КАТЛИ «БОБОИ БАРФИ» ДАР ДУШАНБЕ

 Мушкинисо АСОЗОДА «Фараж» №01 04.01.2012

Шаби Соли нав дар шаҳри Душанбе ҷавоне бо либоси «Бобои барфй» мавриди ҳамла қарор гирифт. Як гурӯҳ ҷавонон ба Парвиз Давлатбекови 24-сола, сокини кӯчаи Синои шаҳри Душанбе ҳамла намуда, ӯро бо корд захмӣ кардаанд, ки боиси ҳалокаташ шуд.

Бино ба маълумоти роҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Махмадулло Асадуллоев, гурӯҳе аз ҷавонон башкини кӯчаи Синои пойтахт Парвиз Давлатбеков дарафтода, ба ӯ чанд корд задаанд.

Парвиз Давлатбекови 24-сола баъд аз ичтиқол ёфтан ба бемористон ба шаҳодат мерасад. Хешовандони Давлатбеков мегуянд, ки бар асари ҷароҳатҳои вазнин рӯзи дигар Парвиз дар беморхона ҷон дод ва ҷасади ӯро ба Бадахшон интиқол доданд. Ба қавли хешовандонаш, Парвиз Давлатбеков ҷомаву кӯлоҳи «Бобои барфӣ» дар тан ҳамроҳи се нафар аз дӯстонаш барои таҷлили Соли нав аз маҳаллаи Синои пойтахт мехост барои табрики мардум ба ҷоӣҳои сародам равад. Аммо дар роҳ бо гурӯҳи ҷавонон дучори муноқиша мешаванд, ки дар натиҷа чандин зарбаи корд хӯрда, ба беморхона интиқол меёбад.

Гуфта мешавад, Парвиз Давлатбеков ҳамчун иқтисоддон дар намояндагии яке аз ширкатҳои Аудити байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард, Ба изҳори наздикони Парвиз, ашхоси ҳамлавар ҳудуди сӣ нафар будаанд, ки гӯё либоси «Бобои барфӣ» дар тани ӯ хушашон наемадааст. Ҳарчанд Парвиз Давлатбеков ба онҳо мефаҳмонад, ки Соли нав асту барои табрики хешовандонаш меравад, гурӯҳи ҷавонон, ки дар миёнашон талабаҳои мактаб низ будаанд, ба ӯ бо ханҷар ҳамла мекунанд.

Ба изҳори яке аз наздикони Парвиз Давлатбеков – сардабири радиои «Имрӯз» Рустами Ҷонӣ, ин ҳодиса дар даромадгоҳи манзили зисти Парвиз дар кӯчаи Сино рухдодааст:

– Ин гурӯҳ аз 24 то 30 нафар будаанд. Ба онҳо сарулибоси «Бобои барфӣ»-и Парвиз хуш намеояд ва бо ҳамин муноқиша сар мезачад, ки се зарбаи корд ба Парвиз мезананд. Яке аз рагҳои меъда бурида мешавад. Духтурҳо натавонистанд илоҷе кунанд ва ӯ дар беморхона ҷон дод. Лекин ин гурӯҳи авбош пас аз ин ҳодиса боз зургӯиву таҳқири мардумро дар дигар маҳаллаҳои шахр идома медиханд,- изхор медорад ӯ.

Дар ҳамин хол, ба гуфтаи Махмадулло Асадуллоев, ҳоло се тан аз ин афрод, ки яке аз онҳо донишҷӯи соли саввуми Донишгоҳи миллӣ мебошад, ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд. Тавре ӯ изҳор медорад, гумонбаршудагони ҳамла ба «Бобои барфӣ» -донишҷӯи соли саввуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шараф Давлатов бо ҳамроҳии ду рафиқаш – Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев буда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳодисаи мазкур дар маҳаллае рух дод, ки дуртар аз он Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино қарор дорад.

Зимнан навбатдорони шӯъбаҳои корхои дохилии шаҳр ва баъзе аз сокинони поӣтахт хабар медиҳанд, ки шаби 31-уми декабр ба якуми январ чанд тан аз сокинонро, ки аксарашон ҷавон ҳастанд, бо ҷарохатҳои мухталиф ба беморхонахои шаҳр овардаанд.

Бо вуҷуди ин, ки мақомоти қудратии кишвар дар рӯзҳои омодагӣ ба Соли нави мелодӣ интиқоли маводи оташбозиро мань карда буданд, шабу рӯзи фарорасии он тақрибан аз тамоми гушаҳои шаҳр садои таркишу шӯьлахои оташбозӣ шунидаву дида мешуд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар сӯхбат бо хабаргузориҳо таҷлили Соли нави мелодиро як расми бегона арзёбӣ карда, гуфта буд, ки ҷашни Соли нав мухолиф ба қонунҳои ислом ва анъанахои миллии тоҷикон асту аз таҷлили он худдорӣ намоянд. Ҳарчанд аксари мардуми Тоҷикистон ин идро бо маӣли тамом истиқбол карданду Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон дар лаҳзаи фарорасми Соли чав аз тариқи телевизион ахли ҷомеаро табрик намуд, бархе ангезаи ин ҳодисаро динӣ меҳисобанд.

Коршиноси масоили сиёсӣ Фирӯзи Муҳаммад бар он назар аст, ки ин метавонад ангезаи динӣ дошта бошад. Ба изҳори ӯ, «ягон гурӯҳи ситозаҷӯе метавонад бо истифода аз ҳолати мастиву сархушии афрод ба ин кор даст замад. Аммо мухим ҳоло хулосаи ташхиси судӣ ва хулосаи макомоти амниятии кишвар аст. Зеро холо ман мушаххас намедонам, ки бобои барфӣ дар кадом ҳолат ва дар кадом мавзеъ қатл шудааст. Агар дар миёни мардуми сархуш ин ҳол рух дода бошад, пас метавонад натиҷаи баҳсхои мастона бошад».

Бовуҷуд, ба изҳори коршинос, мутаассифона амалкардҳои охири иддае аз мақомдорони ҳукуматӣ баҳсҳои мазҳабиро дар кишвар доғ кардааст, ки оқибати хуб надорад.

Дар ҳамин ҳол, ба изҳори таҳлилгар Аҳмадшоҳ Комилзода, «ба назар мерасад, ки гароишҳои мазҳабӣ дар миёни ҷавонони кишвар густариш меёбад ва ба охистагӣ ба хушунатҳое табдил мешавад. Тарафҳои мухолиф дар ин қазия ҳамдигарро муттаҳам мекунанд ва табиист, ки ин боиси афзоиши хушунат мешавад. Он чуноне хабаргузориҳо навиштаанд, дар кӯчаву хиёбонҳои дигар низ шӯру валвала ва латукӯби одамон ба мушоҳида расидаает. Аммо дар пайи ин қадар бесомониҳо, маълум мешавад, ки ҳукумат ба кори худ андармон аст».

Ба қавли ӯ, таъмини амният ва пешгирӣ аз ҳар гуна хушунату даргириҳо аз вазифаҳои умдаи масъулони ҳукумат аст, ки заъфи онҳо дар ин рӯзҳо хеле рӯшан менамояд.

– Аз сӯйи дигар, мавзӯи динзудоӣ дар миёни ҷавонон ва бархе аз бузургсолон низ боиси ташвиши ҷиддист. То ҳол таъсири чорабиниҳои мақомоти кишвар дар ин замина чандон таъсирбахш набудааст ва гохе натиҷаи баръакс ба бор овардааст. Вале ёфтани роҳи корхои самарабахш албатта дар ин марҳала хеле мухим ва зарур аст. То аз густариши хушунат ва даргирихои гурӯҳӣ ва ақидатӣ пешгирӣ ба амал оварда шавад,- афзуд Аҳмадшох, Комилзода.

Бино ба навиштаҳои бархе аз расонаҳои дохилу хориҷ, гурӯҳе аз ҷавонҳо нафареро, ки дар тан либоси «Бобои барфӣ» дошт, бо нидои «ту кофирӣ» куштаанд. Аммо роҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев чанбаи динӣ доштани куштори Парвиз Давлатбековро рад карда, мегӯяд, ки «шахсони ба Парвиз дарафтода ва ба ӯ ду корд зада дар холати мастӣ карор доштанд».

Донишманди тоҷик Зафар Мирзоён хам ба истифода аз машрубот дар чунин ҷашнҳо ишора мекунад.

– Гумон намекунам, ки ин кори ношоиста бо амри кадом рӯхонио рух дода бошад. Ғолибан дар пешвозгирии ҷашни солинавии исавй ҷавонон аз машруботи алкоголӣ зиёд истеъмол мекунанд ва эҳтимол ба яқин аст, ки бо дасти ҷавонони хумории шароб рух дода бошад. Аммо иртиҷоиёни хориҷӣ ва фашистони русӣ аз ночизтарин ҳаводис мехоҳанд судҷӯйӣ карда, мардуми тоҷикро бадном кунанд. Мебояд коршиносони додхоқӣ ва бахши маънавиёт пас аз таҳқиқи рост натиҷаҳоро ба табъи умум расонанд,- мегӯяд Зафари Мирзоён.

Ба қавли ӯ, албатта руҳониёни андакхонда зиеданд, ки хониши махдуд доранд, аз кори хурдо масоили бузург метарошанд. Ин донишмади тоҷик бар он бовар аст, ки «ин ки мардум ба тақлиди масоҳиёну аврупоиҳо соли нави исавиро ҷашн мегиранд, кадом ошуфтагио ба дини мубини ислом намеоварад. Аслан ин ҷашни мавлуди Исои Масеҳ аст, ки дар шумули паямбарони мурсал дониста шудааст. Мутаассифона банда дар миёни дингустарони кишварамон як нафар шахсияте надидаам, ки мутолааи жарф дошта бошад. На рӯхоние, ки тасаввуфро пурра бидонад ва на фақеҳо, ки ба Қуръони карим бо чашми хирад нигариста бошад. Инҳо ғолибан ориф наянд; обиданду зоҳид, ба шумули баланднишинони зоҳирпараст, дар қабои динпаноҳӣ».

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: