Хокимияти чорум кудрат дорад?

Абдулазизи ВОСЕЪ «Озодагон» №48 21.12.2011

Журналистони точик дар шароити феълии вазъи расонахои Точикистон таъсиси хазинаи вижаеро зарур мешуморанд, ки дар холатхои бухронӣ ва даъвохои судӣ алайхи ВАО аз он истифода шавад.

Ташаббускорони ин пешниход мегӯянд, барои ба ин хазина ворид намудани маблаг аз ахолии кишвар кӯмак мехоханд.

«Точикистон ба стратегияи хифзи БАО ниез дорад»

Таъсиси хазинаи махсусро барои кумаки молӣ ба ВАО Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи «Азия Плюс» мухим мешуморад. Номбурда, ки яке аз мубтакирони пешниҳоди таъсиси чунин як фонд аст, дар мизи мудавваре дар мавзӯи «Мушкилоти хамкории камтаъсири намояндагони ВАО ва мудофиёни ҳуқуқи башар» гуфт, дар вазъияти кунунӣ ВАО зери фишорҳои мухталиф қарор дорад. Муроҷиати зиёди мансабдорони давлатиро ба додгоҳ аз болои нашрияҳо ҷаноби Мамадшоев як навъи фишор арзёбӣ намуд. «Дар ҷараёни баррасиҳои додгохӣ баръало маълум мешавад, ки баробар ҳуқуқии ҷонибхо риоя намешавад. Дар бештари қазияхо аз як тараф мансабдорон ва аз сӯи дигар ВАО меистад ва мақомоти судӣ манфиатҳои мансабдорро химоя мекунанд. Таҷрибаи як соли охир нишон медахад, ки ин нобарбархуқуқӣ аз лаҳзаи аввали пешниҳоди аризаи даъвогӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, вақте як мансабдор алайҳи ВАО шикоят мебарад, судҳо онро кабул мекунанд, аммо вақте ВАО шикоят мебарад, қабул намекунанд»,-афзуд муҳаррири нашрияи «Азия Плюс».

Пас, дар чунин вазъият чӣ бояд кард? Журналистон ва ВАО чӣ гуна бояд худро хафз намоянд?

Марат Мамадшоев аз идеяи таҳияи стратегияи хифзи ВАО ёд овард, ки ду сол қабл пайдошуда буд. Аммо ба насли вай зарурати онро чандон дарк накарданд ва ин идеяи ноб мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифт. «Дар мо чунин аст, ки вакте ягон даъвои «калидӣ» алаӣҳи расонае ба суд мерасад, баъд ҳама осемасар паӣи он мешавем. изҳорот қабул мекунем ва ғайраҳо Вақте қазия ба оҳистагй хал мешавад, боз фаромӯш мекунем ва то даъвои дигари судй гуфтан мумкин ки коре анҷом намедиҳем».

Марат бори дигар ба мухимияти таҳияи низоми стратегии хифзи ВАО таъкид дошт, мегӯяд, дар ин замина бояд барномаи кӯтохмуддат, миёнмуддат е дарозмуддат таҳия шавад.

«Дар мавриди номил набудани конунгузории Тоҷикистон дар робита ба ВАО зиёд гуфтанд ва хадафи стратегия ҳам ислоҳи ҳамин нуқсҳои конунгузорӣ мебошад. Мо метавонем ояндаи наздик барои аз кодекси ҷиноӣ берун кардани ҷавобгарии ҷиноӣ барои тӯҳмат муваффақ шавем. Ҷазои ҷиноятӣ барои тӯҳмат силоҳи хаефнокест ва мо бояд онро ба гунае безарар гардонем».

Маврид ба зикр аст, ки журналистон ва ҳуқуқшиносони сохаи ВАО чандин сол аст, ки барои аз кодекси ҷиноӣ берун кардани моддахои 35 ва 36 (тӯҳмат ва таҳқир) садо баланд мекунанд, аммо натиҷае ҳосил намешавад. Соҳибназарон мегӯянд. аксари мансабдорони давлатӣ бо истифода аз ин ду модда мехоҳанд дахони журналистонро бубанданд. Ахиран, Русия барои аз кодекси ҷиноӣ берун андохтани моддахои тӯҳмат ва таҳқир иқдом намуд ва таҳлилгарони тоҷик низ умед бастаанд, ки Тоҷикистон ҳам дар ин самт роҳи шарики стратегияшро тай хоҳад кард.

Таъсиси фонди хифзи ВАО бо пули ахолӣ

Дар мизи гирди «Мушкилоти хамкории камтаъсири намояндагони ВАО ва мудофиёни ҳуқуқи башар», ки созмони «Медиа Алянси Тоҷикистон» созмон дод, имкон надошт, ки аз мавзӯи №1-и якунимсоли ахир афзоиши даъвоҳои додгоҳӣ алаӣҳи ВАО ёд нашавад Зимнан, Марат Мамадшоев, муҳаррири газетаи «Азия Плюс» мегӯяд, бояд хазинаи махсусе созмон дода шавад, ки дар замони қазияҳои додгоҳӣ ба ВАО кӯмак расонад. «Ҳар кассе, ки ба казияҳои судӣ рӯ ба рӯ шудааст, медонад, ки химоячии касбие лозим аст ва пӯшида нест, ки барои адвокат ҳаққи хизмат бояд пардохт. Боз дахҳо корҳои дигаранд, ки маблағро талаб мекунанд Аз ин рӯ мо ба «маблағҳои озод» ниез дорем. Ман ошкор мегуям, ки нашрияҳои  мо чунин маблағҳоро надоранд. Созмонҳои байналмилалӣ пул доранд, аммо тавре медонед, дарёфт кардани он душвориҳои зиёд дорад, зеро раванди зиёдеро бояд тай намуд. Тавре мегӯянд, «наҷоти тарқшаванда дар дасти худи ӯст». Фикр мекунам ин маблағро мо метавонем аз аҳолӣ ҷамъ биёрем. Мо чунин як идея доштем, вақте казияи судии нашрияҳои «Озодагон», «Фараж», «Азия Плюс» ва «Милат» ҷараён дошт ва ҳафтаномаи «Паӣкон» баҳси додгоҳиро бо Тоҷикстандарт бохта буд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо даъвогарон аз нашрияҳо маблағҳои хангуфте хамчун ҷуброн талаб карда буданд. Он замон намедонам касе пешниҳод кард, ки биёед ба аҳолӣ муроҷиат мекунем, то дар хазинаи махсусе маблағҷамъ намояд. Фикр мекунам ин идеяи хуб ҳаст. Бовар дорам аҳолӣ барои ҳимояи ВАО пул ҷамъ мекунад. Онҳо ба мо бовар доранд».

Аммо ба гуфтаи Марат бояд ин хазина суратҳисоби махсус дошта бошад ва комиссияи вижае маблағҳоро пайваста назорат барад, то мақсаднок истифода шаванд. Муқаррири «Азия Плюс» мегуяд, бо ин роҳ аз як тараф ҳамрайъии журналистон таъмин мешавад ва аз сӯи дигар то андозае мизони боварии аҳолӣ ба ВАО таҳким меёбад.

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» дар мавриди ин пешниҳоди Марат Мамадшоев гуфт:

-Пешииҳод баҷо аст, вале боз хам аӣби мо журналистон аст, ки дар пешниҳод кардан ватанқид намудан «хунар»-и хуб дорем, аммо дар масъалаи амалӣ кардани пешниходҳо хело танбал хастем. Агар ба ёд биёред, як сол нашудааст, ки дар чунин ях нишасте айнан чунин як пешниҳоде буд. Он вақт дар мавриди таъсиси хазинаи ҳамрайъии журналистон гуфта будем. Қариб як сол мешавад, вале ягон кори амалӣ барои татбиқи он карда нашудааст. Ман метарсам, ки пешниҳоди Марат ҳам ба ҳамин ҳол мемонад, яъне аз собитқадам набудани худи мо журналистон».

Аммо ба иддаои Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонахои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) пешниҳоди таъсиси Хазинаи ҳамрайъии журналистон фаромӯш нашудааст ва корҳо барои амаяӣ кардани он ҷараён доранд.

Воқеан, ба қавли тахлилгарон дар қиёс ба 4-5 соли қабл ахиран як навъ ҳамрайъии журналистон дар кишвар эҳсос мешавад. Барои исботи ин гуфтаҳо онҳо ба қазияи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» ва Урунбоӣ Усмонов, хабарнигори «ББС» ишора мекунанд, ки сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи журналистӣ дар пай дошт ва билохира бо раҳоии онҳо анҷом ёфт.

Хазинаи хам райъии журналистон меббист аз ҳисоби маблағҳои нашрияҳо таъсис мешуд. Мубтакирони им пешниҳод мегуфтанд, ҳар нашрия ӯҳдадор мешавад, ки як фисади муайяни маблағро дар давоми се моҳ ё як сол ба ин хазина бирезад, то дар ҳолатҳои изтирорӣ, вақте хабарнигоре ё нашрияе ба мушкили додгоҳиву дигар проблеммаҳо рӯ ба рӯ мешавад, ба ӯ кӯмаки модӣ расонда тавонанд.

Нуриддин Қаршибоев бовар дорад, ки хазинаи дастгирии журналистон, ки муҳаррири «Азия Плюс» пешниҳод кард, муваффақ мегардад. Умрилло Меликов, ҳукуқшиноси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон гуфт, таъсиси хазина барои журналистон, ки хукукшиносонро ҷамъ оварад то дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо кӯмак расонанд, хуб аст, аммо агар ҳар нашрия бо қадри тавони худ як хуқуқшиносро ба таври пайваста ба кор гирад, таъсири дучанд мерасонад. «Дар ин сурат он ҳукуқшинос корро асилтар ичро мекунад нисбат ба оне ки корро ба фоидаи нашрия мекунад. аммо пулро аз ҷои дигар мегирад. Дар ин ҳолатбаъзаи корро аз сидқи дил ичро намекунанд. Ру ба рӯ масъулият доштан даҳ маротиба натиҷааш беҳтар аст аз он ки бо шумо кор мекунад, аммо пулашро аз ҷои дигар мегирад. Аллакай худаш масъулият канда мешавад».

Аммо таъсиси хазина аз мавзӯи ягонаи мизи гирд набуд. Дар ин хамоиш мушкилиҳои дигари журналистикаи тоҷик ҳам баррасӣ ва муҳокима гардид.

«Журналистон бояд аз имконияти қонунияшон бештар истифода кунанд»

Сарпечии бархе мақомот ҳангоми ироаи маълумот ба журналистон ҳам наметавонист берун аз баҳсҳо карор бигирад. Коршиносоне буданд, ки ба ин мушкил худи рузноманигороирог унаҳкор донистанд.

Кироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» мегӯяд, айби худи журналистон аст, ки ба суд хамчун даъвогар муроҷиат намекунанд. Номбурда аз ягона ҳолати муроҷиати Зафар Абдуллоев, собиқ раҳбари хабаргузории «Авесто» ба додгоҳ аз болом ширкати ‘Тоҷикэӣр» барои дастрас накардани иттилоъ ёдоварӣ кард. У гуфт ҳарчанд ин даъво қонеъ гардонда нашуд, аммо дар ҳолати зиёд шудани чунин даъвоҳо натиҷаи мусбатеро метавон мунтазир шуд. «Мо журналистон бояд аз чунин имкониятҳои кокунии худ бештар истифода барем».

Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО хам гуфт, имрӯзҳо дар бештари маврид рӯзноманигорон ва ВАО ба сифати ҷавобгар баромад мекунанд, ҳолатхои баръакс, ки ВАО ё журналист даъвогар бошад, кариб ки ба назар намерасад.

Як мушкили дигар ки иштирои дорони ҳамоиш сари он сӯҳбат карданд, аз сӯи мансабдорони давлатӣ талаб намудани ҷубронҳои ҳангуфт дар қазияҳои додгоҳӣ бо нашрияҳо буд. Адвокат Солехҷон Ҷӯраев дар ин бора гуфт. «Дар қонунгузорӣ омадааст, ки аз маблағи ҷуброни талабнамуда даъвогар бояд 0,5 дар сад пардозад, агар маблағи талабнамуда аз як миллион зиёд бошад. Вақте судяҳои суди олӣ алайҳи ман ва се нашрия «Озодагон», «Азия Плюс» ва «Фараж», ки изҳороти маро чоп карданд, ба додгоҳ шикоят бурда тақозои 5,5 миллион сомониро карданд, хамагӣ 4 сомонӣ пардохтаанд. Собиқ раҳбари раёсати ҷиноятҳои муташаккил вакте алаӣҳи хабарнигори газетаи «Азия Плюс ва худи ин ҳафтанома даъво, бурд, ҳамагӣ 2 сомонӣ пардохт. Аммо вақте ман шикояти даъвоӣ бурдам барои хифзи шараф ва номус, бидуни даъвои ҷуброни маънавӣ, суд аз ман 5 хазор сомонӣ талаб кард, дар ҳоле ки ман ҷуброни маънавӣ талаб накардам ва танхо мехостам, ки онҳо узр пурсанд. Куҷост адолат ва куҷост қонун»?

Робитои хуби максабдорон во журналистонро дар Кӯлоб кӣ бархам зад?

Ва мавзӯи дигар нигаронии коршиносони ҷануби кишвар аз ҳолати бӯҳронӣ дар вилояти Хатлон буд.

Орзӯ Ҳомидов, муассис ва сардабири нашрияи «Пажвок» дар вилояти Хатлон гуфт, бо ҳар роҳу васила рӯи хабарнигорони минтақа фишор меоваранд. Кӯшиш мекунанд ба фаъолияти онҳо монеъ шаванд. Ба бовари Орзӯ агар вазъ ба хамин тариқи домакунад дар панҷ соли оянда эҳтимол минтақаи ҷануб ба бӯҳрони кадрҳои соҳаи журналистика рӯ ба рӯ шавад. «Дурнамои ВАО дар минтақа аз лиҳози он ки аҳолии зиёд дорад, аз лиҳози он ки манбаҳои хабарсози зиёд дорад, умедворкунанда ҳаст, аммо аз лиҳози шартҳое ки барои ташаккули ВАО заруранд, минтақа то андозае бӯҳронӣ аст».

Сайраҳмон Назриев, яке аз дигар хабарнигорон дар минтақаи ҷануби кишвар гуфт, имрӯз ба кадом сохторе дар минтақа муроҷиат накунед, мегӯянд. бидуни иҷозаи раҳбарият, яъне макомоти марказӣ ба саволхои журналист посух намедиҳанд. Ин дар ҳоле, ки як сол пештар хабарнигорон чунин як мушкилро надоштанд. Ҳамкории журналистон ва мақомоти давлатӣ хуб буд. Ҳатто тариқи телефонй маълумоти заруриро аз прократура, раёсати корхои дохилӣ, раёсати мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳо дарёфт мекардем. Аммо ҳоло кор ранги дигар гирифтааст мегӯяд вай: «Бештар кормандони мақомоти интизомӣ ва кудратӣ ба шарте бо журиалист сӯхбат мекунанд, ки агар он сӯхбат дар нашрияҳои давлатӣ чоп шавад, на дар ҳафтаномахои мустакил. Онҳо нашрияҳои мустақилро ҳамчун газетаҳои оппозитсионӣ мешиносанд».

Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО мегуяд, қонунгузории кишвар барои саркашӣ аз маълумот ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст «Хуб мебуд, ки рӯзноманигорони минтақаҳои кишвар дар сурати монеи фаъолияти касбии журналист шудан ва сари вақт надодани ахбор ба макомоти дахлдор зиёдтар муроҷиат намоянд».

Бо дар охир…

Иштирокчиёни мизи гирд бо таҳияи чанд тавсияе кори ҳамоишро ба поён бурданд.

  1.  Таҳкими хамкории ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ВАО ва созмонҳои рузноманигорӣ ҷиҳати ҳимояи хуқуқу манфиатҳои журналистон, ВАО ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот;
  2.  Созмон додани иттиҳоди адвокатҳои соҳаи ВАО ва ба ин иттиҳод ҷалб намудани ҳукуқшиносони ҷавону болаёқат;
  3.  Амалӣ намудани барномахои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, сардабирон ва муассисони ВАО дар мавзӯи хукуқ ва ӯхдадориҳои онҳо дар чорчубаи қонунгузории Тоҷикистон;
  4. Ирсол намудани пешниҳоду дархостҳои иштироқдорони мизи гирд ба макомоти дахлдорад ҷумла пешниҳодҳое, ки ба лоиҳаи қонун дар бораи ВАО марбут аст;
  5. Таҳияи стратегияи ҳимояи ВАО ва журналистон, аз ҷумла таъсиси хазинаи фавқулолодаи дастгирии ҳуқуқии ВАО;

Аксари коршиносон бар ин назар буданд, ди бо таваҷҷуҳ ба афзудани нақши расона ва рӯзноманигор дар ҷомеа, ба назар мерасад ҳамоишҳое аз ин гуна ва таҳкими вахдат баӣни рӯзноманигорон дар ростои ахдоф ва арзишҳои олй метавонад дурнамои хубе барои ин бахш ва дар маҷмуъ кишвар дошта бошад.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: