Наздикони президент аз «конуни Саидов» берун бошанд?

Озодаи ФИРУЗ «Начот» №42 19.10.2011 

Ҷомеаи Фасодзада мисли дарахти сабзест, ки зохираш бузургу хушранг аст, вале дохилии онро кирм хона карда, эҳтимоли аз байн рафтанд он ҳаст. Хурдани кирм дар он мухит ба як мачрои табиъи тавдил ёфта, агарчи дарахт барои дигар чиз офарида шудааст ва рисолати хос дорад.

Ҳар як инсон ҳам мисли ҳамон дарахт дар ҷомеьаи инсони рисолати хешро дорост, агарчи деҳкони хокпош аст ё сарвари як кишвар бинобар ин ӯ набояд, бинобар, ки кирм -фасод дарахт – кишварашро ба холе оварда, ки мавриди мазаммати дигарон қарор гирад.

Мабни бар ин гуна ақоид ҳоло саволи матрах ин аст, ки чаро фасод ба ин дараҷа шакл мегирад ва Тоҷикистон пайваста дар Феҳристи кишварҳои фасодзада карор гирифтааст? Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран, маҷаллаи Бонуфузи амрикои бо номи «Форбс» Тоҷикистонро аз ҷумлаи 134 кишвар миёни 10 кишвари Фасодзадатарин мебинад.

Коршиносони маҷалла, сатҳи фасод, когазбозӣ, андозбандӣ, озодии тиҷорат ва дигар омилҳои рушди соҳибкориро таҳлил карда, рейтинги кишварҳои беҳтаринро барои тиҷорати пешкаши сармоягузорон кардаанд. Гузориши нави «Форб», ки ба унвони «Беҳтарин кишвар барои тиҷорат» паҳн шудааст, 134 кишвари дунёро фаро мегирад, ки Тоҷикистон дар мақоми 120 -ум қарор дорад, Яъне кишвари мо аз нигоҳи вазнинии андозхо, дар ҷойи 121 -ум, озодии асъор дар ҷойи 122 -юм, когазбочй дар ҷойи 106-ум, технологияи дар ҷойи 110 -ум, воридоти навовари дар ҷои 96 -ум меистад.

Дар ин масоил тамоми ҷамоҳири собиқ шӯравӣ аз Тоҷикистон афзалият доранд. Барои мисол, Қирғизистон дар ҷойи 115, Украина дар ҷои 105, Молдова 90, Арманистон 89, Қазокистон 80, Гурҷистон 50 ва Эстония дар зинаи 16 ум қарор дорад. Омилҳое, ки ин маҷалла бо назардошти онҳо хулоса баровардааст, барои хонанда нӯшида нестанд. Агарчи масъулини мубориза алайҳи фасод солҳои ахир фасод коҳиш ёфтааст, мегӯянд, аммо он «коҳиш»-ро эҳтимол дар равандҳои содда пайдо карда мумкин бошад. Ин ҳам ба он маъност, ки солҳои охир шаҳрвандон порагирии 100 сомониро ҳамчун ҳаққи хидмат медоннад на онҳо инро «фарҳанги тоҷикй» қам ном мебаранд. Нигарони ин аст, ки хамингуна шаклгирии падидаи манфиро «фарҳадги милли» маънидод мекунанд.

Баҳсу гуфтугузорхо дар мавриди ниҳодҳои фасодзада хеле зиеданд, бахусус ҷузъиёти онҳо дар ВАО-и мустақил матраҳ шудаанд, аммо то ба ҳол Оҷонси мубориза алайхй фасод аз боздошти нафари аввал ё ба қавли дигар «саркор»-и ин гуна амали ҳаром иттилоъ надодааст. Фаттоҳ Саидов, рохбари ниҳоди мазкур сабаби боздошт нагардидани вазирону кабирони замонро дар камҷуръатӣ ё заъфи ҷомеа медонад. Номбурда зимни як нишасти матбуоти гуфта буд, ки то ба ҳол ягон шаҳрванд дар мавриди пора талаб кардани вазиру кабир ба ниходи онҳо муроҷиъат накардааст. Аз ин хотир, ба гуфти ӯ, чӣ гуна метавонад мансабдореро боздошт намонд? Баъди ин гуна ҳарфҳо хулоса метавонад ин тавр бошад, як эҳтимол «об аз боло лой аст». Агар ин тавр набошад, чари фасод ба суръат рушд мекунад ва ба як рамузи зиндагӣ табдил меёбад?

Барои мисол, вақте Вазорати маъориф иқдомҳои алоҳидаеро ҷорй ва расмӣ кард, ҳеҷ як хонавода мавқеъи худро нишон надод ё ин ки мактабҳои олй сол то сол қимати таҳсилро боло мибаранд, вале ҳама сокитанд. Бубинед, омӯзгор дар мактаби миёна барои мохона, омодагии мактаб ба зимистон ва таъмиии ашёи таълим аз шогирдон пул талаб мекунад ва хонаводаҳо тааҷҷуб хам мекунад ва омодаи гиребони омӯзгирро гирифтан ҳам ҳастанд. Ҳол он ки ин муқаррароте дар ниходхои зирабт таҳия мекунанд ва иддаеро ҳатто ҳамчун қонун парлумон ба тасвиб мерасонаду президент имзо мекунад, Аммо мардум аз ҷараёни ин гуна корхо, ки ба рӯзгори онҳо бастаги дорад, дар канор мемонанд. Баъди ин хама набояд гиребони муъаллим гирифт, балки мушт ба сари худ задан бехтар аст. Баъди кор дар ҷойи дигар аст: миллати мо фикр мекунад, ки роҳи дигар кардани ин санаду муқаррарот нест, яъне «хукми подшоҳ воҷиб аст». Бо ҳамии афкор ин ҳамаро таҳаммул мекунанд ва баъдан ё фарзандонро аз мактаб мегиранд ё рӯ меорад ба Русия.

Ҳолати мазкурро дар низоми сиҳати омма низ дидан мумкин аст, яъне дар хеҷ қарору қонуне пардохти маблағ барои табобат муайян нашудааст, вале «система» кайҳо роиҷ мебошад. Метавон гуфт, ки новобаста ба печида шудани вазъи иҷтимоъй ва иқтисодии ҷомеа бо ҳар равише «пардохт»-ҳо боло мераванд. Моҳи ҳалли онро тахлилгарон бо ин раванди бархӯрди масъулин баънд медонанд.

 «Парлумони хушсифат»

Тавре дар боло ишора рафт, манзур аз ин ҳама харфҳо нигаронӣ аз шаклгирии фасод дар ҷомеъаи кишвар аст. Ахиран, парлумон ҳам бо пешниҳоди масъули Оҷонсии мубориза алайҳи фасод қонунеро мавриди баррасй қарор дода, қабул намуд, ки арусу домод дар корхонаи зертобои хусур ва хеши худ кор карда наметавонанд. Инро шунидаму дар фикри он рафтам, ки оё Озода Раҳмонова аз ин ба баъд дар кабинаи Эмомалӣ Раҳмон хаққи кор кардан надорад? Хонум дар ҷаласаҳои ҳукуматй ба ҳайси муъовини вазир ва дар сафарҳо ҳамрохи падари хеш, агарчи ТВТ нишон намедиҳад, иштирок дорад. Ё ин ки шавҳари хонум Ҷамоллиддин Нуралиев, яъне домоди Президенти ҶТ дар Вазорати молия ба ҳайси муъовин фаъолият дорад.

Мантйқи қонуни наве, ки аз сӯйи Оҷонси мубориза алайҳи фасод пешниҳод шуд ва онро парлумон қабул кард, хеле аҷиб аст, яъне келину домодро бояд аз ниҳоди зертобеъи хеш берун намоянд ва ин аст кохиш ёфтани фасод. Агарчи кодекси хидматчии давлатӣ мушаххас кардааст, ки ҳамкории хешу табор дар корхонаҳо манъ аст. Агар масъала ба ин тарз фаҳмида шавад, пас, хучури Гул Шералӣ ҳамчун чудо ва Хасан Асадуллохзода ҳамчун додарарӯси президент низ пеш меояд. Суоли матрах ин аст, ки оё вакилони мӯхтарам зимни қабули қонун аз ҷаноби Фаттоҳ Саидов пурсидаанд, ки ин гуна африд ба талаботи қонун ворид мешаванд ё хайр? Агарчи ҷаноби III. Зуҳуров гуфтааст, «марҳилаи таҳия ва қабули қонунҳои босифат расидааст».

Оҷонсин мубориза алайҳи фасод афсари Кумитаи амнияти миллиро дар мавриди даст доштаи ба фасод откор кард. Баъдан, раиси Кумитаи дини вилояти Хатлон бо ҷурми даст доштан дар фасод боздошт шуданд. Аҷиб аст, ки ин гуна ҳаводис дар вилояти Хатлон дунболагири мешаванд ва чанде қабл ҳам судяи суди ноҳияи Вахш бо ин ҷурм ба даст афтода буд. Суол ин аст, ки дар робита ба ин масъала дигар манотиқ дар чӣ ҳол бошанд? Ногуфта намонад, ки шаклҳои дигари фасод ва муносибати хешутаборй дар корхонаҳои давлатй хеле зиед аст. Яке аз ин гуна муносибатҳо, ин номнавис кардани хешу табор аз сӯйи роҳбар ба ҳайси корманд ва дарёфти «музд»-и мехнат аст. Нисбат ба ин падида «бадй надорад, роҳбар аст ва ҳама дар дасти худаш» мегӯянд. Гузашта аз ин, дар кишвари мо барномаи мушаххаси мубориза алайҳи фасод мавҷуд нест.

 Барои ҳар ҷомеъае «СУНАМӢ»-ҳо ҳастанд

Бо  бозгардонии  моли дуздидашуда, фасодро аз миёни бурдаи мумкин нест ва чашми фасодкор ва доираҳои фасодзада ҳеҷ гох тар хам намешавад. Ба таври силсиламаротиб ҳангоми «тақсим»-и вазифа масъулин ҳамаи инро бозмегардонанд ва буҷаи кишварро ҳам бо ҳар васила пур кардан мумкин аст, вале чораи матлуберо бояд дар қиболи ин раванди ҳароми ҷомеъа пайдо кард.

Фасод боз ҳам ҳамин андозсупорандагон ва мардуми корафтодаи фақиру бенаворо таҳдид мекунад, на вазиру кабир ва Фаттоҳ Саидовро. Миллат ҳанӯз аз солхои навадум дар вартаи бӯҳрон қарор дорад ва ин ҳолат ба рӯҳу равони он корд задааст. Танҳо бар асари ҳамин масъала бо ин ҳама бӯхронҳои равонӣ ва иҷтимоъиву иқтисодӣ таҳаммул мекунад. Аммо сокит будан ва ҳақро талаб накардан маънои сокити якумрӣ нест. Ҳар як дарачае ҳам «сунамӣ»- и худро дорад…

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: