Баъди сафед шудани ришам ба майдаавбоши махкум шудам

«Фараж» №55 28.12.2011

Баёнияи    Шурои    уламо    алайҳи    масҷиди    бародарон    Тӯраҷонзодаҳо    ва    масҷиди    «Муҳаммадия» вокунишхои   мухталиферо    дар    ҷомеаи    кишвар ва   хориҷ   аз   он   ба   бор   овард.   Вале   аз   оғоз бародарон   Тӯраҷонзодаҳо   ин   баёнияро   фармоишй    ва   сиёсӣ    хонданд.   

Тасмим    гирифтем,    ки бо   Ҳоҷӣ   Акбар    Тураҷонзода    як   суҳбатеро   дар ин   замина   анҷом   диҳем   ва   аз   забони   худи   ӯ бишнавем,    ки    бо   чи   далелу   асос   баёнияи Шӯрои   уламоро    фармоишӣ    ҳисоб  мекунад.

– Бнсмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Бо чанд далел мо баёнияи Шӯрои уламоро сиёсӣ, фармоишӣ ва тӯҳматчома меҳисобем. Якум ин баёния се шакли навишт дорад ва дар со шакли мутафовит ҳам аз ҷиҳати маъно ва ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм чоп шудааст. Аммо то имрӯз ба мо маълум нест, кадоме аз ин се баёния баёнияи Шӯрои уламосту ва дуи дигараш маҳсули «эҷод»-и идораҳои манфиатдор аст. Дигар ин, ки ин баёния дар хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон «Ховар» чоп шуд, ки далолат ба супоришӣ будани он мекунад. Зеро ин хабаргузории давлатӣ маъмулан баёнияи ягок ташкилот 6 созмонҳои динию ҷамъиятиро ба истиснои ҳуҷҷатҳои ҲХДТ чоп намекунад. Севум, ки баёнияро ниҳодҳои қудратӣ ва давлатӣ ба тамоми имомҳои масоҷиди ҷомеъи кишвар, ҳатто ба имомҳои масҷидҳои панҷвақта расонида ва имомхатибҳоро вазифадор карданд, ки баёнияро ба мардум аз тарики баландгӯякҳо хонанд ва имом-хатибҳо вазифадор намудаанд, ки ҷараёни қироати баёния дар ҳузури мардумро дар навори видеоӣ сабт кунанд ва ба таври хаттӣ ба идораҳои марбута гузориш диҳанд. Хар сурати иҷро накардани ин супориш ба имом-хатибҳо ҳушдор додаанд, ки аз кор барканор хоҳанд шуд.

Воқеан, аллакаӣ чанд нафар дӯстону мухлисони моро, ки розӣ нашуданд ин баёнияро ба мардум хонанд, аз кор сабукдӯш намуданд. Аз ҷумла имомхатиби масҷиди ҷомеъи Понгози ноҳияи Ашт Мулло Абдураҳимро, ки беҳтарин ва зеботарин масҷидро сохта буд, аз кор гирифтанд. Ҳамчунин, имомхатаби масҷиди ҷомеъи маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Мулло Абдузоҳирро рӯзи 23-уми декабр муфтӣ Мукаррам бо нақзи талаботи қонунгузориҳои мавҷуда аз кор барканор намуд. Хатиби масҷиди Чоркӯҳи Исфараро аз сабаби бемикрофон хондани ин баёнйя низ аз вазифа барканор карданд.

Як далели дигари фармоишӣ будани ин баёния ин аст, ки раиси шаҳри Вахдат ду рӯз, 12-13 декабр мачлиси фаъолони шаҳри Вахдатро бо иштироки депутатҳо, кормандони идораҳои давлатӣ, раисҳои ҷамоатҳо, рохбарони муассисаҳои таълимӣ, ҳатто мактабҳои миёна, сардорони воҳидҳои кишоварзӣ, раисҳои шӯроҳои маҳаллаҳо, имомҳои масҷидҳои ҷомею панҷвакта доир карда, баёнияҳои аз номи Шӯрои уламо содир шударо қироат ва шарҳу тафсир дода, ҳодисаи рӯзи 9 уми декабр дар масҷиди мо рӯй додаро бисёр манфӣ ва вохиманок, гӯё як амали тарҳрезишудаи зидди давлату ҳукумат маънидод кардааст. Ва ҳамчунин аз ҳозирин талаб намудааст, ки дар муассисаҳо ва идораҳои зери назораташон ҳамин гуна мачлисхоро бо хамин мазмун баргузор созанд ва хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро маҳкум намоянд.

Далели дигари фармоишӣ будани ин тӯҳматномаҳо нашри он дар тамоми газетаҳои ҳукуматӣ :-«Ҷумхурият», «Садои мардум» ва нашрияи ҳизби ҳоким «Минбари халква дар атрофи ин мавзӯъ чоп намудани мақолаҳои зиёде мисли замонҳои советӣ аз номи муаллифҳои гуногун вале бо як мазмун он ҳам тахҳиру тӯҳмату бадномсозии хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар ин нашрияҳост. Дар баёнияхое, ки дар сайти «ХОВАР» чоп шуд, оилаи моро бо тӯҳматҳои холс сангин аз ҷумла ташкили ҷангҳои солҳои 92-97 муттаҳам кардаанд.

– Яъне дар ин баёния на танҳо масъалаи мазхабиву ақидатӣ, балки масоили сиеси низ зикр шудааст?

-Асосан дар баёния масоили сиёсӣ баён шудааст Масьала танҳо масъалаи фикхиву мазҳабй набуд Зеро мо барои дуруст будани ин корамон аз даҳҳо сарчашмаҳои мӯътабари мазҳаби ҳанафӣ далелҳои зиёде дорем. Вале хадаф ба фикри ман аввал маҳрум кардани ҳазрати Эшони Нуриддин ва Домулло Махмуд аз минбари масҷид ва баста намудани даҳонашон аз даъват ба сӯи Худо, амри маъруфу наҳйи мункар ва хам-чунин бастани дахони банда то ки дигар дар масоили сиссй, иҷтимоӣ ва фарҳангию дини дар матбуот баромад накунам. Зеро мансабдорон дар солҳои ахир тамоми василаро ба кор бурданд, то ки эшонро аз даъват боздоранд. Наворҳояшонро мусодира ва фурӯши онро мань карданд. Минбари маросимҳои мардумро аз домуллоҳо гирифтанд. Чандин маротиба ба идораҳои дахлдор даъват карда, «насиҳатҳо» карданд. Аммо масьулияти назди Худо болотар аз ҳама манфиатхои шахсӣ аст. Аз ин рӯ бародарони мо алхамдулиллоҳ рисолати худро то имрӯз содиқона ва ба кадри имкон идома медоданд ва дар ояндз низ хоханд дод. Бандаи ҳакир низ аз гуфтани ҳақиқат ҳеҷ гох, даст намекашам. Ё шояд нақша доранд, бародарон Тураҷонзодаҳоро дар назари мардум бо ин амалашон баднамо ва манфур нишон дода, бо нашри ин тӯ матномахо обруи оилаи моро аз баӣи баранд ва баъди он ба ягон иқдомхои бадтаро даст зананд? Ло ҳавла ва ло куввата илло биллоҳ.

–  Фикр мекунед, ин корҳо заминасозӣ барои кадом нақша ва ниятҳое барои баъд аст?

– Бале. Чуноне, ки пештар гуфтам о сокит кардани ман ва хусусан бародарҳоям хамчуноне, ки қаблан Ҳоҷӣ Мирзоро бо аз кор гирифтаи сокит карда буданд. Ҳоҷӣ Мирзо натанҳо дар байни мардуми минтакаи Кӯлоб, балки дар аксари манотики кишвар обруи баланде бо мавъизаҳои пурмазмунаш дар нашри ислом байни чавонон пайдо карда буд. Ҳамчунин, Мулло Маҳмадулло, як шахси донишманд ва нотиқи бисёр ҳам хуб дар Кӯлобро низ аз минбар маҳрум сохтанд Ӯро бо иттиҳоми хамкорӣ бо Ҳизбу тахрир ба додгоҳ кашида, баъди кашокашҳову баргузории чандин мурофиа аз толори суд озод, аммо аз сӯҳбат дар масҷиду минбар дураш карданд. Ин дафъа ба назарам навбати мо омад.

-Аслан. ёдбуди шаҳодати Имом Ҳусайн умуман дар масҷиди шумо буд, ки ин ҳама моҷаро бархост?

– Аз солҳои 1965 якҷониб қиблагоҳи бузургворамон (Худо раҳматашон кунад) дар масҷиди Роҳатӣ дар ҷумъаи аввали моҳи муҳаррам, дар бораи шаҳодати имом Ҳусайн дар Карбало сӯҳбат мекарданд ва аз осори муршид ва пири бузургворамон ҳазрати Саӣидқаландаршоҳ – китоби .»Маъдани хол» ва Девони Ҷунунӣ марсия ва ғазалҳо мехонданд, ки боиси нарм шудани дилҳо ва ҷорй шудани оби дидаҳои ҳозирин мегашт.

Дар солҳое, ки банда ба ҳайси Қозии мусулмонони ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардам, дар масҷиди маркази низ дар ҷумъаи аввали моҳи муҳаррам ёдбуди шаҳодати имом Ҳусайн баргузор мешуд. Баъди имзои созишномаи сулҳ вабозгашт аз ҳиҷрат аз соли 1999 инҷониб, яъне дар давоми 12 сол мо ёдбуди Имом Ҳусаӣнро дар ин масҷид баргузор мекардем. Вале ягон нафар нагуфт, ки ин кори шумо хилофи мазҳаб асг. На аз домуллоҳо, ҳатто баъзои онҳое, ки дар ҷаласаи Шӯрои уламо иштирок доштанд дар хамон маросимхои ёдбуд иштирок мекарданд ва на аз мардуми оддии намозхон ин амалро хилофи мазҳаби ҳанафӣ нагуфтанд. Ҳатто Шӯрои уламои қаблӣ ҳам, ки бо мо робитаи хуб надошт, дар ин масъала ҳеҷ ва ягон вокуниш нишон надода буд. Ба истиснои салафиҳо, ки дар соли 2008 бародари мо Эшони Нуриддинҷонро шиа эълон намуда, навороро бо ин мазмун паҳн карданд. Ҷои аҷибаш ин, ки муаллифи ин навори паҳнкардаи салафиҳо бародарзодаи муфтии имруза, ки ҳамон вакт дар Яман таҳсил мекард, буд.

–  То чӣ ҳад бо омадани намояндагони давлат ба масҷиди «Муҳаммадия» дар рӯзи 9 декабр ба ҳангоми намози ҷумъа қонун риоят ва ё нақз шудааст?

– Бале, тибқи моддаи 19-уми қонун «Дар бораи озодии вичдон ва иттиходияҳои динӣ» -иттиходияҳои динӣ ӯхдадоранд, ба ҳузур доштани намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар чорабиниҳои иттиҳодияҳои динӣ монеь нагарданд Аз ҷониби мо ҳеҷ гуна монеа ба намояндаҳои ваколатдори давлатӣ эҷод нашудааст, чуноне ки аз навори дар интернет нашршуда, маълум аст. Аммо ҳузур доштани намояндаҳои давлат ба маънои соҳиб шудан ба меҳробу минбар, ки нест. Балки онхо мисли дигар намозгузорон дар ҳар ҷое, ки дар дохили масҷид холӣ бошад, менишастанд, сӯхбатро гӯш мекарданд, раванди ибодатро назорат мекарданд ва агар камбудие дар фаъолияти имомхатиб мушоҳида мекарданд, баъд аз намоз дар ин бора бо имомхатиб сӯҳбат карда огоҳ менамуданд. Агар рафту амали имомхатиб ошкоро хилофи қонун ва такроран анҷом шуда бошад, намояндаи ваколатдори давлат ҳақ дошт, бо таври хаттӣ аз болои имомхатиб ба прокурори шаҳр ё ноҳия муроҷиат намояд. Қонун ба намояндагони ваколатдори давлат фақат ҳамин хафо додааст. Аммо мутаассифона, дар тамоми макотии кишвари мо роҳбарони шаҳру нохияхо ва намояндаҳояшон, роҳбарони Кумитам дин ва кормандонашон, ҳатман меҳробу минбари масҷидро сохиб мешаванд, хусусан дар рӯзҳои ид ва аз 20 то 40 дақиқа вақти намозхонхоро бо гуфтани суханхои, ки ҳар рӯз мардум аз родиёву телевизион мешунаванд, мегиранд. Ин худ як беҳурматии ошкоро нисбат ба хонаи Худо -масҷид аст. Зеро меҳробу минбар дар масҷид мероси Паӣғамбари Худост ва фақат уламо, ки тибки гуфтаи Пайгамбар ворисони Пайғамбари Худо (с) ҳастанд, ҳақдоранд, сӯҳбат кунанд ва имомати намоянд.

Мардуми мо аз тариқи телевизионҳои кишварҳои дигар мебинанд, ки ҳатто роҳбарҳои аввали кишвархои масеҳӣ ба «Алтар»и (минбар) ибодатгоҳ, яъне ҷое, ки руҳонӣ аз онҷо сӯҳбат мекунад, намебароянд. Тибқи таълимоти дини онҳо, фақат шахси рӯхонӣ хақ дорад, вориди «Алтар» гардад. Дигар хеҷ кас! Аммо дар мо чӣ? Рӯзи 9 уми декабри 2011 ба масҷиди мо раиси шаҳри Вахдат, раиси кумитаи дин, раиси шӯрои уламо дар иҳотаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сафҳои намозгузорҳоро бурида, вориди масҷид шуда, меҳробу минбарро соҳибӣ карда, микрофонро ба даст гирифтанд. Оё ин рафтори онҳо мувофиқи қонунҳои мавҷуда ва урфу одати мусулмонхост? Не, харгиз. Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси саҳеҳо фармуданд: «Ҳар касе ба масҷид омада, сафҳои намозгузорҳоро бурида, аз болои китфони онҳо гузашта, ба сафи аввал равад, рӯзи киёмат аз болои ҷасадаш мардум мегузаранд». Ин нишондиҳандаи он аст, ки ин масьулин ҳеч касро писанду манзур намекунанд…

Бояд зикр намоям, ки ин кори онҳо мухолифи моддаи 157-и Кодекси ҷиноӣ мебошад. Аз дасти имомдомулло, ҳазрати эшони Нуриддинҷон микрофонро гирифтанд ва ба чамозгузорҳохи хитоб карданд. Табиист, ки намозгузорҳо аз ин рафтор, аз ин боэҳтиромие, ки нисбат бахонаи Худо, нисбат басаҷдагоҳи мардум сурат гирифт, сахт норозӣ шуданд Дар ҷое, ки мардум сачда мекунад, бо поӣафзолҳои поӣдор, дохил шудан дар ягон фарҳанги миллатҳо нест, Таҳқир аз ин боштар намешавад.

Масъулини дар боло зикршуда, худашон бо ин амалашон вазъиятро тезу тунд намуда, айбро мехоҳанд, ба сари мо бор кунанд ва ин се нафари зикршуда ба унвони додситони шаҳри Вахдат аз болои Эшони Нуриддинҷон ва банда шикоят карда, моро ба аӣбҳои гуногун аз ҷумла, гӯё зидди ҳукумату зиддисиёсат мардумро даъват мо карда бошем ва ҳамчунин гуё мо нагузошта бошем, ки намояндаҳои давлат вазифаи худашонро дар масҷид анҷом диҳанд ва ҳамчунин гӯё мо бо муфти даргир шуда, уро ҳакорату дашном дода бошем. Ҳамаи ин даъвои онҳо ба Худо қасам ёд мекунам, ки тӯҳмат аст ва чанд хазор намозхони дохили масҷид ба ин шоҳид ҳастанд ва сабти навор низ дар дастраси ҳама ҳаст. Агар даъватхои мухаррарии хазрати Эшони Нуриддин намешуд, ором кардани он мардум хеле душвор буд. Аммо мутаассифона ба ҷои он ки камбудии худро фаҳмида, барои ислоҳаш кӯшиш намоянд, тибки баъзе хабарҳо садҳо нафар намозхонҳоро дар идораҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ соатҳои тулонй истинтоқ карда, бисёр мехостанд, робитаи сиссӣ ва танзимӣ байни имомхатиб ва намозхонҳо паӣдо намоянд. Хушбахтона то имрӯз касе чунин баёнотро надодааст, агарчанде 13 нафарашро даҳ шабонарузӣ дар ин рӯзҳои сард зиндонӣ карданд. Воқеан ҳам робита баӣми имомхатибу қавм мисли робитаи баӣни мухлисҳо ва футболбозҳо, мисли робитаи баӣни хонандаи эстрадаву мухлисонаш аст. Бале, алҳамдулил-лоҳ домуллои мо қудрати баёну садои хубу мантиқи олӣ доранд, хуб Сӯҳбат мекунанд, ҳақро мегӯянд. Аз ин рӯ мардум ба Эшон ҷалбу ҷазб мешаванд. Ҳудуди 90 фоизи намозгузорони масҷиди мо аз намозгузорони дигар минтақаҳо ҳастанд. Дар ҳоле, ки ҳар ҷумъа аз 13 то 15 ҳазор намозхон дар намоз ширкат мекарданд. Ҳазрати Эшон аксари мутлақи онҳоро намешиносанд ва намедонанд, ки аз куҷо ҳастанду чи ном доранд.

– Шумо яке аз роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик будед, ҳайати музокиротии мухолифинро, ки дар барқарории сулҳу салоҳ заҳматҳои зиёд кашид, бар уҳда доштед. Фикр мекунед, имрӯз дигар масъалаи сулҳу созиш нодаркор шудааст, ки бо яке аз ҷонибҳо чунин муносибат мешавад?

-Дар яке аз санадҳои муҳими Созишномаи сулҳи мо- Санади ҳамдигарбахшӣ, ки дар зери он президенти кишвар, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва раиси КОМ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзо кардаанд ва матни он дар сафҳаи 403-и китоби «Сулҳнома»-и Иброҳии Усмон оварда шудааст, гуфта мешавад. «Барои ватанамон ҷумҳурии Тоҷикистон, барои эҳё ва шукуфоии кишвари маҳбубамон, ба ёди шаҳидон ва рӯҳи покашон, ба поси хотири қурбониён, ба хотири таскини дили ятимону бевагону падарону модарон, бо назардошти иродаи мардум ба сулҳу оштӣ, бо дарки масъулияти таърихи худ ба гузашта имрӯза ва оянда президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси КОМ ии Санади ҳамдигарбахширо қабул ва эълон менамоянд: -Мо ҳамаи онҳоеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёси силоҳ ба даст гирифтаанд ва ба муқобили ҳамдигар ҷангадаанд, афв мекунем. Ғазаби худо ва лаъчати халқ ба ононо бод, ки аз паси қасдгирӣ ва таъқиби озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимат ва мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоянд».

Ин сухане аст, ки ҷаноби Президент худ гуфтаанд ва зери он имзо гузоштаанд. Аммо имрӯз бархо ин таъкиди Президентро амдан сарфи назар мекунанд. Онҳо ба хотири онки мо он солҳо аъзо ва аз роҳбарони оппозисион будем, аз мо қасд мегиранд. Моро озору азият медиҳанд ва тӯҳмат мекунанд. Ваъзе аз тарафдорони мо то имрӯз дар зиндонҳо ҳастанд ва бархе аз онҳо то ҳоло таъқиб мешаванд ва худи моро ҳам ҳар вакт бо калимаи нешдор, ё аъмоли баде, озор медиҳанд. Ҳатто озор то ҷое расидааст, ки кормандони ҳифзи хуқуқ ва хукумат кормандони идораи барқи шаҳри Вахдатро тахдид кардаанд, ки ба ҳар каск, ки барқи изофаги медихад, диҳед аммо ба деҳаи Тӯраҷонзодаҳо надиҳед, ки ҷазо мегиред..

Дар идомаи Санади ҳамдигарбахшӣ гуфта мешавад: «Мо сӯиистифода аз имконоти расонаҳои омма ва даъвати ошкоро ба нияти халал расонидан ба раванди Оштии Миллӣ, иттиҳоми ҳамдигар дар ҳузури ҷамоъат, аз гузашта ба бадӣ ёд карданро маҳкум менамоем».

Ҷаноби Президент дар инҷо мегӯяд, ки «аз гузашта ба бадӣ ёд кардан ва иттихоми якдигарро маҳкум мекунем». Аммо тамоми газетаҳои ҳукуматӣ дар тамоми навиштахои худ дар хаққи ман хамеша тӯҳмат мекунанд. Тӯҳмат яъне нӣ? Ҳар чизе ки бо қарори суд исбот нашудааст, он туҳмат аст. Аз ҷумла баёнияи Шӯрои уламо, аз ҷумла он навиштахоеро, ки «Минбари халқ», «Садои мардум», «Ҷумҳурият» дар бораи ҳодисахои 1992-97 чоп мекунанд. Ин ҳама тӯҳмат нисбати ман аст.

–  Воқеан чаро Шуморо барои ташкили ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мекунанд?

– Борҳо гуфтаам ва боз ҳам такрор мекунам, ки ман дар шурӯъи ҷанги шаҳрвандй ҳеҷ гуна рабте надорам. Ҳатто дар ибтидо дар майдонҳо ширкат надоштам. На дар ташкили Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ иштирок доштам, на дар музокироти байни ду тарафи он вакта. Намедонам, чаро маро ҳамрох, мекунанд. Вакте ки Раҳмонов ба мақоми раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд, табрикаш кардам. Омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор доштем. Барқияи табрикотии моро расонаҳо аз ҷумла телевизиони кишвар нашр кард. Мо ба ҳадде дилпур будем, ки худамонро аз кишвар берун накашидем. Ҳукумати нав омад ба Душанбе ва фаъолият огоз кард. Вале вақте куштани наздиконамонро огоз карданд, баъд 30 январи 1993 маҷбур рӯ ба ҳиҷрат овардем. Ман муқовиматхои сиёсиро аз моҳи феврали 1993 шурӯъ кардам. Дақиқтар аз мохи марти он сол, вақте Ҳаракати Наҳзати Исломро ташкил додем ва ман ноиби аввали он интихоб шудам.

–  Агар фишорҳо аз ин ҳам бештар шаванд, чй кор мекунед?

– Аввалу охир фақат ба Худо такя мекунем ва дар доираи қонунҳои мавҷуда аз худамон дифоъ мекунем. Иншоаллох, ҳамеша Худо аз золимҳо интиқоми мазлумонро мегирад. Мо ба ин бовар дорем. Ман бовар дорам ҳар қадар, ки зулм зиёд шуд, пояи зулм заъиф мешавад. Ман гумон мекунам ба манфиати кишвар нест, ки имрӯз ҳукумат дар сатҳи баланд ба чунии корҳо даст бизанад.

–  Дар сатхи баланд, яъне чӣ?

– То имрӯз бисёрихо ба мо мегуянд, ки ин ҳама баҳсу моҷароҳо дар бораи хонаводаи мо дар сатҳи вазоратҳо сурат гирифта истодааст ва Президент аз ҷузъиёти ин корхо хабар надоранд. Мо ҳам дар хамин бовар хастем. Ба ҳамин хотир, дар раддия ба баёнияи Шӯрои уламо, ки бародарамон Эшони Нуриддин пахш карданд. эълон намуданд, ки раиси ҷумҳур аз ин масоил хабар надоранд ва умедвор хастем, ки ин масъаларо аз рӯи адолат дида мебароянду ҳақиқат барояшон ошкор мешавад. Ҳамчунин дар рузи ҷумьаи нуҳуми декабр Эшони Нуриддинҷон чандин маротиба паӣи ҳам ба мардум хитоб намуда, таъкид намуданд, ки аз ҷаноби раиси ҷумхур бадгумон нашавед. Ҳамин гуна умедро мо дорем ва чуноне, ки мегӯянд аз ҳама охир умед мемирад. Зеро мо шахсан ба ҷаноби Президент рақобату душманй надорем. Аз ҳамин хотир ҳеҷ ба ақли мо намеғунҷад, ки чаро мансабдорон чунин муомилаи бад ба мо раво мебинанд. Ба хотири чӣ?

-Вале вақте раиси Шӯрои уламоро ба додгоҳ кашидед, ин ба чй анҷом хоҳад ёфт?

-Мо ба он хотир ба додгоҳ кашидем, ки мехоҳам ҳакиқат ошкор шавад. Якум, мо дар додгох, мехоҳем муайян кунем, ки аъзоҳои Шӯрои уламо аз ҳамин матни баёнияҳо хабардор буданд ё не, аз ин се матчи басния кадомаш баёнияи Шӯрои уламо аст? Агар ба ин масъала равшанӣ андохта шавад, сипас бояд маълум намоем, ки дутои дигарашро киҳо навиштаанд? Хулоса дар ин даъво мо то ба охир меравем то суди шаҳриву олӣ. Ҳатто агар инҳо хам ҷавоби қонеъкунанда надиҳанд, то ба додгоҳи баӣналмилалӣ меравем. Зеро инҷо обрӯ ва ҳаӣсияти мо ҳамчун инсон зери по шуда истодааст. Масъалаи ҳукуқи инсон имрӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳими авлавиятнок аст.

-Яьне Шумо худро таҳқиршуда меҳисобед?

-Бале, мо худамонро таҳқиршуда ҳисоб мекунем. Ва ҳама он туҳматҳое, ки дар баёнияҳо ҳастанд, хамаашон дар ҳакки мо тахқир хастанд. Мо мехоҳем бидонем, ки кӣ ин таҳқирро ба мо раво дид ва барои чӣ раво дид. Агар супоришӣ бошад, бо супориши кӣ ин корро карданд? Мо ва мухлису дустдорони мо ва ҳамчунин мардуми Тоҷикистон бояд хақиқатро бидонем.

–  Ҳозир ба кадом суд муроҷиат кардед?

– Ба суди ноҳияи Исмоили Сомони.

–  Инҷо дар бораи раисҷумҳур хам сӯҳбат шуд, ва дар назар буд, ки бо ӯ вохӯред. Вохӯрӣ баргузор шуд?

-Дуруст аст, ки ман рӯзи 8 уми декабр аз тариқи Раиси дастгоҳи иҷроияи Президент дархост карда будам, ки хоҳиши маро ба ҷаноби Президент расонанд, то нуқтаи назари моро доир ба ин баҳс аз худи мо шунаванд. Раиси дастгоҳ ваъда дода буд, ки ба Ҷаноби Президент мерасонанд. Дигар то имрӯз ҳеҷ хабаре надорам. Аммо рӯзи нӯхуми декабр Раиси шаҳри Вахдат ногаҳон дар масҷид эълон кард, ки ин мулоқот баргузор мешавад. Ин хабар барои ман хеле ногаҳонӣ буд ва ҳатто хурсанд ҳам шудам, ки ин хабарро аз намояндаи Президент дар ҳузури мардум шунидам. Баъд фаҳмидам, ки ин дурӯғ ба хотири ором кардани мардум будааст.

–   Кумитаи  дин   эълон   кард,   ки Тураҷонзодаҳо барои бастани масҷидашон розӣ шуданд…

– Не, ин гап нодуруст аст. Аслан сухани Холиқов ин буд, ки Кумитаи дин масҷидро дар асоси он огоҳиномаҳо, ки як руз пас дода буданд, мебандад. Холиқов аз мо хоҳиш намуд, ки ба имомии масҷиди панҷвақта Мулло Вайсиддини Қурбонро кабул намоем. Мо пешниҳод кардем, ки Ҳазрати Эшони Нуриддин худашои ҳамчун имоми панҷвақта боқӣ монанд. Зеро мулло Ваӣсиддин шогирди эшон аст. Тибқи аҳкоми шаръӣ ва одоби исломӣ имоматии шогирд дар назди устод ҷоиз нест. Зохиран Холиков ба ин пешниҳоди мо розӣ шуд, аммо Раиси шаҳри Вахдат бо исрор гуфт, ки розӣ намешавад, ки Эшони Нуриддин ба ҳайси имоми панҷвакта дар масҷид фаъолият кунад. Мо аъзоҳои муассисини масҷид дар ин мавқеьи худ устувор истодем. Аммо ҷониби хукумат низ ба хеҷ ваҷҳ розӣ нашуд, ки ҳазрати Эшон ба ҳаӣси имом фаъолият дошта бошанд. Мабодо масҷиди панҷвақтаро ҳам набанданд гуфта, ҳазрати Эшони Нуриддин аз мо аъзои муассисон хоҳиш намуданд, ки ба ин пешниҳоди мансабдорон розӣ шавем. Ба ҳар ҳол шахсан ман дар протокол навиштам, № розӣ нестам.

– Баъди сӯҳбат бо прокурор бо имзоҳои мустаъор баъзе чизҳое ҳам чоп шуданд, ки гӯиё Шумо ба гуноҳҳоятон   иқрор   шудаед. Кадом   гуноҳҳо?

– Воқеан ман намедонам, ки манзурашон чй буд. Маро аз сомонаи «Озодагон» хам дар ин бора пурсиданд ва ман гуфтам, ин мо аслан хеҷ гуноҳо накардем ва аз ин ру аз хеҷ касе узре намепурсем. Баъд фаҳмем ин хабар аз тариқи кормандони прокуратура паҳн шуда будааст. Мавфи бародарам Эшони Нуриддин ва ман то имрӯз ва ин мавқеи мо дар қарори суди шаҳри Вахдат аз 23 декабри 2011 зикр шудааст, ки мо худро гунаҳгор намошуморем…

–  Дар Маскав барои пуштибонӣ аз масҷиди Шумо пикет доир шуд, аммо шумо онро маҳкум кардед?

– Аз баргузории ин пикетсубҳи ҳамон рӯз аз сайти «Азия – плюс» бохабар шудам. Дар он хабароро хондам, ки дар шаҳри Маскав, дар назди сафорати Тоҷикистон ба хотири баста шудани масҷиди Тӯраҷочзодаҳо пикот доир мешудааст. Ба ростӣ сахт нороҳат ва дар ташвиш хам шудам. Аз бародаронам пурсидам, ки онҳо хеҷ хабаре аз ин дасисаи навбатӣ доранд. Онхо гуфтанд, ки на, мо хеҷ хабаре надором. Бале, дуруст аст, ки дар Русия дар байни муҳоҷирон мухлисони зиёд дорем, аммо вакте аз бародаронам пурсидам, ки Баҳром Ҳамроев ки аст? Гуфтанд, ки намешиносем. Шояд нафароне ин дасиса ва иғворо ташкил карданд, ки мехоҳанд, муносибати байни мову ҳукуматро боз ҳам сардтар кунанд, зеро дар хамон шабу рӯз Президент дар Маскав буд. Дафъатан ба расонахо зангзада, баргузории ин пикетро маҳкум кардам ва гуфтам, ки мо тарафдори баргузории ҳеҷ гуна пикет ва корҳои мисли он нестем. Мо аз ҳама дӯстону мухлисону бародарон хоҳиш кардем, ки дар ин пикет иштирок накунанд. Хушбахтона, саривакт баёнияи моро бисёре аз хабаргузориҳои мустакил чоп карданд. Ба ҳамаашон изхори миннатдорӣ мекунам. Хуллас, баъзе мухлисон аз Маскав занг зада гуфтанд, ки агар раддияи саривақтии шумо намешуд, шояд як митинги калон баргузор мешуд.

–  Додгоҳи шаҳри Ваҳдат   шумо ва бародаратонро гунаҳкор ҳисобида, 350 сомонӣ ҷарима кард. Ба ҳар сурат     даъвои     шикояткунандаҳоро конеъ кард…

–  Воқеан додгоҳи Вахдат ҳар чизе, ки додситони шаҳри Вахдат дар айбномааш эълон карда буд, бо вуҷуди будани далелҳои радкунанда, чизеро тағӣир надода, аӣнан дар пояи ҳамон иттихомҳо карори худро содир намуд. Хулоса то ба имрӯз на Эшони Нуриддинҷон ва на ман бо касе даст ба гиребон нашудаем ва касеро ҳам хақорат накарда будем. Аммо ба хотири даъвои ин мансабдорҳо аз ҷумла муфтӣ, ман қозии собиқи мусулмонони ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, ду маротиба аъзои парлумон, дорандаи ордени давлатии Исмоили Сомонӣ дараҷаи як баъди сафед шудани ришам ба «маӣдаавбошӣ» маҳкум шудам.

Махкамаи ҳақиқии адолат дар рузи киёмат, ки қозии он Худои бениёз аст, баргузор мешавад ва мо мазлумҳо аз ин золимон ва аз ҳар касоне, ки суханҳои ин золимҳоро дар хакки мо такрор карда, тӯҳматҳои онхоро дар баӣни мардум паҳн намуданд, ба даргохи илохӣ даъво менамоем. Вассалому ало маниттабаьал ҳудо.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: