Мочарои летчикхои рус дар Точикистон

Мушкинисо Хочаева «Фараж» №48 09.11.2011 

            Ва барои  ҳимоя  аз скинхедҳо зиндонӣ  шудани  муҳоҷири тоҷик

Суди шахри Қургон-теппа ду лётчики ширкати Русии «Ролкан Инвестмент ЛТД»-ро ба муддати даҳуним соли зиндон махкум кард. Парванда алайҳи лётчикҳои ин ширкат Владимир Садовничий, шахрванди Русия ва Алексей Руденко, шахрванди Эстония, ки бо се гумох, убури гайриқонунии марз, вайрон кардани меьёрҳои байналмилалӣ ва қочоқ гумонбар шуда, барояшом 13 соли зиндон тахдид дошт, сафорати Русия дар Тоҷикистонро водор кард, то аз мақомоти точик тақозои «бархӯрди башардӯстона» намояд.

Аммо, ҳатто хабари бино ба қонуни афви Тоҷикистон дусоли аз ҳукми лётчикхо кам шудан, намояндагони сафоратро натанҳо хушҳол накард, балки тӯли ҳаштуним сол зиндонӣ гардидани ин ду нафар барояшон амали гӯшношунид будааст.

Полковникҳои 53-сола Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия аз Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония чанде пеш ҳам хукми баровардаи суди шаҳри Қурғонтеп-паро, ки мувофик он бояд чандим сол паси панҷара нишинанд, эътироф накарда, гуфта буданд, ки «мо ягон хел марзшиканӣ накардаву гуноҳе надорем». Ба гуфтаи онҳо сабаби фуруд овардани таӣёраҳо садамавӣ будааст, ки им ҳолат дар тамоми кишварҳоэътироф мешавад. Мувофики гуфтаи яке аз халабонҳо Владимир Садовничиӣ чун захираи сӯзишворӣ кам монда будааст, ҳавопаймояшро танҳо ба хотири сар назадани садама дар фурудгоҳи байналмилалии Қӯргонтеппа поин мекунад. У иддао дошт, ки «мақомоти тафтишотӣ муҳаррикеро, ки дар ҳавопаӣмо интиқол медодем, на ҳамчун қисми эҳтиётӣ, балки ҳамчун моля тиҷоратӣ арзёбӣ мекунанд. Аммо тибқи қонунҳои байналмилалӣ ва Тоҷикистон агар дар дохили ҳавопаймо аслиҳа, дигар маводи таркандаи мамнӯъ ё мухаддирот набошад, на капитан ва ча халабонҳои ҳавопаӣмо ҷавобгар карда намешаванд. Барои ҳамлу нақли дигар аше ширкати молиш ҳавопаӣмо ҷавобгар аст».

Дар ҳамин хол, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон, ҳамзамон айбдоркунандаи давлатӣ Фаӣзулло Холов асос пеш оварда буд, ки ин ду халабони хориҷӣ иҷозаи вориди фазои Тоҷикистон шуданро надоштанд. Ҳамзамон, ташхиси техникӣ нишон додааст, ки ҳеҷ гуна холати садамавӣ мавҷуд набуда, сӯзишворияшон барои баргаштан ба фурудгоҳи шаҳри Кобули Ҷумҳурии исломии Афгонистон мерасидааст. У интиқоли муҳаррикеро ҳам, ки дар дохили яке аз ҳавопаймоҳо пайдо шудааст, бе қайди гумрукӣ ғайриқонунӣ ҳисобид.

Махз бо ҳамин асосҳо Фаӣзулло Холов аз суд дархост карда буд, то ин ду полковники русро барои 13 сол аз озодӣ маҳрум карда, ду ҳавопаймои навъи АН-72-ро, ки зери идораи онҳо ғайриқонунӣ дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фуруд омадааст, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кунад.

Он гох вакили мудофеи Садовничий ва Руденко Ғулом Бобоев изҳор дошт, ки шахсони таҳти ҳимояташ қарордошта марзшиканӣ накардаанду ин фурудойӣ дар ҳолати зарурат пеш омадааст. Ба гуфтаи ӯ муҳаррике, ки гӯё кочоқ шудааст, кисми эҳтиётии ҳааопаймо будааст:

– Онҳо бояд аз Кобул ба Русия мерафтанд, аммо дар миёнароҳ ба фурудгоҳи Қӯргантеппа бояд фуруд меомаданд. Мувофиқи Кодекси ҳавоии Тоҷикистон ва кодекси ҳавоии Русия вақте, ки ҳавопаӣмо аз як нуктаи дигар ба ватан бармегардад, ҳамаи қисмҳои эҳтиётӣ, либосу дигар ашёе, ки ба ширкати молики молики ҳавопаӣмо мансуб аст, бояд ҳамроҳаш бигирад. Ғайр аз ин, ин тамғаи ҳавопаймохо бояд бе муҳаррики эҳтиётӣ ба масофаи дур ҳаракат накунанд. Макомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки муҳаррик бояд деклоратсия карда мешуд. Аммо деклоратсияро дар он ҳолате мекунед, ки ҳамин мотор ё қисмхои эҳтиётиро агар дар кишвари мо фароварда, ба фурӯш гузоранд. Лекии агар ин ашёҳо транзит мешуда бошад, деклоратсия ҳатмӣ нест, – иддао дошт ӯ.

Аммо ба изҳори Файзулло Холов ҳавопаймохое, ки Садовничий ва Руденко идора мекарданд, умуман бояд аз замин боло намешуданд. Зеро ду санади муҳим: яке сертификати мӯхлати истифодаи ҳавопаӣмо ва дигаре маълумотнома оид ба муоинаи техникиро надоштанд. Ҳамчунин ин ҳавопаймоҳо дар ҳеҷ куҷо ба қаӣд гирифта нашудаанд, соҳибмулкаш маълум нест. Барои ҳамин парвоз кардани инҳо хеле хатарнок аст, ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам аз лиҳози амниятӣ. Ба гуфтаи ӯ бори охир соли 2008-ум ҳавопаймохо аз қаӣди Гурҷистон бароварда шуда, дигар дар ҳеҷ кишваре сабти ном нашудаанд.

Бино ба маълумотҳо ширкати «Ролкан Инвестменд ЛТД», ки ба он таллуқ доштани ин ду ҳавопаймо зикр мешавад, дар минтақаи офшории Вирҷинияи Британияи Кабир бо номи шахот номаълуме номнавис шудааст. Табиист, ки ин омил шубҳаи мақомоти амниятиро ба бор меорад. Аммо намояндаи ширкати «Ролкан Инвестменд ЛТД» Валерий Пфефер мақомотро бовар мекунанд, ки Садовничий ва Руденко аз соли 2008 ба ин сӯ, тавассути ҳавопаймоҳои ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» дар Афғонистон танҳо маводи ғизоии мансуб ба НАТО-ро ҳамлу накл намуда, дар ҳеҷ амалиёти низомӣ ширкат накардаанд. У эълон хам дошт, ки дар сурати аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудани халабонҳо, ширкат омода аст, аз баҳри ин ду ҳавопаймои мавриди баҳс барояд.

Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҳавопаӣмо 12-уми марти соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Ҷумҳурии исломии Афгонистон ба Федератсияи Русия дар фурудгохи байналмилалии Қӯрғонтеппа, ба гуфти худи халабонҳо, батаври садамавӣ фуруд омада буданд. Мақомоти Тоҷикистон ин фурудойиро бидуни огоҳӣ гуфта, сарнишинони онҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт гардида буданд ва зиёда аз хашт моҳ дар боздоштгохи мувакқатӣ карор доштанду тафтиши парвандаи онҳо аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон сурат гирифт.

Баъди ин Валериӣ Пфефер даъво дошт, ки ӯ чанд маротиба кӯшиш кардааст, то сафорати Русияро ба парвандаи Садовничиӣ, ки полковники мустаъфии артиши Русия ва дорои мукофотҳои давлатии ин кишвар мебошад, ҷалб намояд. Аммо сафорати Русия дар Тоҷикистон қазияи мазкурро нодида гирифтаанд. Вале баъдан мушовири хоси Русия дар Тоҷикистон Владимир Ваниев зимни сӯҳбаташ бо расонаҳои хабарӣ иддаош масъулони ширкати «Ролкан инвестмент ЛТД»-ро дар робита ба бетафовутии сафорати Русия дар Тоҷикистон иғвогарӣ гуфта, афзуд, ки дар ин қазия на халабонон, балки мақомоти ҳамин ширкат аӣбдоранд.

Аммо баъд, мушовири намояндагии дипломатии Русия дар масоили сиёсӣ Дмитрий Кабаев ба химояти халабонҳо бархоста, гуфт:

– Сафорати Русия бо ҷузъиёти ҳуқуқии парвандаи мазкур хуб ошно нест. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаи гуманистии масъала бояд бигӯем, ки мо ба сарнавишти шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва ҳамчунин ҳамзабони мо аз Эстония Алексей Руденко бефарк, нестем. Аз нигоҳи ақли солим, маълум аст, ки судшавандаҳои имрӯза ҷинояткори ашаддӣ нестанд. Гуноҳашон танҳо ин аст, ки онҳо супориши кордехони худро иҷро мекарданд Ҳатто агар қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон поӣмол шуда бошад ҳам, ин ду халабон танҳо қурбони нофаҳмиҳо шудаанд. Мо мутмаинем, ки ҳокимияти додгоҳии Тоҷикистон ба такдири афроди судшаванда бархӯрди башардӯстона хоҳад дошт. Мо ҳамчунин намехоҳем, ки дар муносиботи бародаронаи кишварҳои мо ва мардуми мо халал ворид шавад.».

Ин гуфта аз забони мушовири намояндагии дипломатии Русия дар Тоҷикистон замоне садо медод, ки чанде пеш суди ноҳияи Красноселскиӣ дар Маскав Анвар Юсуфов – шаҳрванди Тоҷикистонро ба 6 моҳи кабс маҳкум кард.

Анвар бо ду нафари дигар аз муҳоҷирони корӣ, – Абдулазиз Тошев – сокини ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон ва Шокир Абдулазизов аз Шаҳрисабзи Узбекистон дар истгоҳи метрои Тургеневскаи Маскав мавриди ҳамлаи миллатгароен қарор гирифтанд.

Вале додгоҳ миллатгароёнро, ки дастҷамъӣ ба ду шаҳрванди узбектабори Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбекистон ҳамла карда буданд, бегуноҳ эълон кард ва аз се муҳоҷири корӣ яке аз онҳо -Анвар Юсуфовро шаш моҳ маҳкум ба зиндон намуд.

Шояд маҳз ин табиат, ки русҳо намегузоранд як шаҳрвандашон дар хориҷ боздошт ва ҳукм шаваду ҳатман кӯшиш мекунанд ба кӯмакаш бирасанд, намояндаи сафорати Тоҷикистонро водор ба ҳимоят аз халабонҳо кард?

Дар ҳамин ҳол, Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексеӣ Руденко, шаҳрванди Эстония, на танҳо бар асоси се модда — қочоқ, убури ғаӣриқонунии карзи Тоҷикистон ва нагзи меъёрҳои баӣнулмилалии парвоз гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд, балки суди шаҳри Қӯрғон-теппа ҳамчунин ду ҳавопаймои АН-72 ва муҳаррике, ки 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дорад ва мансуб ба ширкати русии «Ролкан Инвестмент ЛТД» аст, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кард. Бино ба ҳукми суд Садовничиӣ ва Руденко тӯли наҳор сол аз ҳуқуқи идораи ҳавопаймоҳо низ маҳрум гардиданд.

Мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кабаев мегӯяд, ки хукми додгоҳи Қӯрғонтеппа онҳоро рӯхафтода кардааст. Зеро ба гуфтаи у, сафорати Русия умедвор буд, ки додгоҳ ҳукми одилона ва башардӯстона содир менамояд. У меафзояд, ки сафораташ барои тағӣири ҳукми додгоҳ аз тамоми чорӯ ва тавони қонунии худ истифода хоҳад кард.

Намояндаи шариати «Ролкан Инвестмент ЛТД» ҳукми додгоҳро берун аз чахорчӯби қонун хонда, мегӯяд, ки ширкат дар мавқеи худ устувор аст ва онҳо ҳаргиз ҳадафҳои низомӣ дар Тоҷикистонро надоштану ба амнияти ин кишвар ҳам халал намерасониданд афзуд, ин ширкати русӣ агарчӣ дар мавриди гирифтани ду ҳавопаймояш бо мақомоти Тоҷикистон баҳсе надорад, вале барои озодии ду халабонаш талош хоҳад кард.

Бубинем, ку, казия бо чӣ меанҷомад.

Advertisements

One Response

  1. Вактеки сухан дар бораи русхо меравад ягон рус намехохад ки русро таьна ва маломат зананд.Онхо мехоханд дар сари мардкми точик доимо сардор бошанд.Лекин сухан дар ин чост ки мардуми точик чаро дар маскав махбус мешаванд сафорати точикистон парвое надорад.Агар як рус махбус шавад дар точикистон тамоми сохторхои русия ба по мехезанд.Ин ба он водор мекунад ки мо сохиб дорем ё не?

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: