Милликунонии элитаи точик бо шеваи Путини

Акрами Холик, «Нигох» №49 27.02.2013

«Патсан сказал, патсан сделал»

12-уми феврали соли ҷорӣ президенти Русия Владимир Путин ба Думаи давлатӣ-парлумони ин кишвар лоиҳаи қонунеро пешниҳод намуд, ки доштани суратҳисобҳои бонкиро барои мансабдони расмии давлатӣ манъ намуда, бубояд интиқоли капиталро ба минтақаҳои офшор боз дорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур доштани суратҳисобҳои бонкӣ, депозитҳоро ба мансабдорони баландпояи давлатӣ дар сатҳи федералӣ, минтақавӣ, судяҳои федералӣ, аъзои парлумон, узви шӯрои директорони Бонки марказӣ, роҳбарони корпоратсияҳои давлатӣ ва ширкатҳои давлатӣ ва ҳатто ба зан ва фарзандони ноболиғи онҳо манъ мекунад.

Ҳадаф аз он – зиёд намудани сармоягузорй ба иқтисоди миллӣ ва мубориза алайҳи фасод дар низоми давлатдорӣ эълон шуд, ҳарчанд сиёсатшиносон аҳдофи дигари Путинро ҳам дар ин кор ёфтанд, ки дар ин бора поинтар хоҳем гуфт.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин бора Владимир Путин ҳанӯз дар паёми солонааш ишораҳое карда буд. Баъди чанд рӯзи пешниҳоди лоиҳа ҳар ду палатаҳои парлумони Русия, ки мисли Тоҷикистон дар итоати ҳукумати иҷроияанд, лоиҳаи қонуни мазкурро қабул карданд. Тавре худи коршиносони рус дар чунин мавридҳо дар баробари амалҳои Путин мегӯянд, «Патсан сказал, патсан сделал».

Акнун ин қонун мансабдорони русро маҷбур мекунад, ки дар муддати се моҳ тамоми маблағҳои худро бозпас ба Русия баргардонанд ва амволи ғайриманқули худро, ки берун аз Русия аст, маълум намоянд ё то қабул шудани қонуни мазкур ба таври ихтиёрӣ аз вазйфа истеъфо диҳанд. Ин раванд аллакай оғоз шуду дар як ҳафта се вакили Думаи давлатӣ ба хоҳиши худ ба истеъфо доданд.

Коршиносони наздик ба Кремл яке аз дигар бартарияти асосии ин қонунро дар он медонанд, ки маблағҳои бо роҳҳои фасод ба даст омада ниҳоят ба Русия бармегарданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи маълумоти оморӣ танҳо дар моҳи январи соли 2013 аз Русия беш аз 10 млрд. доллар ба манотиқи оффшор ё дур аз назорати андоз бурда шудаасту доштани амволи ғайриманқули чандсадҳазориву чандсадмиллиондолларӣ дар мамолики Ғарб барои элитаҳои ҳумкрони Русия мӯди рӯз аст. Путин дар ҳалли ин ду мушкили низоми эҷодкардааш: берунбарии сармоя аз ҷониби элитаҳо ва кабӯтари дубома будани мансабдорони муҳими давлатӣ то куҷо муваффақ мешавад, суоли рӯз аст, албатта, вале оё ҳамчунин мушкилотро Тоҷикистону президент Эмомалӣ Раҳмон низ доранд?

Баҳси 2,4 млрд. элитаҳои тоҷик

Дар доираҳои коршиносӣ ва журналистӣ кам касон шубҳа доранд, ки на танҳо мардум, балки мансабдорони тоҷик низ пулҳои худро дар бонкҳои Тоҷикистон нигоҳ намедоранду дар бонкҳои хориҷа «барои рӯзи мабодо» пасандоз мекунанд ё моликият мехаранд, аммо баръакси Алексей Навалниӣ, ки амволдории Владимир Пехтини ба Путин наздикро дар ИМА фош карду боиси истеъфояш аз Думаи давлатӣ шуд, мисолҳои мушаххас намеоранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамтоёни ғарбии онҳо аз ин мушкили Тоҷикистон бохабартаранд.

Тибқи ҳисоботи Tax Justice Network, як муассисаи мустақили бритониёӣ, то соли 2011 аз Тоҷикистон, 2,4 миллиард (!) доллар ба минтақаҳои оффшории дунё рафтааст. Яъне новобаста ба он ки кишвари мо миёни давлатҳои Иттиҳоди Шӯравии собик қашшоқтарин давлат ба ҳисоб меравад, мансабдорон ва соҳибкоронаш дар минтақаи оффшор 2,4 миллиард доллар пул доранд. Чун соҳибкориву иқтисоди бузург бе иштироки ҳукумат дар шароити Тоҷикистон имконнопазир аст, пас метавон гуфт, ки ин 2,4 миллиард доллар ба элитаҳои наздик ба ҳукумат, боз ҳам дақиқтараш ба ҳукуматиҳо тааллуқ доранд. Чун гардиши молии КВД «ТАЛКО», ки бо иҷозаи худи ҳукумат аз оффшор истифода мекунад аз 900 миллион доллар зиёд несту гардиши пӯшидаи ширкати пулчинаки IRS , ки дар минтақаи оффшор сабти ном шудааст, то 100 миллион доллари ИМА аст, пас метавон тахмин зад, ки роҳбарияти давлати Тоҷикистон назорати чизе беш аз 1,2-1,4 миллиард доллар сармояи тоҷикии манотиқи оффшорро зери назорат надорад ва шояд намедонад, ки он ба киҳо тааллуқ доранду чӣ балоҳое сари ҳукумат оварда метавонанд.

Дар чунин вазъ, оё зарурияти қабули чунин қонуне дар Тоҷикистон низ ба манфиат хоҳад буд ё хайр?

Зеро мусаллам аст, ки қисми асосии маблағҳое, ки дар бонкҳои хориҷа гузошта мешаванд ба воситаи фасод ба даст омадаанд. Дар кишвари фақрзадае чун Тоҷикистон, ки маоши мансабдоронаш на зиёда аз 500-600 доллар аст, миллионерҳои ҳукумативу наздиҳукуматияш ё имтиёзи фасодолуда доранд, ё дузданд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам онҳо барои низоми мавҷуда ва бақои он хатарноканд. Ин аст, ки барои пешгирии фасод дар Тоҷикистон ҳам пешниҳод ва ҳам қабули чунин қонун, дар баробари муҳим буданаш, як ҷасорати хосаеро мехоҳад. Мутаассифона, чунин ҷасоратро вакилони парлумони тоҷик надоранд. Пас, чунин қонун ба шарте қабул мешавад, ки онро президенти кишвар пешниҳод кунад.

Оё президент метавонад?

Агарчи президент Эмомалӣ РАҲМОН дар чанде аз суханрониҳои худ аз мансабдорон ва соҳибкорон хоҳиш намуд, ки маблағҳои худро дар бонкҳои ватанӣ нигоҳ доранд ва маблағҳои дар бонкҳои хориҷа доштаашонро ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол диҳанд, вале вазъи бади низоми бонкии Тоҷикистон ва худ ҳамин 2,4 миллиард доллари бонкҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки мансабдорони мо дархости президенти моро чун Фармони 622-и роҳбари давлат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ» ба зудӣ фаромӯш карданд. Ростӣ, дар чунин мавридҳо шубҳа мекунам, ки низоми давлатдорӣ дар Тоҷикистон авторитарӣ бошад, зеро роҳбари худкома, ки гуфт, бояд иҷро шавад, вале дар мо маъмулан иҷро намешавад. Вале дар ҳоли ҳозир, ба назар мерасад, ки бо назардошти интихоботи ноябрии президентӣ президент Эмомалӣ Раҳмон метавонад, зеро чанд мушкил: берун рафтани сармоя аз кишвар бо истифода аз манотиқи оффшорӣ ва осебпазир будани мансабдорони сатҳи болоӣ дар баробари ҳифзи манофеъи миллӣ ва давлатӣ ҳаминро тақозо мекунад.

Милликунонии нухбагон

Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор ШИРИНОВ бо каф дар даҳан изҳор медорад, ки маблағи ба оффшор беруншуда ғайриқонунӣ нестанд. Бале, ҷаноби раис, аксарият медонанд, ки истифода аз оффшорҳо барои оптимизатсияи ин ё он бизнес тибқи қонунгузорӣ ҷорӣ мешавад. Вале мавҷудияти чунин миқдори калони капитали тоҷик дар оффшорин таҳдиди бузург ба иқтисодиёти кишвар нест? Магар дар як вақт шаҳрванди Тоҷикистон мансабдори воломақоми ҳукуматӣ ё вакили парлумон будану дар хориҷа миллион-миллион доллар ё моликият доштан ин ё он вазир ва ё роҳбари КВД-ро кабӯтари дубома намекунад?! Магар чунинҳо кафолати гирифтори бозиҳои хадамоти ҷосусии кишварҳои, дигар нашуданро доранд? Магар онҳо ба давлати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон содиқ монда-метавонанд? Не ва боз ҳам не.

Барои ҳамин ҳам, қабули чунин қонун дар кишвари мо низ айни муддао хоҳад буд. Манъ намудани амонатгузории хизматчиёни давлатӣ дар бонкҳои хориҷӣ, хариди моликият аз ҷониби онҳову фарзандонашон дар хориҷи кишвар кори хеле наҷиб ҳам ҳаст. Аз ҷумла, амали мазкур чунин имкониятҳоро фароҳам месозад;

1. Назорати ҳаракати сармоя дар мамлакат дар сатҳи зарурӣ ва дуруст ба роҳ монда мешавад;

2. Соҳибкорону мансабдоронро ҷиҳати сармоягузорӣ намудан ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ҷалб менамояд;

3. Ҷалби пасандозҳо ба бонкҳои ватанӣ афзун мегардад ва чунин рафтор имконияти бонкҳои тиҷоратиро ҷиҳати пешниҳоди қарз бо фоизи паст зиёд мегардонад. Зеро дар шароити муосири инкишофи фаъолияти боккӣ дар мамлакат ҳолати ҷалби пасандозҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ қаноаткунанда набуда, иқтидори онҳо ҷиҳати пешниҳоди қарз бо фоизи паст куллан нокифоя мебошад;

4. Назорати амалиёти асъорӣ дар мамлакат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад;

5. Сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои гуногуни афзалиятноки миллӣ зиёд мегардад;

6. Садоқат ба давлатдории миллӣ таъмин шуда, суботи ҷомеа устувор мешавад.

Дар кул, ин гуна фаҳмиши масъала ва барномаи амал худ милликунонии нухбагони тиҷоративу сиёсии Тоҷикистон аст бо шеваи путинӣ, албатта. Ҷомеаи мо, ҳукумати иҷроия ва парлумони Тоҷикистон зиёд дӯст доранд, ки аз Русияву Путин нусха бардоранд ё тақлид кунанд. Гоҳо ба манофеи миллӣ ва аксаран баръакс, вале чунин ба назар мерасад, ки тақлид дар ҳамин масъала ба манфиати кор хоҳад буд.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: