Чонишини вазир: «Мара нопурсида запис кесай»

Хумайрои Бахтиёр «Озодагон» №15 17.04.2013

Олимпиaдаи чумҳуриявй оид ба фанхои дақиқ дар шахри Душанбе ба анчом расид. Албатта, баргузории ва натичагирии хакамон барои интихоби голибони озмун дар ҷомеаи точик хамеша бахсхоеро ба вучуд меорад.

Ин нaвбат низ нигаронии ширкаткунандагони озмуни аз нохоқии хакамон барои муаяйн кардани голибони озмун кам набуд. Олимпиадаи чумхуриявӣ оид ба фаннхои дақиқ – чугрофия, кимиё, биология, информотика, риёзӣ ва физика 13 -уми апрел дар мактабинтернати ба номи Бобочон Гафуров дар нохияи Рӯдакӣ оғоз ёфта, 15-уми апрел анҷом ёфт. Дар он хонандагон аз мактабхои миёна, литсейхо, гимназияхои тамоми вилоят ва нохияхои тобеъу шахри Душанбе ширкат доштанд.

Рузи якум: озмуни ҷумҳурияви ва «хунукназарӣ»-и масъулин

Қарор буд, ки озмуни ҷумҳуриявӣ дар мактаб интернати ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Бобоҷон Ғафуров таърихи 13-уми апрел, соати 10-и субҳ оғоз ёбад. Аммо бо далелҳои номаълум маросими ифтитоҳии озмун ба таъхир афтод. Барои муаяйн кардани сабаби ба таъхир шурӯъ шудани  созмуни ҷумҳуриявии фанҳои дақиқ тамосе гирифтем бо вазорати маорифи Тоҷикистон. Масъули вазорати маориф дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки тамоми корҳо тибқи нақша идома дошта, маросими ифтитоҳии озмун таърихи 14-ум баргузор мешавад. Аммо пайгирӣ аз чорабинии мазкур собит сохт, ки иттилои вазорати маориф бардурӯғ буд. Олимпиада, ҳамон рӯз, яъне 13-уми апрел тибқи «қарор»-и вазорати маориф такрибан соатҳои 13-00 шурӯъ шуд. Аниктараш масъулини дар соати мазкур хонандгонро ба синфхонаҳо ҷо ба ҷо карда, масъалаву тестҳоро ба ҳар гурӯҳ дар соатҳои мухталиф тақсим карданд,

Баъди тақсими варақаҳо вазири маорифи Тоҷикистон, Нуриддин Саидов низ ба мактаб интернати мазкур ҳозир шуда, масъулинро барои бидуни маросими ифтитоҳи оғоз кардани олимпиада сарзаниш намуд.

Шикоятҳои аввалин бо тақсими варақаҳои санҷишӣ ба вуҷуд омаданд. Баъзе аз ширкатдорони озмуни нигаронӣ аз он намуданд, ки онҳо хонандагони макотиби русӣ буда, масъулин ба онҳо варақаҳоро ба забони тоҷикӣ тақсим карданд. Барои «ислоҳ»-и мушкили ба вуҷуд омада, вазорат зуд чора андешид. Юсуфбек Ҳотамов, омӯзгори гимназияи «Ҳотам ПВ» гуфт, ки масъулини вазорат барои тарҷумаи варақахои санҷишӣ филологҳое, ки дар саҳни мактаб буданд ба дохил даъват карданд. «Ин ҳам дар ҳоле, ки тарҷумаи масъалаҳо ва вожаҳои физикӣ кори ҳар филолог набуда, он тарҷумаи ихтисосиро мехоҳад», мегӯяд Юсуфбек Ҳотамов.

Рӯзи дуввум: ҷамъбасти рӯзи аввал ва шикоятҳои мактаббачагон

Ҳамин гуна рӯзи аввали олимпиада соатҳои 19-и шом анҷом шуда, ҳакамон ваъда карданд, ки натиҷаи озмунро субҳи якшанбе дар саҳни мактаб насб хоҳанд кард. Бо ҳамин субҳи 14-ум омӯзгорон, падару модарон ва худи иштирокдорон дар саҳни мактаб ҷамъ омаданд, вале аз натиҷагирии ҳакамон ҳеч хабаре набуд. Ҳарчанд онҳо ваъда доданд, ки натиҷаи рӯзи аввали олимпиада соати 08-и субҳ омода мешавад, аммо соат аз 09 гузаштаву аз он ҳисобот ҳеч хабаре набуд. Бо ҳамин аз натиҷагирии рӯзи аввал хоҳишмандон тақрибан соатҳои 10-00 хабардор шуданд. Бо эълони натиҷаи рӯзи аввал гурӯҳе аз ширкатдорон шикояти апелятсиони бурданд. Гурӯҳе аз иштирокчиёни озмун аз он нигаронӣ мекарданд, ки ҳангоми шикоят аъзои ҳакамон эътирози онҳоро умуман ба эътибор намегирифт.

Рӯзи саввум: Холҳое, ки танхо баъди шикояти аплеятсионӣ баргардонида шуданд

Рӯзи саввум аз соатҳои 08 саҳни мактаб серодам буд. Ҷойе мактаббачаҳову ҷойе падару модарон бо ҳам сӯҳбат мекарданд. То ҷойе мушоҳида кардам, аксари хозирин чӣ толибилмон ва чӣ омӯзгорону падару модарон аз «тақаллубкори»-ҳои олимпиада мегуфтанд. Адҳамҷон Шукуров, яке аз иштирокчии олимпиада аз фанни физика мегӯяд, ки аз натиҷаи аввали ҳакамон шикояти аплеятсионӣ бурдааст. Ба гуфтаи номбурда нахуст аъзои ҳакамон ба ӯ холи бисёр пастро нисбат додаанд, ки дар натиҷа ӯ бо ҳакамон баҳсҳое анҷом додааст.

«Аслан даъво атрофи ин буд, ки масъалаҳоро ман бо роҳи дигар ҳал кардам. Ман хеле талош кардам ба ҳакамон фаҳмондам, ки ҳарчанд он ҳал бо тарзи дигар буд, аммо ҷавобаш дуруст аст. Ман ду саволро бо роҳи дигар ҳал карда будам. Ба ҳакамон мефаҳмондам, аммо онҳо гӯш намекарданд», гуфт Адҳамҷон Шукуров. Тибқи иттилоъ ҳакамон дар аввал ба номбурда 17 хол ва баъди шикояти аплеятсионӣ 26 холро нисбат додаанд. Ҳамин тавр ҷойи аввал аз фанни физика насиби Адҳамҷон Шукуров гашт.

Ҳамсӯҳбати дигари мо яке аз толибилмони гимназияи «Ҳотам ПВ» Шаҳзодшоҳи Шамсиддин, ки бори аввал дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни математика сабқат дошт, аз натиҷагирии ғайришаффофи ҳакамон шикоят кард.

«Барои фақат ҷавоби нодурусти масъала онҳо 4 хол кам нисбат доданд. Ҳол он, ки аз руйи меъёр дар озмунҳои байналмиллалӣ барои ҳалли нодуруст 1 хол кам мекунанд. Ин ноҳақӣ буд нисбати ман. Барои ҳамин кӯшиш кардам, то ба аъзои ҳакамон фаҳмонам. Вақте исбот кардам, ки онҳо воқеан нохақ ба ман холи кам гузоштанд, дар ҷавоб, ба ҷойи ислох, маро аз уток, дағалона берун карданд», мегуяд Шаҳзодшохи Шамсиддин.

Маврид ба зикр аст, ки номбурда барандаи ҷойҳои намоён аз фани математика дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Соли 2012 Шаҳзодшоҳи Шамсиддин дар озмуни ҷаҳонӣ, ки дар Аргентина баргузор гардид, ҷойи саввум, дар озмуни Жаутикови Қазоқистон ду маротиба ҷойи саввум ва ҳамчунин дар озмуни байналмиллалӣ дар Хитой низ баранда шудааст. Аммо дар олимпиадаи мазкур Шаҳзодшоҳи Шамсиддин иштирокчии ғайриконкурсӣ буда, дар ин намуна медали тиллоро ба даст меорад.

Т. Маҳмадова: «15 одам теста тафтиш кард, басай охӣ…»

Ҳамин тавр дар саҳни мактаб аксарият аз ноҳақии ҳакамон шикоят доштанд. Ногаҳон аз дохили мактаб муовини вазири маорифи Тоҷикистон, Тоҷинисо Маҳмадова берун шуда, аз боло талош кард, то мардумро каме «ором» кунад. Номбурда, барандаи ҷойи аввал аз фани физика, шогирди литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ, Адҳамҷон Шукуровро назди худ даъват карда, гуфт:

«Инами ғолиби озмуни байналмиллалияй. Ҷойи ҳамида буроя одаме, ки… мумкин нест охӣ. Бояд бачаи зур бигирад. Ин (манзур Адҳамҷон Шукуров, «Озодагон») ҳо баҳсҳои илмӣ мекуна, инхели не, инами ҷошай. Ягон ка (манзур-кас «Озодагон») намиёя, отат омадай? (Дар ҷавоб Адҳамҷон Шукуров бо ишора мегӯяд, ки хонаводааш наомадааст. Ҳамин лаҳза кулли ҳозирин қарсак мезананд). Малимуш ку, оташ ку?», гуфт муовини вазири маорифи Тоҷикистон.

Баъдан Тоҷиниссо Маҳмадова чанде аз бачаҳои дигар, иштирокчиёни озмунҳои байналмиллалиро ба наздаш даъват карда гуфт:

«Инамиҳо отаҳошон нест, малимшон нест, ина худшон ҷо гирифтан ку. Меган, ки иҷа фирев мекунан. Ягон фирев нест ба Худо», бо зикри ин нукта Тоҷиниссо Маҳмадова бори дигар ба ҳозирин муроҷиат карда гуфт, ки саволҳои худро онҳо тавассути намояндаҳояшон ба масъулин бирасонанд.

Дар идома муовини вазири маорифи Тоҷикистон аз тафтиши тестҳо ёдоварӣ карда гуфт:

«Уҷа тестҳода ҳичи наромад, дастшон кати- дидестан, хонда дидестан», илова кард Тоҷиниссо Маҳмадова.

Т. Махмадова: «Баъди 1 хафта дар суд вомехурем»

Дар ҳамин маврид аз саҳни мактаб падаре аз муовини вазири маорифи Тоҷикистон дар мавриди супурдани тестҳои тоҷикӣ ба хонандагони русзабон суол кард. Дар ҷавоб муовини вазири маориф чунин гуфт:

«Ма худум пурсидум, ки чанта русо ҳастанд. Аз кадом фан? Не может быть, проблема набуд. 15 одам теста тафтиш кард. Басай охӣ«, бо ин ҷумла Тоҷиниссо Маҳмадова хоҳиши ворид шудан ба дохили бинои мактабро дошт. Инҷо суолхое дар зеҳнам буд, ки бояд аз номбурда мепурсидам. Бо наздик шудан ба мӯҳтарам муовини вазир худро шинос карда, гуфтам, ки чанд пурсише дар робита ба олимпиада дорам. Хонум Маҳмадова нахуст гуфт, ки маро бо муттасадӣ шинос хоҳад кард. Ҳамин лаҳза номбурда телефони ҳамроҳро (ки дар он садо сабт мешуд) дида, онро аз дастам гирифту ба ҳозирин муроҷиат кард:

«Якум запис накун, ки судебнияй, ина запис кардестӣ, шоҳид дорем а? Бе пурси ман. Иҷа ниго кунен ҳаматон, мара нопурсида запис кесай. Ина ҳуқуқшиносо, нопурсида аз ман, мумкинай ҳамин хел? Мумкинай, ки мара нопурсида запис куна, ина журналист?» Муовини вазири маорифи Тоҷикистон ин суханҳоро гуфта, телефонро баргардонида бо оҳангги таҳдид омез гуфт: «Баъди 1 ҳафта дар суд вомехурем. Иҷа ҳуқуқи сабтро надоштӣ, одам эҳсосӣ мешава, яки лаҳ-ҷавӣ гап мезана».

Ҳоло, ки мавзуъи аслӣ олимпиада буд, ҷолиб ин аст, ки чӣ гуна, аниқтараш бо чӣ оҳанг муовини вазири маорифи Тоҷикистон бо ҳозирин омӯзгорону мактаббачагон сӯҳбат мекард. Агар Тоҷиниссо Маҳмадова муовини вазири молия ва ё иқтисод мебуд, аслан эрод намегирифтем. Вале, вақте муовини вазири маориф бо чунин шева бо толибилмону ҳозирин сӯҳбат мекунад, аз назарам ҷойи нигаронӣ аст. Албатта ин баҳси дигар аст, ва бо даст додани имконият атрофи ин масъала хоҳем баргашт.

Эътирози толибилмони «Ҳотам ПВ» аз ҷоизаҳо

Гуфтан ба маврид аст, ки баъди чанд лаҳзаи ин баҳс Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон барои маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории барандагони озмуни мазкур омад. Вазири маориф дар суханронии худ гуфт, ки дар мавриди баргузории олимпиада баъзе аз мушкилот вуҷуд дошта, бо мурури вақт он бартараф хоҳад шуд. Нуриддин Саидов аз даъвои толибилмон ва шикоятҳои апелятсионии онҳо барои ба даст овардани холҳои худ истиқбол намуда, гуфт, ки ин падидаи хуб аст. Тибқи мушоҳида медалҳоро худи иштирокдорон мегирифтанд. Аммо чанд ҷоизаи толибилмони гимназияи «Ҳотам ПВ»-ро ба намояндаи ин мактаб, Юсуфбек Ҳотамов супурданд. Вазири маорифи Тоҷикистон аз ҳузур надоштани толибилмони «Ҳотам ПВ» ҳангоми ҷоизасупорӣ нигаронӣ карда, гуфт, ки агар ин кор такрор ёбад, дар оянда гимназияи мазкурро аз ширкат дар озмунҳо маҳрум хоҳанд кард.

Дар сӯҳбати алоҳида Юсуфбек Ҳотамов гуфт, толибилмони онҳо аз рафти натиҷагирии олимпиада норозӣ буданд. Ба гуфтаи номбурда, аз сабаби номуаяйн будани маросими анҷомёбии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, раҳбарияти гимназия тасмим гирифт, то толибилмон дар дарсҳо иштирок дошта бошанд. Дар сӯҳбат ба «Озодагон» Юсуфбек Ҳотамов қайд намуд, ки аслан баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар ин сатҳ бойиси нигаронист. Номбурда аз бемасъулиятии ташкилкунандагони ин озмун мисол оварда мегӯяд, ки ҳангоми ҳисоби холҳо муаммоҳое вуҷуд дошт.

«Вақте ба толибилмон тестҳоро тақсим карданд, мо талаб доштем, то натиҷаашро дарҳол бо дастгоҳи махсус тафтиш намоянд. Аммо ҳакамон рад карданд, онҳо гуфтанд, ки мо дастӣ ҳамаро тафтиш хоҳем кард», илова кард намояндаи литсейи «Ҳотам ПВ».

Инҷо суоле пайдо мешавад, ки дар асри фанновариҳо даст кашидани ҳакамон аз дастгохҳои техникӣ чӣ сабаб дошта метавонад? Чун сару садоҳое ҳаст, ки мегӯянд бо тафтиши «дастӣ» ҳакамон холҳоро ба толибилмони «интихобшуда» нисбат хоҳанд дод. Бояд тазакакур дод, ки барандагони ҷойи дуввум аз натиҷагирии ҳакамон ҳангоми гирифтани ҷойиза эътироз карданд. Дар зимн вазири маорифи Тоҷикистон изҳор дошт, ки таърихи 5-уми май дар вазорат аз барандагони фанни математика шахсан имтиҳон хоҳад гирифт, то мушоҳида кунад, ки воқеан дар ҳисоби холи онҳо тақаллубкорӣ аз ҷониби ҳакамон вуҷуд дошт ё на?

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: