Радди баёнияи Шурои уламои Точикистон

Эшони Нуриддини ТУРАЧОНЗОДА «Озодагон» №47 14.12.2011

Ба номи худованди бахшандаву мехрубон

Дар тӯли таърихи 1400 сола, таърихи ислом пур аз фочиаҳое зст, ки дар он идддае аз “уламо” хамвора ба хотири лагандбардории хокимону фармонравоёни давр ва барои пиёда намудани хадафхои сиесии ҳокимон даст ба динфурушӣ задаанд. Ин гурӯх уламоро таърих бо номи уламои салотин ё уламои дарбор ёдовар шудааст.

Паёмбари ислом низ ин зумра “уламо”ро мавриди танкид карор дода дар хадисхо едовар шудаанд, ки харгох олимеро дидед, ки ба хонаю дарбори хокимон равуои бисёр дорад, аз чунин уламо хазар кунед.

Воқеан ҷои таассуф аст, ки дар рӯзҳои охир, баъд аз суҳбати банда дар этрофи таърихи шаҳодати имом Ҳусаӣн -набераи Паёмбари Худо (алайҳиссалом) сарусадоҳои иғвоангез эчод карданд. Албатта ба ҳар як шахси оқил маълум аст, ки чунин иғвогариҳо бекумаку дастгирии идораҳои ҳукуматӣ дар як муддати кутоҳ имконпазир нест. Хусусан нашр шудани баёнияи аз якдигар фарқкунандаи аз номи “шӯрои уламо” дар як рӯз, дар фосилаи 15 дақиқа аз яқдигар, яке соати 09:55 дигаре соати 10:08 дақиқа дар сайти хабаргузории давлатии “Ховар” ва маҷбур намудани тамоми имомҳои масоҷиди кишвар аз ҷониби кормандони идораҳои ҳукуматӣ барои ба намозхонони масоҷид эълони “варианти саввуми баёния”, ки аз ду варианти дар “Ховар” нашр шуда фарқ мекунад дар рузи ҷумъа 9 декабри соли ҷорӣ исботи дастгирии ин идораҳо ва ҳатто супоришӣ будани ин амали иғвогаронаро тасдиқ мекунад. Тибқи маълумотҳои ба мо расида дар баъзе масоҷид, ки имомҳояшон аз хондани матни ин буҳтоннома худдорӣ карданд, намояндаҳои идораҳои хукуматӣ ва хатто дар баъзе масоҷид занҳои беҳиҷобу бесатр дар ҷои муқаддас- мехроб масҷиди Худо рост истода ин биёнияи иғвоангезро хонда доданд. Ҳоло он, ки тибқи моддаи 8-уми Конститутсия (Сарқонун) “ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо аст”. Чаро ин меъёри конститутсионӣ дар ин ҷо поймол гардид ва чаро идораҳои давлатӣ дар ин масъала хмдматгори раиси Шурои уламо Мукаррами Абдулқодирзода шуданд? Ҳоло он, ки падари Мукаррам эшони Абдулқодир аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруф вэ мавриди эҳтирому тақдири мо буданд. Худо рахматашон кунад.

Дар инҷо нақле аз таърих ба ёдам расид, ки зикри он дар ин мавзеъ ба маврид аст. Пас аз воқеаи Карбало иддае аз мардуми Куфа, ки ба адои ҳаҷ ба Макка рафта буданд, бо ҳазрати ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) мулоқот дошта, аз эшон дар мавриди хуни магас пурсиданд, ки оё қатли он бар ҳоҷӣ дамро (хунбаҳо) воҷиб  мегардонад ё на? Эшон лабханде зада гуфтанд: Аҷаб мардуме ҳастед шумо. Шумо аз ҳукми хуни магас мепурсед дар ҳоле, ки набераи Паёмбари Худоро (алайҳиссалом) куштед ва боке надоштед.

Воқеан ин идда “уламо” ҳангоме, ки хоҳарони моро аз ҳиҷоби исломӣ, ки бо далели Қуръон фарзияти он собит гаштааст, маҳрум карда буданд аа ё вақте қонуни мамнуъияти ба масҷид рафтани аз 18 сола поён баромад, суё ҳеҷ кори хилофи шаръие руй надода бошад, ҳама хомӯш буданд, хатто баъзеашон ин икдомҳоро маъқул донистенд ва тарафдорӣ карданд, вале аз зикри ёдбуди таърихи шаҳодати имом Ҳусаӣн нороҳат шуданд. Субҳоналлоҳ!!! Ин амали чунин идда “уламо”ро ба ҷуз ихтилоф эҷодкунӣ ва динфурушӣ дигар чи мешавад унвон кард? Магар пӯшиши ҳиҷоб ва адои на мозҳои фарзӣ дар масоҷид барои ҷавонони ба балоғатрасидаи аз 18 сола поён, аз ҷумлаи муқаддасоти мазҳаби ҳанафӣ ҳисоб намешавад? Ё ин, ки ҳурмати Язид барои онҳо аз ҳурмати ҳукми ҳиҷобу намозҳои фарзӣ муқаддастар аст?

Аввал ин, ки суҳбати мо дар рӯзиҷумъа баргузор гардид, ки ба 6 уми моҳи муҳаррам рост меояд еа ҳоло он, ки маросими мотам ва азодории шиаҳо дар рузҳои нуҳум ва даҳуми моҳи муҳаррам аст, ки бо номҳои “тосуъо” ва “ошуро” бо синазанӣ, занҷирзанӣ ва хайат шуда дар хиёбонҳо рохпаӣмоӣ намудан баргузор мегардад. Ҳоло куҷои ин суҳбати мо, ки чаҳор рӯз қабл аз ошуро буд, шабоҳат ба маросими ошуроии бародарони шиъӣ доштааст?

Фарқияти дигар ин, ки мо мардумро ҳамеша дар мавъизаҳо таблиғ ба рӯза доштани рӯзи нӯҳум ва даҳуми муқаррам мекунем, ки аз назари шиа рӯза гирифтан дар ин рӯзҳои мотам гуноҳ аст. Сабаби рӯзаи ии рӯзҳо ҳам ҳеҷ рабте ба ҳазрати имом Ҳусайн надорад. Балки ин рӯзаро қабл аз шаҳодати имом Ҳусайн Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуда буданд ва худашон низ ин рӯзҳо рӯза медоштанд.

Хулоса ин ёдоварии мо аз шаҳодати имом Ҳусайн ҳеҷ иртиботе ба рӯзҳои мотам ва аъзодории шиаҳо надорад. Он чи мо аз Ҳусайн (Худованд аз вай розӣ бод) зикр мекунем ба хотири он аст, ки ба ибораи Паёмбари Худо Ҳусайн порае аз ҷигари Расулуллоҳ (алайҳиссалом) мебошад. Ҳусайн фақат имоми шиаҳо нест. Муҳаббати Ҳусайн дар дили тамоми мусалмонон ба хотири он аст, ки Паёмбари Худо ӯро дуст медошт. Расули Худо (алайҳиссалом) фармудаанд: “Ҳасан ва Ҳусейн ду гули хушбӯи ман дар ин дунё ва охират ҳастанд”. Ривояти ибни Умар (разияллоҳу анҳумо). Ривоятҳо дар мадҳу фазилати ин бузургвор дар манбаъҳои исломӣ хеле зиёданд.

Мавлоно Абдулқай аз бузургони мазҳаби ҳанафӣ дар китоби мадҳури худ “Маҷмуъатул-фатово” дар мавзуъи ёдбу ди шаҳодати имом Ҳусайн гуфтааст: “Баёни воқеаи шаҳодати имом Ҳусаӣн ва гиристан бар он ба шарте, ки аз навха ва аз акди маҷлис (роҳпаймоӣ), ки муҷиби ташаббуҳи равофиз аст, холӣ бошад, дуруст аст”.

Пас чуноне, ки дар боло зикр кардем маҷлиси мо аз назҳа, синазанӣ ва аз роҳпаймоӣ, холӣ буд. На дар рӯзи хосе яъне даҳуми моҳи муқаррам, балки дар рӯзи ҷумъа шашуми моҳи муҳаррам зикр кардем, ҳамчуноне, ки дар моҳи рабиулаввал зикри таваллуд ё вафот беҳтарини башарият ҳазрати Паёмбарро (алайҳиссалом) ёдоварӣ мекунем. Худи мавлоно Абдулҳай дар хутбаи ҷумъаи моҳи муҳаррам қиссаи шаҳодати имом Ҳусайнро бо тафсил баён кардааст, ки дар китоби “Ал-хутабул-лакнавия” саҳ. 7 омадааст. Пас ба фикри ин “ъулламо” мавлоно Абдулҳай низ шиа буданд?

Агар мо дар ин маъизаи худ Язидро лаънат карда бошем, пас бояд бигуям, ки аз назди худ чунин накардаем. Зеро бисёре аз гузаштагони мо, уламову солиҳин Язидро лаънат кардаанд. Ҳоло дар лаъни Язид бойгонии китобхонаҳои исломӣ беш аз муҷалладҳо китоб дорад. Аз ҷумлаи бузургоне, ки лаъни Язидро ҷоиз донистаанд, имом Аҳмади Ҳанбал (муассис ва имоми мазҳаби ҳанбалии аҳли суннат ва ҷамоат), Ибни Ҷавзӣ, аллома Тафтаззонии Самарқандӣ, ки яке аз уламои машҳури мазҳаби мост ва ибни Камоли ҳанафӣ ва ғайра сароқатан Язидро лаън кардаанд ва ба ҷавози лаъни вай фатво додаанд. Аз ҷумлаи Козӣ Абуяъло дар ин робита китобе навиштааст, ки дар он бо далелҳои зиёде лаъни Язидро ҷоиз донистааст. Аз тарафи дигар агар. Язид дар байни мусулмонҳо маҳбубият медошт пас чаро ҳеч касе аз мусалмононии Тоҷикистону Афғонстон, Осиёи миёнаву Африқо, кишварҳои араб ёфт намешавад, ки фарзанди худро Язид ном гузошта бошад, ҳоло он, ки номи аксари саҳобагону тобиъини Паёмбари Худоро (алайҳиссалом) мардуми мусалмон табаррукан ба фарзандони худ мегузоранд.

Агар мо шиа мешудем ҳаргиз барои дифоъ аз асҳоби киром хусусан ҳазрати Умар дар радци шубаҳоти як шиа мақолае пур аз далелҳои аклию наклӣ наменавиштем. Ин мақоларо Эшони Маҳмудҷон бо мувофиқати мо зери унвони “хазрати Умар символи адолат ва адолат хоҳӣ” навиштааст.

Агар мо шиа мебудем барои радди “никоҳи мутъа ва ҳаром будани он” ва инчунин дар фазилати уммулмуъминин Оишаи саддиқа (Худованд аз ваӣ розӣ бод) мақолаҳо наменавиштем.

Агар мо шиа мешудем оиди шубаҳоти ҳазрати Усмон мақолаҳо наменавиштем. Шумо ҳамаи ин мақолаҳоро аз сомонаи мо (www.turajon.com) паӣдо ва мутолиа карда метавонед.

Бале, мо пайравони мазҳаби ташайуъро аз ҷумла бародарони эрониро бародарони исломии худ медонем ва ба аҳкомҳои мазҳабии онҳо корб надорем ва ин ҳама ба хотири вахдати суфуфи муслимин аст. Ҳама ба хотири он аст, ки ин уммати заифшудаи ислом набояд имруз гиребони якдигарро бидарад ва ба якдигар душманию кинаварзӣ намояд. Ҳам аҳкоми шариати ислом ва хам ақли солим хилофи инро тақозо мекунад. Бояд ин уммат даст ба дасти ҳамдигар худро аз ин вартаи ҳалокатбор берун орад.

Вақте дар конфронси вахдати исломӣ дар Теҳрон бо даъвати доктор Вилоятӣ иштирок доштам, сароҳатан дар минбар аз уламои ташаӣюъ дархост кардам, ки фатвое содир кунанд, то дигар лаъни саҳоба ва азвоҷи мутаҳҳари Паёмбари Худо (алайҳиссалом) манъ карда шавад.

Пас бояд ба ҳамаи азизону дӯстон, кинатузону ҳангома ҷуён бигӯям; Ман Эшони Нуруддин ҳаргиз дар гуфтани сухани ҳақ аз ҳеч касе ҷуз Худо ҳарос надоштам ва нахоҳам дошт. Сароҳатанмегуям, ки то ҷон дар бадан дорам сухани ҳақро хоҳам гуфт ва ҳеч чизе дар рохи Аллоҳ монеаи ман шуда наметавонад. Ман ҳаргиз шиа набудам ва нестам. Чуноне, ки ҳаргиз салафӣ набудам ва нахоҳам буд.

Дар охир хаволаи ин ашхоси кинатуз ва иғвогарро ба Худо месупорам. Зеро ман бовар дорам, ки Худованд ҳаққи мазлумонро аз золимон дер ё зуд хоҳад ситонид.

Аз хамаи дӯстон, шогирдону бародарон мухлисону муридон даъват мекунам, ки вахдат, оромиш ва амнияти кишварро ҳамчун мардумеки чашм эҳтиёт кунанд ва ба ҳеч дасиса дода нашаванд. Аз он, ки баъзе афроди манфиатдори идораҳои ҳукуматӣ дар ин иғво даст доштанд, ин маънои онро надорад, ки ҷаноби Президент аз ин кор хабар доранд. Ман умедвор ҳастам, ки ҷаноби Олӣ ин масъаларо баррасӣ мекунанд ва касоне, ки тарҳрези ин иғво буданд, муаррифӣ мешаванд. Вассалому ало ман иттабаъал ҳудо.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: