ХУКУМАТ НАВ МЕШАВАД, Ё ЧУН ПОР ХОХАД МОНД

 «Миллат» №01 04.01.2012

Ё чаро дар Хукумати Точикистон Низомулмулк ва Чаъфари Бармаки нест?

Имсол касе дилзанак мешавад?

Бо гузашти чанд рӯзе ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, баргузор мегардад. Ҳар сол мардуми Тоҷикистон ин иҷлоси муҳимро интизор мешаванд ва иддае бо ҳазл онро «Ҷаласаи дилзанак» ном мебаранд, зеро дар ин ҷаласаи ба истилоҳ солонаву ҷамъбастӣ бархе аз мансабдорон аз мақомҳои хеш бо амри Президент барканор мешаванд.

Вале ин ҷаласа барои баъзе дигар хуршеди толеъву бахт хандиданҳо, ки боз ҳам бо фармони Ҷаноби Олӣ соҳиби ягон вазифае мешаванд, фаромӯшношуданӣ ҳоҳад буд. Соли гузашта дар ин ҷаласа касе дилзанак нашуд, ҳарчанд барои эҳтиёт иддае мақомдорон бо худ «карвалол»-у «валидол» ҳам гирифта буданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии соли рафта Президент даст ба тагйироти кадрӣ назад ва ҳама мақомдоронро хурсанд сохт. Ва бо ин амалаш Эмомалӣ Рахмон як навь қаноатмандии хешро аз фаъолияти ҳукуматаш нишон дод, ҳарчанд аз кори бархе вазорату кумитаҳо ва аз фаъолияти зиёд раисони шаҳру навоҳӣ янтиқод карда буд.

Аммо соли 2011 соли хубе набуд…

Соли 2011 ҷаҳон вориди мархилаи нави таърихӣ гардид. Ибтидои соли рафта тазоҳуроти мардуми Тунис ба ҳукмронии 23 солаи сарвари ин кишвар Зайналобиддин ибни Алӣ хотима бахшид ва ӯ чорае ба ҷуз фирор ба Арабистони Саъудӣ роҳи дигареро надид. Ва мардуми Мисри Араб ҳам ба майдонҳои шаҳрҳои мухталифи кишварашон рехта Муҳаммад Хусни Муборакро, ки беш аз сӣ сол зимоми хукуматро ба даст дошт, аз мақоми раисӣ барканор карданд, баъдан тазоҳуроту мавҷи эътирозот Баҳрайну Яман, Сурияву Либиро ҳам фаро гирифт ва Муаммар Қаззофӣ, рахбари Либӣ, ки 43 сол раҳбари ин кишвар буд, бо шеваи хеле ғайриинсонӣ ва дарднок ба қатл расид. Раҳбарони кишварҳое чун Имороти Арабӣ, Арабистони Саъудӣ, Қатар. Уммон ва Урдун аз зуҳури эътирозоти мардум тарсида даст ба ислоҳот заданд ва дар паӣи халли мушкилоти шаҳрвандонашон чораҳои таъҷилӣ андешиданд. Ва пеши роҳи тазоҳуротро бастанд. О мешудааст-ку?

 Путин низ тазоҳуротро интизор набуд

Дар Русия, ки тайи 12 соли ахир ин кишвар дар зери қабзаи оҳанини Владимир Путин қарор дорад пас аз интихоботи Думаи давлатӣ мардуми зиёде бо далели он ки дар ҷараёни интихобот қонуншиканиву тақаллуб ҷо доштааст, дар шахрҳои мухталиф ба майдонҳо рехтанд. Тазоҳуроти декабрии мардум дар майдонҳои Болотная ва Сахаров, ки дар он беш аз 150 ҳазор ширкат дошт, дар таьрихи Русия, хусусан дар замони ҳукумати Путин бесобиқа буд. Ва Путин, ки Русияи бар асари пошхӯрии Шӯравӣ ва дар  зери раҳбарии Борис Елсини дардманд футур рафтаро ба по рост кардаву сатҳи зиндагии мардум ва имиҷи кишнарашро хеле дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурда буд, ин интизорро надошт, ки халқи аз тақаллубкорӣ дар интихобот ранҷида ба майдонҳо мерезаду бар алайҳи ӯ шиор мезанад. Ва ночор дар зери мавҷи эътирозот ва бо талаби норозиёни режими путинй президент Медведев албатта дар мувофиқа бо муршиду раҳбари маънавиаш Владимир Владимирович ба ислоҳоти сиёсии фикр мекунам, хеле ҷиддӣ даст зад. Акнун хонандаи закӣ шояд хуб дарёфт, ки чаро банда аз ин ҳама тазоҳуроту майдонишинии мардум дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ёд кардам. Бале, барои он ёд кардам, ки мо ин хама норозигии мардуми гӯшаҳои мухталифи дунёро аз ҳукуматҳову роҳбаронашон набояд нодида бигирем ва имрӯз Президенти муҳтарами моро, давлатдоронамонро зарур аст, сахт зарур аст, ки ба як ислоҳоти ҷиддии сиёсӣ ва кадрӣ икдом бикунанд. Махсусан дар масъалаи хоста гирифтан, таъин ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва аз ҳама муҳим бояд ислоҳоти ҷиддӣ дар системаи интихоботии кишвар рӯйи даст гирифта шавад.

 Магар масъулин хостори интихоботи шаффоф нестанд?

Интихобот ин муҳимтарин нишони демократӣ будани ин ё он давлат ва низоми сиёсӣ аст. Ба шарте, ки интихобот озод, шаффоф, бе тақаллуб ва мунсифона баргузор шавад. Дарду интихоботи миёндаврии дар соли 2011 дар Душанбе баргузоршуда намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат бо нишони эътироз ба ношаффоф ва ғайридемократӣ баргузор чамудани интихоботҳо дар он ширкат накарданд. Ва пешниҳоди аз ҳама муҳими аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонун дар бораи интихобот, ки онҳо хостори дар ҳайати комиссияҳои қитъаҳои райъдиҳӣ ворид намудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил мебошанд, солҳост, ки ба эътибор гирифта намешавад. Саволи мо ин аст, ки агар воқеъан масъулин хостори интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ бошанд, пас чаро амалй намудани ин хоҳиш ё талаби аҳзоби сиёсиро нодида мегиранд, аз чӣ ҳарос доранд? Бубинед, дар Русия намояндагони ҳама аҳзоби сиёсӣ дар ҳаӣати комиссияҳои қитъаҳои интихоботӣ ҳастанд ва чанде пеш сарвазир Путин, ки дар интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ яке аз номзадҳои мухим ба шумор меравад, пешниҳод кард ва ҳамон лаҳза супориши қатъӣ ҳам дод, ки дар тамоми 92 ҳазор қитъахои овоздиҳӣ дастгоҳҳои видеоӣ насб шавад то тамоми коре, ки он ҷо рӯзи интихобот мегузарад, ошкору шаффоф бошад. Касе ҳоло ҳам аз Комиссияи марказии интихобот ва раъӣпурсии мо тақозои насби дастгоҳҳои видеоиро дар қитъаҳо накардааст ва мо танҳо мехоҳем, ки ҳамон пешниҳоди хеле бамавриди аҳзоби сиёсӣ дар масъалаи ворид намудани намояндагонашон ба ҳайати комиссияхри қитъавӣ бори дигар мавриди баррасӣ қарор бигирад ва вакилони муҳтарами парлумон дар наздиктарин фурсат ба қонун ин нуктаи муҳимро илова намоянд, агар дар ҳақиқат хостори демократӣ ва мунсифона баргузор шудани интихоботҳо бошанд.

 Сарчашмаи ягонаи ҳокимият ба интихобот камтар таваҷҷуҳ кард

Ва агар воқеъан мардум дубора ҷонибдори вакил будани масъалан кадом як Валӣ бошад, пас чаро он Валӣ мехоҳад, ки депутат бошад, вапе аз ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар хайати қитъаҳои интихоботӣ, аз мардона пирӯз шудан дар ин сабқати сиёсӣ меҳаросад. Фикр мекунам, агар мардум пуштибони мо бошад, намояндаи сад ҳизби сиёсӣ вориди комиссияҳои қитъавӣ гардад, набояд тарсу ҳаросе дошта бошем. Чаро дар бораи баргузории интихоботи одилона ва шаффоф гуфтам? Ва қаблан аз ин ҳам Кабириву дигар масъулини Ҳизби наҳзати исломӣ, Шабдолови коммунист ва ёрони ҳамҳизбаш, рахбарияти Ҳизби сотсиал- демократ ва дигар сиёсатмадорону коршиносон, одамони касбу кору ақидаи мухталиф сари ин масъала дошта, зиёд изҳори назар карданд ва дилмондагӣ аз беадолатона баргузор намудани интихоботҳо то ҷое расид, ки ҳатто Абдуҳалим Гаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист, як ташаккули сиёсии ба ҳукумат наздик, ки дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансури пойтахт номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон буд, бо нишони эътироз ҳарфҳое тезу тунд гуфт. Дар Сарқонун навиштем, ки «халқбаёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раӣъпурсии умумихалки ва интихобот аст.» Пас пурсида мешавад, ки чаро райъи мардум нодида гирифта мешавад, овози додаи интихобкунанда гум мешавад, як кас ба ҷои ду-се ва ҳатто 7- 8 кас овоз медиҳад. Чаро нисфи «сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ», яъне интихобкунандагон ба қитьаҳои райъдиҳӣ ҳозир намешаванд, вале ба ҷояшон дигарон овоз медиҳанду масъулин нотарсида ва бепарво интихоботро баргузоршуда хисоб мекунанд? Ва ҳамин аст, ки аз мардум мешунавем, ки фалонӣ бе дарёфти райъи аксари интихобкунандагон ба мақоми олии қонунгузори кишвар роҳ ёфтаву бе доштани эътимоди комили мардум боз ҳам беибову бепарво аз номи ҳамон мардум намояндагӣ мекунад.

 Мардум дар интизори ислоҳот аз суи президент аст

Чаро ҳадди ақал ҳамон нозирони ахзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил он ҳафо надоранд, ки ба аъзои комиссия наздик бишинанд ва рафти хисоби овозҳоро ошкор бубинанд? Ва чаро як нозир, ки касбаш хабарнигорӣ ҳам ҳаст, дар рӯзи интихобот дар ҳавзаи интихоботии Сино- 4 моҳи майи соли рафта, барои раванди интихобот ва қонуншиканиро аксбардорӣ кардан аз қитъаи интихоботӣ берун ва аз ҳаққи нозир будан махрум гардид? Чаро КМИР бо сарварии ҳуқуқчони шинохта Шермуҳаммади Шоҳиён ҳарчанд 14 ҳодисаи тақаллуб ва қонуншиканиро дар хавзаи Сино- 4 бо далоили дошта пешниходаш кардем, касеро аз масъулини қитъахо муҷозот накард? Ин хамаро ба он хотир ёд кардам, ки ягона нафаре, ки метавонад даст ба ислоҳоти ҷиддӣ бизанад ва дар сиёсати кадриву сохторӣ тағӣироти чашмгире ба амал оварад, ин Президент Эмомалӣ Рахмон мебошад. Ва Президент миёни мардум аз ҷойгоҳу обрӯи хосса бархурдор аст ва халқдар ҳоле, ки умеду бовараш аз дигар мансабдорон коста шудааст, ба Раиси ҷумҳур х;анӯз бовару эътимод дорад. Маҷлиси намояндагон бо ҷамъи 63 вакил, Суди конститутсионӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ барои амалӣ кардани ислоҳе дар низоми интихоботӣ қодир нестанд ва акнун бармало рӯшан аст, ки тавони анҷоми ин корро надоранд. Ва Президентро зарур аст, ки мисли дигар иқдомоти созандааш ин корро низ ба зимаи худ бигирад ва барои халқу ҷомеъа як хидмати арзандаро анҷом бидиҳад. Ва номи хешро дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон ҳамчун раҳбари демократ, мардумӣ ва ислоҳотхоҳу таҳаввулотгар сабт намояд. Эмомалӣ Раҳмон бояд роҳро барои баргузории интихоботҳои шаффофу демократӣ ва мунсифонаву боадолат боз намояд.

 Агар мардум роҳбарашро дуст дорад…

Дар соли 2011 мо шоҳиди он будем, ки роҳбарони чанде аэ кишварҳои ҷаҳон мақоми хешро тарк гуфтанд. Агар Ҳусни Муборак. Зайналобиддини ибни Алӣ, Муаммар Қаззофӣ дар зери фишори тазоҳуроти мардуми хеш баъди хукуматдории тӯлонӣ аз мансаб рафтанд ва рафтанашонро ҷомеъаи ҷахон ва аз ҳама аҷибаш мардуми кишварҳояшон бо хушнудӣ истиқбол карданд. Ватслав Ҳавел, раиси ҷумҳури собиқи Чехистон ва Устод Бурҳониддини Раббонӣ, раиси собиқи Давлати исломии Афғонистон аввалӣ бар асари беморӣ ва дувумӣ бар асари як амали ноҷавонмардонаи террористӣ дунёи фониро тарк гуфтанд. Ва даргузашти ин ду марди сиёсат, ки воқеъан давлатмарди шинохта ва соҳибэҳтиром буданд, дар ҷаҳон ва дар кишвархояшон дарду алам ва нолаҳои ҷонсӯзро барангехт. Ва дар кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон ҳам бонус сиёсатмадор ба исми Роза Отунбоева бо хости хеш ва тибқи ислохоти роҳандозӣ намудаи худ аз мақоми президентӣ даст кашида, ҷойро барои наслхои нави ислоҳгар холӣ намуд. Банда дар ҷанозаи Устоди шаҳид, Қаҳрамони сулҳи Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонй ширкат доштам ва медидам, ки хурду бузург, зану мард, мансабдору бемансаб, коммунисту муҷоҳид, паштуну узбаку ҳазораву тоҷик ҳама дар марги раиси ҷумҳури собиқи хеш ашк мерехт. Ва аз тариқи телевизион ҳам дидам, ки Аврупо низ дар вафоти Ҳавел месӯхт. Ва барои он мардум дар вафоти раҳбарони хеш мегирад, ки онҳоро дӯст медорад, онҳо барои кишвару мардуми хеш зиста буданд, умри худододаро сарфи хидмат барои пешрафти рӯзгори мардуми худ намуданд.

 Қазияи халабонҳо ва хомушии вакилону вазирон

Ва умраш дарозу танаш бедард бод Раҳбари кишвари моро ҳам, ки шабу рӯз барои ин хоку ин сарзамин, барои беҳбудӣ ёфтани зиндагии мардум, барои саъодату сарбаландии миллат ва поянда нигох, доштани сулҳу субот ва вахдати саросарии Тоҷикистон аз худ гузаштагӣ нишон медиҳад, ҷахду талоши зиеде мекунад. Ба ҳайси як шахрванд аз Президент мехоҳам, ки ҳамчунин дар ҳайати хукумати хеш тағйиру ислоҳоти чашмраси кадрӣ амалӣ намояд. Дар хотир дорам, вақте қазияи халабонҳо рӯ зад ва мушкил печида гардид, дар Русия аз раисҷумхурашон сар карда, то Рогозину Онишенко ном мансабдороне ҳам санги маломат бар сари тоҷику Тоҷикистон заданд. Ва ҳукуматдорону вазирони мо хомӯш буданд. Ҳатто вазири хориҷаи мо, ки як вазифааш ҷавоб гуфтан ба ҳарфҳои ғаразолудаи мақомдорони хориҷ дар нисбати кишвар ва мардуми мо ҳам ҳаст, дар қиболи суханони ҳамтои русаш Сергей Лавров чизе нагуфт. Ва шояд дуруст кард Зарифӣ, ки хомӯш истод, вале мардум интизори ҳарфу вокуниши вакилу вазири худ буд. Ва Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ҷуръат карду садои хешро ба мардум расонид. Ва дар зимни як нишасти хабарӣ раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Президент бояд тими хешро иваз кунад ва тағӣироти ҷиддии кадрӣ анҷом бидиҳад. Қазияи халабонҳо ба фоидаи Русия анҷом шуд, аз он муҷозот кардани Садовничий ва Руденко ба тоҷик танҳо тавҳину таҳқиру ҳақорат шунидан ва депортатсияву латукӯб дидан насиб шуд. Ва акнун банда ҳам ба ин назарам, ки Сардори давлат ба ислоҳоти ҷиддии кадрӣ намояд.

 Балъами, Ҷайҳони ва Оқил Оқилов

Дар соли 2011 фаъолияти чанде аз вазирону раисони кумитаҳо дар расонаҳои хабарии кишвар аз ҷониби мардум, хонандаҳо ва журналистон мавриди интиқод қарор гирифт. Ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент, мушовирони раҳбари давлатро зарур аст, ки афкори умумро сари фаъолияти ин ё он мансабдору вазиру раис биомӯзанд ва ба Эмомалӣ Раҳмон нотарсида, мунсифона ва беғараз пешниҳод намоянд. Масалаи, соли рафта аз фаъолияти раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ҷаноби Саймуддинов ва бархурди ноҷои ин мақомдор бо журналистон матлабҳое ба нашр расида буд, Се сол қабл дар бораи Оқил Оқилов дар як матлаби хеш навишта будам, ки сарвазиреро чунин кунду карахт ҳатто дар хамон замони карахтиву рукуд надида будам. Як бонуи рӯзноманигори шиносам баъди нашри он мақола изҳори норизоятӣ карда гуфт, ки Оқил Ғаӣбуллоевич одами хуб аст, ту ӯро надониста танқид кардаӣ. Посухаш гуфтам, ки дар ин ҳукумати мо ягон одами бад нест, ҳамааш марду занҳои хубанд. Ва ман сарвазирамонро одами бад нагуфтам, балки фаъолияти ӯро интиқод карда будам. Мо ба одами хуб будани сарвазирамон шубҳае надорем ва қам агар ӯ одами баде мебуд, даҳ сол дар мақоми шахси чаҳоруми кишвар устувор боқӣ намемонд. Вале сарвазир бояд ҷасур, кордон, бо раъю тадбир ва оқилу ҳушёр бошад, ҳарчанд тибқи Сарқонун сарвазир қариб ҳеч салоҳияте надорад. ба ҷуз номи баланд ва аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд дар ҳукумати Тоҷикистон вазир бошӣ беҳтар аст, аз он ки сарвазир бошӣ. Албатта сарвазирони таӣи 20 соли ахири кишварамонро ба ҳеч ваҷҳ наметавон бо ҳамтоёни қуруни вустоиашон чун Ҷаъфари Бармакӣ, Ҷаӣҳонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк ва Ҷувайнӣ қиёс кард, ки хамагӣ олим, донишманди сиёсат, пухтаву бо тадбир будаанд. Аз ҷуръати сарвазири феълӣ дар ёдҳо танҳо ҳамон посухи навиштаи ӯ ба сарвазири Узбакистон мондааст. Аз ин рӯ агар Оқил Гайбуллоевич аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ як нафари ҷавон, донишманд, бо диди нав ва боҷасорат ба сари кор биёяд, бешак ҳукумат бурд мекунад ва кору ташвиши раиси ҳукумат низ то ҷое сабук мешавад.

 Кй бояд сарвазир шавад?

Шодравон Асадулло Гуломов беҳтарин номзад ба мақоми сарвазирӣ буд, вале аҷал ӯро амон надод, ҳарчанд ӯ низ мисли Эмомалӣ Раҳмон зодаи ноҳияи Данғара буд. Дар давлатдории тоҷикон солхо як анъанае ҳаст, ки мақомҳои баланди давлатӣ миёни манотиқи кишвар мисле, ки тибқи квота тақсим мешаванд. Ва 20 сол аст, ки мақоми сарвазирӣ ба хуҷандӣ «сварка» шудаасту муовини сарвазир, ё ҷойнишини раиси парлумон ба помирӣ. Курсии раиси Маҷлиси намояндагон ҳаққи хилоли намояндагони навоҳии атрофи Душанбе ё зодагони Рашту Вахё аст. Ва ҳамин тарзи тақсимоти мансабҳоро бояд аз баӣн бурд ва ба махалгароии расмӣ хотима бахшид, бигзор ҳама роҳбарон аз як вилояти кишвар бошанд, (чуноне дар Русия 5 раҳбари аввали давлат аз Санкт-Петербурганд) вале афроди шойиста, миллатдӯст, донишманду кордон ва соҳиби дасту дили пок, ашхоси воқеъан дар ғами мардум буда сари кор биёянд. Аз ҳамин нигоҳ фикр мекунам Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ беҳтарин номзад ба мансаби сарвазирӣ мебошад. Вале агар ҳамон квотаро риоя кунем, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров метавонад ба мақоми сарвазирӣ шахсияти арзанда бошад. Бо вуҷуди марди огоҳу донишманди фарҳехта буданаш ӯ ду камбудӣ дорад, аввал ин ки ӯ хуҷандӣ нест ва зодаи Фалғар аст, дуввум ин ки устод Умаров ҳеч гоҳ ҳатто муовини вазир набудааст. Агар аз ин ду камбудии ӯ чашм бипӯшем, профессор Умаров беҳтарин сарвазир хоҳад буд. Ва Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон ҳам метавонад сарвазири арзандае барои Тоҷикистон бошад.

 Маорифро аз Раҳмонов бояд раҳо кард

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон аз зумраи камтарин мансабдоронест, ки зиёд дар расонаҳои хабарии мустақил интиқод мешавад, вале бузургии ин устоди собики донишгоҳ ва академик дар он аст, ки ҳеч гоҳ бо журналистону нашрияҳо даъвову судбозӣ накардааст. Вақте ӯро аз дороиаш дар бонкҳо пурсиданд, гуфт, ки равед, тафтиш кунед, агар ёфтед, сӣ фоизаш аз шумо. Ва гуфтандаш, ки фалон журналист гӯё тӯҳматаш кардааст, ба додгоҳ муроҷиат кунад, посухаш ин буд, устодаш ҳастам, айб аст, ки аз болои шогирд ба додгоҳ шикоят барам. Дар муқоиса бо Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, ки боре «Миллат» хабареро дар мавриди фасодзада будани вазораташ нақли қавл кард ва ҷанобашон ранҷидаву озурдахотир гашта, ду сол боз моро ва худро ҳам ба мушкил гирифтор кардаанд, вазири маориф не аз танқид ҳарос дораду не судбозиро ба хеш ҳақ медиҳад. Ва вакте нашрияхо навиштанд, ки дар соҳаи маориф фасод аст, вазир Раҳмонов изҳор дошт, ки пайи ислоҳи ин мараз камарро муҳкамтар хохад баст. Иқрори камбудӣ хам ҷасорату ҷавонмардй мехоҳад, ки ин сифати нек хушбахтона, дар вазири маорифу боз ду- се вазири мо ҳаст. Вале маорифи кишварро бо ҳама хадамоти кардаи Раҳмонов бояд аз эшон раҳо кард. Ва Раҳмонов беҳтарин роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент метавонад бошад. Матлубхон Давлатов, ки иктисоддон ва давлатмарди шинохта аст, ба вазифаи раиси вилояти Хатлон ва Ғайбуллоҳи Афзал, ба мансаби вазири кишоварзӣ таъин гардад. Қосим Қосимов роҳбари бо таҷриба ва то ҷое ҳам пухта шудааст ва метавон ба ӯ мансаби муовини сарвазирро бовар кард. Ва як муовини дигари сарвазир агар Шералӣ Кабиров, раиси умури тиҷории ширкати Талко таъин шавад, бурди ҳукумат хоҳад буд. Шералӣ Кабиров ҷавон, соҳиби нирӯ ва андешаи тоза, таҷрибадор ва иқтисоддони хуб аст.

 Ва фарҳангро куллан ба АсрорӢ бояд супурд

Мирзошохрух Асрорӣ беҳтарин кадр дар ҳукумат, вазири воқеъан фарҳангӣ, донишманд ва соҳиби одамияти баланд аст. Ӯ шояд ягона вазирест, ки ба зангҳои телефонии муроҷиъ ин ботамкин гӯш медихад ва нарм посух мегӯяд, дар ҳоле ки дар дигар вазорату кумитаҳо ва ҳатто мақомоти шаҳру навоҳӣ ба ҷои вазирону раисон котибаҳову ёрдамчиҳояшон гӯширо бардошта «вазир нест, Дастгоҳ рафтааст, раис ҷаласа дорад» мегӯянд. Ин вазирону раисони мо агар воқеъан серкор бошанд, дар ғами пешрафти миллату соҳаи хеш бошанд, пас иллати ин ҳама қафомондагӣ дар чист? Агар Асрорӣ ба ҷои Руқия Қурбонова муовини сарвазир дар умури фарҳанг таъин шавад, фикр мекунам, ин амал бештар ба рушди маънавиёт ва фарҳанг дар ҷомеъа мусоидат хоҳад кард. Ва квотаи будани як бонуро ба ҳаӣси муовини сарвазир бояд аз байн бурд, ки онро аз Русия копӣ карда будем ва Русия кайхо аз баҳри ин квота гузаштааст. Ва аҷиб ҳам ин аст, ки як соҳаи бисёр муҳим идеология ва маънавиёт аз сатҳи ҳукумати марказӣ то ҳукуматҳои маҳаллӣ бар дӯши бонувон бор шудааст, ки аксари эшон то дониши волову огаҳии хуби идеологӣ ва ғурури баланди миллӣ доштан, «причоскаҳо»- яшон оливу осмонхароштар аст. Ва аз кори хуби дар самти рушди фарҳангу маънавиети ҷомеъа тайи ин ду сол анҷомдодаи масъулини ин бахш танҳо ҳамон «Чакомаи гесӯ», ки то ҳол хеч нафаҳмидам барои миллату ғановати миллӣ аз он чӣ суде буд, дар ёдҳо мондаасту халос. Ва раҳбарии вазорати фарҳангро ба профессор Аслиддин Низомов, раиси Донишгоҳи санъати Тоҷикистон метавон вогузор кард.

Вазироне, ки бояд акнун дам  бигиранд

Соле, ки гузашт дар ҳаӣати ҳукумат ниҳоди нав бо номи Хадамоти муҳоҷират таьсис шуд, ки раиси он полковники милиса Сафиъалло Девонаев таъин гардид. Таъсиси ин хадамот ва фаъолияти он то куҷо мушкили муҳоҷиронро сабук кард, хабар надорам, вале аниқ медонам, ки муҳоҷири бечораи тоҷик ҳоло ҳам бо саду як мушкил рӯ ба рӯ аст, ки ин хадамот бо он нирӯе, ки дорад дар як солу ду соли баъдӣ наметавонад ба ҳалли он ҳама мушкилоти мавҷуда расидагӣ бикунад, аммо муҳим он аст, ки муҳоҷири тоҷик дар сатҳи ҳукуматаш баъди 20 сол соҳиб ва ғамхор пайдо кардааст. Вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, ки соле қабл ба садри ин вазорат таъин гардид, дар таӣи як сол кӯшишҳое барои рушди соҳа анҷом дод ва фикр мекунам барои то охир амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳояш бояд аз роҳбари давлат боз чанд вақте мӯҳлат бигирад. Вазирони энергетика, молия ва дифоъ барои ҳукумат хидмати зиёд кардаанд ва табиист, ки одам аз кору андешаи зиёд хаставу лакот мешавад, аз ин рӯ хуб мешуд, ки агар эшон бақияи умри худододаро дар осоишу фароғат гузаронида фармондеҳи Гордии миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, вазири дифоъ, муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев, вазири молия ва Ҳусейн Алиев, собиқ раиси «Тоҷикгаз» вазири саноат ва энергетика таъин шаванд.

 Дар ҳукумат тағйироти ҷидди бояд анҷом дод

Абдураҳим Холиқов ҳам, ки раиси Кумита оид ба корҳои дин мебошад, бояд баъди он моҷарои миёни раиси Шӯрои уламо Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва хонадони Тураҷонзодаҳо рух дода, ба истеъфо биравад, зеро Кумитаи дин як ниҳоди масъули ҳукумат аст ва Холиқов як мансабдори баландпояи ҳукуматӣ ва ӯ набояд роҳ медод, ки хушунату низоъ то ба ин ҳади мерасид, зеро мо як бор хатарзо будани ба истилоҳ «муллоҷанг»- ро дар ҷону пусти хеш эҳсос кардаем. Акнун беш аз даҳ ҳазор мусалмонони кишвар барои се мох аз адои намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия»- и шахри Вахдат маҳрум шудаанд. Чун ҷаноби Холиқов имрӯз Кумитаи динро раҳбарӣ дорад, ба ёдаш як ҳадиси Паембари акрамро меоварам, ки фармуда: «Осон бигиред, сахт нагиред, башорат диҳед, нафрат эҷод накунед, пайванд кунед, ҷудо насозед.»

Ин чанд нуктае буд, ки мехостам бигӯям ва гуфтам. Ва бо вуҷуди он ки аз фаъолияти бархе мансабдорон ситоиш ва иддаеро накӯхиш кардам, вале тасмим гирифтан сари будану набудани эшон дар ҳаӣати ҳукумат дар дасти Сардори давлат аст. Ва банда бар он андешаам ва ҳамчун як ватандор аз Президент хоҳиши онро дорам, ки 70 дар сади ҳайати кобинаи ҳукуматро иваз кунад, афроди тоза ва шойиста ва миллатдӯст ва навҷӯву бо нигоҳи нав ва кордону донишманд ва боҷасорат ва ботадбиру фарзона рӯӣи кор биёянд. Бо умеди дидани навгониҳо дар ҳайати ҳукумати кишвар ҷаласаи ҷамъбастиро интизор мешавем.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: