Хоки Тоҷикистон сармояи бобои кист?

Нуралӣ ДАВЛАТ «Фараж» №36 07.09.2011 

Дар остонаи 20-умин солгарди истиқлолият хабари барои панҷ даҳсола тамдид кардани ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар сархати ахбори расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифт. Воқеан, ин хабар барои аксарият, ҳатто бисёре аз тахлилгарон гайриинтизор буд.

Дар барномаи сафари президенти Русия Дмитриӣ Медведев баррасии ин масъала ҳатто ворид нагардида буд Ба ҳар сурат, дар барномае, ки кабл аз мулоқот барои хабарнигорон паҳн карда буданд, ин мавзӯъ сабт наёфта буд, бинобар ин, аксарият ба ин гумон буданд, ки баҳси со сол қабл оғоз шуда, дар мавриди поӣгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, дар мулоқотҳои оянда мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Радиои «Озодӣ», ки аз рафти нишасти матбуотии сарони кишварҳои «чоргона» гузориш таҳия кардааст, мегӯяд, ки президенти Русия Дмитрий Медведов ҳангоме ки дар бораи тамдиди шартнома барои 49 сол сӯҳбат мекард, хеле хушҳол ба назар мерасид ва мавзӯъро тавре шарҳ медод, ки гӯё ҳалли он ба барояш ба сахтӣ даст додааст.

Ба қавли ин расона, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакте ки дар бораи санадҳои имзошудаи миёни ду кишвар сӯҳбат мекард, аз мувофиқат дар масъалаи тамдиди ҳузури гюйгоҳи низомии Русия лаб накушод ва ба таври умумӣ гуфт, ки созишҳо бо Русия дар масъалаи амнияти минтақаи Осиёи Миёна хеле муҳиманд.

Бархе расонаҳои Русия иддао карданд, ки поӣгоҳи низомии Русия метавонад Тоҷикистонро аз шарри ҳаракати «Толибон» наҷот диҳад. Аммо оё ба ин даъво бовар карда мешавад? Оё воқсан дивизияи 201-ум ин қадар иктидор дорад? Ба назари ман, не, зеро дар замони таҷовуз Иттиҳоди Шӯравӣ 10 сол дар Афгонистон ҷанг кард ва фармондеҳи Армияи 40-уми шуравӣ генерал Громов дар БТР-и ҳамин дивизия хоки кишвари ҳамсояро тарк кард.

Ҳоло наздики 40 кишвари пешрафтаи дунё дар Афғонистон сарҳисобашонро гум кардаанду Русия ба мо итминон додан мехохад, ки бо як дивизия метавонад, амнияти моро таъмин кунад. Шояд дар ин дивизия Рэмбову Терминатор хизмат кунанду мо дар бораи онхо хабар надошта бошем?

Аммо оё воқеан имзои қарордод барои тамдиди хузури пойгохи низомии Русия ғайриинтизор буд? Ба назари ман не.

Ҳанӯз дувуним моҳ пеш зимни як мусоҳибаи кӯтохе бо радиои «Озодӣ» гуфта будам, ки мо шартҳои Русияро мепазирем. «Хоҳиши раиси ҷумҳур роҷеъ ба ин ки Иттиҳодияи Аврупо миёни Тоҷикистон ва кишварҳое, ки бо Тоҷикистон мушкил доранд, миёнҷигарӣ кунад, натиҷа надод. Ба ин хотир, мо дар баробари амали анҷомшуда қарор дорем ва аҳволи соли 2004 такрор хоҳад шуд. Ҳамин фишанги иқтисодие, ки Русия дар мукобили мо истифода кард, яъне баланд бурдаки нархи бензин, ҳамин танҳо кофист, ки Тоҷикистон гузашт кунад».

Охирин баҳс миёни Душанбеву Кремл дар мавриди ҳузури поӣгохи низомии Русия дар Тоҷикистон 2 сол қабл шурӯъ гардид. Дар оғози соли 2009 ҳукумати Раҳмон аз Кремл талаб кард, ки барои ҳузури пойгоҳи низомиаш дар қаламрави кишвар солона 308 миллион доллар пардохт намояд. Аммо Русия ин талабро напазируфт, бинобар ин, гуфтушунидҳо дар сатҳи ҳукуматҳо ва вазоратҳои мудофиа бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Русия иддао дошт, ки барои Тоҷикистон силоҳу муҳимоти зиёде ба таври ройгон додааст ва инчунин афсарони моро дар мактабҳои низомии худаш таълим медиҳад, бинобар ин, бояд хизматхо дар ин самт ба назар гирифта шаванд, аммо Тоҷикистон ин далелҳоро напазируфт. Чунин ба назар мерасид, ки ин маротиба Душанбе дар тасмими худ нисбат ба солҳои пештар хеле ҷиддитар аст.

Нахустин бор равобити Душанбеву Маскав барои ҳузури поӣгохи низомӣ шурӯь аз соли 2002 тира шуд. Замоне ки нирухои низомии ИМА ва НАТО вориди Афғонистон гардиданд ва дар фурудгоҳи шахри Душанбе пойгоҳи франсузҳо таъсис ёфт.

Расонаҳои гурӯҳии Русия ба таври густурда, интиқоди шадиди ҳукумати президент Рахмоновро шурӯь карда, худи ӯро дар беахдӣ гунахкор намуда, мегуфтанд, ки барои таъсиси пойгохҳои низомии ИМА дар Тоҷикистон розигӣ додааст. Расонаҳои русӣ тавре дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд. ки гӯё сухан дар бораи ягон вилояти Русия меравад, на давлати соҳибистиқлол.

Ахиран, Ҳукумати Тоҷикистон ба фишорҳои Кремл тоб наоварда, ба ивази 300 миллион доллари қард ва ваъдаҳои дурӯғини президент Путин дар бораи маблағгузорӣ ба андозаи 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон, дар мавриди таъсиси поӣгохи низомии Русия розигӣ дод.

Қабл аз мо Путин 2 миллиард доллар ба Аскар Акаев – президенти Қирғизистон ҳам барои анҷоми сохтмони НБО Қамбар-ота 1 ва Қамбар-ота 2 низ ваъда карда буд, вале бо гузашти ду сол маълум шуд, ки Кремл на Қамбар-отаро сохтанӣ асту на Роғунро. Дар асл, ин як навъ фишори равонӣ ба Ислом Каримов -мухолифи аслии ин нирӯгохҳо буд. Ва Путин воқеан ба мақсадаш ноил гашт.

Ҳамин тариқ, масъалае, ки беш аз 5 сол миёни Тоҷикистону Русия мавриди баҳс қарор гирифта буд, тобистони соли 2004 хал шуд. Душанбе розӣ шуд, ки Русия барои 10 сол дар Тоҷикисточ пойгоҳи низомии худро таъсис диҳад. Ҳамчунин ба ихтиёри ин пойгоҳ полигони Лоҳур дода шуд. Русия соҳиби комплекси назорати кайхонии «Окно» гардид.

Дивизияи 201-уми Русия, ки дар заминаи он пойгохи 4-уми низомии Русия дар  Тоҷикистон таъсис гардид, ҳануз дар даврони шӯравй дар ҷумхурӣ мустақар буд. Замони таҷовузи артиши ишғолгари шӯравӣ вориди Афғонистон гашт ва соли 1989 пурра аз онҷо хориҷ шуд ва боз дар Тоҷикистон ҷой гирифт.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Кремл эълон кард, ки ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ тамоми қисмҳои низомии дар қаламрави худ қарордоштаро миллӣ кунанд. Тоҷикистон тибқи ин тасмим ҳукуқ пайдо кард, ки дивизияро пурра ҳамроҳ бо силоҳу муҳимоташ моликияти худ эълон кунад. Аммо президент Раҳмон Набиев ба ин розӣ нашуд.

Чаро? То ҳол посухи ин савол беҷавоб аст. Зоҳиран баҳонаи Р.Набиев ин буд, ки Тоҷикистон 3 миллиард сӯм надорад. Ки дивизияи 201-умро нигоҳубин кунад. Бархеи дигар иддао мекарданд, ки артиши ягонаи ИДМ, ки сарфармондеҳи он маршал Евгениӣ Шапошников буд, амнияти моро таъмин мекунад, вале ин андеша ҳам хом баромад.

Гурӯхи сеюм ба ин ақида буданд, ки агар Тоҷикистон дивизияи 201-умро миллӣ кунад. садхо адад танку техникаи вазнини низомй, ки дар ихтиёри он буданд, ба дасти гурӯҳои даргир меафтад. Сарфи назар аз ин, Раёсати Шӯрои олӣ рӯзи 22-юми июни соли 1992 бо роҳбарии и.в. раиси Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров Муроҷиатнома кабул кард. Дар ин муроҷиатнома аз президент Раҳмон Набиев қатъиян талаб карда мешуд, ки тамоми қисмхои низомие, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, фавран ба ихтиёри хукумати ҷумхурӣ гузаронда шаванд.

Дар ин муроҷиатнома гуфта мешуд, ки агар Р.Набиев талаботи Шурои Олиро напазирад, рузхои наздик иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват гардида, масъалаи барҳам додани сохти президентӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад, аммо Р.Набиев боз ҳам дивизияи 201-умро миллӣ накард. Ба дунболи ин муроҷиатномаи Шӯрои Олӣ дар дивизия маҷлиси афсаронро гузаронда, расмаи эълон доштанд, ки ба хеҷ ваҷҳ ба Тоҷикистон хизмат намекунанд. Ин тасмими афсаронро фармондеҳи он, ки баъдтар каҳрамони Русия гардид, генерал-маӣор Ашӯрови тоҷик низ ҷонибдорӣ кард.

У иддао дошт, ки дар даҳсолаи наздик Тоҷикистон соҳиби артиши миллӣ шуда наметавонад. Баъди он ки Рахмон Набиев  маҷбуран ба истоъфо фиристода шуд, Кремл дивизияи 201-умро ба ихтиёри худ даровард.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дивизия худро бетараф эълон карда буд, аммо ин дурӯғ буд, дар ибтидо ба ҳарду тараф силоху мухимот медод, баъди он ки Маскав тасмим гирифт, ки танҳо аз коммунистон ҳимоят кунад, дивизия бо Сангак Сафаров иртиботи хуб барқарор кард.

Баъди саркӯб кардани размандагони мухолифин масъалаи таъсиси артиши миллӣ ба миён омад. Чун акнун ҳама масъалаҳоро худи русҳо ҳал мекарданд, Ашӯров нагуфт, ки мо бояд 10 соли дигар интизор шавем.

Вазири мудофиаи русия Павел Грачёв пешниҳод кард, ки артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи дивизияи 201 таъсис ёбад. Аммо ин дафъа С.Сафаров мухолифат кард. У гуфт, ки артишро дар заминаи Фронти халқӣ ташкил макунад ва хамин тариқ, Тоҷикистон хеҷ меросе аз Артиши шӯравӣ гирифта натавонист.

То соли 1999 хукумати Тоҷикистон на як бору ду бор аз Русия хохиш кард, ки пойгохи низомии худро дар Тоҷикистон созад. Ва ахиран, дар баҳори ҳамон сол ҷонибҳо шартномаи расмӣ имзо карданд. Вазъият бо ворид шудани нирӯҳои эътилофи ғарбӣ ба Афғонистон тагйир ёфт ва аз ин ба баъд Душанбе то соли 2004 ташкили пойгоҳи низомии Русияро дар қаламрави худ кашол дод.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки Русия барои истифодаи поӣгоҳи низомӣ дар 49 соли ояқца иҷорапулӣ пардохт мекунад?

Чунон ки пештар ишора кардем, ду сол қабл Тоҷикистон солона барои истифодаи он 308 миллион доллар талаб карда буд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ низ чанд мохпештар эълон карда буд: «Агар касе дар хориҷи кишвар фикр кунад, ки пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ройгон аст, мо чунин ҷавоб дорем: Хоки Тоҷикистон сармояи бобоии вазири хорича ё дифоъ нест. Ваӣ арзиш дорад. Бояд барои он музд пардохт карда шавад».

Ба дунболи изхороти Медевдев дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳ ба муддати 49 сол расонаҳои гурӯхии Русия бо истинод ба манбаъҳои худ эълон доштанд, ки Маскав барои истифодаи пойгоҳи низомӣ маблағ пардохт мекунад. аммо на бо пул, балки бо силоҳ.

Сайти «Газета.ру» суханони сармуҳаррири маҷаллаи «Нациольная оборона» Игор Коротченко оварда, гуфтааст, ки Русия ба Тоҷикистон миқдори бузурги техникаи куҳнаи низомиро хоҳад дод, ки ҳоло дар анборҳо хобанд ва бе ин ҳам бояд нест карда мешуданд.

Худи Дмитриӣ Медведев зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки Русия ҳозир аст, барои татбиқи лоихаи САSА-1000 садҳо миллион доллар ҷудо кунад. Кремл ҳоло мехохад бо ин баҳона таваҷҷӯҳи Поқистон ва Афгонистонро ба худ ҷалб кунад, зеро ин ду муттаҳиди аслии Вашингтон на танҳо миёни худ ихтилоф доранд, балки бо Кохи сафед ҳам дар мухолифат мебошанд.

Чунин ба назар мерасад, ки Русияву Покистон иттиҳоде ташкил карданианд, ки дар он назари Тоҷикистону Афғонистон чандон аҳамият надорад. Аммо як омили муҳиме ҳаст, ки русҳо набояд онро сарфи назар кунанд. Яъне, Вашингтон фишангҳое зери даст дорад, ки дар ҳолати зарурӣ ба муқобили Зардорӣ ва Карзай истифода мекунад. Он чунон ки худи Кремл дар лаҳзаҳои зарурӣ алаӣҳи Тоҷикистон истифода мебарад.

Advertisements

2 Responses

  1. Сармояи бобои як нафар, ки хама номашро медонад.

  2. ба фикрам ин одам джаноби оли да

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: