Хочи Акбар ТУРАЧОНЗОДА: ДАР МИНБАРИ МАСЧИД БУДАН, ШАPТ НЕСТ

А.Каюмзод «Фараж» №09 29.02.2012

Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии даъвои бародарон Тӯраҷонзодаҳо – рӯҳониёни машҳури кишвар алайҳи Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламоро ба анҷом расонд. Додгоҳ даъвои бародарон Тӯраҷонзодаҳоро рад ва раиси Шӯрои уламоро сафед кард.

Дар як сӯҳбате аз Ҳоҷй Акбар Тӯраҷонзода – қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон пурсидам, ки аз ин баҳси додгоҳӣ чӣ таваққӯъ дошту чӣ бардоште ҳосил кард?

– Ҳанӯз аз ибтидои ба вуҷуд омадани ин баҳс мо дар асоси сӯҳбатҳои шахсиятҳои мӯътабару мӯҳтараме мисли Алломаи регарй ва домулло Муҳаммаднабй, ки узви Шӯрои уламоянд ва дар он маҷлис иштирок доштанд, қаноат ҳосил карда бу­дем, ки он алфози таҳқиромезе, ки бар зидди мо дар қарори Шӯрои уламо ва ду санади дигар зикр ва дар «Ховар» нашр шуда буд, дар он ҷаласа аз тарафи ҳеҷ кас гуфта нашудааст. Аз ин хотир, мо ба додгоҳ муроҷиат кардем. Заро мо бовар дорем, ки суханҳои таҳқиромезе, ки дар қарори Шӯрои уламо ва муроҷиатномаи бо номи «Тӯраҷонзодаҳо боз як бори дигар дар саргаҳи иғво ҳастанд» ва «эроди Шӯрои уламо», ки дар сайти «Ховар» нашр шуд, дар асоси суханҳои аъзои Шӯрои уламо таҳия нашу­дааст. Баъдан дар рафти суд ин ҳақиқат ошкор шуд ва аз ҳафт нафар шоҳиде, ки чор нафараш бо пешниҳоди мо ва се нафараш аз ҷониби Мукаррам даъват шуда бу- данд, пурсидем, ки оё шумо худатон ё ягон каси дигар аз аьзои Шӯрои уламо калима- ҳоеро мисли «Тӯраҷонзодаҳо мазҳабфурӯш ҳастанд», «дурӯя», «серӯя», «иғвогар», «ҳил- лагар», «ҷангандоз» ва ғайра аз забони шумо дар ҳамон ҷаласа садо дода буд? Ҳамагй, ҳатто шоҳидоне, ки аз тарафи Мукаррам омада буданд, шаҳодат доданд, ки чунин суханҳоро дар он маҷлис касе нагуфтааст ва онҳо аз касе нашунидаанд. Аммо дар рӯзи аввали мурофиа, вақте ки саволу ҷавоб бо Мукаррам буд, ба ҳамин саволҳо ҷавобаш ин буд, ки ман ин суханҳоро нагуфтаам, балки ин суханҳои аъзои Шӯрои уламо аст. Хонандаи гиромӣ, касе бовар надошта бошад, метавонад ба стенограммаи суд муроҷиат кунад.

Домулло Муҳаммаднабӣ, ки аз аввалин шоҳидҳо буданд, вақто ки ин саволро ба эшон додем, бо чунин ҳарф ҷавоб дод: «Ҳошо лиллоҳ, ки чу­нин суханҳоро ман гуфта бошам, ё аз забо­ни касе шунида бошам». Дигар шоҳидҳо низ ба ҳамин мазмун шоҳидй доданд. Модоме ки ягон нафар аз аъзои Шурой уламо дар ҳаққи мо чунин суханҳоро нагуфта бошанд, пас чй гуна ин ҳақоратҳову туҳматҳо дар қарор ва муроҷиатнома аз номи Шурой ула­мо пайдо ва пахш шуд? Магар ин амал тақаллуб ва хиёнат нест? Чун қарор бояд дар асоси суханрониҳои аъзои Шурой уламо навишта шавад. Вале чуноне, ки дар раф­ти мурофиа ба мо муайян шуд, ин санадҳо дар асоси суханрониҳо навишта нашуда­аст. Вале инҷо биёед як каме ба қафо, ба асли мавзӯъ баргардем. Ҷаласаи Шӯрои уламо рӯзи шашуми декабр дойр шуд. Дар он ҳамагй 14 нафар аз аъзои Шурой уламо ҳузур доштааст. Ҳол он ки, аъзои доимии ин Шӯро иборат аз 25 нафар аст. Барои эҷоди кворум ҳадди ақал бояд 16 нафар аз аъзои он ҳузури мустақим медоштанд. Агар ин шумора ҷамъ наомада бошад, яъне аз 16 нафар кам бошанд, бояд ҷаласаро баргузор намекарданд ва агар рафту маҷлисе ҳам баргузор шуда бошад, он ҳаққи қабул кардани қарор ё ягон ҳуҷҷати расмиро надорад. Чунин аст талаботи қонун. Аммо баҳонаи он, ки бо чор нафар аъзои Шӯрои уламо аз тариқи телефон дар тамос шуда, розигиашонро гирифтаанд, аз назари қонун, ин даъво низ беасос аст. Зеро қонунгузории Тоҷикистон чунин тартиби қабули санади расмиро иҷоза надодааст. Дар шариати исломй низ хабари телефонй дар масоили шаръй ҳуҷҷати шаръӣ ҳисоб намешавад.

Дуввум. Шӯрои уламо тибқи низомномааш ҳаққи маҳкум кардани касеро надо­рад. Онҳо фақат метавонанд фатво содир намоянд. Яъне ягон масъала ё мавзӯъи фиқҳиро арзёбй карда, ҳукми шариатро дар робита ба ҳамин мавзӯъ баён мекунанд. Салоҳияти Шӯрои уламо ва Маркази исломй дар ҳамин ҳад аст. Аммо маҳкум кардан дар салоҳияти як ташкилоти ҷамъиятй нест. Хусусан нисбат ба ташки­лоти дигар ва ё шахсиятҳои дигар, ки шаҳрвандони комилҳуқуқи ин ҷумҳурӣ ҳастанд ва аслан онҳо зердаст ва тобеи Маркази исломй ва Шӯрои уламо нестанд. Масҷиди мо вобастаи Маркази исломй ва  Шӯрои уламо набуд ва мисли дигар ташкилотҳои ҷамъиятиву динй дар доираи қонун мустақил мебошад. Аз ин рӯ, онҳо ҳақ надоштанд моро муҳокима ва маҳкум кунанд. Қонунгузории Тоҷикистон ва шариати исломй низ ин ҳақро ба онҳо надодааст. Муҳокимаро танҳо додгоҳниҳоди қазоия анҷом медиҳад.

Сеюм. Агар худро ҳамчун маҳкамаи шаръии исломй ҳисобида, фаразан ҳаққи муҳокима кардан медоштанд, тибқи талаботи мазҳаби ҳанафй бояд муҳокима бо ҳузури шахсии мо ва ё вакилони расмии мо баргузор мешуд. Аммо ин ҷанобон моро даъват накарданд, хабардор ҳам накарданд, ки моро «муҳокима» мекунанд. Ин вайронкунии ошкорои талаботи фиқҳи мазҳаби ҳанафй ва тамоми мазоҳиби аҳли суннату ҷамоат мебошад. Касе, ки китоби қазои фиқҳи ҳанафиро хонда бошад, ин нуктаро хуб медонад.

Чорум. Ҷои тааҷҷуб аст, ки дар он пала­са аъзои раёсати Шӯрои уламо ҳузур на- доштаанд. Масалан эшони Абдулбасир, муовини аввали раиси Шӯрои уламо, ки дар Душанбе зиндагй мекунад, дар он ҷаласа ҳузур надошт. Сархатиби вилояти Хатлон эшони Сайидҷон ҳузур надошт. Мулло Ҳайдар аз Кӯлоб ва Ҳусейн аз Хуҷанд ҳузур надоштанд. Тибқи низомнома даъвати маҷлиси Шӯрои уламо бо қарори раёсати Шурой уламо бояд сурат бигирад. Чуноне ки маълум шуд, ҳеҷгуна маҷлиси раёсат пеш аз баргузории он ҷаласаи Шурой уламо дойр нагаштааст ва чуноне ки боз маълум шуд, дар худи ҷаласаи Шурой уламо аъзои раёсат иштирок на­доштанд. Магар ҳамаи ин корҳо саволбарангез нест??? Чаро накӯшиданд, ки ҳамаи онҳо иштирок кунанд? Инҷо ман гумон дорам, ки шояд Мукаррам бо ҳадафҳои шахсии худаш ин корро кард, ё шояд баъзе ба ӯ супориш дода буданд, ки ин корро тезтар анҷом диҳад. Ҳарду вариант ва ҳарду фарзия ҷой дорад. Вале гумони ман он аст ки варианти дувум нақши бештар дорад. Чунки агар матнҳои ҳам қарори Шурой уламо ва ҳам он муроҷиатномаро бихонед, онҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Нависандааш як одам нест, аз рӯи услуби навиштааш фарқ мекунад. Имкон надорад, ки дар ду соати кори ҷаласаи Шӯрои уламо, ки аз соати 10 то 12:20 дақиқа давом кардааст, ҳамин гуна як матни калони панҷсафҳаӣ:- «муроҷиатнома» ва «қарори Шӯрои уламо» дар якуним саҳифа ва «эроди Шӯрои уламо»-ро дар се саҳифа навишта ва ба аъзои Шӯрои уламо бихонанд ва розигии онх;оро бигиранд. Дар рафти муҳокимаи судй шоҳидҳо тасдиқ карданд, ки фақат матни қарор хонда шудааст. Дар бораи муроҷиатнома ва эрод чизе мо шунидагй нестем. Худи Мукаррам низ иқрор кард, ки аз сабаби набудани вақт фақат матни қарор хонда шуду матни муроҷиатнома хонда нашуда буд. Ҳоло он ки 80 дар сади ҳақорату таҳқирҳое, ки ба унвони мо гуфтаанд, дар ҳамин муроҷиатнома омадааст. Ман то имрӯз ягон нависандаи хуби тоҷикро намедонам, ки дар давоми ним соат матни «қарор», «муроҷиатнома» ва «эроди Шурой уламоро», ки ҷамъан зиёдтар аз нӯҳ саҳифаи чопии А-4, ки пур аз таҳқир аст, бинависад.

– Раиси Шӯрои уламо мӯътақид аст, ки ин санад, санади ҷамъй ва онро ҳайати аъзои Шӯрои уламо навиштаст. Вале он чи ки Шумо мегӯед, баръакси он аст ва мисле, ки аксарияти узви Шӯрои уламо аз мӯҳтавои он огоҳ нестанд. Ин паҳлуи масъала дар мурофиаҳо фош шуд?

Бале, ин ҳама ошкор шуд ва худи Мукаррам ҳам дар мурофиа маҷбур шуд, эътироф кунад ва фақат як шоҳид аз ҷониби Мукаррам (имоми масҷиди Мавлонои н. Рудакй) гуфт? ки аз сабаби наздик шудани вақти намоз мо муроҷиатномаро ба аъзои Шӯрои уламо хонда дода натавонистем.  Инро худашон ошкор дар суд иқрор карданд.

-Aммo қарори он маҷлис хонда шудааст…

Бале, қарорро ба ҳозирин хонда додаанд ва ҳозирин барои қабули он даст бардоштаанд, Аммо вақте мо аз шоҳидҳо пурсидем, ки дар ин қарор моро «дурӯя» хондаву дигар таҳқирҳо кардаанд, ҳол он ки худи шумо шаҳодат додед, ки чунин суханҳо аз даҳони касе набаромада буд, чи гуна ин суханҳо дар қарор дохил шуданд ва чаро шумо барои қабули ин қарор даст бардоштед? Ҷавобашон чунин буд, ки мо надонистем, ки дар ин қарор чунин суханҳо дар ҳаққи шумо ҳаст. Аммо вақте, ки ҳама даст бардоштанд, мо низ даст бардоштем. Зеро пешин наздик шуда буд. Бояд тезтар ба масҷид мерафтем.

-Аз он, ки аз чунин калимаҳои ҳақоратбор огоҳ нестанд, пас матни онро дар ғайби аъзои Шӯрои уламо навиштаанд?

Ба фикри ман матни қарорро пешаки навиштаанд. Калимаҳои дилхоҳи худро дар онҷо ворид карданд. Ва дар охир матнро хонданд. Вақте аз шоҳидҳо пурси, ки аз ҳамин шаш нафаре ки дар мачлис суҳбат карданд, кадом яке аз онҳо калимаҳои таҳқиромезро дар ҳақи мо гуфт мегӯянд, ки мо нагуфтем ва аз касе нашунидем. Ҷои тааҷҷуб инҷост. Яъне суханҳое, ки дар санадҳои Шӯрои уламо ҳаққи мо омадааст, касе онро аз ҳозирини он маҷлиси Шӯрои уламо ба забон наовадааст, вале дар санадҳо бо тафсил ва бо рангу бор, бо сӯзу гудоз ва нафрату ват ин алфози тӯҳмату ҳақорат дар хакки мо оварда шудааст.

-Мавқеъ ва посухи шоҳидҳо в Шумо аз онҳо суол мекардед, чи хел?

Аз ҷониби мо чор ва аз ҷониби айбдоршаванда се нафар шоҳид шаҳодат доданд. Шоҳидҳое, ки аз тарафи мо даъват шуданд, ҳеҷ кадоми онҳо шогирд, мухлис мурид ва ё ҳаммаҳалу хешу табори мо нестанд. Шоҳидҳои мо домулло Myхаммаднабй, домулло Имомуддин, доммулло Маъруфи элокй ва мулло Давлат, имоми маҳаллаи Қазокон буданд, ки дар ҷараёни мурофиа иштирок доштанд. Алломмаи регарй ҳам шоҳид буданд. Аммо бо сабабҳои ба ҳама маълум Эшонро имкон доданд, ки дар мурофиа иштирок намояд Домулло Муҳаммаднабӣ ошкоро гуфтанд ки ягон сухани таҳқиромез дар шаъни шуморо дар он ҷаласа аз забони ягон нафар нашунидаанд. Ва афзуданд, ки мо намедонем, ки чунин калимаҳои ҳақорату қиромез дар матни ин қарор аз куҷо тавр ворид шудааст. Ҷиҳати истигробу тааҷҷуби эшон ҳамин буд, ки ин калимахои аз куҷо пайдо шудаанд. Аммо шоҳи ки аз ҷониби айбдоршаванда сухан карданд, сархатиби шаҳри Ваҳдат, хатиби масҷиди Мавлоно аз ноҳияи Рӯдакй Душанбе ду нафари дигар буданд. Вакте аз онҳо низ пурсидем, ки калимаи дурӯя», «мунофик,», «мансабхоҳ», «як бо Тоҷикистонро ба ҷанг кашиданд» ва игвогару дигару дигар аз тарафи кй садо дод мегӯянд, ки ҳеҷ кас ин калимаҳоро ба наовардааст ва мо нашунидаем. Ҷавоби ҳамаашон чунин аст. Яъне ягон калимаи  ҳақорат бар зидди мо дар онҷо зикр нашуда будааст. Дар ҷараёни мурофиа мо протоколи ҷаласаи Шӯрои уламоро талаб кардем. Протоколро раиси суд қироат карданд ва як нусхааш дар дасти мо низ ҳаст. Дар ин матни протокол низ ягон лафзи ҳақорату таҳқир, ки 38 маротиба дар қарору муроҷиатнома зикр шудааст, ёфт намешавад. Аҷаб!!! Тибқи муқаррароти мавҷуда, қарор ва муроҷиатнома бояд дар асоси протоколи маҷлис навишта шавад. Аммо дар қарор ва муроҷиатномаи Мукаррами Абдулқодирзода суханҳое оварда шудааст, ки дар протокол вуҷуд надорад.

-Чанд нафар имомхатибонро ба маҳзи қироат накардани қарори Шӯрои уламо аз вазифақо берун карданд?

16 нафарро рӯзҳои аввал ва боз даҳ нафари дигарро ҳафтаи баъд сабукдӯш карданд. Ин домуллоҳои мӯҳтарам ва боинсофу худотарс нахостанд дар гуноҳи бузурги тӯҳмати як бародари мусулмони худ шарик шаванд, аз ин рӯ аз қироаташ худдорй карданд ва баъзеи онҳо пеш аз ҷамъ шудани мардум болои минбар баромада, матнро қироат карда, сабт менамояд ва он сабтро ба идораи амнияти маҳал пешниҳод мекунад. Бандаи Худоро «сирраш» ошкор шуда аз кор сабукдӯшаш кар­данд. Аммо домулло Абдураҳими қазоқониро, ки аз олимҳои хубу худотарсу ботақво буданд ва сухангӯи моҳир ҳам ҳастанд, барои нахондани матни қарори Шӯрои уламо бисёр озору азияташ доданд, аммо рӯзҳои аввал аз вазифа сабукдушаш накарданд. Гумон мекунам сабаби асосии сабукдӯш шудани эшон натанҳо нахонда­ни қарор, балки якҷо бо Ҳоҷӣ Мирзо як субҳ меҳмони манзили мо шуда буданд ва ба хотири ҳамин «ҷинояти бузургаш» эшонро набахшиданд ва ба суръат сабукдӯшаш карданд. Вақтҳои охир ҳар касе ки меҳмони мо мешавад, агар рафту мансабдоре бошад аз мансабаш сабукдӯшаш меку­нанд ва агар соҳибкор бошад, дар тиҷораташ мушкил меоранд, агар рафту шахси бекор бошад, ба ҳар ҳол даъваташ меку­нанд, чанд соат «насиҳатҳои дӯстона» оид ба зарари дустй ва рафтуомад бо оилаи Тӯраҷонзодаҳо карда, баъд ҷавобаш медиҳанд. Ба тамоми раисони ҷамоатҳо, раисҳои маҳаллаҳо дастур доданд, ки Тӯраҷонзодаҳоро ба маросимҳои маҳаллаатон (ҷаноза, тӯй ва худой) даъват накунед ва хусусан дар ҷанозаҳо ба онҳо иҷозат надиҳед, ки сухан гӯянд ё имом шаванд ва илло аз кор озод мешаванд…

-Чаро Эшони Аллома натавонист дар додгоҳ ҳозир шавад?

Бегоҳӣ баъд аз хуфтан ба эшон занг зада пурсидам, ки домулло, фардо шумо бояд шоҳидй диҳед. Омада метавонед ё не? Гуфтанд иншооллоҳ меоям. Фардо соати 7:30 и субҳ Эшон ба ман занг заданд, ки ҳазрати қозидомулло ман ба роҳ баромадам ва иншоаллоҳ соати 9 дар Душан­бе мешавам. Ба хотири он кас шуда ҳамон саҳар соати 8:15 дақиқа аз хона баромадам, то ки пеш аз соати 9 ба Душанбе бирасам. Аз ДОК гузашта будем, ки эшони Аллома занг зада гуфтанд, ки мо назди бозори Зарнисор расидем, дар куҷо шуморо меёбем? Ман ба ронандаи он кас гуфтам, ки домуллоро ба кӯчаи Бухоро (минтақаи Домпечат) пушти магозаи «Ситора» биёранд, ман шуморо мунтазирам. Тахминан баъд аз даҳ дақиқа дубора занг заданд, ки Қозидомулло «пеши раҳмона гирифтанд, меган, ки наравен ба суд, шумо кордор нашавен». Гуфтам, кй пеши роҳи шуморо гирифт? Гуфтанд, ки кормандони ҳукуматанд, раиси дастгоҳи шаҳри Турсунзода ва сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқуллода ва боз як нафари дигар. Чи кор кунам? Гуфтам ҳарчи дилатон гӯяд ҳамонро кунед. Ба хотири мо шуда худро ба зарар гирифтор накунед. Гуфтам, ки шумо барои аз тӯҳмат наҷот додани як бародари мӯъминатон даъват шудаед. Ин тарафашро худатон медонеду қалбатон. Баъд ҳазрат мебахшй гуфтанду бозгаштанд.

-Баъзехо хуода гирифтанд, ки мулохо – Шумо ва раиси уламо намебоист баҳсро ба додгоҳ мебурданд…

Аслан бояд чунин ихтилофҳо эҷод намешуданд. Мо ба Шӯрои уламо, Мукаррами Абдулқодирзода коре надоштем. Онҳо низ бо мо бо ин услуби таҳқиру ҳақорат даргир намешуданд. Болои ин ҳама ҳақорату таҳқиру тӯҳматҳо аввал Мукаррам моро ба суд дод. Баъд аз муҳокама ман ва бародари арҷмандам эшони Нуриддинро дар суд ҷарима карданд. Дар як ҷомиаи хуқуқбунёд вақте чунин ихтилофҳо cap мезананд ва имкони аз роҳи мусолиҳа ҳалли он пайдо намешавад, бояд аз роҳи суд ҳалли худро ёбад, на интиқоми шахсй. Ин кори шармандагӣ нест. Шармандагй ин аст ки як гурӯҳе аз мансабу имконоташ истифода бурда, як хонаводаро таҳқир мекунанд. Ин аст мояи хиҷолат ва сарафкандагй. Ҳама хабар доранд, ки дар се-чаҳор соли ахир дар рӯзномаҳои давлатӣ «Ҷумҳурият», «Садои мар­дум» , «Минбари халқ», хабаргузории «Ховар» ва ҳатто дар нашрияҳои вилоятиву ноҳиявй бар зидди банда мақолаҳои зиёде чоп мекарданд. Бо имзоҳои мустаор ва бештар дар асоси хабарҳои оперативие, ки солхои 92-97 дар бойгонии мақомотҳои қудратй ҷамъоварй шудааст. Нашркунандагони ин мақолаҳо хуб медонанд, ки хилофи қонун амал мекунанд. Зеро ҳеҷ ҳуҷҷати оперативӣ бидуни ҳукми суд санади қонунӣ ҳисобида намешавад.

-Ҳоло вазъ чунин шудааст, ки дар шурӯъи ҷанг танҳо як тараф ва бештар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин айбдор дониста мешавад. Фикр мекунед чаро?

То имрӯз ҷанги шаҳрвандии мо баҳои ҳуқуқии худро нагирифтааст. Чи то марҳалаи иҷлосияи Хуҷанд, ки ҷанг миёни Фронти халқӣ ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллй ҷараён гирифта буд ва баъди он иҷлосия, ки байни Иттиҳодияи оппозисиюн ва ҳукумати онруза то соли 97 идома дошт. Ин ҷанг ҷанги шаҳрвандй ва шармандагй буд. Ҷаноби Президент даҳҳо маротиба эълон карданд, ки ин ҷанг аз хориҷа болои мо таҳмил шуд. Ин ҷанг бай­ни гурӯҳҳои ҷиноятпешаву ҷинояткор аз як сӯ ва ҳукумат аз сӯи дигар набуд. Балки ҷанги шаҳрвандй ва бародаркуш буд. Агар чунин набуд созмонҳои бонуфузи байналмилалй барои тафоҳум ва созиши тарафҳо миёнарав намешуданд. СММ, Шӯрои амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони конфаронси исломй, кишварҳое мисли Русия, Эрон, Афгонистон, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон миёнҷигй намекарданд. Дар ҳеҷ куҷо бо ҷинояткорҳо ҳукуматҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалй музокира намекунанд. Хулоса, ин як ҷанги шаҳрвандй буд, ки намешавад онро бо тарозуи қонунҳои ҷиноии кишвар чен карду баркашид. Тарафи Иттиҳодияи оппозисиюн ба он хотир меҷангид, ки ин ҳукуматро эътироф намекард. Ва қаноат дошт, ки ин ҳукумат бо пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Узбекистон сари қудрат омадааст. Ҳатто ба хотири он ки мо розӣ шудем бо ҳукумати Тоҷикистон музокира намоем, Шодмон Юсуф – раиси вақти ҲДТ бо нишони эътироз аз ҳайати оппозисиюн хориҷ шуд. Зеро мавқеи он кас чунин буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мо бо ҳукумати Тоҷикистон набояд музокира намоем. Аз дидгоҳи Шодмон Юсуф ҳукумати Тоҷикистон та­рафи аслии мубориза нест. Мо бояд бо Русия ва Узбекистон музокира кунем, чунки ҳукуматдорони аслӣ онҳо ҳастанд. Билахира мо, аксарият дар Иттиҳодияи оп­позисиюн ин мавқеи Шодмон Юсуфро қабул накардем, роҳбарони дигари Ҳизби демократ ҳам хушбахтона қабул накарданд ва Шодмон Юсуф аз раванди музокирот ва гуфтушунид хориҷ шуд. Дар ин бора тамоми санадҳо дар бойгонии ман мавҷуд аст. Ва мо бо ҳукумати Тоҷикистон музокирот кардем. Билахира музокироти мо то соли 1997 идома кард ва Санади ҳамдигарбахширо мо ҷонибҳои сулҳкунанда қабул кардем. Ва якдигарро бахшидем ва гуфтем касоне, ки дар давоми ин солхо мукобили якдигар чангиданд, бахшида шуданд. Ва ҳеҷ вақт ҳамдигарро бо бадӣ ёд намекунем. Ва матни он чоп шуд. Ман дар инҷо як банди Санади ҳамдигарбахширо, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Иттиҳодияи опозитсион имзо шудааст иқтибос меоварам: «Барои ватанамон Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои эҳё ва шукуфоии кишвари маҳбубамон, ба ёди шаҳидон ва рӯҳи покашон, ба поси хотири қурбониён, ба хо­тири таскини дили ятимону бевагону падарону модарон, бо назардошти иродаи мардум ба сулҳу оштӣ, бо дарки масъулияти таърихи худ ба гузашта имрӯза ва оянда президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси КОМ ин Санади ҳамдигарбахширо қабул ва эълон менамоянд: – Мо ҳамаи онҳоеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсй силоҳ ба даст гирифтаанд ва ба муқобили ҳамдигар ҷангидаанд афв мекунем. Ғазаби худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки аз паси қасдгирй ва таъқиби озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои мӯқовимат ва мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоянд». Ва дар давоми ин Санад таъкид ме­шавад, ки «Мо сӯиистифода аз имконоти расонаҳои омма ва даъвати ошкоро ба нияти халал расонидан ба раванди Оштии Миллй, иттиҳоми ҳамдигар дар ҳузури ҷамоъат, аз гузашта ба бадӣ ёд карданро маҳкум менамоем».

Модоме ки чунин аст он афсонаҳое, ки доир ба фоҷиаҳои солҳои 92 ва 97 ба мо нисбат медиҳанд, аз рӯи инсоф нест. Мутаассифона дар чор соли ахир ин кор идома дорад. Мо ҳам мақоли халқиро ба инобат гирифтем, ки «… корвон мегузарад» ва ё «ҷавоби аҳмақон сукут», хомӯширо ихтиёр кардем. Вале мутаассифона ин хомушива таҳаммулпазирии моро баъзеҳо нуқтаи заъфи мо пиндоштанд. Бинобар ин ин ма­ротиба мо хомӯш наистодем, зеро он доираҳое, ки ҳамеша чунин бӯҳтонномаҳоро зидди мо ба нашр мерасониданд, ин маро­тиба алайҳи мо Шурой уламоро истифода бурданд. Бинобар ин, дар доираи қонунҳои мавҷуда, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ истифода карда ба додгоҳ муроҷиат намудем. Ман гумон мекунам, ки додхоҳӣ ҷои айб нест. Балки як абзори маъмулии ҳақталабӣ дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст. Агарчанде то бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд марҳалаҳои зиёдеро бояд тай намоем. Мутаассифона, ҳафтаи гузашта дар телевизиони давлатии вилояти Суғд бо ҷалби имомҳои дарборй боз ҳамон тӯҳмату бӯҳтонҳоро дар ҳаққи мо дар муддати 30 дақиқа пахш намуданд. Ҳоло мо бо адвокатҳо машварат дорем, ки баъзе иштирокчиёни ин намоишро, ки ошкоро дар ҳаққи мо тӯҳмат ва моро таҳқир карданд, ба суд бикашем. Дигар ҳар касе ки дар бораи мо чизе менависад, бигзор нависад, аммо бидонад, ки агар тӯҳмат менависад, ҳатман аз болояш даъво мекунем. Мо минбаъд дигар хомӯш намеистем, балки аз ҳуқуқҳои худ дар доираи қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон дифоъ хоҳем кард. Агарчи медонем, ки ин хеле кори душвор аст.

-Ин рост аст, ки миёни Шумо ва раиси Шӯрои уламо робитаи хонаводагӣ вуҷуд дорад?

Бале, миёни қиблагоҳи мо ва падари эшон бисёр як робитаи хуби дӯстона устувор буд. Эшони Махсуми Абдулқодир, падари Мукаррам аз шахсиятҳои бисёр мӯҳтарами минтақаи Кӯлоб буданд. Солҳое, ки ман раиси идораи Қозиёт будам ва ҳар вақте ки ҷиҳати ширкат дар ягон маърака ба Кӯлоб мерафтам пешакй хоҳиш мекардам, ки он касро даъват кунанд. Мо ҳамеша ҳурмати он касро ба ҷой меовардем. Соли 90-ум вақте ки бори аввал аз Тоҷикистон сад нафарро ба ҳаҷ фиристодем, дар байни ин сад нафар бо хоҳиши қиблагоҳиям мо раҳматии Махсуми Абдулқодирро ворид кардем. Худатон тасаввур кунед, ки он вақт барои як ҷой садҳо нафар талабгор буд. Ба хотири ҳурмате, ки нисбат ба эшони Махсум доштем хамон сол бо як бори мурочиаташ ба хач фиристодем. Баъд аз сафари ҳаҷ падари эшонро зиёрат рафтанд. Солҳое, ки қиблагоҳ аз ҳиҷрат бозгаштанд, он кас низ ба зиёраташон омада буданд, рӯзи вафот қиблагоҳӣ, баъдан дар маъракаҳои эшон низ иштирок доштанд. Ҳамчунин мо бародарони Мукаррамро низ хуб мешиносем ҷавонмардони хеле хуб ва аҳли салоҳ ҳастанд.

-Аммо чаро аз идомаи даъво даст кашидед?

Мо аз аввал медонистам, ки судҳо! Тоҷикистон ҳеҷ вақт дар ин масъала Myкаррамро гунаҳкор ҳисоб намекунанд. Сабабаш ба ҳама маълум аст. Ҳамаи мо фарзанди ин кишвар ҳастем ва медонем ки дар ин мавзӯъ чй вазьият аст. Ҳадафи асосии ман даъват кардани шумори бештар аъзои Шӯрои уламо ба мурофиаҳо буд то бидонам, ки онҳо воқеан ин суханҳок таҳқиромезро ба унвони мо гуфтаанд ё не. Ва оё онҳо дар ҳақиқат бовар доранд, ки мо шиа шудаем? Мо ба мақсадамон расидем. Мо аз додгоҳ аз ин зиёд таваққӯъ на­доштем. Чун ин кори бар зидди мо, дар дигар ҷо тарҳрезй шуда буд…

-Дар ин авохир дар ноҳияи Ваҳдат ба­рои 19 масҷиди панҷвақта иҷозаи баргузории намози ҷумъаро додаанд. Оё фикр намекунед, ин ташаббуси бесобиқа ба хоти­ри он аст, ки мардум ба масҷиди Муҳаммадия нараванд?

Аз рӯи шунидаи ман, гӯё даҳ масҷиди панҷвақта иҷозаи муваққати баргузории намози ҷумъаро гирифтааст. Инҳо бо ин икдомашон мехоҳанд нишон диҳанд, ки бубинед, агар мо як масҷидро бастаем, аммо даҳ масҷид кушодем. Чуноне, ки қаблан ҳоҷй Мирзоро аз хитобату минбар дур кар­данд, мехоҳанд бародарони моро ҳам азминбару хитобат дур кунанд. Ва ҳамчунин дигар имомхатибони боилму худотарсро мисли домулло Абдураҳими қазоқонӣ мулло Абдураҳими аштй, эшони Ҷамолид дин аз Кӯлоб ва даҳҳо нафари дигарро Умедвор ҳастанд, ки бо ин корашон нуфузу обрӯи онхоро дар байни мардум кам намоянд ва ё мардумро аз шунидани cyxaни ҳақ маҳрум созанд, ки албатта ин як амали бефоида аст. Дар асри интернету иттилоо чунин корҳо аслан фоида надорад. Дига барои бо мардум робита доштан дар минбари масҷид будан шарт нест. Акнун ме шавад аз тариқи сайтҳову блогҳо бо мардум дар тамос буд. Билъакс бо ин корашон, ки бародарони моро аз меҳробу масчид дур карданд, ташнагиву иштиёқи мардум нисбати онҳо боз ҳам зиёд мегардад.

-Ҳоҷӣ Мирзо ва домулло Абдурахим ро аз минбари масҷид дур карданд, ҳоло мисле, ки навбат ба Тӯраҷонзодаҳо расидааст. Аммо фарқ ин аст, ки алайҳи Шумо маърака сартосарй мешавад ва аз василаҳои гуногун истифода мебаранд. Чаро?

Ҳадафи асосй аз минбар дур кардани ин шахсиятҳои боилму ботақвост, ки ҳамеша ҳарфи ҳақро мегӯянд, мардумро ба сӯи ҳақ даъват мекарданд ва аз ҳама муҳим манифатхоҳу дарборӣ набуданд. Онҳо он чизе, ки Худову Расули Худо гуфтаасту талаби шариъат аст, фақат ҳамонро ба мардум мерасониданд. Дуюм ин ки маҳз ҳамин афрод сабаби он шуданд, ки ҷавонон бештар ба масҷид, ба Ислом рӯ оварданд, хоҳарони мо ҳиҷобпуш шуданд зеро онҳо бо забони барои ҷавонон фаҳми сӯҳбат мекарданд. Баъзе мансабдорон мо аз ин раванд нороҳат шуда аз ҳам минбарҳо «ҳушдор» медоданд, ки адад масҷидҳо аз адади мактабҳо васафи ҷавонон дар масҷидҳо хеле зиёд шудааст. Аҷаб мусулмонй!!! Аз масҷидравии ҷавонон ва ҳиҷобпӯшии хоҳарон нороҳат шавӣ Худо ҳидоятат намояд.

-Фикр мекунед нуфузи рӯҳониҳо ҷой гоҳи ҳукуматиҳоро миёни мардум кам кард?

Мо аслан наметавонем бигуем, ки руҳониён ҷойгоҳи ҳукуматиёнро гирифтаанд Рӯҳоният ҷойгоҳи хоси худашро дорад ҳукумат ҷойгоҳи хоси худро. Ҳукуматдорони мо аслан аз раъйи ҷомеа вобастаги надоранд. Чаро бояд норохат шаванд?

Advertisements

One Response

  1. Мехмони вебсайти мо хам бошед. Ин сайт дар бораи фарханги муштараки ду кишвари дуст
    ва хамзабон, Эрону Точикистон мебошад. http://www.irantajik.org

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: