузошт ва бо истифода аз саводу обрўяш ба ҳимоят аз заминаҳои мазҳабӣ ва шохаҳои тасаввуфи тоҷикон садо баланд кард. Тири салафиҳо, ё гурўҳе, ки аз онҳо истифода мекунад ва шояд душманони дигари тасаввуф ва суфиёни Тоҷикистон хок хўрд…

Ҳимоят аз рақибон

Эшони Абдухалилҷон, Эшони Абдулвоҷиди Қалъаинавӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз чеҳраҳои маъруфи руҳонии Тоҷикистон ҳастанд, ки дар муборизаҳои бародарон Тўраҷонзодаҳо барои дифоъ аз ислом тайи солҳои ахир на фақат ҳимоят накарданд, балки гоҳо бо онҳо мухолифат варзиданд ва ҳадди ақал вокуниш нишон надоданд. Аз ҷумла агар Эшони Абдухалил ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар масъалаи манъи рафтани занон ба масҷид муқобили Тўраҷонзодаҳо садо баланд карда, тасмими ҳукуматро дастгирӣ карданд, дар масъалаи манъи ҳиҷоб, рафтани наврасон ба масҷид ва қонуни баҳсноки масъулияти волидайн хомўшӣ ихтиёр карданд. Ин хомўшии онҳо то куҷо тасмими мустақилона ва масъулияти онҳо дар назди муридонашон буд, ҳанўз суолест, ки аз онҳо посух мехоҳад ва ҳеҷ яке ҳам то ба ҳол омода нашудааст, ки бо матбуот дар ин бора суҳбат кунад.

Аммо ҳоло Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода ба ҳимоят аз ин се руҳонии маъруф бархост. Эҳсос намешавад, ки ў ин корро ба хотири ҳимоят аз рақибонаш кард, балки тахмин меравад, ки Тўраҷонзода хатари бузургеро ба мактабҳои ақидатии Тоҷикистон эҳсос кардааст. Мо ҳам ҳис мекунем, ки кадом як гурўҳи наздик ба салафиҳо, ё худи ин тоифа, ки аз хориҷ, бахусус доираҳои зиддиисломии ҷаҳон пуштибонӣ мебинанд, ё шояд хадамоти махсуси кадом як кишвар ҳамлаи хатарнокеро алайҳи эътиқоди мардуми Тоҷикистон омода кардаанд ва руҳонии зиракеро назири Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода такон доданд.

Тариқати тоҷикӣ

Ин ҳамла ба тасаввуф буд, тариқате, ки ба миллати тоҷикон шахсиятҳои бузургтарини таърихаш – Имоми Аъзам, Ибни Сино, Румӣ, Хайём, Ѓаззолӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Саъдӣ, ҳофиз, Камол, ҷомӣ, Бедил, Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва ҳазорҳо мутафаккири нотакрорро тўҳфа кард. Бар пояи ин мактаби бузург ахлоқи ҳамидаи тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Кам касе аз мо вақте ба бархе кишварҳои исломӣ рафта, меояд, ин бардоштро ҳам дорад, ки мусулмонӣ дар Тоҷикистон будаасту…

Ҳамгунии ахлоқи ҳамсояҳои тоҷикон – ўзбекҳо, қирѓизҳо, қазоқҳо, туркманҳо, тоторҳо, уйѓурҳо, паштунҳо ва дигар қавмҳои хурду реза маҳз ба шарофати ин мактаби тасаввуфи исломӣ, ки тоҷикон дар рушду намуи он нақши калидӣ доштаанд, ба вуҷуд омадааст. Дар илму ахлоқи исломӣ устоди ҳамаи ин миллатҳо тоҷикон буданд. Хоҷа Аҳрори Валӣ аз қазоқистон то Покистон як империяи воқеие дошт, ки мардуми ин паҳно ва давлатҳои гуногунро дар хизмати мадрасаҳои исломӣ ва мардуми ѓарибу бенаво гузошта буд. ҳарфаш барои ҳокимони темурӣ қонун буд. Бо шарофати ў 30 сол дар ин сарзамин ҷанг нашуд. Тариқати нақшбандӣ низ садсолаҳо ба ин сў аз Чеченистону Тотористон то ҳиндустон доман паҳн кардааст. ҳеҷ аҷаб надорад, ки дар ҳиндустону Покистон бо насабҳои “Нақшбанд” вомехўред. Ин ҳам империяи маънавии Баҳоуддини Нақшбанд буд. Ин империяҳои тоҷикиро касе суқут дода натавонист, ҳатто атеистони коммунисти Шўравӣ ҳам барои шикасти ин мактаб камтар аз дигарон талош накардаанд ва салафиву таҳририҳои ѓарббунёд низ муваффақ нахоҳанд шуд.

Зиддиятҳои дохилӣ

Дар таърихи ислом руҳониёне буданд, ки чун ин мактабро дарк намекарданд, бо аҳли тасаввуф зиддиятнишон медоданд. Имоми Аъзамро заҳр доданд, Мансури ҳаллоҷро ба дор кашиданд, Боязиди Бастомиро куштанд… Ба қавли ҳолдонҳо дар дунёи имрўз на фақат салафиҳои саудибунёд, ҳатто дар доираҳои болоии Эрони шиа ҳам назари нек ба сўфиҳо надоранд. Ин кишварҳо шариатро бо роҳи таҳдид амалӣ кардан мехоҳанд, вале аҳли тасаввуф бар онанд, ки тарѓиб инсонҳо ва ҷомеаро бештар ва тезтар ислоҳ хоҳад кард, ба ҳамин хотир ислоҳшавии ҷомеаро дар ислоҳшавии афроди он мепиндоранд ва тарбияи афрод бештар талош мекунанд, то худ огоҳона ислоҳ шаванд. Шояд бархе норизоиятиҳо дар низоми имрўзаи ҷумҳурии исломӣ маҳз бор кардани иродаи бархе ашхоси сари қудрат болои мардум бошад. Иддае ҳам бар ин ишорат мекунанд, ки ба ҷанги дохилии Тоҷикистон ноогоҳона ҷалб шудани парвардаҳои макотиби қодирия ва нақшбандия низ ҳамин иштибоҳи сахтро дошт ва натиҷаҳояш ба мо маълум аст.

“Нигоҳ” дар бораи саҳми сўфиён ва тасаввуф дар густариши фарҳанги тоҷикӣ – форсӣ, таърихи макотиби тасаввуф дар Тоҷикистон бо ҳамин иктифо мекунад, то зудтар сари мақсад ояд ва бовар дорад, ки хонандаи закӣ, аҳамияти тасаввуф ва пирони тариқатро барои ин миллат то ҷое агар намедонист, фаҳмид.

70 вокуниш

Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзодаро ду наворе, ки сомонаи Радиои “Озодӣ” аз ҳалқаҳои зикри Тоҷикистон нашр кард ва хонандагони зиёде бо даҳшат ба онҳо вокуниш карданд, таҳрик додааст. Навори аввалӣ, ки “Озодӣ” гуфтааст, номаълум аз куҷост, дар пайи таҳқиқи “Нигоҳ” маълум шуд, ки аз маҳфили Эшони Абдулвоҷиди Қалъаинавӣ аст. Навори дуввум аз ҳалқаи зикри Эшони Абдухалилҷон дар ҳисор будааст.

Аммо вокуниши хонандагони сомона аксаран манфӣ аст. Масалан, яке менависад, ки “магар ин навор дар Тоҷикистон аст? Чӣ бадбахтӣ бар сари ин ҷавонони мусулмони беақида! Инҳо мисли ҷин садо медиҳанд. Наъузубиллоҳ!… Исломе, ки Аллоҳ ба мо фармудааст, бознагардед, пас шумо ба ҳамон яке аз 72 шохаи роҳгумкарда ҳастед…!” Дигаре менависад: “Дурдом! (Девонахона!) Боз дигаре мегўяд: “Не говори! 100 кило тавба. Я просто в шоке, мардум! Инҳо ҳама соқ нестанд” Ва ба ҳамин қабил назарҳо. Аксаран манфӣ.

Ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода дар сомонаи “Озодӣ” сабаби вокунишашро ба ин наворҳо то ҷое шарҳ дода, аммо муфассал барои TojNews навишт, ки ў ба 70 хонандаи “Озодӣ”, ки “тасаввуфро инкору масхара кардаанд, посух гуфтааст ва ҳама масҷидравии ҷавонон ва дар ҳалқаҳои зикр иштирок кардани онҳо изҳори ташвиш намуда, ин амалҳоро хатар барои ояндаи кишвар ва Ватан медонанд”. Он чӣ Тўраҷонзодаро ба вокуниш маҷбур кардааст, ин будааст, ки “ягон нафар аз тасаввуф пуштибонӣ накардаанд ва асли онро инкор мекунанд, ҳол он ки асли шаръӣ дорад.

“Салафиҳо ва атеистҳо!”

Мавсуф дар вокунишаш ба хонандагони Озодӣ менависад, ки онҳо ин матлабро “бо диққат мутолиа кардам ва ҳамчунин ҳар ду наворро дида, ба хулосае омадам, ки ягон нафар донандаи улуми Исломӣ, хусусан, аҳли сунна вал ҷамоат, ба сайти Озодӣ дохил намешаванд. Ман низ аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки ба сайти Озодӣ дохил намешавам. Дар ин ҷо фақат салафиҳою атеистҳо ҷавлон кардаанд.”

Сипас руҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф ба равияи сўфиҳо руҷўъ карда, менависад, ки онҳо “дар шимоли Африқо, Халиҷи Форс, ҳиҷоз, қафқоз, Осиёи Миёна, Афѓонистону Эрон ва Покистону Бангладеш вуҷуди густарда доштанд. Мардумро ба роҳи рост ва покии нафс ҳидоят мекарданд. Фазкуруллоҳа зикран касиро (Худованди Бузургро ниҳоят зиёд зикр намоед, беадад). Бо панҷ вақт намозро хонда ҷимакак гаштан, кор буд намешавад. Худои Бузург аз бандаҳояш ихлос, муҳаббат, садоқат… мехоҳад. Хулоса, аз асри 9-10 сар карда тасаввуф паҳн шуд.

Хазрати Мавлонои Рум дар ҳалқаи зикрашон рақсу садои мусиқӣ, хусусан найро иҷоза дода буданд. ҳазрати Абдурраҳмони ҷомӣ, Аҳмади ҷомӣ, Шайх Баҳоуддини Нақшбандӣ, ҳазрати Саид қаландаршо бо тахаллуси ҷунунӣ, ҳазрати Мавлоно ва ҳазрати Амирҷон ҳама пирони тариқат буданд. 25-30 сол пештар ҳазрати Эшони Тўраҷон, ҳазрати Эшони Абдурраҳмонҷон ва Эшони Шайх дар ҳисор аз пирони тариқат буданд ва ҳалқаҳои зикр доштанд”.

Ҳалкаи дуввум ҳалкаи зикри Эшони Халилҷон мебошад. ҳеҷ мухолифате ба Ислом ва фиқҳи Исломӣ надорад. Илова ба ин эшон, эшони Абдулвоҷид дар қалъаи Нави Файзобод, Домулло ҳикматулло дар ноҳияи Тоҷикобод низ ҳалқаҳои зикр доранд, вале бо равияи Нақшбандия. Эшони Халил дар равияи қодирия мебошанд. ҳарду равия ҳақ ҳаст ва касе ба ҷуз аз салафиҳо инро инкор намекунад. Саҳобаҳое аз аҳли суфа дар масҷиди Пайѓамбари Худо (с) ҳамеша ҳалқаи зикр доштанд.

Касоне, ки моро ба асри 21 тазаккур медиҳед ва ин корҳоро як амали зишт меҳисобед, паёми ман ин аст: дар Тоҷикистон 4000 масҷид ҳаст ва аз ин 400-тояш ҷомеъ. Агар ҳар масҷиди ҷомеъ ҳазор намозгузор дошта бошад, ҷамъ 400 ҳазор намозхон дорем. 3600 масҷиди панҷвақта 50 -100 намозхон дорад, ки 90 фоизашон рўзҳои ҷумъа ба масҷидҳои ҷумъа мераванд. Мемонад 10 фоизаш яъне 10 х 3600 = 36 ҳазор. ҷамъи ҳамаи намозхонҳои Тоҷикистон 436 ҳазор нафар мебошад, яъне камтар аз панҷ фоизи аҳолии Тоҷикистон.

Дар ҳалқаҳои зикр бошад, шояд ҳамагӣ ҳазор нафар иштирок мекунад ё не?, Худо медонад. Аз ин рў шумо, ҷанобони атеист изҳори ташвиш накунед. ҳафтуним миллион мардум дар роҳи ихтиёри шумо ҳастанд, аз ҳамонҳо косманавту олим, духтуру муҳандис, раққосу хонанда тайёр карда, мамлакатро ривоҷ диҳед. Чаро ривоҷ намедиҳед? Кӣ халал мерасонад? Кӣ пеши роҳатонро гирифтааст?

Аввал ба меҳнату азоб хонда, диплом гирифтаҳоро бо кор таъмин кунед, то дигар ҷавонҳо шерак шаванд. Донишҷўйҳои имрўзаро 80 фоизаш барои аз хидмати аскарӣ халос шудан ва ё бо фишори падаронашон мехонанд. Зеро медонанд, ки баъди тамом кардан боз Русия мардикорӣ… Хулоса, камбудии худатонро ёбед ва ислоҳ кунед, кишвар тараққӣ мекунад.

Шайхҳое, ки номашон зикр шуд, аз онҳо натарсед, зеро ҳар сеяшон дуoгўйҳои “ҷаноб” ҳастанд ва ҳамеша дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд ва “ифтихори” ҳамнишинӣ ҳам доранд.

Касе пурсид, ки чаро Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбарро зикр накардӣ? Ба хидмататон мерасонем, ки мо ҳалқаҳои амри маъруф ва наҳйи мункар дорем, вале даъвои пири тариқатӣ надорем. Агарчи ҳазрати қиблагоҳамон ба Эшони Нуриддин, бардарамон, фотиҳа додаанд. Радиои Озодӣ, комменти хеле дароз шуд, агар одамгарӣ дошта бошед, заҳмати бандаро ба назар гирифта, ба ҳайси як мақолаи алоҳида нашр намоед. Вассалому ало маниттабаъал Худо. Зинда бошед!”.

Шарҳи муҳаққиқ

Атеистҳо, ки дар замони шўравӣ на фақат тасаввуф, балки дар умум тамоми динҳоро инкор мекунанд, маълум аст, чаро аҳли тасаввуфро қабул надоранд. Аммо салафиҳо чаро? Абдуллоҳ Муҳаққиқи ҳанафӣ, корманди пешини Маркази исломшиносии Тоҷикистон, яке аз мухолифини сарсахти салафиҳо мегўяд, тасаввуф ё сўфиҳо парвардаи мактаби исломӣ буда, муқаллид аз кирдору рафтор ва афкору андешаи Муҳаммад (с) ва саҳобагон (рт) буда, ягон иртибот ва пайвастагӣ ба раҳбонияти масеҳӣ надоранд. Балки сўфия марҳилаи олӣ, баландӣ ва бандагӣ ва шинохти Худованди Мутаъол аст. Шайх Аттор (р) мефармояд:

Мо сўфии сўфаи Худоем,

 Берун зи худему аз Худоем!

Муҳаққиқ бадбинии салафия бар тариқаи сўфияро дар он арзёбӣ мекунад, ки “осори исломӣ ва ақидаи тавҳидии суфия, ки аз қуръони карим ва суннати Паёмбар (с) таркиб ёфта, монеъи густариши ақидаи пурзалолати террористии салафия аст”:

– Пешвоён ва бунёдгузорони ҷараёни салафия барои бартараф намудани таълимоти тавҳидии сўфия ва осори исломии онон бо тамоми нерў ва роҳу усулҳои пешқадам талош доранд, ки сўфия ва осори исломии орифонро куфру ширк муаррифӣ намоянд, балки салафия қадам фарохтар гузошта, бузургтарин пешвоёни суфияро кофиру мушрик эълон намудааанд. Осори ирфонӣ ва тариқаи сўфия монеаи ҷиддӣ ва асосӣ барои густариши андешаи такфирӣ, интиҳорӣ ва тахрибкории ҷараёнҳои моҳиятан террористӣ, аз ҷумла, ҷараёни салафия мебошад.

Се навори ҷанҷолӣ: аз куҷо?

То ин ки ду наворе, ки мўҷиби баҳсҳо сари тариқати суфия дар Тоҷикистон шаванд, дар гузашта як навор да бораи аҳли тасаввуф будани Умаралӣ қувватов, раҳбари “Гурўҳи 24” низ нашр шуда буд. Мо гуфта наметавонем, ки ин наворҳо бо ҳам як ҳалқаи занҷиранд, зеро ҳар яке дар давру замони гуногун ба миён омадаанд, аммо ҳамагӣ як ҳадафи умумии дастандаркоронро бармало мекунад: сиёҳ кардани тасаввуф. ҳамчунин намешавад гуфт, ки ду навори ахир ба қазияи Умаралӣ қувватов рабт дошта бошанд. Ё шояд ягон барномае, ба монанди  “антинаҳзат” зидди эшонҳои суннатӣ пиёда мешавад, ё шояд тарс додани онҳо аст ва шояд бар асоси ин наворҳо кадом як парвандаҳои ҷиноятӣ ҳам омода мешаванд, то эшонҳоро дар ҳолати мабодо идора карда тавонанд.

Баҳамойии рўҳониён?

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз Эшони Абдухалилҷон ва домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ пуштибонӣ кард, ҳарчанд ба онҳо ин кинояро низ зад, ки “дуoгўйҳои “ҷаноб” ҳастанд ва ҳамеша дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд ва “ифтихори” ҳамнишинӣ ҳам доранд”. Аммо дар асл мавқеи ў бо рақибонаш дар ин маврид наздик шуд. Муносибати оилаи Тўраҷонзодаҳо бо эшонҳои мазкур, хеле мулоим гўем, на он қадар гарм буд.

Тайи се моҳи ахир Тўраҷонзодаҳо дар масъалаҳои афзоиши тарѓиботи динҳои ѓайриисломию гаравидани мусалмонони Тоҷикистон ба динҳои ѓайр ва никоҳи муваққати мутъа бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон-сохтори динии зери нуфуси ҳукумат низ ҳаммавқеӣ нишон доданд.

Хуллас, уламои исломии Тоҷикистон дар ҳар мавриди зарурӣ ба ҳам меоянд. Аммо дар ҳамалоти иттилоотӣ алайҳи ҳалқаҳои зикр – доираҳои тасаввуфи Тоҷикистон Шўрои уламо то ба ҳол хомўш аст. Барои муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки рақибаш Тўраҷонзода ўро ба пайравӣ аз салафия муттаҳам мекард, фурсати муносиби маълум кардани воқеияти ин даъво фаро расид…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: