Мунокиша дар Сафорати ЧТ дар Русия аз чи далолат мекунад?

«Озодагон» №46 07.12.2011

Ба қарибӣ дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия намояндаи Хадамоти мухочирати Точикистон ба намояндаи Харакати мухоҷирони точик даст ба гиребон шудааст. Ба ин манзур «Озодагон» аз соҳибназарон пурсид:

Абдулло ДАВЛАТОВ, рахбари созмони «Иттиходи точикони Русия»

Бояд бигуям, ки дар дохили консулгарии Тоҷикистон дар Русия ва атрофи он на якбору дубор муштзанӣ шуда буд. Аммо чун Каромат Шарипов дар он муштзаниҳо ҳузур надошт, хабари он дар расонаҳо ҳам паҳн намегардид. Мо ҳамеша дархавфи он ҳастем, ки рӯзе шармандатар аз»Ҷамшуду Равшан» нашавем.

Хубаст, ки ин ҷанҷол ҳам бе тирпаронӣ анҷом ёфт. Худо аз чунин ҷанҷолҳои тоҷикон нигоҳ дорад. То замоне, ки намояндагони расмии Тоҷикистон хисоботи бардурӯғ пешниҳод мекунанду ба ҷоӣи истифодаи дурусти нерӯи ҷамъияти тоҷикон, онҳоро баръакс бар зидди якдигар омода мекунанд, масоили муҳоҷирати мо ҳалли худро намеёбад.

То замоне, ки масъулони ҷамъияти тоҷик бо истифода аз пуштибонии сафири Тоҷикистон дар Русия ва ё Сафиалло Девонаев муҳоҷирони тоҷикро барои сарватҷамъкунӣ истифода мекунанд, ягон ёрии воқеъӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ намешавад.

Ростӣ атрофи Каромат Шарипов сухан кардан кори саҳлу содда нест. Барои ин варақаи тиббӣ лозим аст. Чунки ҳоло бидуни он ташхиси пизишкон ман наметавонам гуфт, ки Каромат Шарипов солим аст ва ё на. Аммо ҳар ҷойе, ки Каромат Шарипов ва Гавҳар Ҷӯраева ҳаст, агар онҷо ҷанҷол нашавад осмон ба замин баробар мешавад. Вале чаро намояндагони Хадамоти муҳоҷират ба ин игво дода шуданд? Чаро Сайидмухтор Мирзоев як одами ботамкин, ки ӯро ба гап даровардан мушкил аст, якбора хашмгин шуд. Дар баробари ин ҳама аз домҳои ниҳодаи Абдулмаҷид Достиев раҳо шудан кори осон нест.

Худойбердй ХОЛИКНАЗАРОВ, масъули Маркази тадкикоти стратегӣ

Аслан дар мавриди ҷанҷол дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия мо иттилои расмӣ дар даст надорем. Аз эҳтимоли ин ҷанҷол мо тавассути шумо хабардоршудем. Инро дакиқ кардан лозим аст. Чизе гуфтан дар ин маврид мушкил аст. Аммо бояд хаминро бигуям, ки агар ду тараф кабл аз баргузории хамагуна ҳамоиш масъаларо мавриди баррасӣ карор бидиҳанд, ингуна ҷанҷолҳо рух намедиҳад. Агар воқеан дар сафорати Тоҷикистон дар Русия намояндагони Хадамоти муҳоҷирати кишвар тасмим доштанд бо раҳбарони ҷамъияти тоҷикони Русия мулоқоте анҷом бидихнд, онхо бояд қаблан бо ҳамдигар ҳамоиш ва масъалаҳои онро мувофиқа мекарданд. Бояд рӯзномаи мачлисро тасдиқ мекарданд. Бо ҳам дигар қаблан гуфтушунид анҷом медоданд. Баъдан, ҳамоишро баргузор карда масоили тасдиқшударо муҳокима мекарданд.

Агар воқеан ин хабар асос дорад ва миёни масъулини хадамоти муҳоҷирати кишвар ва намояндагони ҷамъияти тоҷикон ҷанҷол шудааст, ин бозгӯи он аст, ки он ҳамоиш якбора шудааст. Ба қавли русхо эҳтимолан ҷонибҳо «спонтанна» як нишасте баргузор намуданд, ки онҷо «гапҳо» гурехт. Оддитарин музокирот бо маслиҳати қабл баргузор мегардад. Ҳатто музокироти хонавода. Заминаи ҳар гунна мулоқот бояд аз қабл тарҳрезӣ шуда бошад.

Каромат ШАРИПОВ, рахбари Харакати мухочирони тоҷик

Ходисае ки таърихи 3-юми декабри соли равон дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав рух дод бори дигар беқудратии давлатмардони тоҷикро исбот намуд. Онҷо миёни мо ва масъулони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон нофахмие ба вуҷуд омад. Мирзоев Сайидмухтор дар назди раҳбари худ, Сафиалло Девонаев хост худро пуштибонӣ ӯ нишон бидихад. Ба назари ман бо ин роҳ С. Мирзоев талош намуд, то худро миёни дигар зертобеъон ба С. Девонаев бештар «ширинтар» нишон бидиҳад. Бояд бигӯям, ки хаводиси моҳи ноябр (радди марзи тоҷикон аз Русия) тамоми нерӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Он замон мухоҷирони тоҷик аз намояндагии хадамоти муҳоҷират дар Русия изҳори нигаронӣ намуданд. Дар сӯҳбат муҳоҷирон ба мо арз доштанд, ки масъулини Хадамоти муҳочирати тоҷик ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад. Ба андешаи ман ин ҳолат бозгӯи он буд, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз ӯхдаи вазифаи худ намебарояд, заррае ҳам вазифаашро иҷро намекунад. Ба ҷанҷол роҳ додани онхо, даст ба гиребон шуданашон хам маънои заъф дошт.

Дар бинои сафорат кормандони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Раҳматулло Хушвахтов, корманди харакати мо ҳамла оварданд. Чанд мушт заданд. Ба назари ман ин сенарияи аз қабл омода буд. Он ҷо нақши асосиро С. Мирзоев иҷро мекард.

Ман мутмаинам, ки ин гурӯҳи «давлатй» рӯзе ҷазо мегирад. Чунки бо ин шева мушкили мухоҷироиро ҳал карда намешавад. Ман ба зуди ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ва ба дигар масъулон номаи шикоятӣ ирсол хохам дошт. Нома алакай омода аст.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: