IRS — Imomali Rahman Sharipovich

ОЁ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ IRS БАРОИ 50 СОЛ ТАМДИД МЕЁБАД?

«Озодагон» №29 27.07.2011

Ширкати IRS бо хукуматии Точикистон дар мавриди бунёди иншоот дар шафати рох барои 50 сол шартномаи пинхони бастааст, менависад очонсии «tojnews».

Мутобики шартнома аз хар ду пахлуи шохрохи даромадгохи шимоли Душанбе 25 метри дар ихтиёри ширкати мазкур аст.

Акрами САНГ, журналист

3амони муосир хусусияти зуд таширёбанда дорад. Холо маълум нест, ки то 50 соли дигар дар Точикистони азиз кадом хукумат сари кудрат меояд. Мушкилот сари он аст, ки то феълан маълум нест, ки ширкати мазкур моли кист, хамаруза ин ширкат чй микдор маблаг чамъ меорад ва ин маблагхо ба кучо ворид мешаванд: ба бучаи чумхурй, ба хисоби шахси алохида, ё ба фонди кадом ташкилоти хоричй? Дар сурати пайдо шудани чавоб ба ин саволхо метавон оид ба фаъолияти минбаъдаи ширкат дар ояндаи дур чавоб гуфт.

Аммо агар коргузории ширкат ба хамин минволе, ки хает идома ёбад, пас метавон гуфт, ки фаъолияти он то ба 100 сол хам мерасад, Гузашта аз ин ба назар гирифта шавад, кишохрохдои автомобили ба дигар самтхои кишвар низ дар холи аз навсозй ва тачдид карор доранду шояд онхо низ пулакй шаванд. Вале агар сухан дар бораи 25 метри шафати посгоххои ширкат равад, пас талабот барои ичозат гирифтан аз ширкат дар бобати сохтмони иншооти ёрирасон дар пахлуи посгоххо мантикан дуруст мебошад.

 Амният АБДУЛНАЗАРОВ, муовини раиси ХСДТ

Мо бояд мардумро огох, кунем, ки ин ширкат моли кист ва чаро ин рохро бо пули будчаи мардуми кишвар таъмир карда, ба масъулини ширкати IRS супурданд. Ачибаш танхо дар хамин аст, ки рохои валангорро аз кисаи мардум таъмир карда ба як ширкати бегонаву ношинос доданд. То чое иттилоъ дорам, ширкати IRS то замени гирифтани шохрохи Душанбе-Чанок маблаге барон баркарор кардани рох сарф накардааст. Харчанд мутобики шартнома вазифадор аст аз Хучанд то ба Душанбе рохро таъмир ва нигохдорй намояд. Дар тамоми кишвари дунё ширкатхо танхо дар охири рох, пул меситонанд, аммо дар мо баръакс. Ба андешаи ман холо суоли матрах, шеваи фаъолият ва рохёбии ин ширкат ба замини Точикистон мебошад, Чунки дар ин маврид эхтимолан хукумати кишвар низ даст дошта бошад. Хеч мумкин нест, ки хукумат ба касе ичозати фаъолият дихад, ки худаш намедонад.

Дар мавриди шартномаи пинхонй ва ё ба ихтиёри ширкати IRS гузоштани 25 метри аз шафати рох аз даромадгох шимоли шахри Душанбе танхо хаминро мегуям, ки дар сурати пешниход чунин як лоиха парлумони Точикистон хатман онро “хапу дам” дастгирй мекунад. Тавре ба хама маълум аст имруз парлумони Точикистон хукумат аст ва хукумат парлумон. Наздик ба 95 дарсади лоихахои конуни Точикистон аз чониби хукумат ироа шуда, бидуни чуну чаро аз чониби вакилон кабул мешавад. Вале ин то ба охир давом намеёбад. Эхтимол бо ивазшавии хукумат тамоми карору шартномахои ширкатхои ба ин монанд аз байн хоханд рафт. Чунки аксари ширкатхо расман аз чониби шахсони хукукй таъсис ёфта, вале молики аслии он мансабдорон мебошанд.

Рустам АБДУЛЛОЕВ, директории техники ширкати IRS

Бояд гуфт, ки то имруз миёни ширкати IRS ва хукумати Точикистон Хеч гуна шартномаи пинхонй вучуд надорад. Ширкати мо бо хукумати Точикистон дар асоси карори хукумати тахти №214 аз 6-уми майи соли 2006 «Дар бораи тасдик намудани коидахои сохтмони иншоот дар шафати рох». Хамкори дорад, ки он хам дар асоси шартномаи асли мо мебошад. Аммо шартномаи наве вучуд надорад. Нахуст ин рох бар зиммаи вазорати наклиёт, яъне сохиби рох буд, ки шарту шароити бунёди иншоотро сохибкорон бо масъулини вазорат муаяйн мекарданд. Азбаски шохрох аз Душанбе то ба Чанок аз соли 2009 барои 30 сол бар ухда и ширкати IRS гузошта шуд, пас мантикан ва аз руи бандхои карор хар сохибкор барои бунёди иншооте бояд бо мо мувофики кунад.

Масъулини ширкат танхо ба сохибкорон дар мавриди шарту шароит сухбат мекунанд. Яъне, назорати бехатарй дар рох хамакнун бар зиммаи мост. Ин маънои онро надорад, ки нафаре барои бунёди ошхона ва дигар иншоот дар шафати рох, монеа эчод ку­над. Мо танхо назорат мебарем, то иншоот дар лаби чуйбор сохта нашавад, ки он ба хаёти чомеа зарар дорад. Бояд гуям, ки агар масъулин аз бунёди иншоот дар шафати рох, назорат набаранд, пас давоми 5 ва ё 6 соли дигар тамоми намуди ошхона ва дигар сохтмонхо дар лаби Чуйборхо пайдо шуда, боиси садама мешавад. Вале, ин дар асоси хамом шартномаи каблй -расмй аст. IRS бо хукумати Точикистон шарт­номаи пинхони надорад.

3 Responses

  1. Намедонам, ки боз ба ин халку мардум чи исбот лозим аст, ки то бидонад, ки ин хукумат дар фикри вай нест!

  2. касаи эмомали меравад ин сумо швесаркий банкба куни ин одам ба антин мондан даркор

  3. Ба фикрам ин ҷаноби холиямон пулҳояш дар бонки шветсария камтар шудааст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: