Чахон як руз метаркад…

Султонов М, Султонов Х. («Точикистон» №28 14.07.2011 )

Ба Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон расо 20 сол пур мешавад. Дар ин солҳо Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт ва сиёсати беруна ба муваффақиятҳои калон ноил гашт.

Аз ҷумла, соҳиби марзи ягонаи худ шуд ва миллати тоҷикро муттаҳид намуд. Лекин муттаҳидӣ ва ягонагии халқи тоҷик набояд дар байни хешу табор, ёру дӯстоне, ки берун аз марзи ҷумҳурӣ дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекунанд, ҷудоӣ андозад.

Як сол мешавад, ки бо супориши кадом як сиёсатмадор роҳи Панҷакенту Самарканд, ки дар гузашта як қисми Роҳи калони Абрешим буд, ба рӯи аҳолии Панҷакент бастааст. Ин роҳ ҳазорсолаҳо барои мардуми водии Зарафшон роҳи ҳаёт ва тараққиёт буд. Панҷакенти бостонӣ, ки таърихи 5500-сола дорад, ба як ноҳияи дурдасти аз инфраструктураи ҳозиразамон дур ва сокинонаш ба мардуми аз марказҳои тамаддун дурафтода табдил ёфтанд. Ҳол он ки Панҷакент аз маркази тамаддун -Самарқанд дар фосилаи яксоата роҳ ҷойгир аст.

Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи кашфиётҳои олимони рус А.М. Белинитский ва Б.Н, Распопова Панҷакент аз давраи асри сангин -палеолит 50 ҳазор сол пеш маскунгоҳи одами ибтидоӣ будааст. Сугдзамин водии соҳилҳои дарёҳои Зарафшону Қашқадарёро дарбар мегирифту пойтахташ Мароқанд -Самарканд буд ва Хуҷанди имрӯзаю маҷрои миёнаи Сирдарё дар шимолу шарқ гӯшаи дурдасти сарзамини Суғд ҳисоб меёфт. Ҳокимоии ҳафт мулки Суғд, ки аз сулолаи Кан буданд, асрҳо рафтуомад мекарданду муносибатҳои хешутабориро кадр ва ҳифз менамуданд. Қад-қади дарёи Зарафшон аҷдодони мо шоҳроҳ сохтаанд, ки имрӯз аз ду тарафи сарҳад садҳо шаҳру деҳоти ахолинишин қомат афрохтаанд, То ба имрӯз ин роҳ ба харитаи туризми байналхалқӣ дохил аст.

Сокинони ин сарзамин, ҳукумати Ҳахоманишиёну Искандари Мақдунӣ, империяи Селевеиёну Юнону Бохтар, Кашониёну Ҳайтолиён, Ҳок’они турку истилои арабро аз сар гузаронидаанд. Ҳокимов ҳамонвақтага ҳозира афшин то амиру котиби СКа ҷуръат карда халкхои озодихохи ин сарзаминро аз хам ҷудо накардаанд, чӣ хеле ки инро дар асри XXI раво диданд.

Панҷакент ба туфайли рохҳои кушода аз давраҳои биринҷӣ -энеолӣ ба минтақаи мутамаддин дохил буд ва бо сарзаминҳои хам худуд ва нисбатан дури Шарқу Ғарб муносибатҳои тиҷоратӣ дошт ва дар байни онҳо роли миёнаравро мебозид. Қад-қади ин шохроҳ бошишгоху корвонсаройҳо сохта мешуд.

Роҳи басташудаи Панҷакенту Самарканд роҳест, ки урфу одат, идеологияхои гуногунро ба якдигар наздик мекард ва ба рои баланд бардоштани маданияти халкхои ду тарафи сархад мусоидат менамуд. Водӣ танхо аз куҳу дарё иборат нест. Сокинони Масмоҳи Кӯҳӣ, Айнию Панҷакент, Ургуту Самарканду Бухоро асрҳо ҳамчун як халқ бо урфу одатҳои ягонаи худ дар водии Зарафшон умр 6а сар мебурданд. Ба тую азои якдигар иштирок мекарданд, духтар медоданду арус меоварданд.

Имрӯз дар роҳи байнидавлатии Панҷакенту Самарқанд дар мавзеи сарҳадии Саразм -Ҷартепла дар ҳолати вайрона муҷассамае бо тасвири ду дасти ҳамдигарро фишурда истода, ки аз рамзи дустии халқҳои тоҷику ӯзбек ба рамзи карахтию касод шудани алоқаҳо байни Ҷумҳуриҳои Узбекистону Тоҷикистон мубаддал гаштааст, барқарор аст. Ин муҷассама дар охири солҳои 60-уми асри гузашта бо ташаббуси ҷавонони Панчакенту Самарқанд гузошта шуда буд. Дар дехаи Равоти Хуҷаи нохияи Ургут, ки дар сохили дарёи Зарафшон дар мавзеъи сарҳадӣ ҷойгир аст, хар сари чанд вақт аз ду тараф- аз Панҷакенту Ургуту Самарқанд одамони зиёд ҷамъ мешуданд, бо барномаҳои консертию варзиши баромад ва ярмаркаи фурӯши маҳсулотро ташкил мекарданд. Чунки роҳбарони ҳамонвақта ба кадри дӯстию хешутаборӣ мерасиданд, Байни Панҷакенту Самарканд аз ду тараф аз саҳар то бегоҳ автобусҳои мусофиркаш ҳаракат мекарданд. Ҷумъа бозори нохияи Ургут, бозори Сиёби шаҳри Самарканд, ки калонтарин аз бозорҳои Ошёи Миёна ба хисоб мерафтанд, ҷои вохӯрӣ, сӯҳбат ва хариду фурӯши сокинони ду тарафи сархад буд. Бозорҳои Самарқанду Бухороро ба себи Панҷакенту бозорхои Панҷакенту Айниро бе харбузаи ширини мирзочӯлию нони Самарқанд тасаввур кардан мумкин набуд.

Баҳорон занбӯрпарварони вилоятҳои Самарканду Қашкадарё бо хазорон куттиҳои занбӯри асал кӯху пуштаҳои Панҷакентро пур мекарданду, фасли тобистон занбӯрпарварони Панҷакент занбӯрҳои худро ба ноҳияҳои пахтакори Бухорою Самарканду Қаршӣ мебурданд ва аз ин рафтуомади дутарафа фоидаи калон ба даст меоварданд.

Шахрҳои наздисарҳадии Узбекистон барои сохтмончиёни бекормондаи панҷакенти ҷои кор ва манбаи зиндаги буд.

Аз ҳама муҳим, барои халқи Панҷакент, ин ёрии таъҷилии тиббй аз тарафи табибону ташкилотҳои таббию диагностикии шахри Самарқанд буд. Дар як соат метавонистем бемори вазнинро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, дар клиникаҳои Самарканд хобонем ва бегоҳ боз ба хонахои худ баргардем. Наздикии роҳ, ки ҳамагй 54 км то Самарқанд аст, хаёти хазорон беморонро аз марг наҷот дод. Акнун бошад, роҳи рости яксоатаро монда, бемори вазнинро300 кмрохро бо кӯху ағба тай намуда, ба Душанбею. Хуҷанд бурдан лозим меояд.

Ба рӯзи дафни Аълочии маорифи халқ, собиқадори мехнат Ҳоҷиев Фаӣзулло духтараш Ҳоҷиева Гулнора аз Самарқанд иштирок карда натавонист, Чанд руз пеш 27 июни соли 2011 Ҳалимов Мақсуд ном ҷавони шонздаҳсола ба бемории вазнини номаълум гирифтор шуда, аз набудани ташхиси тиббй вафот кард, Рохи Панҷакент-Самарканд баста буду илоҷи тахлили лабораторӣ набуд. Ва ин ҳодисаҳои паӣ дар пай тобу тоқати одамонро лабрез намуд.

Дар солхои 50-60-уми асри гузашта ба туфайли донишкадаи муаллим тайёркунии шахри Самарканд, ки мутахассисон -омӯзгорони мактабҳои миенаро тайёр менамуд. бисёр ҷавонону наврасони шаҳру дехоти Панҷакент ва ҷумхурӣ саводнок шуданд. таълим гирифтанд ва сатҳи маърифатнокии худро баланд бардоштанд. Қисме аз онҳо маълумоти олиро дар донишгоҳу донишкадахои шаҳри Самарқанд ба номи С.Айни ва А.Навоӣ гирифтаанд. Дар аӣни замон дар шахри Панҷакент донишкадаи омӯзгорӣ амал мекунад ва дар сурати кушода будани роҳ ҷавонони вилояти Самарқанд метавонанд таҳсили худро дар ин ҷо идома диҳанд, ки ин боиси мустаҳкамшавии робитаҳои ин ду халқи аз қадим бародар хохад гардид. Чӣ хеле, чад мебинед, рохи Панҷакенту Самарқанд барои мо рохи ҳаёту зиндагонӣ буд ва дар ин чо ба сиёсат ҷой нест. Аммо тавре, ки шоир гуфтааст, гунаҳгорони ин ҷудоӣ рӯзе ҷавоб хоҳанд гуфт:

 Ҷаҳон як рӯз метаркад зи оҳи пуршарори мо,

Ки бар тарки Ватан моро паёпай мубтало кардаст

Ҳоло вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии Панҷакент ба дасту лои карахтшуда монанд аст, Сокинони он тарафи марз ҳам чунин рӯзгори сангин доранд. Ҷои кор, маош нест, қувваи асосии корҳои ноҳия -ҷавонон берун аз марз кор ва зиндагӣ мекунанд. Бар замми ҳамаи ин хорига зорӣ, кадом як ҳукумати бемуросо ба худ раво дидааст, ки рохи ҳаёт, роҳи рафту омади зиёда аз 200 хазор аҳолии Панҷакенту сокинони он тарафи сарҳадро бандад ва зӯран аз хешу табораш ҷудо кунаду вазъи иҷтимоии бо ин ҳам фасодшударо ноором ва гаравгони сиёсат кунад.

Магар боҷи гумрукӣ ба, буҷети ҳарду давлат фоид намеоварад? Оё баста шудани рох, ба арзиши аслии махсулоти комбинати тилло зара наовард? Комбинати тилло ба моддаҳои захрноки химиявӣ ко мекунад ва кашондани он бо роҳи пурпечутоби кухи ба мухити атроф зарар намекунад? Ҳар сол дахҳо хазор туристони хориҷӣ аз Самарканд ба Панҷакент меомаданд, ки имрӯз рохи онҳо низ баста аст ва аз ин ба ҳарду ҷумҳурӣ фоидае нест.

Сарсониро бинед, ки дар ну таи сархадии Ойбек ҳамсафаре ё мошине ёфт намешааад,  ба тарафи Самарканд ҳарак; кунад. Ё маҷбур мешавӣ пули чор   касро  дода   мошин   киро кунӣ е130 кмрохро тай намуда ба Тошкент равӣ, ҳамчун ва ронкунандаи режими паспорти бо милиса рӯбарӯ шавӣ, ҷарил супорӣ, сипас мошин киро карда ба Самарканд равӣ. Аз кадом маблағу маош мо рохкирои даҳчанд қиматшударо диҳем? Нафақахӯрони   бепул   чӣ   кор кунанд,  ки дидори  фарзандону   наберагонашонро   бина, Аҷоиботаш дар он аст, ки аз шафати Самарканд ба саф мебароӣ кӯҳу агбахоро гузашта ба тарики вилояти Фарғона боз ба Самарқанд бармегарди. Ин тахкиру бехурматиро ки нисбати  мо -панҷакентихо раво дидааст?

Баста шудани рохи Панчакенту Самарканд барои рохбарияти Суғд. аҳолии маркази вилояту нохияҳои гирду атрофи он фоҷиа нашуд. Чунки бар онхо роҳи рафтуомад, рохи тиҷорат бо Ӯзбекистон (Ойбек) кушода аст. Дар байни мардум овозаҳо ҷой дорад, ки гӯё баста шудани нуқтаи сарҳадии Панҷакенту Самарқанд баъзе роҳбарони вилояти Суғд, точирони марказӣ аз ҳарду ҷониб хавасмандӣ доранду бе розигии онҳо ин масъала мувофика карда нашудааст. Роҳ, ки баста аст, тоҷирони панҷакентӣ мачбуранд маводи рузгори мардумро аз Истаравшану Хуҷанд бо нархи даҳчанд қимат кашонанд. Аз сабаби дурии роҳ нарху навси маҳсулот ба арши аъло расидааст.

Ноҳияю Панҷакентро аз ноҳияи Айнӣ 5 кӯпруки дарёи Зарафшон ҷудо мекунаду ягонтоаш посбон надорад. Худо накунаду яке аз онҳо вайрон шавад, то барқарор намудани он дар байни аҳолии Панҷакент бесарусомонию гушнагӣ сар мезанад, Бинобар ҳамин роҳи басташуда дар вазъияти фавкулодда барои мо роҳи эҳтиётӣ буд,

Агар сухан аз норасоии барқ, роххои валангоршуда, бекорию бепулӣ ва ғайра равад, ҳукуматҳо баҳона пеш меоранд, ки ҳалли ки масъалаҳо вобаста ба маблағу сатхи пасти иктисодиёти ҷумҳуриҳост. Оё барои кушода шудани сарҳаду барқарор намудани муносибатҳои дӯстию ҳамсоягии ду миллати аз ҳама наздик маблағ лозим аст?

Ба инобат гиред. ки 33% аҳолии ноҳияи Панҷакентро ӯзбекҳо ташкил мекунанд, Агар ҳукуматҳо дар ҳақиқат тарафдори накуаҳволию осудагии халки худ бошад, барои чӣ каналҳои дипломатиро, омилҳои байналхалқии фишорро нисбати ҳокимони мутлақу ситамгар истифода намебаранд?

Созишномаи байни Узбекистону Тоҷикистон аз 16 маӣи соли 2000 ба мо хуқуқи рафтуомадро додааст. Оё моддаи 5, пункти 2. замимаи 4-и ин Созишнома, ки ба мо ҳуқуқи рафтуомади озодро дар мӯхлати 5 шабонарӯэ додааст, ба тариқи нуктаи сарҳадии Оӣбек таъсире дорад? Барои чӣ тарафҳо ин созишномаро эътироф намекунанд? Барои чӣ оид ба сабаби баста шудани сархад ягон ахбору маълумоте нест? Касе инро ба сохтмони Роғун, каси дигар ба муносибатҳои ду роҳбари давлат вобаста мекунанд.

Симтӯр кашидану хешу ақраборо аз ҳам ҷудо намудан, ин ба геносид монанд аст. Ин ҷудоандозии даҳсолаҳои охир аз тарафи ҳамсояҳои мо ҳамчун механизми фишороварӣ ба роҳ моида шудааст. Барои зӯроварию геносид ҷавобгар бояд ба додгоҳи байналхалқӣ кашида шавад. Панчакент нохияи ҳақир нест ва сокинони он мавқеъ кадар аа номуси худро доранд. Мо ҳеҷ гоҳ мутеи ягон кавм кабудем ва нахоҳем шуд. Аз Президентҳои ҳарду кишвар, аз Парлумони онҳо ва ҳукуматҳояшон талаб менамоем, ки тамоми механизми дипломатиро истифода бурда, ба сари мизи музокирот нишинанд ва масъалаи кушода шудами сарҳадро ҳад намояд.

Кушода шудани сарҳад, баркарор намудани риштаҳои дӯсгтию хешутаборӣ дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истиқлолияти миллии Ӯзбекистон тӯхфае мебуд ба халқи ҳарду қисмати водии Зарафшон.

Advertisements

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: