Раҳбарон: Кӣ аз ҳама зур?

«Нигох» №20  04.08.2011

Нишастҳои матбуотии нимсолаи аввали соли равон анҷом ёфтанд. Замоне ҳам фаро расид, ки як ба ҳусну қубҳи онҳо баҳо дода шавад. Холисона, иқрор мешавем, ки ин амри президент барои мо рӯзноманигорон кӯмаки бузургест.

Чй тавр кӯмак ҳам буда наметавонад, вақте мустақим бо худи вазирону раҳбарони муассисаҳои давлатӣ ҳамсуҳбат мешавем ва онҳо воқеан ҳам ба мо ҳисобот медиҳанд? Аммо чӣ ҳисоботҳое? Бардошти куллии «Нигоҳ» ин аст: аксари раҳбарон мехоҳанд рӯзноманигорон он чиро нависанд, ки онҳо мехоҳанд.

Аз ин хотир, дар посух ба суолҳои мо, ки хориҷ аз ҳисоботи онҳо аст, бо дили нохоҳам суҳбат мекунанд ва бо посухҳои умумй – «дар ин бора маълумот надорем» ё «баъд аз нишаст ба фалонӣ муроҷиат кунед» – ба қавли мардум, «ҷони худро каҷ» мекунанд. Як бардошти мо аз ин нишастҳо ин буд, ки муносибати раҳбарон ба нишастҳои матбуотй як дараҷа баёнгари сатҳи ҳирфаияту инсонияти онҳо низ ҳаст. Аксари раҳбароне, ки нишастои матбуотӣ доданд, ба назар мерасад, инсонҳои хубанд, ҳирфай ҳам ҳастанд, аммо дар бораи бархе ҳамчунин намешавад гуфт. Ё инро, ё онро надоранд. Аммо вазирони корҳои дохиливу хориҷӣ, раиси Суди Олй, Прокурори генералй ва раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи фасод чӣ инсонҳое ҳастанд? Оё раҳбарони ин ниҳодҳои калидй то куҷо баъзе хислатҳои худро дар нишастҳои матбуотӣ ба намоиш мегузоранд?

 «Шумо» ва «ту»

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ ба суоли «оё овозаҳо дар бораи он, ки шумо раиси Шӯрои амният хоҳедшуд?» самимона посух дод, ки «гаӣр аз милисагӣ дигар коре аз дасти ман намеояд». Воқеан, посухҳои он кас ба суолҳои рӯзноманигорон сирф милисагӣ, яъне касбӣ буданд. Агар суол маъқул афтад ва вазир дар даст далелу арқом дорад, бидуни шарҳу тавзеҳ ба рӯзноманигор «шумо» – гӯён посух медиҳад. Аммо агар рӯзноманигор ба посух қаноат накунаду боз суол диҳад, вазир ҳам андак хашмгин мешавад ба сиёсат гузашта, «ту» – гӯен ҷавоби рӯзноманигори «шилқин»-ро медиҳад, Рӯзноманигор ҳам каме «пасс» медиҳад, Худо нохоста, як амре аз вазир шаваду ӯро… ҳадди ақалл аз толор бароварда пеш накунанд. Бо ин вуҷуд, дар қиёс бо нишасти қаблӣ Абдураҳим Қаҳҳоров солортару оромтар ва самимитар буд. Шояд таъсири ҳаводиси Рашт рафт? Дар кулл вазири корҳои дохилӣ намунаи олии мансабдорест, ки то ҳадди ақал мекӯшад иттилоро пӯшида дорад, яъне гапи бисёр ба кӣ даркор?

 «Падар» – у «бобо»

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти матбуотии гузашта маълум буд, ки аз рӯзноманигорон озурда шуда буд. Бале, дар масъалаи ҳудуде, ки ба Чин вогузор шуд. Бидуни воҳима, вазири корҳои хориҷӣ шояд танҳо нафарест дар ҳукумати Тоҷикистон, ки аз суоли рӯзноманигорон хавфе надорад. Ва аз ваҷоҳати ӯ бармало мешавад дарёфт, ки гӯё мегӯяд: «савол додан гиред, ба ҳамааш ҷавоб медихам», Аммо баъд маълум мешавад, ки он кас ҳам рӯзноманигори «шипқин» – ро хуш надорад. Дар ин гуна маворид вазир андак бо ташдид сухан мегӯяд ва гӯё ишора мекунад, ки фаҳмӣ: «Бисёр ҷон накан, аз ин зиёд посух намегирӣ». Аммо паёми зарурии сӯҳбаташро, ки бешак, «сенсатсия» барои рӯзноманигорон аст, Ҳамроҳхон Зарифӣ пинҳон намедорад. ҳарчанд ӯ дипломати варзида аст, дар ҳолатҳои зарурӣ аз калимоти рӯшану эҳсос барангез низ кор мегирад. Масалан, дар нишасти матбуотии охирин ӯ гуфт, замини Тоҷикистон замини падару бобои ӯву Шералӣ Хайруллоеэ нест, ки ба ҳар кас ройгон диҳанд.

 «Бераҳм»

Дар нишасти охирини матбуоти раиси Суди Олиро шинохта намешуд. Нусратулло Абдуллоев, ки ягон вақт аз суоли ҳатто сахттарин озурда намешуд. ё агар мешуд, мекӯшид эҳсосашро пинҳон дорад, ин дафъа ба суоли сахттарин, ҳатто аз нигоҳи бархе рӯзноманигорон «ноҷову беадабонав изҳори сипос кард. Вақте аз ӯ дар бораи писараш пурсиданд, ӯ қотеъона посух дод, ки «агар ҷиноят карда бошад, пеши халқу миллат ҷавобашро гуяд». Аз нигоҳи мардуми ноогоҳ аз сиёсат шояд ӯ ҳамчун як «падари бераҳм» намудор шуд, аммо аз нигоҳи солим, пеши халқу Худо ҳарфашро мардона гуфт. Аммо дар зимн ба ниҳодхои дигар паём ҳам фиристод, ки пеши касе аз онҳо сар хам нахоҳад кард. Гӯё бо норизоиятӣ мегуфт: «ҳамкорӣ ин тавр намешавад – да!» Вале дар нишастҳои матбуотии ӯ як камбуд ҳаст, ки аз гуфтанаш даҳони рӯзноманигорон ҳам мӯ баровардааст. Бо вуҷуди хоҳишҳои рузноманигорон ҳеҷ нашуд, ки раиси Суди Олиро аз ҳамон боло ба поён «хамбади. Нишасти матбуотӣ ҳам гӯё як раванди навбатии судиро мемонад. Фақат нафаре, ки мавриди пурсиш қарор мегирад, худи раиси Суди Олӣ аст. Шояд имконоти Суди Оли ҳамин қадар аст?

 «Гила» аз «эҳтиром»

Шерхон Салимзода навбати дуввум аст, ки аз рӯзноманигорон барои аз ҷой нахестанашон ҳангоми ворид шудани ӯ ба толор гипа мекунад. Прокурори генералӣ рӯзноманигоронро ду бор аст, ки дар ҳолати ногувор мегузорад ва тақрибан панҷ дақиқа дар бораи эҳтиром ба калонсолон сӯҳбат мекунад. Гоҳо ишора ба кормандони дар толор ҳозири прокуратураи генералӣ мекунад, ки бо вуҷуди одамони калон будан – ҳам ба қаду қомату ҳам вазифа ба сарвари худ эҳтиром ба ҷо меоранд. Шояд рӯзноманигорон ҳам тобеи прокурори генералӣ бошанд, ҳамин тавр рафтор кунанд? Бо ин вуҷуд, гилаи Шерхон Салимзода рӯи нишасти матбуотӣ таъсир намегузорад. Ӯ хеле самимӣ сӯҳбат мекунад, албатта, вақте суолҳо барояш рӯшан бошанд. Прокурори генералии пешин Бобоҷон Бобохонов аз суолҳои «нобоб» муваққатан ба хашм меомад, аммо бо ин вуҷуд, посух мегуфт. Прокурори генералии ҳозира ба хашм намеояд, аммо «ваъда ба фардо мегузорад». Ҷаноби прокурор, «Нигоҳ» ваъда медиҳад, ки ин дафъа хабарнигораш «беҳурматӣ» нахоҳад кард ва баробари ворид шудани Шумо ба толор аз ҷой хоҳад хест.

 «Гап нест!»

Касе, ки дар нишасти матбуоти Фаттох Саидов, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар коррупсия намеравад, намефаҳмад, ки нишасти матбуотӣ дар ҳукумати Тоҷикистон чӣ маъно дорад ё бояд чӣ гуна бошад. Аз суолҳои «нобоб» мижаи Фаттоҳ Саидов хам намехӯрад. «Кадри Шӯравӣ» он қадар ҳангоми посухҳо самимист, ки ҳатто самимияташ касро агар ба ваҷд орад, аз ваҷх ба шубҳа низ мебарад. Раиси Агентӣ маълумотеро ҳам ироа мекунад, ки хилофи маълумоти ниходҳои дигар аст.

Масалан, аз парвандаи куштори корманди ГАИ Равшан Шарипов, ки ниҳодҳои дигар мекӯшанд бипӯшанд, Фаттоҳ Саидов норизоиятӣ кард. Норизоиятиаш ҳам аз ин аст, ки моддаи иттиҳом беэхтиётӣ аст, дар холе ки халқи Худо шоҳид, куштор буд. Дар кул ҳис мешавад, ки раиси Агентӣ мехоҳад корашро тибқи қонун ва ба нафъи мардум анҷом диҳад. Мардона иқрор шуд, ки коррупсия дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Агар ниҳодҳои дигар ҳам шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳову зиндонҳоро мардона тан гиранд, тасаввур мекунем, ки чӣ тавр эътимод ба давлати Тоҷикистон – пуштибони мардум чӣ гуна зиёд мешавад? Варои мо маълум нест, ки Фаттоҳ Саидов то куҷо дар бархе масъалахои барои мо норӯшан самимӣ аст, аммо бардошти мо аз нишасти матбуотии ӯ бо ду калима хулоса мешавад: «Гап нест»

 Гап ҳаст!

Бардошти умумии «Нигоҳ» аз нишастҳои матбуотии нимсолаи аввал ин аст, ки дар муқоиса бо гузашта беҳтар буданд. Дар онҳо раҳбарони аввали вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳо бо мо ҳамсӯҳбат шуданд. Ба истиснои баъзеҳо, ки намехоҳем номашон зикр шавад, аксарият мекӯшиданд, ки сад дар сад ҳам набошад, қисман ба суолҳои мо посух гӯянд. Хуб мешуд, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳам аз қатор намемонданд ва як «қаду қомати базеби» роҳбарони ӣн ниҳодҳоро медидем. Суолҳои зиёде низ ба онҳо ҳаст. Он чӣ мо мехоҳем таъкид кунем, ин аст, ки давлатдории миллии тоҷикон бо ҳамдигарфаҳмӣ ва самимияти мову раҳбарон сохта мешавад ва тақвият меёбад. Фикр мекунем, ҳадафи ҳамаи мо ин аст.

One Response

  1. кӯмак не, кумак. Дар ФТЗТ низ хамин хел омадааст. Барои сайти Андеша айб аст нодруст навиштан.
    Ё ба шумо хам по…. мй?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: