Дар чустучуи номзади ягона

Рачаби Мирзо «Фараж» №09 27.02.2013

Интихоботи президенти: Аз «А» то «Я»: Вариантҳои ҳукумат, имконоти мухолифин, номзадҳо ва вазъияти ғайримунтазира… (идома аз шумораҳои гузашта)

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки пешкори аслии эътилофи аҳзоби сиёсии кишвар аст, ахиран ба хабарнигорон эълон кард, ки онҳо то ҳанӯз ҳам дар талоши дарёфти номзади ягонаи интихоботи президентианд. У ҳамчунин хабар додааст, ки то имрӯз номи ин номзад мушаххас нест. Зойиров ин ҳарфҳоро дар ҳоле баён медорад, ки қаблан Ҷунбиши миллӣ, созмони сабтиномнашудаи сиёсӣ, ки аслан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса Фейсбук фаъол аст, ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ эълон кард.

Аммо Зойиров гуфтааст, ки ин танҳо мавқеи Ҷунбиши миллисту ба он эҳтиром мегузорад. Вале ширкаташ дар интихоботро анҷумани ҳизб муайян хоҳад кард. Дар мусоҳибаи ахири худ бо хабарнигори «Нигоҳ» бошад, раиси ҲСДТ аз номзадҳои эҳтимолии нисбатан қавитари маъракаи интихоботи пешорӯ Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси ММ ва шаҳри Душанбе, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – рӯҳонии шинохтаи кишвар ном бурда буд. Ин нафарон, бахусус шаҳрдори Душанбе метавонад, ин даъвои Зойировро як иғвои сиёсӣ унвон кунанд, вале дар навбати худ ҷомеа онро метавонад ба сифати эътирофи як шахсият ва гурӯҳи иҷтимоӣ дар нисбати шахсиятҳои номбурда пазируфта бошад.

Аммо ҳоло баҳс ин нест. Асли масъала дар ин аст, ки дар маҷмӯъ тайи ин ҳама солҳо меъёрҳои интихоби номзади ягона дар интихоботи президентии Тоҷикистон номуайян ва номушаххас асту аз ин хотир ин масъала доим ба бӯҳрони ғоявӣ гирифтор мешавад. Мо дар бораи меъёрҳои пазируфташудаи сатҳи ҷаҳонӣ ва кадом хусусиятҳоро доштани онҳо дар Тоҷикистон бармегардем. Вале на ҳоло…

Айни замон, тавре гуфта будем ба Эътилофи интихоботи шаффофу демократии соли 2005 бармегардем, ки айни пайдоиши он ба замони «қазияи М.Искандаров ва С.Муҳаббатов» дар зимистони соли 2004 рост меомад…

Зойиров: «Ин гуна интихобот дигар ҷиноят аст»

Дар матлаби ифтитоҳии худ вобаста ба идеяи таъсиси Эътилофи интихоботи шаффофу демократӣ Раҳматилло Зойиров дар рӯзномаи «Рӯзи нав» он замон навишт, ки аз охири соли 1994 то сентябри соли 1999 дар ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ду раванд – раванди демократӣ ва авторитарӣ рақобат доштанд ва «гуфтан лозим аст, ки дар ин давра то ҷое раванди демократӣ дар пеш буд. Баъдан, хусусан пас аз интихоби Маҷлиси Олии амалкунанда, раванди демократӣ дар кишвар фаромӯш шуда, раванди авторитарӣ пурзӯр гашт. Чорабиниҳои сиёсии соли 2003 ва оғози соли 2004 исбот кардаанд, ки ҳокимияти давлатӣ рӯз ба рӯз аз мардум дур мегардад, идораи давлатӣ танҳо барои худ амал менамояд, иқтисодиёт амалан дар дасти як гурӯҳи ришвакор, ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳолати парешонии ҳам ҷуғрофӣ ва ҳам идеологӣ қарор дорад. Интихоботхо ва референдумҳои дар ин давра баргузоргардида нишон доданд, ки ҳоммияти давлатӣ, хусусан ҳокимияти иҷроия, ин интихоботҳоро барои амалигардонии манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ истифода намуданд. Дар натиҷа иродаи овоздиҳандагон ин кор гашт, боварии мардум ба интихобот, ба адолат ва инсоф шикаст хӯрд, мақоми қонунгузор – Маҷлиси Олӣ, мақомоти намояндагӣ дар маҳалҳо пурра аз ҳокимияти иҷроия вобаста шуданд. Хушомадгӯӣ, шиносбозӣ, ришвахӯрӣ, маҳалгароӣ инкишоф ёфтанд. Яъне Тоҷикистон дар таърихи навтарини худ боз як давраи мушкилтаринро аз сар мегузаронад. Дар оянда ба ин тарз ташкил ва гузаронидани интихобот на танҳо вазнинтарин ҷиноят аст, балки ҷомеаи Тоҷикистонро аз ихтиёри худ ва ҳокимияти пурра маҳрум месозад».

Дар ин ҳолат, 6а гуфтаи Зоӣиров, тибқи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон, роҳи асосии пешбурди ҷомеа ва давлатдорӣ ин одилона ташкил кардан, назорат бурдан ва дар муҳити ошкорбаёнию шаффоф гузаронидани интихобот, аз ҷумла интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аст, ки моҳи феврали соли 2005 баргузор мегардад. «Агар як шакли амалигардонии маъракаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои интихобот бошад, дигар – ташкили коалитсияи ҳизбҳои сцёсии Тоҷикистон бо мақсади озод ва шаффоф гузаронидани интихобот ва таъмини фаъолияти ин коалитсия дар асоси ошкорбаёнӣ ва волоияти қонун мебошад», навишт раиси ҲСДТ ва илова кард: «Аммо ҳодисаҳои се-чор моҳи охир далолат доранд, ки ин рох, раванди душвортареро фаро мегирад. Нофахмиҳо дар бораи ташкил кардани коалитсияи хизбҳои сиёсӣ, ки ҳоло дар сатҳи гуфтушунид қарор дорад, ажиотаж дар атрофи изҳороти Саламшо Муҳаббатов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров (Оид ба таъсиси Коалитсияи қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ ва ИНОТ), махдудсозӣ дар ташкил ва фаъолияти ҳизбҳои алоҳида ва ғайраҳо аломатҳои муайянкунандаи ин душвориҳост ва бешак сабабҳои мушаххас ҳам дорад».

Баъдан Зойиров он мушкилотеро ном бурд, ки барои ташкили як Эътилоф душворӣ пеш меоранд: «Сараввал, ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҷомеа ва намояндагони онро ҳамчун «ёрдамчии» худ қабул мекунад. Ҳол он ки ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд дар хизмати ҷомеа бошанд.

Дуюм, қисме аз давлатдорони мо то ҳол дарк накардаанд, ки эъмори демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бе низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ ҳатто тасаввурнопазир аст.

Саввум, қисме аз хизматчиёни давлатӣ ва мардуми Тоҷикистон таъиноти плюрализми сиёсӣ ва дигар принсипҳои демократиро дарк намоянд ҳам, ҷуръат надоранд, ки андешаҳояшонро ошкору рӯйрост баён намоянд.

Сабаби чорум ва асосӣ ин аст, ки ашхоси бюрократ, ришвахӯр, мансабпараст, яъне одами белаёқат, дар Тоҷикистони имрӯза ба қувваи ҳалкунанда дар ҷомеа табдил ёфта, аз курсии худ рафтанӣ нест ва ҳамаи имкониятҳои худро ба он равона месозад, ки аз мансаб наравад. Ваӣ хуб медонад, ки демократисозии ҷомеа, ташаккул ёфтани низоми бисёрҳизбӣ, плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ манфиатҳои ғаразнокии ӯро на фақат маҳдуд месозад, балки сӯистифода кардани ваколатҳо ва ришвахӯриашро мушаххасан ошкор намуда, ба решаи ӯ табар мезанад. Аз ин лиҳоз, ӯ комилан зидди ин раванд, хусусан зидди ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори мустақил баромад мекунад.

Дар ҷомеаи мо боз як гурӯҳи хавфнок ҳам ҳаст (аксарияти хизматчиёни ҳокимияти иҷроия ва қисми мардум ба ин гурӯҳ дохил мешаванд), ки онхо бе ягон фикру андеша танҳо фармонбардорӣ карда метавонанд ва ҳар як супориши «начальник»-ро дусад фоиз «иҷро» менамоянд.

Ва ниҳоят, бояд қайд кард, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳам аз камбудиҳо холӣ нестанд. Аммо мо боварӣ дорем, ки ин камбудиҳо ислоҳшавандаанд ва таҷрибаи сиёсии кофӣ мехоҳанд. Зиёде аз ин, камбудиҳо ё аз камтаҷрибагӣ, ё аз маҳдудсозии фаъолияти онҳо, ё аз эҳсосоту ноилоҷӣ ба миён меоянд. Ин ба таври умумӣ.

Нисбати изҳороти С.Муҳаббатов ва М.Искандаров бояд таъкид намоям, ки ин изҳорот ҳам характери объективӣ ва ҳам характери субъективӣ дорад. Истифодаи калимаҳои «собиқкумандонҳо» аз воқеият дур буда, ба муносибатҳои ҷамъиятии Тоҷикистон таҳдид надорад. Бояд М.Искандаров ба Душанбе баргардад ва вазифаи худро ҳамчун раиси ҳизб идома диҳад.

Моҳияти проблема дар чист? Аз ҷавоб ба ин савол бармеояд: кӣ зиёдтар амалиёти «ғайриқонунӣ» содир менамояд – роҳбарони ҳизбҳо ё шахсони мансабдор?

Таҳлил нишон медиҳад, ки ҳар як сухани роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ дар зери назорат, дурусттараш сӯистифодаи ҳокимияти мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор қарор дорад. Роҳбарони ҳизбҳо мавқеи худро танҳо дар шакли баромаду изҳорот муайян менамоянд. Аммо шахси мансабдор чӣ? Шахси мансабдор худро дар беназоратӣ гузоштаст ва аз назорати ҷомеа берун мебошад. Интихобот ҳам сад дар сад аз ин истисно нест. Бояд дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд ин раванд ҷой надошта бошад. Зеро ҳуқуқвайронкунии шахси мансабдор даҳҳо маротиба ба давлат ва ҷомеа хатарноктар аст. Аз ин хотир, ташкил намудани коалитсияи ҳизбҳои сиёсӣ барои озод ва шаффоф ташкил намудан, назорат сохтан ва гузаронидани интихобот аз тарафи ҷомеа ва давлат, хусусан аз тарафи президент ва парламенти Тоҷикистон, бояд дастгирӣ ёбад».

Ҳарчӣ буд, ё не ин даъвои Зойиров дар он замон мавриди таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои ҷиддии ҷомеа қарор гирифт ва бархӯрд ба он ҳам хеле ҷиддӣ буд…

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: