Бозпурсии Тӯраҷонзода дар Прокуратураи Ваҳдат

Қиёми НУР, TojNews

Душанбе. 15-уми декабр. TojNews– Рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро давоми ду рӯз ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои бозпурсӣ аз ҷониби прокурор Муҳаббатов Қурбоналӣ ва муовини ӯ – Ҳасанов Наим даъват мешавад.

Дар бозпурсӣ бештар рӯйи аризаи даъвогии раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ва Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини кишвар гуфтугузор сурат гирифтааст. Эшон бо аризаи шикоятӣ аз болои Тӯраҷонзода барои ноҳурматӣ нисбат ба намояндагони расмӣ дар масҷиди Муҳаммадияи шаҳри Ваҳдат ба Прокуратураи ноҳиявӣ муроҷиат намудаанд.

Аммо ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҷумъаи гузашта намояндагони расмӣ ба таври намоишкорона ва бо кибру ғурур дар вақти ибодат вориди масҷид шуда, болои ҷойнамоз истода, баландгӯякро аз дасти эшони Нуриддинҷон гирифта, ба рафти ибодат халал ворид мекунанд. Ин дар ҳолест, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, моддаи 157-и Кодекси ҷиноии кишвар ба чунин амали онҳо мухолифат дорад. Ӯ таъкид намуд, ки “нахуст корҳо аз ҷониби худи онҳо сурат гирифт ва моро мавриди таҳқир қарор додаанд. Гузашта аз ин, боз мехоҳанд, то аз нафарони расмие, ки ҷумъаи гузашта ба ин масҷид ташриф оварда буданд, истиқбол карда, онҳоро мавриди хуш омадед қарор диҳанд”.

Дар идома гуфта шуд, ки давоми ҳафтаи ҷорӣ раиси шаҳри Вахдат зимни баргузории як маҷлиси васеъ дар ҳузури намояндагони сохторҳои мухталифи ноҳия Қарори Шӯрои Ҳукумати кишварро хонда, хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро бо иғвоангезӣ ва эътимод надоштан ба ҳукумат маҳкум кардааст. Гузашта аз ин, Анвари Вайсиддин кулли муассисони расмии ноҳиявиро вазифадор намудааст, то бо баргузории ҳамоишҳо фаъолияти хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро маҳкум намоянд.

Ба қавли Тӯраҷонзода, шанбеи гузашта як зумра намозгузорон аз сӯйи кормандони сохтори амниятӣ дастгир шуда, мавриди таҳқир қарор дода шудаанд. Ин ҳам ба он хотир, ки дар масҷиди мазкур намоз гузоштанд ва зимни ташрифи меҳмонон бо садои баланд “Аллоҳу акбар” гуфтаанд.

“Аммо аз он ки бисёриҳо мегӯянд, гуё ҳукуматдорон аз онҳо ҳамеша эҳсоси хатар мекунанд, ин ҳарфи нодуруст ва як воҳимаи навбатист. Зеро мо ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ надорем ва даҳҳо маротиба гуфтам ва боз мегӯям, ки мансаб ба ман лозим нест ва узви ягон ҳизби сиёсӣ нестам. Танҳо як чиз мехоҳам , ки Тоҷикистон орому осуда бошад,- гуфт Тӯраҷонзода.

Бо вуҷуд, рӯҳонии тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, аризаи шикоятӣ аз болои раиси Шӯрои уламо омода шудааст ва рӯзҳои надик ба суд ирсол мешавад.Мавсуф бисёр мехоҳад, то дар доираи қонун аз тӯҳматҳои нисбати хонаводааш суратгирифта онро сафед кунанд ва баъдан, талош дорад иғвоангезиҳои муфтиро ошкор карда, ӯро ба ҷавобгарӣ кашад. Ҳамзамон, ӯ дар талоши ҳарчӣ зудтар боз намудани масҷид аст. Ҳарчанд Тӯраҷонзода бар ин бовар аст, ки қонун дар Тоҷикистон ба ду по мелангад.

Зимнан, Тӯраҷонзода аз кулли намозгузорон даъват намуд, ки рӯзи 16-уми декабр барои адои намози ҷумъа ба масҷиди «Муҳаммадия» ҳозир нашаванд. Зеро вазъ худ ҳассос арзёбӣ мешавад ва аз эҳтимол дур нест, ки боз фитнаи навбатие эҷод шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси Кумитаи дини Тоҷикистон адои намозҳои ҷумъаро дар масҷиди Муҳаммадия, ки имоматиашро бародарон Тӯраҷонзодаҳо бар дӯш доранд, барои 3 моҳ манъ кард. Ин иқдом ба дунболи моҷарои Тӯраҷонзодаҳо бо Шӯрои уламост, ки дар пайи баргузории расмӣ ёдбуди солгарди қатли Имом Ҳусейн ин хонаводаро ба шиагароӣ ва аъмоли хилофи мазҳаби ҳанафӣ айбдор кард.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: