Раҳмон тоҷиконро ба ҷанги сунниву шиъа мекашад

Сафари Толиб

Маслиҳатчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи режими ӯ даст ба иғвогарии нав заданд. Маълум шуд барои нигаҳдории режиме ки баъди шармандгияш аз тарафи ду пилоти рус мебоист замин кафаду он бидарояд, бояд дасисае нав сохт, ки ҳуши мардумро ба тарафи дигар барад.

Ин дафъа атрофиёни президент ба масъалаи нозуке чанг заданд, ки метавонад сари онҳоро бихурад – дар Тоҷикистон бояд ҷанги суннию шиъа шавад ва Раҳмон дар он боз сулҳ оварда, ба симмати як довар тарафҳоро ба ифоқа орад. Бо ин роҳ обруи вай аз нав боло рафта, барои овардани сулҳи нав ду карат Қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Барои сар кардани ин ҷанг аввал мебоист Ҳизби Неҳзати Исломи Тоҷикистон ба шиъагй муттаҳам мешуд ва мардуми мусулмони кишвар онҳоро радди маърака мекарданд. Барои ин алоқаи наздики ин ҳизб бо Эрон ва рафтуои раҳбаронаш ба Теҳрон баҳона мегашт. Аммо маъвизаҳои собиқ имомхатиби Туркобод Эшони Нуриддин дар бораи маросими Ошӯро сабаб гашт, ки хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба ҳамин барнома муттаҳами шиъагарй дониста шаванд ва мусулмонони дигар бар зидди онҳо шӯронда гарданд.

Барои ин аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон истифода шуд, ки аъзояш аз муллоҳои давлатӣ иборат аст ва бе иҷозаи ҳукумат ҳеҷ коре намекунад. Баёнияи ин шуро дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеаи кишвар қироат карда шуд, ки ба маънои маҳкумияти сартосарии хонаводаи Тӯраҷонзодаҳост. Муфтии Тоҷикистонро ки ин баёнияро дар хабаргузории давлатӣ нашр кард, ба масҷиди Тӯраҷонзодаҳо роҳ надоданд. Ин аввалин аломати тафриқа ва ҷанг аст.

Режими раҳмоноила мақсадаш ин аст ки диққати аҳолиро аз шармандагии худ дар муносибат ба Русия ва ҳифз карда натавонистани муҳоҷирони тоҷик ки онҳоро сар мебуранду ҷасадшонро оташ мезананд ба дигар тараф кашад ва норозигиҳои зиёди мардумро аз ин режим ба хусумате сарф кунад, ки ҳадафи он ашхоси кобили сарварӣ ба баромадҳои эътирозии ҷамиятанд. Ин режим мехоҳад на бо ҳалли мушкилоти мардум вазъияти кишварашро ором нигоҳ дорад, балки ба нест кардани лидерони потенсиалӣ аз шӯриши аҳолӣ ҷилавгирӣ кунад.

Аммо ҷанги суннӣ ва шиъа дар Тоҷикистон чизе нест, ки вақте ки оташ гирифт, тару хушк дар он баробар насузад ва чуноне ки раиси собиқи колхоз дар асари ҳамин гуна нооромиву ҷанг ба сари ҳокимият омад, касони дигареро ба қудрат нарасонад. Ба фикрам, худи тафриқаандозҳо ин чизро хуб мефаҳманд ва сари фурсат тормози иғвогариро зер мекунанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: