Маспор ватанро ба казову кадар, эй дуст

Эхсони Шариф, чомеашинос ва рузноманигор

Эй мардуми азизи ман, эй тоҷикони асилу боғуруру сафшикан! Руҷӯе ба якояки шумо дорам. Ман ҳам ба мисоли шумо як бечораву мазлумам, ки ҷабру зулми як тоифаи золимро тоқат мекунам. Ба бечорагиву нотавонии худ, ба мазлумии худ ки ҳоло на рӯҳам озод асту на равонам ором аст, мегиряму мегирям. Дар таърихи худ миллати азизи ман чунин хориву залолатро надида буд.

Имруз барои миллати ман гуиё рузи марг фаро расида бошад ва гуиё поёни зиндагиаш бошад, дар нигоҳи кудакони бечораи мову шумо ки онхоро ҳатто гуломи дари як фиръавни беақлу бенасабе кардаанд, шароре нест, дар дили мову шумо гуиё охирин шуълаҳои зиндаги ламъаи охирини худро мезанад. Ҳоло замонае расидааст, ки дар он вокеан пинхонтар аз хакикат ва ошкортар аз дуруг чизе намонда ва хамамон дуруг мегуему дуруг мешунавем ва ба ин дуругхои худу дигарон бовар мекунем.

Имруз чи замоне аст ки хама аз гуфтани хакикат метарсем. Имруз сари мо нафароне фармон медиханд, ки худ аз сатхи мо хазорон мартаба поинтаранд, беаклу бефазилатанд ва дар фитраташон аз хилкати одамӣ заррае набудаву нест. Имруз хамаи мову шумо мазлуму бечораем, имруз бубинед, ки ҳатто кудакони мо мазлуму бечораанд, чашмонашон ба чашмони мурда монанданд, лукмаи халоли мову шумо ва лукмаи халоли фарзандони мову шуморо кихо дар тарабхонахову дар коххои бархаво ва дар касру фарогатгоххо, дар ишратгоххо нуши чон мекунад.

Имруз руху равони мо дар тилисм аст, имруз маънавиёту ахлоки волои мо ки аз ниёгони мо ба мерос расида дар болои вартае карор дорад, ки андаке пас аз дастамон фуру хохад афтод ва бебозгашт мову шумо асолати худро аз даст хохем дод. Имруз Точикистон дар тилисми чодугарон аст, ки рахо шудан аз чанголи хуношоми онон осон нест, аммо худованд мову шуморо дар панохаш нигох хохад дошт ва ин танхо як озмоише аз тарафи яздон аст. Худованд моро имтихон карда истодааст, ки оё чун муъмини асил ва чун инсони арзанда аз хукуку озодихои худ дифоъ карда метавонем ва ё не?

Имруз бубинед, ки дар чахони муосир аз мо хортар ва аз мо бехукуктар миллате хаст ё на? Албатта шармзадатарин ва хортарин, мазлумтарину бечоратарини мардум дар сайёра моем. Эй мардум, вакти аз синахо доди бедодӣ кашидан расидааст, вакти аз зулму чахолати ду-се чохили хунхор баромадан ва дам аз озодии худ задан расидааст. Имруз лаънат фиристодан ба душманони миллати мо, ки болои сари мо нишаста моро саркуб мекунад расидааст, худованди бузург бо мост ва аз мо такозои худованд аст, ки минбаъд зулмро тахаммул накунем, вагарна мазлумии мо ба куфр баробар аст ва гунохи мо баробари гунохи хамон золим аст, ки зулмашро тахаммул мекунем. Охир наход мо ин кадар беирода бошем, ки хатто сухан аз озодиҳои худододаи худ накунем.

Миллати мо он миллатест ки хазорон сарбаландону фархехтагон ва гарданкашони ғаюру тавоноро ба чахониён додаст ва акнун мову шумо магар мегузорем, ки дар бечорагиву мазлуми шинохта шавем. Хазорон нафар фардони корозмудаву донишманд ва фозилу хирадманд хастанд, ки ба хубиву сухулият ва ба сабукиву озодаги кишвари моро пеш хоханд бурд. То ба кай аз як махал як кабилаи авбошу бенасаб сари мо фармофармоои беаклона мекунад? Ин тоифа як пуштибон дорад, ки он хам бошад дастнишондагони яхудии кремлин аст, путин аст ва медведев аст, ки харгиз ин тоифа намехохад, ки Точикистонро шахсиятхои арзанда сарвари кунанд. Ин сарнишинони курдил харгиз ободии моро намехоханд, вагарна аз ин палидон дифоъ намекарданд. Онхо мехоханд болои сари мо зулму истибдодро абадан пойдору мустакар бидоранд, онхо мехоханд ки мо бечораву мазлум ва бардаву гулом бошем, барои онхо махз замин худ аст.

Имруз замонест ки мо бояд битавонем сухан аз озоди ва хукукхои аздастрафтаи худ бигуем. Бубинед чи кадар маблагхо ба кишвари мо ворид шудааст, ки агар он маблагхоро ба мардум хатто агар накд таксим мекарданд, имруз дар Точикистон касе гурусна ва мухточ намемонд, кишвар гул-гул мешукуфт, ин маблагхо ки имруз чун карз аст, дар гардани мову шумост аммо дар кисаи як тоифаи дузду гурусначашм, нодидаву курдил ва носераму авбош мондааст, ки ба маоши худи мо ба мо миннат мегузоранд ва аз ҳаққи худи мо болои мо мартабат мечуянду зиёдарави мекунанд.

Имруз меъдахои онхо кариб ба кафидан расидааст ва замоне расида, ки бар дахонашон навдаи бед баста биронемашон то ба монанди тимсохи гурусначашм офтоби озодии моро аз меъдаи палиди худ рахо кунанд ва рушани сари мардуми мо шаъшаъапоши кунад.

Имруз шамъи шаби тори моро гирифтанд, пагох мехоханд хатто офтоби осмони моро фуру бибаранд. Магар намебинед, ки чи кадр чавонмардонро куштанду гарданкашонро махкуму махбус кардаанд ва агар имруз мову шумо доди бедоди накашем хамаи мову шумо асолати худро ва асолати ояндагони худро аз даст хохем дод. Дигар тахаммул натавон кард ва агар ин зулмро хам тахаммул кунем, пас бидонед, ки мо аллакай мурдаем, пас мо зинда нестем.

Дар иди навруз магар надидед ки дар хамин шароити нодории мардум ин кадр харочоту дабдаба ва аз хама кори касифонатарин он буд ки фарзандони мову шумо чун гуломакони халкабардуш ба ин покиву беолоиши, ки худованд барояшон додаст ба пеши пои ин касифи фиръавн сари таъзим фуруд оварданд, ин магар шармандаги ва хори мову шумо нест.

Дар навохи мардум аз гуруснаги чон меканаду у бошад ракс мекунад, ин шармандаги нест? Кишвари мо миллионхо карз дораду ин чо миллионхо сомони аз хакки ману шумо ин нафарон чашну бози мекунанд ва хама барои як оила дар ин кадар майдони калон чашн меороянд ва ин оилаи харомхор бошад шодона ва магрурона халоват мебарад аз бечорагии мову шумо. Дар кадом як гушаи кишвар имруз аз гуруснаги мемирад бечорае, дар кадом як гушае бечораи дигар дар дарду мотам гирифтор, дар кадом як гушае точике чун бардае ба Хориву мазаллат зери пои кадом як ачнабиеро тоза мекунаду аз зиндагиву аз ин олам пушаймон ва дард мекашад, кадоме дар андешаи пагох ба чучаяконаш аз кучое ризк ёфтан асту ин тудаи кафторхои харомхор сари худро ба юндии айшу ишрат фуру фароварда халоват мебаранд.

Шумо бубинед, ки махалгароиву кавмгароии ин мардум чи андоза аст, ки дар чамоаи ахди кидам хатто вучуд надошт. Ин кадр махагаро, кавмгарову кабилагаро ва тудагаро астанд, ки киёс надорад ва ин далолати пасмондагии онон аст. Магар пастиву касифи набуд ки барои сиёсат ва маъмурият шири мукаддаси модарро дар миёни мардум бар забон овард. Шояд инро кадом забондоне махсус карда буд, ки уро шарманда кунад. Дар таърих касеро дидаед, ки ба шири модараш дар миёни мардум кассам хурад, ин пасти нест магар? Имруз акнун у касамзада шудааст ва он нафароне ки дар атрофаш буданду хастанд ва ин матни касамёдашро навиштанду барояш доданд, магар ин рузро мунтазир буданд, ки дар дил табли шодиву фарах мезананд. Ин тоифа кунун батамом хакки сарвариро, хакки идора кардан аз иродаи мардумро, хаки дифоъ аз хукук ва озодии мардумро аз даст додааст. Имруз ин тоифа бояд назди конуни худованду назди конуни башар чавоб бигуяд.

Бас аст, эй мардум, бас аст эй мардум. Ё марг ё зиндагии озодона.

Касам ба изату кадру макоми озоди,
Ки рухбахши чахон аст номи озоди.

Ба пеши ахли чахон мухтарам бувад он кас,
Ки дошт аз дилу чон эхтироми озоди.

Чи гуна пой гузори ба сарфи даъвати шайх,
Ба маслаке, ки надорад мароми озоди?

Хазор бор бувад бех зи субхи истибдод,
Барои дастаи побаста шоми озоди.

Ба рузгор киёмат бапо шавад он руз,
Кунанд ранчбарон чун киёми озоди.

Агар худой ба ман фурсате дихад як руз,
Кашам зи муртачиъин интикоми озоди.

Бигзор ин шеър ба хамешаги шиори мову шумо бошад ва ман аминам ки имруз тамоми мардуми Точикистон бар зидди ин тоифа бархостааст, чи аз Рашту чи аз Ашт, чи аз Кулобу чи аз Варзоб, чи аз Бадахшону чи аз Зарафшон, чи аз Хисору чи аз Хатлон, чи аз Исфараву чи аз Кубодиён:

Ай хашми ба чон тохта туфони шарар шав,
Ай бугзи гуландохта фарёди хатар шав.

Ай руйи барафрухта худ парчами рах бош,
Ай мушти барафрохта афрохтатар шав.

Ай хофизи чони ватан аз хона бурун ой,
Аз хона бурун чист, ки аз хеш бурун шав.

Гар шуъла фуру резад биштобу маяндеш,
Вар тег фуру борад эй сина сипар шав.

Хоки падарон аст ки дасти дигарон аст,
Хон эй писарам хонанигахдори падар шав.

Девори мусибаткадаи хавсала бишкан,
Шармомада аз ин хама сабри ту зафар шав.

То худ чигари рубахаконро бидарони,
Чун шери дари беша саропой чигар шав.

Маспор ватанро ба казову кадар эй дуст,
Худ бар сари он тан ба казо дода кадар шав.

Фарёд ба фарёд бияфзой ки вакт аст,
Дар як нафаси тоза асархост асар шав.

Ай точики озода чахон чашм ба рох аст,
Ин мулки кухан дар хатар уфтода хабар шав.

Муште хасу хоранд ба як шуъла бисузон,
Бар зулмати ин шоми сияхфом сахар шав.

Биёед ин шеърро хар як фарди точик бояд имруз бидонаду замзама кунад, ин пораи шеър рухи озодиву озодагии моро ба галаён хохад овард, ин шеър дуоест аз парастиши хилкати нек дар фитрати мо ва ин шеър даъвате аст ба амри яздони пок ки моро озод офаридааст. Ин шеър бояд шеъри озодии хар як фарди Точикистони азиз бошад.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: