Тўраҷонзодаҳо бори дигар дар саргаҳи иғво истодаанд…

Баёнияи Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар замони муосир, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи дину фарҳанг ҳамгироӣ ва ҷаҳонпайвандӣ таъсир мегузорад, як навъ иртиботи қавӣ миёни мазоҳиб ва мусалмонони мамолики гуногун ба мушоҳида мерасад. Равобиту муносиботи фарҳангии байни кишварҳои исломӣ тадриҷан авҷ мегирад, ки ин як падидаи ногузири замони мост.

Баробари ҷиҳатҳои мусбати ин падида, мутаассифона, баъзе ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки ба пайдоиши ихтилофоти фикрӣ ва ақидатӣ боис мешаванд. Манзури ин андеша паҳн шудани баъзе ақидаҳои ғалати равияҳои бегона аст, ки ба мазҳаби ҳанафӣ ва солимии вазъи диндории аҳли ҷомеаи Тоҷикистон хатар эҷод менамоянд.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон, ки аксарияти раъияти онро мўътақидони мазҳаби ҳанафӣ ташкил мекунанд, баъзе маросимҳое, ки ба дини мубини ислом, ба хусус ба ақидаи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат бегонаанд, аз ҷониби баъзе ашхоси ба ном рўҳонии иғвоангез таблиғ карда мешаванд. Яке аз чунин маросимҳое, ки хоси мазҳаби шиа буда, аз ҷониби тамоми бузургони ислом ҳамчун амали бидъатомези номашрўъ эътироф шудааст, маросими Ошўро аст.

Ин маросим дар миёни шиамазҳабон аз эътиқодоти мазҳабии онҳо сарчашма мегирад. Ҷонибдорони ин мазҳаб қатли Имом Ҳусайн (р)-ро фоҷиаи бузурге дар ибтидои ривоҷи ислом ҳисобида, бо ёдкарди ин Имоми равоншод, тавассути баргузории Ошўро ҳамин ақидаро тақвият додан мехоҳанд, ки дар меросбарӣ дар масъалаи ҳокимият гўё нисбат ба аҳли байти Пайғамбари ислом (с) беадолатӣ сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки дар мавзўи Ошўро дар маъхазҳои исломӣ маълумот хеле зиёд аст.

Ва чунон ки маълум аст, аҳли ташайюъ ҳар сол дар шаҳри Карбалои Ироқ гирди ҳам омада мотам мегиранд. Ин маросим то ҳадде меравад, ки баъзе мутаассибон бо нидои «Ё Ҳусайн» худро бо занҷирҳо зада хуншор мекунанд.

Боиси ҳайрат ва нигаронист, ки бори аввал рўзи 2 декабри соли 2011 дар байни пайравони ҳанафимазҳаби Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат маросими шиаи «Ошўро» – сўгворӣ дар мақтали Ҳазрати Имом Ҳусайн, бар хилофи эътиқодоти аҳли суннат ва ҷамоат ҳамчун маросими динӣ баргузор шуд.

Қабл аз намози ҷумъа дар масҷиди номбурда Нуриддин Қаҳҳоров, маълум ба эшони Нуриддин дар мавзўи «Фазилати Ошўро» суханронӣ намуда, зимни мавъиза қотилони Имом Ҳусайнро мавриди интиқоди шадид қарор дод ва аз чӣ бошад, ки дар ҳаққи ҳазрати Муовия-халифаи мусулмонон (разӣ-ял-лоҳу в-анҳу) суханҳои қабеҳро раво дид?! Муовияе ки парвардаи мактаби Пайғамбари Худост (с) ва аҳли суннату ҷамоат нисбат ба ў ҳамчун саҳобаи гиромӣ эҳтироми зиёд доранд.

Донишманди маъруф Мулло Алӣ Қорӣ дар шарҳи китоби «Амолӣ» менависад: «Касе аз бузургони гузашта Язид ибни Муовияро лаънат нагуфтааст, ба ҷуз касоне, ки дар барангехтан бар лаънати ў саъй карда, аз андозаи эътидол берун рафтаанд, аз қабили фирқаҳои рофизӣ, хавориҷ ва баъзе аз муътазилиён, ки ризоияти Язидро ба қатли Имом Ҳусайн (р) ва иҳонаташро ба аҳли байти Пайғамбар (с) собит ва саҳеҳ медонанд.

Аз ҷониби Н. Тўраҷонзода ба лаънат маҳкум кардани халифа Муовия ба фатвоҳои бузургони фиқҳи ҳанафӣ хилофат дорад. Дар Фатовои Ибни Салоҳ (саҳ. 69) чунин фармудае ҳаст: «Лаънат ва нафрин кардани мусулмон ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест».

Баргузор кардани ин маросим бо ақида ва ҷаҳонбинии аҳли суннат ва ҷамоат комилан мухолиф аст, зеро на аз Пайғамбар (с), на аз саҳобагон ва имомони чор мазҳаб чунин амале собит нашудааст. Мавлоно Қосими Нонутавӣ дар китоби «Таҳлиле перомуни масоили фиқҳӣ» меорад: «Ҳар суннате, ки шиори аҳли бидъат шавад, тарки он воҷиб мегардад, куҷо расад ба чунин коре, ки аҳли суннат бар муқобили он ҳастанд».

Албатта, ба накўӣ ёд кардани аҳли байти Пайғамбар (с) ва саҳобагони ў, инчунин бузургони дини мубини ислом як амали хайрест, ки аз маънавиёти волои пайравони ин дини осмонӣ гувоҳӣ медиҳад. Натанҳо ёди аҳли байти Пайғамбар (с), балки поси хотири ҳар мусалмоне, ки заррае барои ривоҷи ислом хидмат ба ҷо овардааст, амали сазовори таҳсини ҳар мусалмон аст. Онҳое, ки дар роҳи ислом ва хидмати ҷомеаи мусалмонон ҷонфидоӣ кардаанд, тавассути поси хотирҳо зиндаву ҷовид мемонанд. Ҳазрати Муовия аз ҷумлаи саҳобагон мебошад.

Дар масъалаи ба некӣ ёд кардани саҳобагон, ки Имом Ҳусайн (р) дар шумори онҳо буд, дар китоби Имоми Аъзам «Фиқҳи акбар» чунин фармудае ҳаст: «Ва ло назкуру аҳадан мин-а-с-саҳобати илло билхайр», яъне «саҳобагони Пайғамбар (с)-ро танҳо ба некӣ ёд мекунем».

Ёд кардан ё ин ки поси хотир доштан низ бояд ба ваҷҳе сурат бигирад, ки қобили қабули мўътадили аҳли мазҳаб бошад. Одатан, шакли маъмули ба ёд овардани бузургони ислом дар ҳаққашон чанд оёте аз Қуръони азимушшаън тиловат кардан ва даст бар дуо бардоштан аст. Дар ҳамин маврид ба хотир овардани корномаҳои эшон ва амали онҳоро ситоиш кардан аз умури матлуби дини мубини ислом аст.

Мутаассифона, дар ҳамон шакле, ки аҳли шиа ёди Имом Ҳусайн (р)-ро ба воситаи таҷлили Ошўро мекунанд, барои аҳли суннат ва ҷамоат аз ҳар мавқеъ норавост. Дар Ошўро либоси сиёҳ ба бар кардану азо гирифтан, бо садои баланд навҳаю фиғон кардан ва лаънат фиристодан, ба сару тани хеш задану кўфтан, худро ба дараҷаи маҷрўҳӣ расонидан, захмдору хуншор намудан, яъне худҷазодиҳии бераҳмона аз қабили амалҳоест, ки онҳоро аввалтар аз ҳама худи Пайғамбари ислом (с) дар ҳадисҳояшон наҳӣ кардаанд ва баъдан саромадони ҳар чаҳор мазҳаби аҳли суннату ҷамоат инкор намудаанд. Дар чунин шакли ғамангезу фоҷиабор баргузор намудани намоиши оммавӣ, ки дар он сухан аз як ҳодисаи қатли Имом Ҳусайн, ки ҳукми тақдир буд, боиси барангехтани фитнаву низоъ миёни пайравони дини ислом мебошад.

Нуқтаи муҳим он аст, ки таърихро ба қафо баргардонидан нашояд ва ба он санг партофтан низ пешаи оқилон нест. Дигар ин ки мусалмон бояд айби бародари мусалмони хеш бипўшонад, то ки ихтилоф ва кинаву хусумат миёни мусалмонон рў нахезад. Далели ин даъвӣ ояти зерини сураи «Бақара» аст: «Тилка умматун қад халат лаҳо мо касабат ва лакум мо касабтум ва ло тусъалуна ъаммо кону яъмалун», яъне «Онҳо гурўҳеанд, ки даргузаштаанд; он чи кардаанд, аз они онҳо аст ва он чи кардед, аз они шумо аст; ва аз он чи он гурўҳ мекарданд, шумо пурсида нахоҳед шуд». Хамчунин ҳадиси Пайғамбари ислом (с) аст ба чунин мазмун: «Узкуру маҳосина мавтокум ва куффу ан масовиҳим», яъне «Некиҳои гузаштагонро ёд кунед ва аз зикри бадиҳояшон худдорӣ намоед».

Пас, хулоса ин аст, ки набояд як ҳодисаи фоҷиабори гузаштаро, ки дар ҷомеаи мусалмонон рух додааст, ба таври ошкоро ва иғвоангезона ба хотир оварем ва бад-ин восита байни уммати исломӣ – равия ва мазҳабҳо кинаю адоват ва хусумат барангезем. Зеро таърих гувоҳ аст, ҳангоме ки гурўҳи рофизиҳо баргузории мотам ва изҳори ғаму андўҳро ба сабаби кушта шудани Имом Ҳусайн (р) дар ин рўз эҷод карданд, баъзе аз ҷоҳилони аҳли суннат дар муқобили онҳо дар ин рўз дар чашмонашон сурма кашида, изҳори шодию сурур намуда дастурхони идона густурданд. Ва чунин амали муқобилгузорӣ ногузир ба ҷангу ҷидол ва нифоқи ҷомеа оварда мерасонд. Хулоса ин аст, ки дар ин рўз изҳори шодию сурур ва ё баръакс мотаму сўгворӣ ва азодорӣ намудан аз ҷумлаи бидъатҳо мебошад. Худҷазодиҳӣ дар шакли худро задану гиребон чок кардан, лаънат фиристодану бадгўӣ кардан умуман дар дини ислом ва хосатан дар мазҳаби ҳанафӣ ба ҳеҷ ваҷҳ раво набуд ва нест. Дар ин хусус Пайғамбар (с) фармудаанд: «Касе ки бар рухсораҳои худ бизанад, гиребонҳояшро чок кунад ва ба корҳои ҷоҳилият даъват кунад, аз ҷумлаи мо нест».

Бо далоили зайл таҷлили Ошўро барои аҳли ҳанафии Тоҷикистон раво нест.

Аслан, Ошўро таърихи худро дорад. Рўзи Ошўро рўзи даҳуми моҳи муҳаррам буда, аз ҷумлаи айёми бофазилате аст, ки Пайғамбар (с) ба рўза доштани он тарғиб карда ва дар ин рўз аз ҳаргуна амалҳои бад ва суханҳои қабеҳ худдорӣ намуданро талаб кардаанд.

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки вақте Расули акрам (с) аз Маккаи Мукаррама ба Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат карданд, диданд, ки яҳудиён дар рўзи Ошўро рўза гирифтаанд. Он Ҳазрат (с) аз онҳо пурсиданд, ки ин чӣ рўзе аст, ки шумо дар он рўза гирифтаед? Онҳо гуфтанд: Ин рўзи бузурге аст, дар ҳамин рўз Худованд Мўсо ва қавми ўро наҷот дода, Фиръавн ва лашкарашро ғарқ сохт. Пас Мўсо (а) ба шукронаи ин неъмат он рўзро рўза гирифт, аз ин рў мо ҳам ба пайравӣ аз ў он рўзро рўза мегирем. Расули акрам (с) фармуданд: «Мо бо Пайғамбари Худо – Мўсо (а) бештар иртибот дорем ва мо бештар сазовори он ҳастем. Сипас Расули акрам (с) дар он рўз рўза гирифтанд ва умматро низ ба гирифтани рўза дастур доданд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Инчунин дар китоби «Ан-наҳр-у-л-фоиқ» оварда шудааст, ки аз Пайғамбар (с) дар рўзи Ошўро ба ҷуз рўза доштан амали дигаре собит нашудааст. Маълум аст, ки Ошўрои аҳли суннат ва ҷамоат аз Ошўрои аҳли ташаюъ фарқ мекунад ва аз лиҳози таърихӣ ҳодисаи нохуши кушта шудани Имом Ҳусайн (р) ба ин рўз рост омадааст, ки омезиш додани онҳо ба ҳам нодуруст баён кардани ҳодисаи таърихӣ ва боиси фитнаву низоъ байни пайравони мазҳаб хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки то ин замон дар марказҳои илмии бузургу овозадори аҳли суннат ва ҷамоат, ба мисли Бухоро, Самарқанд, Девбанд, Шому Миср, инчунин дар марказҳои таълиму тадриси ислом дар ҳудуди Тоҷикистони муосир, аз қабили Хуҷанду Панҷакент, Кўлобу Балҷувон, Дарвозу Ҳисор рўзи Ошўроро ҳамчун рўзи мотам пешвоз нагирифтаанд. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ донишмандони маъруф, ба мисли Қозӣ Абдуррашид, Мавлавӣ Муҳаммадҷон ва дигар пешвоёни аҳли тариқат рўзи Ошўроро ҳамчун рўзи мотам пешвоз нагирифтаанд.

Бад-ин минвол боиси афсўс аст, ки чаро онҳое ки худро дар байни мардум ҳамчун ҳомиёни мазҳаби ҳанафӣ, ашхоси ботабаррук нишон медиҳанд, дар як лаҳза аз барои манфиатҳои дунё ва ҷоҳу мансаб шуда, аз пайравии аҳли суннат ва ҷамоат- суннати Расули акрам (с) рўй гардониданд? Ё баръакс, акнун симои аслии худ – пайрави аҳли ташаюъ буданашонро ифшо карданд? Ба ҳар сурат мо шоҳиди он гаштем, ки дар Тоҷикистон, ки аз ибтидои густариши ислом то ҳол мардум пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, авлоди Тўраҷонзодаҳо мехоҳанд, ки мазҳаб ва андешаи бегонаро байни мардум бо ҳила ва найрангҳои сиёсӣ ва зиддимазҳабӣ паҳн намоянд.

Шўрои уламо ва пешвоёни мўътабари исломии Тоҷикистон аз ин ҳолати ба миёномада сахт дар ташвиш буда, ба кулли мусулмонони Тоҷикистон муроҷиат карда, чанд нуқтаро баён карданианд:

  • 1.Албатта, дар Тоҷикистон ҳамчун кишвари озоду мустақил эҳтиром ба дину мазҳабҳо комилан вуҷуд дорад, вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки бародарони мо бо роҳи пинҳон кардани мақсад ва ҳадафи худ байни мусулмонон ҷудоӣ барангехта, дар таблиғи аҳкоми исломӣ фитна, иғво ва шикастабаёниҳоро ҷой диҳанд. Дар мисоли Тўраҷонзодаҳо ки авлодан худро пайрави мазҳаби ҳанафӣ гирифта, байни мардум мақом ва мартаба ҷустаанд, ибораҳои дигарро ҷуз аз таҳрифкунандагони мазҳаб ва иғвогарони динӣ истифода бурдан мумкин нест. Зеро онҳое, ки ба гиряҳои маккоронаи Тўраҷонзода Н. бовар карда, ўро пайрави аслии Имоми бузург-Абўҳанифа мешумурданд, имрўз бо чашми худ диданд, ки чи тавр ў аҳкоми исломро дар рўзи ҷумъа як сў гузошта, ба таҳқири шахсиятҳои машҳур ва шинохтаи аҳли суннат ва ҷамоат пардохтааст. Кори диндорию мазҳабгароӣ чунин найранг ва дурўябозиро намеписандад. Мо эҳтиром дорем ба аҳли ташаюъ, вале онҳоеро, ки байни мардум худро пайрави як мазҳаб ва дар дил ҷониби мазҳаб ва ақидаи дигар ҳастанд ва эътиқодоти исломиро таҳриф мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорем, на танҳо мо балки исломи асл низ намеписандад.
  • 2.Бисёр ва бисёр боиси таассуф аст, ки имрўз ин оила бо амалҳои ноҷои духўраи худ бори дигар собит сохтанд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки даҳҳо ҳазор фарзандони миллати моро ба коми марг фурў бурд, худ аз худ сар назада, дарвоқеъ решаҳои ақидатӣ ва мазҳабӣ доштааст. Агар чунин набошад, чаро имрўз Тўраҷонзодаҳо бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ Ошўроро ҷашн гирифта, роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ҷаноби Кабирӣ муовини Шўрои Ҳаракати бедории исломӣ дар Эрон мегардад? Барои мо ва аксари мусулмонони Тоҷикистон фаҳмост, ки ин Шўро чӣ мақсад дорад ва барои мардуми Тоҷикистон, ки 99 дар сад мусулмон мебошанд, ин Ҳаракати бедории исломӣ боз чӣ мехоҳад. Мо бояд ҳушёр шавем, дини худро аз ҳар гуна фитнаҳои нав дифоъ намоем, нагузорем, ки дурўя ва серўяҳои мазҳабфурўш ваҳдати динии мардуми моро бо фиребу найрангҳо таҳриф созанд, дини мубини исломро боз ба бозиҳои сиёсӣ гирифтор намоянд.
  • 3. Миллати тоҷик, ки наберагони Имоми Аъзам, Абўҳафси Кабири Бухорӣ, Абӯмансури Мотурудӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Абўлайси Самарқандӣ ва даҳҳо дигар пешвоёни мазҳаби ҳанафист, масъул ва вазифадор аст, ки покӣ ва тозагии дини исломро ҳифз намояд. На Бухоро, на Самарқанд, на Хатлону на Хуҷанд ва на Ҳироту на Ҳисор, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидаанд, дар ҳеҷ давру замон ин амали Тўраҷонзодаҳоро содир накардаанд. Аммо инҳо дар либоси мазҳаби ҳанафӣ байни пайравони мазҳаби аҳноф ин маросимро ба мақсади иғвоангезӣ иҷро ва тарғиб карда, пайравони дини мубини исломро дар кишвари мо ба гумроҳӣ бурда истодаанд.
  • 4.Чанд рўз пеш аз ҷашнгирии ин маросими сўгворӣ бо арзи эҳтиром ва бо овардани далелу мадракҳо Раиси Шўрои исломии Тоҷикистон дар яке аз маъракаҳо ба Н. Тўраҷонзода фаҳмонида буд, ки иҷро ва тарғиби ин амал берун аз аҳком ва ақидаи мазҳаби ҳанафист. Бинобар он намесазад, ки Шумо байни намозгузорон ба ин амал даст занед. Аммо бо вуҷуди он, рўзи 2 декабр мутобиқ ба рўзи 7 муҳаррам дар яке аз масҷидҳои калони шаҳри Ваҳдат бо издиҳоми бузург ин маросимро ҷашн гирифт. Тавре ки гуфтем, чунин ҷашн ва сўгворӣ бидъат аст. Аммо мушкилии асосӣ сари он аст, ки таҳрифсозии дини ислом ва дур намудани пайравони мазҳаби ҳанафӣ аз ақида ва андешаи исломии худ ногузир ба фитна, иғво ва бегонапарастӣ бурда, вазъияти Тоҷикистонро ноором месозад. Махсусан, дар шароите, ки таҳрифсозии дин ва фитнаангезӣ барои кишварҳои мусулмоннишин хатари ҷиддӣ дорад. Аз ин рў, Шўрои уламо ва тамоми пешвоёни дини ислом дар Тоҷикистон ҷашнгирии чунин амалҳои бегонапарасту иғвоангезро дар масҷидҳои кишвар амали номашрўъ шумурда, намегузоранд, ки мунофиқону бозигарони сиёсӣ исломро ба фитна ва ошўб бикашанд. Агар Тўраҷонзодаҳо тағйири мазҳаб кардаанд, марҳамат расман мазҳаби худро ба қайд гиранд ва тибқи мазҳаби хеш ибодат варзанд, вале мазҳаби мардумии миллати моро барои худ ниқоб насозанд.
  • 5. Ба Тўраҷонзодаҳо муроҷиат карда гуфтанием, як маротиба миллати тоҷикро ба фитна гирифтор карда, беш аз 1 миллион мардумро берун аз ватан, беш аз сад ҳазор ҷавононро қурбон, ҳазорҳо ҳазорро ятиму бепарастор ва бешавҳар гардонида, ба дини мубини ислом доғ ва сиёҳӣ овардед, магар бас нест? Андеша кунед, мансаб буд, дидед, сарват буд, гирифтед, акнун ба таҳрифсозии арзишҳои мазҳабӣ ва динии мо даст зада, боз мардумро фирефта ва гумроҳ накунед. Аз ёд набароред, ки зиндагӣ бо мову шумо тамом намешавад, коре кунем, ки ояндагони мо дар субот ва оромӣ зиндагӣ кунанд.
  • 6. Шўрои уламои исломӣ дар партави арзишҳои бузурги исломӣ ҳусни эҳтироми хоса ба ҳама мазҳабҳо ва равияҳои чи исломӣ ва чи ғайриисломиро дошта, нисбати ҳамагуна маросимҳои мазҳабӣ таҳаммулгаро ва мусоидатпарвар аст, агар ин маросиму анъанаҳо ошкоро бидуни таҳрифсозӣ, бо ҳусну тароҳуми тарафайн сурат гирад. Барои мо инчунин нофаҳмост ва нофаҳмо мемонад, ки чаро баъзе аз бародарони хориҷии ҳамзабон, ҳамтаърих, ҳамфарҳанг ва ҳамдини мо бидуни эҳтиром ва арҷгузорӣ ҳаққи ҳафтуним миллион мардуми мусулмони тоҷикро ба назар намегиранд ва берун аз одоби намояндагӣ мусулмонони Тоҷикистонро ба иғво андохта, назари мо ва дўстони дигарро нисбаташон коста ва заиф мегардонанд.

Шўрои уламо ва пешвоёни мўътабари исломии Тоҷикистон вазъияти бамаломадаро дар фазои динии кишвар мадди назар гирифта, ба ҳамаи донишмандон, имомхатибон ва шахсиятҳои бонуфузи рўҳонӣ муроҷиат карда, аз забони бузургон гуфтаниаст, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ» ё ба қавли ҳаким Сино «пешгирии дард беҳтар аз дармони ўст». Миллати тоҷик як маротиба тани ҷавони тозаистиқлоли худро аз ҷароҳатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо вазнинӣ даво бахшид, ин тан, ин фазои андешаи динӣ ва ин оромии кишвар дарди навбатиро тоқат надорад. Ҳама як дил, як тан баҳри ҳимояи ваҳдат ва мазҳаб бояд паҳлуи ҳам бошем, зеро бўй ва хатари фитна дубора баланд шуда истодааст.

Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: