Даъват шудани Эшони Нуриддинҷон ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат

Қиёми САЪД, TojNews

Душанбе. 13-уми декабр. TojNews – Раиси Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат нисбати Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Эшони Нуриддинҷон аризаи даъвогӣ навиштаанд.

Аз субҳи имрӯз то шом Эшони Нуриддинҷон дар Прокуратураи шаҳри Ваҳдат мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора ба TojNews Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода иттилоъ дод.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд: “Даъвои онҳо ин ки, гӯё мо намояндагони ҳукуматро эҳтиром накардаем ва онҳо ва мардумро зидди онҳо шӯронида бошем, дар якҷоягӣ нисбати ман ва бародарам ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат шикоят бурдаанд”.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода даъвои масъулинро рад карда, мегӯяд: “Мо ба онҳо гуфтем, ки як рӯз пеш моро муттаҳам ба шиагӣ кардед. Дар тамоми Тоҷикистон тӯҳматамон кардед. Дар тамоми масҷидҳо маҷбур кардед, ки моро шиа эълон кунанд. Яъне моро таҳқир кардед, мо нороҳат будем, ба истилоҳ, ҳолати равониямон нороҳат буд ва мардуме, ки он ҷо буданд, нороҳат шуданд. Боз мехоҳед дар ин ҳолат мо шуморо болои сар гирем?”

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, эҳтимол аст, фардо ё пасфардо ӯ низ дар Прокуратураи шаҳри Ваҳдат мавриди бозпурсӣ қарор гирад.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: