Агар хануз Файзали Саидов кахрамон аст, сулх нашудааст

Толибшоҳи САЙИДЗОДА«Миллат» №34 24.08.2011 

Ин матлаб пас аз тамошои телесериали сиёсии ТВ- и Тоҷикистон бахшида ба 20- умин солгарди Истиқлол ва бо бардошт аз пешниҳоди раиси Бохтар ҷаноби Абдуалим Исмоилов дар мавриди ба Файзалӣ Саидов, қумондони Фронти халқӣ додани номи қаҳрамони миллӣ иншо шудааст.

Устод Қаноат ва Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи ҷанг

Ҷанги тоҷиккуши солҳои 1992- 1997, ки он кам – кам ва ҳарҷо – харҷо то чанд соле дигар идома кард, бо кушта шудани кумондони Иттиҳоди мухолифини собиқ Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон- Гитлер дар соли 2001 дар рустои Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо тамом хомӯш шуд. Ва ҳам чанд моҳ қабл саркаштарин қумандони ин Иттиҳод мулло – Абдулло Раҳимов дар ноҳияи Рашт бо ҷамъе аз ҷонибдоронаш аз сӯи нирӯҳои интизомии давлат кушта шуд, ки то ҷое умедҳоро ба фардои амну ором бештар сохт. Дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон аз тариқи расонаҳои хабарии чопӣ ва радиову телеаизион росту дурӯғи зиёд гуфтаанд, ки дигар ҳама раҳгуму саргуманд, ки ин чӣ низоъе буд ва гунаҳкору бегуноҳи ин муноқишоти хунини сиёсӣ кӣ ва кадом афроду гурӯҳ аст. Ба андешаи шоир ва мутафаккири бузурги миллат устод Мӯъмин Қаноат ҷанги Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад, аммо ҷанги бе силоҳ, ки хатарноктар аз ҷанги гарм аст. Ин ҳушдори суханвари саршинос ҷуръати баҳо додан ба сулҳро бештар кард. Сулҳе, ки ба назари иддае аз соҳибназарон ҳанӯз ҳам шикананда аст.

Ҳарчанд роҳбари давлат ҳанӯзчандсол каблрӯшан таъкид кард, ки ҷанги шахрвандии Тоҷикистон таҳмилӣ буд ва вузарои хориҷии иддае аз кишварҳои гирду ванаҳи мо дар ибтидои солҳои 90- уми қарни рафта дар сар андешаи тақсими хоки Тоҷикистонро доштанд, вале боз ҳам аз тариқи радиову телевизиони давлатӣ бо гузашти 20 сол аз Истиқлол ва беш аз якдаҳсола аз ҷанги шаҳрвандӣ мешунавему мебинем, ки як ҷонибе аз тоҷикон сияҳкору мансабхоҳу ғаразҷӯ, бадхоҳи ин хоку Ватан ва гурӯҳе дигар ҳушманду покниҳоду мансаббезору ватандӯсту истиқлолхоҳ ном бурда мешаванд. Ва устод Қаноат ҳам бо дарки ин нукта ва бо эҳсоси дард изҳор дошта буд, ки то кунун зеҳният ин аст, ки ширкатдорони як тарафи ҷанги Тоҷикистон худро қаҳрамон ва тарафи дигари он худро муҷоҳид меноманд, пас сулқ мантик ва ниҳодина нашудааст.

Шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, марди огоҳу фарҳехтаи миллат, ки ӯро ҳам беинсофона муҷрими ҷанги дохилӣ ва мансабталош дониста тӯҳмати сангинеро бораш кардаем, гуфта буд, ки «лаҷоми ҷанг дар дасти бегонаҳо буд ва ин бадбахтӣ бар асоси сенарияи хориҷиҳо анҷомшуд». Хотир фандам накунад, ҳамин сол буд, ки президент Эмомалӣ Рахмон ҳам аз заҳамот ва хадамоти мардуми кишвар дар фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ ед карда, такрибан чунин изҳор дошт, ки ҳеч кас даъвои каҳрамонӣ накунад, зеро агар ин ҷанг қаҳрамоне дошта бошад, пас бешак он миллати тоҷик аст, ки аз хирад кор гирифта, ба сари сулҳу оштӣ омад.

Телевизион кори худро мекунад

Вале бо вуҷуди ин ҳама таъкидҳо масъулини телевизион кори худро мекунанд за мехоҳанд бо истифода аз ин минбари миллат андешаву афкори ғалати хешро дар зеҳни мардум ҷоӣ бидиҳанд. Ҳар сол дар остонаи таҷлили ҷашнҳои Ваҳдату Истиқлол, зодрӯзи Президент, Рӯзи Сарконун, солгарди ичлосияи 16- уми Шӯрои олӣ, Иди Артиши миллӣ силсиланамоишҳо ё филми бисёрсериягии ба қавли масъулин ва барномасозони ТВ-ҳо пур аз эҳсосу ифтихороти миллӣ пешкаши мардум мегардад. Чун моҳвора надорем ва мо ҳам ночор онро тамошо мекунем, бегумон пас аз дидани он хулоса ин мешавад, ки сабабгору гунаҳкори асосии он хама муноқишоти хунин ва қатлу ғорату хонасӯзиҳо мухолифини собиқ ва аҳзобу ҷунбишҳое чун ҲДТ, ҲНИТ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон», Идораи козиёт ва афроде амсоли Шодмон Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор (муаллифи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон), Саӣид Абдуллоҳи Нурӣ (раиси Комиссияи оштии миллӣ ва якҷониби Сулқ), Давлати Усмон, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, Бозор Собир, Аслиддини Соҳибназар, Қадриддин Аслонов (давлатмарде, ки Эъломияи Истиклолро имзо кардааст), Давлати Худоназар, Шӯрои олӣ ва Ҳукумати вақт мебошанд. Аз Раҳмон Набиев, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳизби коммунист (Шодӣ Шабдолов) ва беш аз 200 депутати Шӯрои олй (аз 250 депутат), ки тайм бист соли ахмр ва бархе то ҳанӯз ҳам савори аспи мансабанд, чун ватанхоҳи асил, ғамхори миллату Ватан, ҳалолкору ҷабру ситам дида ва барои кишвар зиёд дилсӯзу заҳматкашида ёд мешавад. Дар ҳайратам, ки Сафаралӣ Кенҷаев, ки бо истифода аз нирӯҳои зархарид ва аҷнабӣ, бо пуштибонии дивизия ва афсарони рус 24 октябри соли 1992 болои мардуми осудаи пойтахти кишвар лашкар кашид, дӯсту хайрхоҳи ин миллату Ватан ва онҳое, ки ин ҳамлаи маргбори «Комиссар Катанӣ»- ро маҳкум карданд, бадхоҳу сияҳкор ном бурда мешаванд. Ва боре ин масъулини телевизионҳо ва барномарезону муаллифони ин телесериалҳои ранги сиёсӣ доштаву ғаразолуда, ки барои мардуми ба ибораи имрӯз маъмул шукргузор аз фазои сулҳу созандагӣ онро пешниҳод мекунанд, аз хеш суъол кардаанд, ки оё ин мадҳу ситоиш, васфу сано аз «зиндабод»- V, як ҷонибро гуфтану ҷониби дигарро ба таъну мазаммату маломат кашидан аа гунаҳкори бадбахтии мардум ва фоҷеаи милли донистан оё барангехтани низоъву нифоқ дар миёни ҷомеъа нест?! Ва сулҳеро, ки дар борааш худи наттоқони ҳамин телевизионҳо кафки даҳон парронда дастовардаш медонанд, зери суол намебарад?

 Агар Аслонов ноҳақ буд…

Вақте аз шодравон Қадриддин Аслонов, ки ба хиради мардуми хеш бовар кард ва ба хотири ба сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ овардани ҳамватанони бо ҳукми такдир дар ду сангари мукобил қарор гирифтааш макоми раиси вилояти Қӯрғонтеппаро пазируфта, ба Вахшонзамин рафту асири гурӯқе силоҳбадаст шуд ва ҷабру заҷри зиёд дид, хорӣ кашид ва мазлум ҷон дод бо бадӣ ёд мекунем, аз имзо гузоштани ин давлатмарди мархум ба зери Эъломияи Истиқлол ҳарфе намегӯему ҳама бадбахтиҳои ҷумҳуриро аз гӯё бо амри ӯ шикастани ҳайкали Ленин ва моликияти миллӣ эълон шудани дороии Ҳизби коммунист медонем, пас фикр намекунем, ки ҳеч фоҷеъа, ҳеч кори баде нашудааст. Танҳо он замон манфиатҷӯёну кӯҳнагароён ва соҳибони андешаҳои карахту коммунистӣ ба таҳаввулоти рӯзгори навин омода набуданд ва ин як навъ мубориза ва мухолифати ҷадидону (напарастон буд. Ва ҷурми Аслонов ва он мардуми майдон ҳамин буд, ки аз воқеъияти замони хеш қадам фаротар гузоштанд. Ва фаразан агар он кори Аслонов иштибоҳ мебуд, пас чаро ин хато баъдан ислоҳ нашуд, муҷасаммаи Ленин аз нав дар ҷояш қад накашид, ба коммунистон сарвату дороиашонро надоданд? Пас, Аслонов ва он мардуми майдоннишин дуруст рафтор кардаанд ва имрӯз сияҳ кардани онҳо ба хотири чист, намефаҳмам. Пас ин ҳама покӯбиву пешибарҷунбонӣ ба хотири 20 соли ҳамон Истиқлоле, ки қабл аз дигарон онҳое ба дарки ин неъмат расида буданд, қурбон шуданд, чарост? Ё ин танқо як худнамоист?

Оё ба он андешидаед, ки Аслонов ва он дигар «гунаҳкорон» хешу табор, аёлу фарзанд ва ихлосманду ҷонибдор доранд? Як бор хешро биёед дар он ҳолат тасаввур намоем, ки ҳамин Аслонов ва бархе дигар аз шахсиятҳои шинохта, ки дар телевизион муҷиби низоъи милпӣ ва муҷрими кишварашон медонанд, бародар ё падари мост, пас қоли мо, бардошти мо бояд аз ин телесериал чӣ гуна бошад?!

 Акаи Аслиддин, маро маъзур дор!

Худо раҳмат кунад Аслиддини Соҳибназарро, ки бо ҳам баъзан баҳсҳои сиёсие доштем ва боре дар баҳори соли 1999, ки ӯ он замон бо пешниҳоди ҷониби Иттиҳоди мухолифин ба мақоми муовини аввали раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ расида буд, дар як маьрака хукуштдорони Тоҷикистонро сахт танқиду мазаммат кард. Шодравон марди якрӯ, сахтгӯ ва боҷасорат буд. Банда бархостаму ба ӯ гуфтам, ки акаи Аслиддин, ҳоло аз сулҳи мо ду сол ҳам нагузашта ва он чӣ шумо мегӯед, ки ҳукумат оппозитсиюнро чашми дидан ва ёрои таҳаммул надорад ва то ҳанӯз ҳам гунаҳкори ин ҷанг мову шуморо медонанд, шояд имрӯз ҳамин тавр бошад, вале бо гузашти якфурсате ин андёшаи ғалат аз мағзҳои ҳукуматдорон шуста мешавад. Ва агар шуста нашавад ва ҳамин гуна андеша боқӣ бимонад, пас сулҳ нашудааст. Дар кишваре, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун шудааст, бо ин шева бад гуфтани ҳукуматдорон ва ин гуна тундравӣ фикр мекунам амали шойиста нест, гуфта суханамро хулоса кардам. Акаи Аслиддин нороҳат шуд, барошуфт ва бо ситеза гуфт: – Ҳоло ту кудакӣ, баъд мефаҳмӣ ва он вақт мегӯӣ, ки Соҳибназаров рост гуфтааст.

Ва ман кӯдак ҳам набудам. 34 сол доштам, шояд ба назари акаи Аслиддин, ки он замои дар шасти камолот буд, кӯдак будаам, Ва имрӯз фаҳмидам, ки Соҳибназаров рост гуфтааст. Ва то имрӯз барои он густохиам, ки дар он мачлиси хайр, назди чанд тане аз нухбагони миллӣ бузургмарде чун Аслиддини Соҳибназарро эрод гирифта, «насиҳат» кардам, хешро мулзаму норохат эҳсос мекунам.

 Файзалй Саидов қаҳрамон? Барои чй?

Ин ҷо банда мехоҳам назари хешро оид ба андешаҳо ва пешниҳоди раиси нохияи Бохтар Абдуалим Исмоилов дар мавриди қаҳрамони миллӣ ном додани қумандони собиқи Фронти халқӣ Фаӣзалӣ Саидов, ки то ҳанӯз бераҳмӣ, хунсардӣ ва қатлу куштори ин ба кавли Исмоилов «родмард» дар миёни ҳазорон мардуми Бохтарзамину Вахши бостон вирди забонҳо аст, бигӯям. Раиси Бохтар бар ин андеша аст, ки Файзалӣ Саидов чеҳраи саршиноси миллат буда, дар барқарории сохти конститутсионӣ саҳми беназир дорад. Ва ҷаноби Исмоилов мехоҳад, ки ба номи Файзалӣ Саидов кӯчаву деҳаҳоро номгузорӣ кунанд ва барои корномаҳояш шоирони мо шеъру достонҳо эҷод намоянд. Раиси Бохтар пешниҳод кардааст, ки Файзалиро қаҳрамони миллат бигуянд ва барояш ҳайкал бояд гузошт. Агар ин пешниҳоди як фарди оддӣ мебуд, «мо метавонистем онро нодида бигирем.

Вале, вақте дар остонаи таҷлили 20- умин солгарди Истиклол як раиси ноҳия, як макоми расмӣ чунин як пешниҳоди низоъбарангез ва хилофи ғояи вахдати миллӣ ва мухолиф ба андешаи сарвари давлат мекунад, ҷойи нигаронӣ ва ташвиш ва мояи нороҳатӣ аст. Ва аввалин суъоле, ки дар зеҳни ҳар одамм ҳушманду оқил чарх мезанад, ин аст, ки чаро Файзалӣ Саидов бояд қаҳрамон бошад. Ва ин қумандони бебаҳра аз илми низомӣ ва мактаби ҳарбӣ нахоида ва лашкараш коре ҳам ба ҷуз куштор ва сӯхтор накарда, чӣ хидмате барои ин Ватану миллат дорад, ки номаш бояд дар радифи Темурмалику Восеъ, алломма Айниву академик Ғафуров ва Шоҳтемур бошад?! Ва ое тоҷиккушӣ, сӯхтани хонаи ҳамсоя, бева кардани зани бародар ва ятим гузоштани фарзандони ӯ, ғарибу дар ба дар сохтани ҳамватан мояи ифтихор ва бойиси таҷлилу такрим аст? Ва агар ин аъмоли манфур ба хотири барқарории сохторе бигзор коиститутсионӣ ҳам сурат гирифта бошад, набояд шойистаи таҳсину такдир бошад. Агар дар баҳои куштани ҳамватанони хеш, бигузор он мактулону бахтбаргаштагон гунаҳкор ҳам, ки бошанд, мехоҳем қаҳрамон бошем ё барои тоҷиккушӣ касеро унвони қаҳрамони миллӣ додан мехоҳем, пас вой аз ин мусалмонӣ, ҳайф аз ин қаҳрамонӣ ва шармамон бод аз чунин пешниҳод, ки сабаби нифоқ аст.

 Чаро Сангак САФАРОВ қаҳрамон нё?

Агар раиси Бохтар сахт ҳаваси онро дорад ва мехоҳад, ки як нафаре аз қумондонхои Фронти халқӣ қаҳрамони миллӣ бошад, пас чаро намехоҳад, ки он қаҳрамон устод, раҳбар, раҳнамо ва падархонди Файзалӣ, пешвои барқарорсозони сохти

конститутсионӣ Сангак Сафаров бошад. Ва ба хотири бардоштани он нангу доғи таърих аз рӯи барқарорсозони бохтарии ҳукумати конститутсионӣ, ки ҳодӣ ва пештози он муборизот Сангакро бо шеваи мармузу то ҷое беадолатона (Сангак Сафаров он шаби 30 марти соли 1993, ки қатл шуд, дар хонаи «родмарди бохтарӣ» Фаӣзалӣ меҳмон буд) дар Бохтар нӯкарони Файзалӣ аз байн бурданд, раиси ин ноҳия ҷаноби Исмоилов бояд ҷиҳати таъмини адолати таърихӣ ва шод кардани рӯҳи он ҳама муборизон пешниҳоди ба Сангак додани унвони қаҳрамонӣ, номгузории чанд деҳаву кӯчаи ноҳияаш ва гузоштанӣ хайкали ӯро мекард, ки чунин накард. Дар ҳоле ки на Сангак ва на Файзалӣ ҳаққи қаҳрамон будан надоранд, чун теғашон ба хуни тоҷик гулгун буд.

 Мардум ба пешниҳоди раиси Бохтар чй мегуянд?

Дӯсте доштам бо номи Абдураззоқ, ки дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар мезист. Ҷавонмарде буд огоҳу бедор, худшинос ва аз муборизони роҳи макоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва Истиклол дар Вахшонзамин буд. Охирҳои моҳи октябри соли 1992 замоне, ки Файзалӣ Саидов бо размандагонаш вориди деҳаи ӯ шуданд, Абдураззоқ бо чанд тани дигар пинхонӣ фирор кард ва бехабар аз он буд, ки дар сари рохи калони мошингарди Қӯрғонтеппа-Колхозобод дигар силоҳдорони Файзалӣ дидбонгоҳ карда буданду ҳар роҳгузарро мавриди пурсуҷӯ қарор медоданд. Абдураззоқ ба асорат уфтод ва бегоҳи ҳамон рӯз бо 8 тан ёро наш ба катл расид. Гӯри ин тоҷикони бедор, ин ҷавонмардони ормонӣ дар сари роҳ то ҳанӯз чун як нишоне аз ҳазорон «корномаҳо»- и Файзалӣ боқист. Вакте раиси Бохтар мехоҳад. Ки Фаӣзали қаҳрамон бошад, оё андешаи онро кардааст, ки ба Соҳибназар ва дигар фарзандони Абдураззоқи ғуррамарг ва ҳазорон дигар тифлони аз турктозиҳои Фаӣзалӣ сағир монда ва садҳо занони дар пайи «корномаҳо»- и ӯ бевамонда ба ин пешниҳоди раисашон чӣ назар доранд. Оё аз ҳазорон- ҳазор мардуми ноҳияе, ки умури раҳбариашро имрӯз бар даст дорад ва аз Файзалӣ заҷру зулм дидаанду азобу маҳрумиятхо кашидаанд, пурсидааст, ки мехоҳад ӯро қаҳрамони миллӣ кунад? Оё аз нигорандаи ин сатрҳо, ки манзили зистамро «боевикҳо»- и Файзалӣ ба ғорат бурданду хамсару хушдоманам як рӯзи сарди моҳи январи соли 1993 ба хоҷагии ба номи Куӣбишев, ки Файзали он ҷо мезист, барои додхоҳӣ рафтанд, то ҳамсояи силохдорӣ ғоратгараш моли моро бозпас бидиҳад ва барояшон гуфтанд, ки даҳ дақиқа вақтатон медиҳем то қаламрави хоҷагиро тарк ва ин даъворо барои ҳамеша фаромӯш кунед, пурсиданд, ки Файзалӣ арзандаи қаҳрамони миллат будан ҳаст?! Ва банда соли 2000- ум завҷаи он шогирди Файзалӣ, оне, ки манзили маро ба ғорат бурду аёлу фарзандони маро дар он зимистони сард бе курпаву ҷойхоб ва тифли яксолаамро бе гаҳвора гузошт, дида будам. Гиряҳои талхи беваи он силохдори моли маро ба яғмо бурда то кунун дар пеши чашмони ман аст. Накл кард, ки шавҳарашро куштаанд ва як соли дароз молу ашёи аз хонам мо ба ғорат бурдаро фурӯхтаву зистааст. Гиряҳои ӯро дида, азоби дарбадариҳо ва гиряҳои тифлони хешро аз ёд бурдам ва Худоро шукр кардам, ки молу сарвати ман як сол аёлу фарзандони як хонадонро аз гадоӣ ва мурдан наҷот додааст. Касе гумон накунад, ки банда аз сари хусумат ба хотири он ҳама ранҷу озоре, ки аз Файзалӣ ва лашкари ҷаррори ӯ кашидаам ин ҳамаро менависам. На, мо аз Худо дидем, ҳарчи дидем ва ба Худои хеш сулурдем, ки роҳаташ бисёр бод, ҳаркӣ моро ранҷа дошт.

 Ҳеч қумондоне шойистаи номи қаҳрамони нест

Муроди банда он аст, ки ҳеч қумондоне аз ду ҷониби даргир шоистаи он нест, ки қаҳрамони ин миллат бошад. Дар бораи ҷаҳолату ҷаббории Ризвон Садиров, қумондони мухолифини собиқ, ки бо бераҳмӣ ва кушторҳои ноҷавонмардона ва ҷиноёти сангинаш шӯҳра дорад, зиёд гуфтаанд, ки ҳоҷати ин ҷо такрор гуфтани банда нест. Ва бадбахтона Ризвон ҳам чун Фаӣзалӣ ва соири кумондонҳо тоҷикро мекушт. Ва то ҳанӯз зарбаҳои бо қундоқи Калашников бар тахтапуштам куфтаи як ҷаллоди хуношоми ризвонӣ бо номи Нуруллобо гузашти солҳо маро азият медиҳад. То ҳанӯз ду гӯши Музаффари хеши мо, ки бо амри Мансур Муаккалоа ном кумондони хунхори мухолифин дар бучкаи бузурги бензингирӣ андохта шуда буду размандагони бефаросаташ бо сангу чӯбу калтакҳои оханӣ аз чаҳор сӯ ба ҳар ҷои бучка мекӯфтанд, бар асари он зарбаҳо ва садои мудҳиш кар аст. То ҳанӯз авзоъ ва хотири Муҳаммадраҳими ғармӣ беҷост, аз он ки дар зимистони соли 1993 як размандаи ғайритоҷики гурӯҳи Фаӣзалӣ чун дар Нуробод вориди деҳаашон мегарданд, мехоҳад бо модари бемори ӯ, ки бистарӣ буд, ҳамхоба гардад ва ин дам як тоҷикбачаи силохдори кӯлобӣ аз дидани ин аҳвол эҳсоси имонӣ ва инсониаш боло мегираду он ҳамяроқи ғаӣритоҷикашро ба катл мерасонад. То ҳанӯз Шарифи ҳамсояам, як ҷавони беозору ботақво бо ду гӯши бурида мегардад, ки соли 1997 кадом як ҷинояткорони бедине чунин ваҳшониятро дар ҳаққаш раво дидаанд. Ҳар касе дар ин фитна ва муноқишот тоҷикеро, ҳамватанеро озор дода бошад, бояд ҳанӯз, ки дер нашудааст, пӯзиш бихоҳад, шояд Худо биёмурзадаш, куҷо расад ба он ки тоҷик кушта бошаду ифтихор бикунад ё қаҳрамонаш бихонему ифтихор кунем.

Магар мардум аз қаҳрамон мегурезанд?

Аз онхое, ки Файзалиро ё касе дигар аз кумондонҳои собиқро қаҳрамони миллӣ карданианд, пурсидан мехостам, ки оё бо ин ҳама «корномаҳо», ки шаммае аз онро накл кардем, эшон шоистаи қаҳрамон будан ҳастанд?! Ва он чӣ мардум мегӯянд, ки Файзалӣ ҳар бегоҳи ҷумъа ба хотири осудагии рӯҳм падараш ду марди кӯҳистониро қурбонӣ мекард, мекушт, оё дуруғ аст?! Кошкӣ дуруғ бошад! Вале магар мардум дар ҳакки қахрамони хеш чунин дурӯғи даҳшатбор мебофанд? Чаро мардум чунин дурӯғҳо дар ҳаққи «қумондонони шинохтае аз ду ҷониб амсоли Саидшоҳ Шамол, Маҳмадрузӣ Искандар, Ғаффор Мирзо, Саламшоҳ Мухаббат, Қурбони Чол, Файзалӣ Лангарӣ, Мирзо Зиё ва Ёкуб Салим, ки бештар аз ҳама миёни халқ машҳур ҳастанд, намебофанд? Агар мардум «қаҳрамон» ва қумондону «наҷотбахш»- и хешро дӯст дорад, магар дар борааш чунин афсонаҳои мӯҳлику «ужас» мебофад?’ Як нафар сокини шӯъбаи 3- юми совхоз- техникуми Бохтар накл кард, ки чун Файзалӣ ба деҳи онҳо меомад, мардум мегурехт, ҳама пинҳон мешуд, то ӯро набинанд. Хеле аҷиб! Магар мардум аз родмард ва каҳрамон мегурезанд? Мардум дидани каҳрамон ва наҷотбахши хешро орзу мекунанд. на балки бояд пинҳон шаванд.

Шури қиёмат бархост барои як ҳайкали Ленин

Хотираи одамӣ заъиф аст, ҳама чизро зуд фаромӯш мекунад, вале таърих хотира ва ҳофизаи қавӣ дорад, ҳама рӯйдоду ҳаводисро, ҳар аъмоли инсонҳоро бо гузашти фурсате аз ғарбели хеш мегузаронад ва дар он мақоме, ки арзиш дорад, мегузорад. Ва баҳои воқеъӣ ва ниҳоиро ба ҳар хоину қахрамон, дӯсту душмани Ватану миллат ҳатман медихад. Куҷо ҳастанд имрӯз ҳайкалҳои хурду бузурги барқад ва нимпаӣкараҳои бешумори Ленин, ки телевизиони тоҷик бо надомату афсӯс аз кандани як бути доҳии коммунистон то ҳанӯз нола мекунад. Куҷо шудандон шаҳрҳо, вилоятҳо, деҳу мактабҳо, кӯчаву донишгохҳо, ки номи Ленинро доштанд, яъне чаро табдили ном карданд? Як ҳайкали Ленин бо амри и. в. Президенти Тоҷикистон Қадриддин Аслонов барандохта шуд ва Ҳизби коммунист, Сафаралӣ Кенҷаев, Ваҳҳоб Воҳидов ва фаъолзанони Душанбеву ветеранҳои меҳнат шӯри қиёмат барпо карданд. Куҷо шуданд даҳҳо ҳайкалу ҳайкалчаҳои доҳии пролетариат ва чаро дигар Ҳизби коммунист, Ваҳҳоб Воҳидов, Адолат Раҳмонова ва он фаъолзанону ветеранҳои меҳнат хомӯшанд? Куҷо шуд молу дороии беҳисоби Ҳизби коммунист, куҷо шуданд он ҳама қасру осоишгоҳҳо, бӯстонсароҳо, биноҳои горкому обкому раӣкомҳо, ки имрӯз ин ҳизб дар калонтарин вилояти кишвар-Хатлон бехонаву иҷоранишин аст? Оё он ҳама дороии ҳизби коммунистро шодравон Аслонов миллӣ карду бо худ бурд? Агар набурдаву он ҳама ин ҷост, чаро он замон бар сари Аслонов бало рехтанду имрӯз иҷора нишаставу дам фурӯ бастаанд? Ва ин кори хубест, ки ҳама дороии ин ҳизб миллй, моли давлати Тоҷикистон аст. Ва он даъвову бедодиҳои манфиатҷӯёни он замон, ки зери пардаи дифоъ аз бути Ленин ва миллӣ шудани сарватҳои Ҳизби коммунист ахдофу ғаразҳои шуми хешро бароварда сохтан мехостанд, фитнае буд барои сарнагун кардани якдавлатмарди тоҷик, ки чоҳканҳоро окибат чоҳ пеш омад ва қудрат насиби дигарон гардид.

 Гиромй бод ёди он рафтагони бедор!

Пас, Аслонов ҳанӯз дар соли 1991 ба дарки воқеъоти имрӯз расида будааст, ки аз Ленин бояд ботамом даст шӯст ва доронии ҳизбаш бояд моли миллат бошад, Мардони бузург ва шахсиятҳои миллӣ бо як амали хеш дар таърих зинданом мемонанд. Қадриддин Аслонов бо он ки номаш дар зери Эъломияи Истиқлоли Тоҷик аст, бо он ин бути бузурги Ленинро аз пойтахти кишвар берун кард, бо он ки молу дороии ҳизби Ленинро моли миллат хонд, дар таърихи ин миллату кишвар барои ҳамеша номаш сабт аст. Пас, шод бод рӯҳи Қадриддин Аслонов, ки дар салтанати кӯтоҳаш беҳтарин ва азизтарин неъмат Истиқлолро оварду ба тоҷик шеваи Иброҳимӣ – бутшиканӣ омӯхт. Гиромӣ бод рӯҳи Аслонов, ки дар андеша ва тафаккури миллат шӯри бедориву худшиносӣ афканд ва дар роҳи оштиву созиши тоҷикаш ҷон бохт. Ёди азизи он куштагони ормонӣ ба хайр бод! Агар он рафтагони мубориэу огоҳу бедор фикри тоҷик имрӯз дар остонаи таҷлили 20- умин солгарди таҷлили Истиклол аз хотири масъулини давлат фаромӯшанд, қадр нашуданд, беҳтарин ва болотарин орден, ордене, ки маънии зиндагии ҳар мусалмон аст, Раҳмати Аллоҳ насибашон бод!

Ин буд он назару андешаҳои банда, ки рӯи коғаз овардам ва дигар касе мехоҳад «ҳар яке корро дар ҷаҳон сар ба номи Фаӣзалӣ» ё Ризвон кунад, ё сериалҳои нави телевизионӣ дар бораи қаҳрамонону муҷримони ҷанги дохилӣ ва муборизону мухолифони роҳи Истиқлоли миллат сохтаву омода ва пешкаши мардум кунад, ихтиер дорад, вале чун имрӯз косаи давр насиб кардааст, тавре бояд зист, ки ном, шараф ва ҳаӣсияти хешро ҳифз кунем, то дар дафтари таърих барои ҳамеша накӯкору некном боқӣ монда бошем.

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: