Президент ғами курсии гармашро хурд

Эҳсони Шариф, Сиёвуши Ёдгор

Дилам бар муҳоҷир месӯзад. Бар муҳоҷире, ки пайи қути лоямуте барои худу аҳли оилааш, дур аз Ватан ранҷ мекашаду, имрӯз олоти бозии дасти сиёсатмадорон, қурбонии қаҳри нози миллатгароёни бузургманиш, аз Президенти як кишвар сар карда то аъзои қатории гурӯҳҳои неофашистӣ гаштааст.

Хуб шуд, ки ба хотири наҷоти онҳо додгоҳи вилояти Хатлон қарори судро тағйир дод ва летчикҳои русро озод кард, то ин ки русҳо бо гирифтани алами Мӯсо аз Исо онҳоро ҳадафи зарбу шат ва ҳатто қатлу куштор қарор надиҳанд.

Имрӯзҳо бисёр мехонем, ки президенти Тоҷикистон ба хотири муҳоҷирони кории тоҷик шуда, ба суд дастур дод, летчикҳоро озод кунанд. Як фикр кунед, ки агар ҳукми суд тағйир дода намешуд, чӣ қадар аз муҳоҷирони мо дар Русия боздошту ихроҷ мешуданд ё аз дасти сартарошидаҳо ба ҳалокат мерасиданд.

Ин ҷо ҳам ақли расо ва дурандешии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон роли бузург бозид. Вале набояд чунин фикр кард, ки ӯ ин корро ба хотири амнияту саломати муҳоҷирони корӣ карда бошад. Вай қарори судро зери по гузошт танҳо ба ин хотир ки Русия бо ба корандозии василаҳои таъсир худашро аз қудрат барканор накунад. Раисиҷумҳур агар ғами муҳоҷиронро мехӯрд, вақтҳое ки сари ин муҳоҷиронро мебуриданд ё ба онҳо зӯрӣ мекарданд, чаро хомуш менишаст?

Ҳатто дар ҳамин кашмокаши атрофи летчикҳои рус ин чӣ хел сарвари давлат буд, ки як калима ҳам нагуфт, як хоҳиш аз Президенти Русия Дмтирий Медвед ё нахуствазир Владимир Путин ҳам накард, ки ба муҳоҷирон зарар нарасонед, зеро ки онҳо гуноҳ надоранд. Аз ин ҷиҳат таърифу тавсиф, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кори оқилона кард ва бо озод кардани летчкиҳо муҳоҷиронро аз даҳшатҳо халос кард, як дуруғи шохдор аст. Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон танҳо барои халос кардани “шкура”-и худ летчикҳоро озод кард ва муҳоҷирон ҳеҷ вақт набояд аз вай қарздор бошанд. Баракс ҳамин сиёсатҳои ғалат ва бепояи ин кас аст, ки наздик ба 2 миллион аз ҳамватанони мо дар ғарибӣ кори ғуломона анҷом медиҳанд. Ин кас дар 20 сол барои кишвар кореро анҷом надод ва роҳҳоеро ҷустуҷу накард, ки тоҷикони камтаре ба Русия мардикорӣ раванд ва фикр мекунед, дар як шаб дар ғами онҳо афтод?

Пешниҳоди мо ин аст, ки дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ ҳар як тоҷике, ки “шаҳди” ғарибӣ чашидааст ва ё падар, бародар ва ҳатто модару хоҳараш дар мулки бегона аз дасти ин ҳукумату раҳбарият ғуломи дигарон шудаанд, овоз надиҳанд ва ҳатто номзадии ин шахсро қабул накунанд. Ҷои вай ин курсӣ нест!

2 Responses

  1. Ne joi vaj in kursi nest. In barvqt maalum bud. Lekin kursiro vaqte ki in odam dar intixoboti ojanda boz savor shuda megirad. Mo boz norozi meshavemu jak maqolachai digar menavisem dar in sahifa. Bo hamin kushihu raghbatamon khomush meshavad va xappakak shishtanro davom medihem.

  2. ин нишон медихад ,ки президенти мо беномус аст.у конституцияиро ки худаш касам хурд риоя мекунад ва посбони мекунад худаш помол кард. Ман хайронам вай чи хел баъди ин кораш президенти мекунад.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: