Хочи Акбар ТУРАЧОНЗОДА: «КОРХОНААМРО КАСДАН ОТАШ ЗАДАНД»

Шахлои ГУЛХОЧА, Киёми НУР   «Нигох» №32  26.10.2011  

Соатҳои 3-и шаби душанбеи 24-уми октябри соли ҷорӣ корхонаи коркарди пахтаи шаҳри Ваҳдат, ки мутааллиқ ба сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, оташ гирифт.

Шоҳидон ташвишҳои он шабро ба «Нигоҳ» нақл карданд. Худи Тӯраҷонзода бошад, гуфт, ки корхонаашро қасдан оташ задаанд ва ин бори аввал нест, ки барояш мушкил эҷод мекунанд. Се ҳафта пеш ба мошинҳои пурбори ба корхонаи ӯ равонаро иҷозати убури сарҳади маъмурии вилояти Хатлон надода будаанд….

 Сухтор аз ду ҷой сар мезанад…

 

Сардори шӯъбаи қабули пункти пахтаи корхонаи мазкур Абдувалӣ КАРИМОВ шаби оташсӯзӣ навбатдори корхона буд. Ӯ мегӯяд: Тақрибан соати 2:40-и шаб маро посбонон бедоркарданд ва гуфтанд, ки бастаҳои пахта сӯхта истодаанд. Саросема ба ҷои сӯхтордавидам ва дидам, ки якбора дар ду нуқтаи анбори пахта, ки дар он, тақрибан  600 , оташ аланга дорад. Мо чанд нафар дархол бо истифода аз мошини сӯхторхомушкунии корхона ба хомӯш кардани оташ пардохтем Аввал ба куштани оташи бастаи бештари пахтаҳо шурӯъ кардем.

Баъд аз ним соат ба ёрии мо мошинҳои оташнишонии ноҳия омад ва мо тавонистем якҷоя бапуррагӣ оташро дар ҳар ду нукта то соати 6-и субҳ хомӯш кунем. Ҳарчанд оташ ба бинои шрхона ҳеҷ зарар нарасонд, вале ҳудуди 600 кили пахтаро қариб пурра нобуд кард. Пахтаҳои сӯхташуда бӯи бензин мекунанд ва маълум аст, ки қабл аз оташ задан ба онҳо бензин пошидаанд. Шукри Худо, ки мо сари ва у хабар ёфтем ва алангаро хомӯш кардем. Охир, ин меҳнати деҳқон аст…»

Дар ҳамин ҳол, шоҳиди дигар -Тағоӣбек УМАРОВ – ҷонишини директори генералии корхонд гуфт, ки ӯро низ, дар ҳол пас аз сарзадани сӯхтор, нигаҳбонҳои корхона аз хоб бедор кардаанд. Ӯ нақл мекунад, ки «соати расо 3-и шаб, вакте ман аз сар задани сӯхтор хабар ёфтам, ба ҷойи ҳодиса рафтам ва кипҳои пахтаро додам, ки месухт. Дарҳол ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода занг задам ва ӯро аз асли воқеа хабардор кардам. Пас аз шунидани ин хабар он кас бо писаронашон ба корхона омаданд. Мо якҷоя ва хеле муташаккил ба хомӯш кардани сӯхтор шурӯъ кардем. Бовар кунед, агар бушкаҳои об ва ҳавзҳои оби дохили корхона намебуд, шояд, оташ бештари ҳосилро месӯзонд. Ин пахтаҳое, ки сӯхтанд аллакай коркард шуда буданд. Ва ҳоло кормандони коргох як-як бастаҳоро кушода, пахтахоро аз ҳам ҷудо мекунад, ки ин кор ба маротиб мушкилтар аст. Ташаккур ба хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсӣ ва раисаш Муродалӣ Маҳмадалиев, ки зиёда аз 130 нафар кормандаш барои тоза кардани пахтаҳои сӯхташуда кӯмак мерасонанд.

Эҳтимол дорад, ки тоза кардани бастаҳои пахта 2 ва ё 3 рӯзи дигар идома кунад.»

 Зарар ҳудуди 200 ҳазор доллари ИМА

 

Маврид ба зикр аст, ки корхонаи коркарди нахи пахтаи шаҳри Вахдат яке аз калонтарин корхонаҳои коркарди пахта дар водии Ҳисор ба шумор рафта, солона тавони коркарди то 30 ҳазор тонна нахи пахтаро дорад. Ин коргоҳ 11 сол ба Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода тааллуқ дорад. Ӯ ин корхонаро дар асоси музойяда аз ҳукумат харидааст.

Ҳарчанд масъулини корхона дар бораи маблағи зарар, бинобар маълум накардани он чизе нагуфтанд, аммо маълум карданд, ки бар асари оташсӯзӣ ҳудудм 600 баста пахта бо вазни умумии тақрибан 120 тонна талаф шудааст. Пас, маблағи зарар беш аз 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Версияи ягона: оташ заданд!

Бинобар нақли шоҳидон, оташ яку якбора аз ду макон сар задаааст ва дар ҷойи ҳодиса сарпӯши зарфи бензингирӣ ёфт шудааст, ки аз қасдан оташ задани корхона далолат мекунад. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки чанд лаҳза баъд аз сар задани оташсӯзи дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, мегӯяд коргоҳи ӯро касдан оташ задаанд ва дар ҷоӣи ҳодиса изи пойҳои онҳоеро, ки дар ин кор даст доштаанд, пайдо намуданд.

Бар замми ин, аз ҷониби гурӯҳи оташнишонӣ аз миёни бастаҳои пахтаи сӯхташуда сарпуши зарфи плостикии бӯи бензиндошта дарёфт гардид, ки боз ҳам аз ҳадафмандона оташ задани бастаҳои пахта дар ин коргоҳ дарак медиҳад. Ӯ мегӯяд:

«ин амал ҳадафмандона аст, инро ҳатто худи кормандони идораи сухторхомӯшкунӣ тасдик мекунанд ва кормандони умури дохила низ ба ин хулоса омадаанд. Аммо намедонам, ки аз кӣ бадгумон бошам. Дар масоили иқтисодӣ ман ба касо рақобат надорам. Дар масъалаи сиесӣ намехоҳам бовар кунам, ки дар кишвари мо то ба ин ҳад аз рақибон интиқом мегирифта бошанд. Агар кор ба ин ҷо кашида шуда бошад, бисёр ҷои таассуф аст».

Гуфта мешавад, дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардидаст.

Танҳо гумон

 

Бояд гуфт, ки ин коргоҳ дар маҷмӯъ 12 посбон дорад, ки дар як баст 6 – нафарӣ корхоиаро нигахбонӣ мекунанд. Вале бинобар калон будани масоҳати корхона посбонҳо имкони назорати пурраи тамоми ҳудуди он вуҷуд надоштааст. То замони нашри ин матлаб ҳеч яке аз мақомот, бо шумули мақомоти шаҳри Вахдат нахостанд, ки ин ҳодисаро шарҳ бидиҳанд. Масъулин тақрибан як чиз мегуфтанд:

«Ҳодиса таҳқиқ шуда истодаасту натиҷаҳои онро интизор бояд шуд». Вале худи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки 11 сол инҷониб соҳиби ин корхонаи коркарди пахта аст, мегӯяд, ки «дар қасдан сӯзондани корхона шак надорад. вале фармоишгару иҷрочӣ киҳоянд ва аз кй бояд бадгумон бошад, намедонад».

Дар ҳамин ҳол, ӯ мегӯяд, ки барои маълум кардани нафароне, ки ба ин кор даст задаанд чоиза хоҳад дод. Шакл ва хаҷми ҷойизаро соатҳои наздик маълум хоҳад кард.

Бори аввал нест?!

 

Сӯхтор дар корхонаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҳоле ба амал омад, ки се ҳафта пеш ма-қомоти маҳаллии вилояти Хатлон барои интиқоли пахтаи кишоварзони вилоят ба корхонаи мазкур монеа эҷод карданд. Ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд, қариб ҳамасола раиси вилояти Хатлон – Ғайбулло Афзалов аз кӯшишҳои фурӯши пахта ба коргохи ваӣ ҷилавгирӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки кишоварзон мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ба фурӯши озоди пахта хақ доранд ва пас аз интиқоли пахта ба коргоҳи мазкурмаъмулан дарҳол маблағи худро мегиранд. Аммо бо сабабхои но маълум раиси вилояти Хатлон на мегузорад. ки ин пахта ба ноҳияи Вахдат ворид карда шавад, Новобаста аз он, ки зимни доду гирифти пахта на ба кишоварзону хоҷагиҳои деҳқонӣ ва на ба давлат зараре намерасад-меафзояд Ҳочи Акбар Тӯраҷонзода.

Дар хамин ҳол, ба «Нигох, муяссар нашуд, ки шарҳи масъулини ҳукумати вилояти Хатлонро дар ин мавзӯъ бигирад. Навбат дори ҳукумати вилоят, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки салохияти пайваст кардан ва е расонидани хоҳиши моро ба раиси вилоят надорад.

Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ду соли нобарориҳо дар бозори пахтаи ҷаҳонӣ соли ҷорӣ қимати пахтаи такрибан, 20-ЗО дарсад боло рафт. Дар ҳоли ҳозир, дар бозори дохилии пахтаи Тоҷикиг тон   нархи хар тонна пахта   ба  1700-1800 доллар баробар аст.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: