Туро бо футбол чӣ кор?

Сиёвуши Ёдгор, Эҳсони Шариф

Аз рӯзи 14-уми июн сар карда ҷавонони баномуси шаҳри Кӯлоб зери фишору тазйиқ қарор доранд. Чандин нафари онҳоро ба прокуратура даъват кардаву истинтоқ карданд, то ки ба гуфтаи мақомот саркардаҳои занозанӣ баъд аз бозии футбол миёни тимҳои “Равшан” ва “Истиқлол”-ро пайдо ва муҷозот кунанд.

Кормандони хадамоти амният ва корҳои дохилӣ ҳама кори худро канор гузоштаанд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд ташкилкунандагони ин кашшмокашро биёбанд ва боздошт кунанду ба Душанбе интиқол дода, ҷазо диҳанд. Валекин кайҳо ин ҷустуҷӯ аз доираи мухлисони дастаи “Равшан” фаротар рафта, ба ҳар як ҷавони сарсупурдаи Кӯлоб марбут гаштааст.

Маълум аст, ки ҳар маҳаллаву гузар ё минтақаи шаҳр лидерони худро дорад, яъне он ҷавонони варзишдида ва баномусе ки мушкилоти байни ҷавононро ҳал мекунанд ва онҳоро одатан шефи ин ё он маҳал ном мебаранд. Ин ҷавонон бисёр вақт бо истифода аз таъсири худ аз ҷангу кашмокашҳои байни ҷавонон ҷилавгирӣ мекунанд ё роҳ намедиҳанд, ки дар байни онҳо мушкилоте пайдо шавад ва бо авторитети худ нопокону дуздон ё қаллобону фиребгаронро ба чаҳорчӯб ҷо мекунанд ва намегузоранд, бадбахтиҳое рӯй диҳад.

Ҳоло милиса ҳамин гуна ҷавонони баобрӯйро ба шӯъба бурда, пурсуков мекунад ва баъзеи онҳоро латукуб ва беобру мекунанд. Аксаран инҳо ҷавононе ҳастанд, ки дар он бозии футбол набуданд ё ки ба чунин корҳо олуда нестанд. Маълум аст, ки милиса кори профилактикии пешгирикунанда ба амал меорад. Аммо таъсири ин таъқибҳо натиҷаҳои бад дорад, зеро ҷавонон чунин фикр доранд, ки ин корҳо бо фармони Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Ман фикр намекунам, ба худ душман кардани ҷавонони Кӯлоб ба манфиати Рустами Эмомалӣ ё падари у бошад. Кӯшишҳои тарсондани ҷавонони кӯлобӣ паёмадҳои вазнине барои тарсонандаҳо хоҳад дошт.

Агар ин корҳои писари раисиҷумҳур бошанд, ин душманӣ акнун солҳои тӯлонӣ давом хоҳад кард ва агар кори дасти ӯ набошад, бояд ба Кӯлоб биёяд ва пеши роҳи ин фишору зуровариро бигирад. Ин кудаке ки аслан футбол бозӣ карда наметавонад ва командаҳои дигар барои тамаллуқ ба гунае бозӣ мекарданд, ки вай ва дастааш ғалаба кунанд, аввалин бор аз ҷавонони Кӯлоб мушти рамзие ба даҳани худ хӯрд ва акнун қасос мегирад. Агар футбол ба кашмокашҳои бузург сабаб гардад, ягона муқассири ин кор Рустами Эмомалӣ хоҳад буд ва ҷавонони баномуси Кӯлоб ин фитнаи ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард ва ҷавобашро хоҳанд дод.

Беҳтарин кор ин бояд бошад, ки ин бача аз футбол умуман дур равад ва дигар ягон дахле ба бозиҳои футбол надошта бошад танҳо ба ҳамин роҳ вай метавонад гуноҳашро бишӯяд ва номи падарашро нигаҳ дорад. Аммо агар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар ҳақиқат мехоҳанд ташкилкунандагони он занозаниҳоро ёбанд бояд аввал дар байни худи ҳамин органҳо ҷустуҷу кунанд, на дар байни ҷавонони кулобӣ. Нахустин бояд мушаххас кунанд ки чаро дар дохили стадион таркиш шуд ва ки онро ташкил кард. Пасон онҳоеро кофтуков кунанд, ки мухлисони футболро монанди пода пешандоз карданд ва онҳоро танг карда бо суханҳои тавҳиномез ба шур оварданд. Ба ақидаи мо онҳо худ мехостанд, ки мардум ба шур ояд ва ин гуна ноороми шавад. Ин холатро на як нафару ду нафар, балки ҳазорҳо нафар шоҳиди зинда буданд. Инро номашро мегуянд провокация, яъне иғвоандозӣ бо мақсадҳои муайян. Мақсадҳоро Рустами Эмомалӣ медонад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: