Чавози лаъни Язид

Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода

Ибни Ҳаҷар (яке аз бузургтарин уламои шофиӣ, ки соҳиби садҳо мусаннафот мебошад) дар китоби Ал-арбаъинил мутабоинатис самоъ” 96/1 гуфтааст: “Аммо муҳаббат ба Язиди малъун ва бардоштани шаъну эътибори у аз ҳеҷ шахси оқил ҷуз шахси бидъаткор ва дорои ақидаи фосид сар намезанад. Зеро Язид дорои сифатҳое аст, ки тақозои салби имон аз шахсеро мекунад, ки уро дуст медорад. Зеро дустӣ доштан бо дустони Худо ва душмани доштан бо душманаш аз ҷумлаи талаботҳои имон аст”.

Ибни Ҷавзӣ (яке аз уламои пуровоза ва машҳури мазҳаби ҳанбалӣ мебошад) аз Абуяъло ривоят кардааст, ки Солеҳ писари имом Аҳмад ба падари бузургвораш гуфт: Падари бузургвор! Мардум аз мо мехоҳанд, ки тавалло бо Язид дошта бошем. Имом гуфт: Писарам! Оё шахсе, ки ба Аллоҳ имон дорад тавалло бо Язид мекунад? Чаро лаънат накунем касеро, ки Худо уро дар китобаш лаънат кардааст?! Гуфтам: Дар куҷо Худованд Язидро лаънат кардааст?  Гуфт: дар ин фармудааш: “ Пас оё умед бастед, ки чун аз Худо баргаштед, дар руи замин фасод кунед ва хешовандиҳои худро аз ҳам бипошед. Инон ҳамон касонеанд, ки Худованд бар онҳо лаънат намуда ва гушу дилашонро ношунаво ва чашмонашонро нобино кардаааст”. Сураи Муҳаммад ояҳои 22-23. Оё фасоде бадтар аз қатл ҳаст?

Абуяъло (имом ва яке аз бузургони мазҳаби ҳанбалӣ) дар ҷавози лаъни Язид гуфта, сипас ин ҳадиси муборакро зикр намудааст: “Ҳар касе, ки аҳли Мадинаи Мунаввараро бо зулму ғорат метарсонад Худованд уро хоҳад тарсонид ва бар у лаънати Худованд ва фариштагон ва мардумон бод!”.

Ибни Ҷавзӣ дар китобе, ки дар боло зикраш омад гуфтааст: “ Пурсандае маро аз Язид ибни Муовия суол кард ва суол кард, ки оё лаъни Язид ҷоиз аст? Гуфтам: “Уламои парҳезгору ботаквои ислом лаъни Язидро ҷоиз донистаанд, аз ҷумла имом Аҳмади Ҳанбал. Зеро имом Аҳмад дар ҳаққи Язид ҷуз лаънат чизе зиёдтар нагуфтанд”.

Имом Тафтаззонии самарқандии ҳанафӣ дар “Фил-файз” чунин гуфтааст: “Ҳақиқат ин аст, ки  Язид ба қатли Ҳусайн ва хору залил кардани хонадони Паёмбари Худо (алайҳиссалом), ки маънои он мутавотир гардидааст ва агарчи тафсилоташ оҳод бошад, розӣ буд. Пас мо дар шаъни Язид таваққуф намекунем. Балки дар имони вай шак мекунем. Пас лаънати Худо бар вай ва ёваронаш бод”.

Халифаи рошид  ва шашумин халифаи ислом Умар ибни Абдулазиз ҳар касе, ки Язидро мадҳу васф мекард, даҳ тозиёна мезад. Чуноне, ки дар китоби “Мизонул-эътидол”- Ҳофизӣ Заҳабӣ омадааст.

Аммо дар мавриди ҳадисе, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуданд: “Аввалин лашкари аз уммати ман, ки шаҳри Қайсарро ишғол мекунанд, Худованд гуноҳони эшонро мебахшад” дар мавриди ин ҳадис Ҳофизи Муновӣ дар китоби “Аттайяссур” гуфтааст: “Ин ҳадис ҳеҷ далолат бар он намекунад, ки Язид ибни Муовия аз ҷумлаи онҳо бошад. Зеро бахшиши гуноҳон машмули касе ҳаст, ки аҳли мағфират бошанд. Язид аз ҷумлаи онҳо нест. Зеро у бо далелҳои хос аз ҷумлаи аҳли мағфират берун мебошад. Агар қарор бошад, ки Язид шомили он бошад пас онҳое, ки баъди фатҳи мадинаи Қайсар муртад шуданд, бояд низ шомил шаванд. Ва ҳоло он, ки ҷамъи бузурге аз муҳаққиқон лаъни Язидро ҳалол донистаанд”.

Дар лаъни Язид ибни Муовия муҷалладҳо китоб навишта шудааст. Қозӣ Абуяъло китобе навиштааст ва дар он шахсонеро, ки сазовори лаънат ҳастанд як як номҳояшонро зикр кардааст. Аз ҷумла ин ашхос Язид мебошад. Ибни Ҷавзӣ низ дар ин замина китобе навиштааст ва номи китоби худро “Раддия бар мутаассиби адоватҷу, ки монеъи танқиди Язид аст” гузоштааст. Имом Заҳабӣ бошад Язидро “носибии (яъне душмани Ҳусайн) сарсахт, бадмуомила ва касе, ки доим арақ менушид ва корҳои мункар анҷом медод” васф намудааст. Инчунин Ибни Касир  гуфтааст “Язид дорои хислатҳои шаҳватпарасӣ ва тарки намоз буд”.

Муҳана ибни Аҳёи Шомӣ  аз имом Аҳмад ибни Ҳанбал (муассис ва имоми мазҳаби ҳанбалии аҳли суннат ва ҷамоат) перомуни Язид суол кард. Имом гуфт: “Язид дар Мадинаи мунаввара корҳои ношоями зиёде кард. Пурсид: Язид чи корҳо кард? Имом гуфт: Саҳобагони Паёмбари Худоро (алайҳиссалом) ба қатл расонид ва корҳои дигаре кард. Гуфт: боз чи кор кард? Имом гуфт: Мадинаи мунаввараро ғорат ва тороҷ кард.” Исноди саҳеҳ.

Сафоринии Ҳанбалӣ дар китоби “Ғизоул-албоб” 119/1 гуфтааст: “Аксари уламои мутааххир аз муҳаддисону уламои илми калом лаъни Язидро ҷоиз донистаанд”.

Дар ҳошияи Буҷайрамӣ чунин омадааст: “Ҳалабӣ дар сираташ аз ибни Ҷавзӣ нақл кардааст, ки : “Уламои парҳезгор ва ботақвои ислом лаъни Язидро ҷоиз донистаанд ва ҳуди имом дар ҷавози лаъни язид китобе тасниф намудааст”.

Саъди Тафтаззонии Самарқандӣ гуфтааст: “Ман ҳеҷ шакке дар бединии Язид ва беимонии вай надорам. Пас лаънати Худо бар у ва ёваронаш бод”.

Ҳалабӣ дар сираташ овардааст, ки як қавле аз имом Аҳмад ва инчунин имом Шофиъӣ ва инчунин Абуҳанифа ҳаст, ки дар он лаъни Язид ҷоиз дониста шудааст. Устод Албикрӣ инро низ гуфтааст ва дар давоми суханаш гуфтааст, ки “Худованд Язидро зиёдтар хору зор бигардонад ва қароргоҳи уро да ҷаҳими сузон қарор диҳад”.

Дар китоби Файзул-қадир, дар фатовои Ҳофизуддини Курдии Ҳанафӣ омадааст, ки “Лаъни Язид ҷоиз мебошад”.Ибни Камол аз имом Қавомуддини Саффорӣ ривоят кардааст, ки эшон гуфтаанд: “Лаънат фиристодан ба Язид боке надорад”.

Мавлоно Абдулҳай аз бузургони мазҳаби ҳанафӣ дар китоби машҳури худ “Маҷмуъатул-фатово” дар мавзуъи  ёдбуди шаҳодати имом Ҳусайн гуфтааст: “Баёни воқеаи шаҳодати имом Ҳусайн ва гиристан бар он ба шарте, ки аз навҳа ва аз ақди маҷлис (роҳпаймоӣ), ки  муҷиби ташаббуҳи равофиз аст, холӣ бошад, дуруст аст”.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: