Дузди дар неругохи “Рогун”

«Нигох» №17 13.07.2011

«Барои ошкор кардани дуздӣ як афсари Гвардияи миллӣ ва як корманди Оҷонсии мубориза алайҳи фасод аз кор ронда шудаанд, аммо дуздон ҳанӯз фаъолият доранд», — мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Шахсе, ки ин наворҳоро ба «Нигоҳ» овард, гуфт, ки дар онҳо дуздии сузишвории дизелӣ – солярка аз нерӯгоҳи Роғун сабт шудааст. Ин кор аз сӯи афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки масъули амнияти нерӯгоҳи барқии обии N81- «Роғун» сурат мегирад. Ҳоло бо ҳам ин наворҳоро аз назар мегузаронем.

Кадри 1

Мошини хориҷие равон аст. Садои мусиқӣ меояд. Пас қатори мошинҳо паӣдо мешаванд, ки дар лаби роҳ истодаанд. Камера ба мошини низомие, ки сӯзишворӣ мекашад, рост мешавад. Раками давлатиаш: 247 вс 01. Дар болои рақам навишта шудааст: «Огнеопасно». Низомипӯш ва як мулкипӯше дар назди «баки» он ҷунбучӯл доранд, Низомипӯш гоҳ-гоҳ хам мешаваду чизеро дар таги мошин тоб медиҳад. Мулкӣ гӯё ба ӯ кӯмак мекунад. Навор қатъ шуд.

Кадри 2

Як низомипӯш дастонашро дар ҷӯӣи лаби раҳ мешӯяду ба сӯя Нуқтаи фуруши сӯзишворм (НФС) роҳ пеш мегирад. Рост ба даре ворид мешавад. Пас дар навор «заправка» падид омад. Низомипӯши дигар пеши як сабукрави хориҷӣ, тахминан «Опел» ва як мулкӣ низ пеши сабукрави дигар истодаанд. Дар боз мешаваду низомии аввал берун омад. Ба дари дигар даромад ва аз он ҷо ду бушкаи зард дар ду даст берун шуд. Бушкаҳоро ба бағочи «Опел»-и тахминии мо ҷой кард Занги телефон баланд мешавад. «Сёмка кадестам!»-баланд мешавад гадои наворбардор. Низомиён мошинро савор шуда рафтанд. Охири кадр.

Кадри З

«Старекс» ё мошине ба ин монанд дарҳамон НФС истодааст. Наворбардор мекӯшад, ки раками мошинро наздик орад. Хира маълум мешавад ё 44 -33, ё 44-88. Умуман, норӯшан «Старекс» аз НФС мебарояд, гӯё ки рафтанӣ аст. Аммо якбора меистаду кафонокӣ ба сӯи дар меравад. Як низомипӯш аз сари чанбар мефарояду қафои мошинро боз мекунад ва ба фаровардани бушкахои зарди пур шурӯь мекунад. Пас аз ин дигар бушкаҳои зарди холиро аз дохил ба бағочи мошин бор кард. Маълум нест, ки чанд бушка фароварда, чанди дигар бор карда шуд. Баъди анҷоми кор низомипӯш сари чанбарнишасту мошинро қарор дод. Аз мошин баромад, як ба атроф нигаристу ба ҳамон дар даромада рафт… Ва чизҳои дигар. Дар идома боз хамин мошин ва боз хамин корхо такрор мешаванд ва навор қатъ мешаваду…

Кадри 4

…Як нафари мулкӣ пайдо мешавад ва худро сармуфаттиши Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар минтакаи Рашт -подполковник Абдулло Таваккалов муаррифӣ мекунад. Пас боз чор нафар ба шумуш як низомипӯш дар навор падид меоянд. Таваккалов аз онҳо мехоед, ки худро муаррифй кунанд Бо он вуҷуд ки онхо худро муаррифӣ карданд, танхо маълум мешавад, ки нафари низомипӯш Беков аз Гвардияи миллии Тоҷикистон аст. Садои баланда мошинҳо намегузоранд, ки мазмуни суҳбати онҳо рӯшан шавад. Наворбардор амр мекунад, ки баландтар суҳбат кунанд, аммо садои мошинҳо ҳамаро пахш мекунад. Пас садои Таваккалов мебарояд, ки мегуяд: «хамчунин ваколатдори калони агентӣ Меҳтоҷев ва ваколатдори калон Ҳукуматов…»

Аз суханони Таваккалов маълум мешавад, ки кормандони Очонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар минтакаи Рашт чиноятеро дар НФС-и деҳаи қалъаи нави Роун, сари шоҳроҳи Роғун – Душанбе ошкор кардаанд ва ӯ протокол мехонад. Як муддат дар бораи дару тиреза ва оханхои анборхонаи НФС сухан меравад. Пас хамагӣ ба анборхона дохил мешаванд Сухан аз бару дарозӣ, деворҳои гилӣ ватаги боми анборхона меравад. Дар саҳни утоқ бушкаҳои зиёди зарду кабуду сиёҳи пласмасиву оҳамии 20- литра ва бушкаҳои 200 – литра ҷоӣгиранд- такрибан 40 – 50 зарф. Боз чанд дақика дар бораи рангу ҳаҷми бушкаҳои чапу рост, хатто карнайи даҳони бушка сухан рафт. Пас дар бораи моеи даруни бушкаҳо – солярка сӯҳбат шуд. Наворбардор ин ҳамаро батафсил, аз наздику дур нишон медихад хатто рӯдаҳо –шланҳо хам зикр шуданд.

Баъд аз анҷоми ошноӣ бо дару девор, зарфу шлангу дигар ашёи анборхона пурсуҷӯи ҳозирин шурӯъ мешавад. Аз нафари низомпӯш -Асадулло Беков, сармуҳосиби кисми низомии 051058-и Гвардияи миллии Тоҷикистон суол мешавад, ки чӣ овардааст дар чӣ қадар зарф? Дар посух Беков як бор мегӯяд, ки «6 бушка салярка хамаги 120 литрбо максади иваз кардаи бо бензин овардам», аммо баъди пурсишҳои дигари Таваккалов мегӯяд, ки «хам бо мақсади иваз кардан бо бензин ва хам фурӯш». Савол мешавад, ки чанд бор ин корро кардааст, Беков ҷавоб медихад, ки тобистон ду – се бор «як 30 – 31 канистр» овардааст.

– Як литр соляркаро ба соҳиби НФС -Фатхиддинов чандсӯм мефурӯхтед?

– 3 сомонӣ.

Пурсуҷӯй ба анҷом мерасад. Камера ва кассетае, ки ин хамаро сабт карданд, низ муаррифӣ шуданд. Ҳамчунин, вазъи боду хаво дар вақти баргузории амалиёти тафтишотӣ – аз соати 13.16 то 16.35-и 10 октябри соли 2010 – кайд гардид Таваккалов пратоколро аз дигар хохад. Касе арзу шикоят аз он накард ва ғаӣраву хакозо.

Соҳиби навор

Подполковник Абдураҳмон Шарифов, милисаи бо тачрибаи кории 43 -сола, мутаваллиди ноҳияи Данғара, хатмкардаи мактаби махсус ва Академияи милисаи Тоҷикистон аст. Дар гузаштаӯ дар Русия, навохии Вахдат, Сино, Шохмансур ва УБОП – Раёсати мубориза алаӣҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Соли 2009 ба Раёсати иктишофии Гвардияи Миллии Тоҷикистон ба кор омада, аз мохи июли соли 2010 сардори шӯъбаи иктишофии кисми ҳарбии 051058-ии ниход, воқеъ дар шаҳри Роғун таъин ва баъди 5 моҳ -10-уми ноябри соли 2010 бо фармони фармондеҳи Гвардияи милли аз кор озод шуд.

– Маро бидуни огаҳи худам озод карданд Сабаб – фош кардани ҷинояте буд, ки аз сӯи афсарони кисми харбии 051058, масъули амнияти нерӯгоҳи «Роғун» буд. Ҳодисаи дуздии солярка ба таври муназзам сурат мегирад. Ман бо кӯмаки ниҳодхои дигар онро ошкоркардам. Бояд 4 афсари ин кисми низомй барои дар хачми бузург дуздидани амволи давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд. Шумо ин чор нафарро дар навор дидед Ба хисобхои ман, онҳо моҳона то 7 тон соляркаро аз нерӯгоҳ медуздиданд.

–  Шумо мегӯед, ки дуздй муназзам сурат мегирифт?

– Бале, хар сари се рӯз аз нерӯгоҳ солярка тариқи мошинҳои худи афсарон ва ё афроди онҳо берун оварда мешуд. Азбаски ҳамаи посгоххо аз сарбозони гвардия иборат аст, барои онхо берун овардани мавод мушкилие надошт.

– Оё аз ин вазъкомандири қисми харбӣ ва фармондехи Гвардияи миллӣ хабар доранд?

–  Бале, ман маълум кардам-ку худи командир ин хамаро дуруст медонад ва хатто танзим мекунад. То ин ки ба ин кор кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи минтакаи Раштро чалб кунам, ду маротиба бо тамоми аснод ба фармондеҳии Гвардияи миллӣ гузоришхо таҳия карда будам. Аммо чӣ шуд, ки кор бо озод шудани ман аз вазифа тамом шуд.

–Дигар ҳеҷ?

–  Як бор гуфтанд, ки афсарони кисми низомии 051058-ро аттестатсия мекунанд ва чазо медиханд Аттестатсия шуд, аммо маро боз гунаҳкор баровардани Моҳи сентябр дар рузи иди Гвардияи миллӣ ҳатто ба афсарони ин қисми низомӣ рутбаву тӯҳфаҳо доданд.

– Парвандаи ҷиноӣ боз нашуд?

– Дар гузашта як чунин парванда буд, ки алайҳи ду нафар барои дуздии200 литрбоз шуда буд Суд ҳар яке аз онҳоро ба маблағи 7 ҳазор сомонй ҷарима кард. Аммо Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза алаӣҳи коррупсияи минтақаи Рашт бо гузашти як моҳ аз боздошти дуздон парванда боз накард, ҳол он ки ин ҷо дар бораи дуздии хазорҳо литр сухан меравад. Ба назди раиси Оҷонс Фаттох Саидое омадам. Вақте фаҳмид, хеле хуш шуд, аммо маротибаи дигар маро кабул нагард Баъд фаҳмидам, ки маводи парванда ба прокуратураи гарнизони Душанбе ирсол шудаанд. Муфаттиш гуфт, ки парванда пурра такмил шудааст, аммо намехохад мисли ман бевазифаву дар кӯча монад. Он ҷо то ба имруз касе дар фикри боз кардани парванда нест. Ба Прокурори генералӣ низ дар ин бора ва хам ғайриқонунӣ аз кор озод шуданам ариза навиштам. Моҳи феврал буд, то ба хол посухе нест.

Баъди аз кор озод шудан Абдураҳмон Шарипов дарак меёбад, ки наворбардор аз Очонсии назорати моликӣ ва мубориза алаӣҳи коррупсияи минтакаи Рашт – Алиназар Ҳукуматов низ аз кор ронда шудааст.

 Посухи прокуратура

Шерхон Салимзода. Прокурори генералии Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон дар робита ба ин казия гуфт, ки ҳамчунин нафарро намешиносад, аммо афзуд;

– Мутаассифона, ин гуна ҳодисаҳо дар нерӯгоҳи Роғун зиёд ба назар мерасанд. Мутаассифона, ҳодисаҳти дуздӣ дар бисёр ҷоӣҳо рух додаанд, аз чумла, нерӯгоҳ. Худам хубогоҳ ҳастам, ки чандин парванда хам оиди дуздии бензин, соляркаву сементу дигар мавод аз ин нерӯгоҳ, ки аз тарафи шахсони алоҳида, ронандаву гайраҳо содир гаштаанд, оғоз гарда шудаанд. Мо ин масъаларо ҷиддан меомӯзед ва посухашро ба шумо мегӯем.

Прокурори генералӣ сарпрокурори ҳарбӣ – Хайрулло Саидовро муваззаф кард, ки ин масъаларо таҳтй назорат бигирад

Хулоса

Тоҷикистон аз соли 1976 ба ин сӯ мехоҳад нерӯгаҳи Роғунро бисозад. Бино ба баъзе манбаъҳо, дар замони Шӯравӣ 35 дар сади сохтмон омода шуда буд, аммо баробари сар шудани ҷанги дохилӣ сохтмонро сел бурдааст. Бархе аз коршимосон мегӯянд, ки як сабаби ба ҷанги дохилӣ кашидани кишвар дар соли 1992 маҳз ин нерӯгоҳ буд. Узбакистон ҷониби дахил дар ин ҷанг мехост он сохта нашавад. Русия -ҷониби дигари дахил мехост онро аз худ кунад. ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон нагузошт, ки ин хар ду ба ҳадафҳои нопоки худ расанд. Соли 2007 сохтмони нерӯгоҳ аз кав шурӯъ шуд. Аммо боз бо мухолифати шадиди Ӯзбакистон дучор омад. То ба имрӯэ ин кишвар бо хар роҳ мехоҳад пеши роҳи сохтмонро гирад. Аз соли 2007 то ба имрӯз Тоҷикистон амалан дар «блокадаи иқтисодй» – и Узбакистон дучор омадааст ва азобашро халки оди мекашад Миллион доллар ба иқтисоди кишвар зарар ворид шудааст.

Кишварҳои хоричӣ аз додани карз ё сармоягузории нерӯгоҳи «Роғун» метарсанд. Соли 2010 ҳукумат маҷбур шуд саҳмияҳои нерӯгоҳро ба фурӯш барорад. ҳудуди 200 миллион доллар аз ҳисоби мардум-донишҷӯен, гаргарони одӣ, нафақахуран ва дигарон чамъ омад. Як навори телевизион ба хотир меояд, ки як модари кӯҳансоли тоҷик гуфт, кафанпулиамро ба «Роғун» медихам. Аммо ба ки гафанпулӣ, ки салярка хирида шудааст, чӣ гуна муносибат мешавад? Оё фоидаи он азобхое, ки миллати тоҷик мебинад, ба кисаи дуздон меравад?

Абдураҳмон Шарипов бовар дорад, ки агар аз ин гапхо Президенти Тоҷикистон, Прокурори генералӣ ва Сарпрокурори ҳарбӣ худ хабар ёбанд, вазъ ислоҳ мешавад. «Нигоҳ» ҳам ба ин умед аст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: