Чаро додгоҳро “погром” карданд

ХАМЛА БА БИНОИ СУД ВА ПРОКУРАТУРАИ БАДАХШОН АЗ ЧИ ДАЛОЛАТ МЕДИХАД?

«Нигох» №13 16.06.2011

Рузи даҳуми моҳи равон соати 1630 ба бинои Суд ва Прокуратураи шаҳри Хоруғ як гурӯҳи номаълум ҳуҷум карданд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ин гурӯҳ қариб иборат аз 100 нафар будааст. Гуфта мешавад, ки ҳамла ба бинои суд бо анҷоми мурофиаи судии шаҳрванд Қаюм Раҳмихудоев сурат гирифтааст.

Тазоҳуротгарон судя, муовин ва як шаҳрвандро зада маъюб кардаанд ва тамоми таҷҳизоти кориро шикастаанд. Ҷамъи зарари овардаи онҳоро ба 30 ҳазор сомонӣ рост медонанд. Ин амал дар байни ҷомеа сару садоҳои гуногунро ба бор овард.

Бархе ҳадс мезананд, ки ин кори нашъаҷаллобон ва вокуниш ба пораҳои дода аст. Бархеи дигар мегӯянд, мардум аз беадолатиҳои судҳо ба дод омадааст. Сеюмиҳо бар онанд, ки ҳар чи ҳам набошад, ҳуҷум ба биноҳои маъмурӣ ҷиноят аст. Вобаста ба ин мавзӯъ «Нигоҳ» аз коршиносон пурсид:

 Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, тахлилгари ҲНИТ:

–  Бешак чунин як тарзи муносибат бо мақомоти ҳуқуқиро мусбат арзёбӣ кардан ҷоиз нест. Вале ҳар як амалеро дар ҷои худ ва воқеъияти худ бояд баҳо дод, бахусус дар Бадахшон. Вазъияти ичтимоӣ ва иқтисодии кишвар бо истиснои вилояти Суғд, қариб ҳамсон аст, аммо дар ҷузъиёти масъала аз ҳамдигар фарқ дорад. Дар Бадахшон масоили ҳассос хеле зиёданд ва мақомот то ба имрӯз таври матлуб ба онҳо расидагӣ карда натавонистаанд. Масъалаи аз ҳама ҳассос ин роҳандозии парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳукми додгоҳҳост, ки дар онҳо адолат риоя намешавад. Ин боисшудааст, ки дар бисёр маврид афроди «муҷрим» болои мақомоти ҳифзи қонун ва тартибот фишор овардаанд ва мисли ҳодисаи ахир онҳоро мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Мардуми Бадахшон сарсупурдаи адолат дар ҳама маврид ҳастанд. Агаронро ниҳодҳои ҳукуматӣ риоя намоянд, пуштибонии мардумиро пайдо мекунанд. Дар акси ҳол танхо бо зӯр кор буд мешавад, ки оқибати нек нахоҳад дошт. Аз ин хотир, ҳодисаи ахирро дар Бадахшон дар бесалоҳиятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот мебинам, агарчи ин ҷо назокатҳои ноҳамвори ҷониби дигар ниэ эҳсос мешавад. Тақозои рӯз ин аст, ки ислоҳоти саросариро роҳандозӣ намоем, он хам аз ҷониби раиси ҷумҳур. Бо ин лакировкаву табдилхои ҷузъӣ масоил печидатар мешавад. Дар ин қазия албатта таҳрики доираҳои бозингари минтақа метавонад ҷоӣ дошта бошад, вале он чандон ошкор нест.

Ҷамшед ҒАФУРОВ, омӯзгор:

Ҳаводисе, ки дар ВМКБ шуд, ду ҷамба дорад. Аввал ин ки, он мардум ҳамеша тифоқ ҳастанд, ноадолатиро чашми дидан надоранд ва ҳар нафаре, ки дар ҳаққи онҳо ноадолатӣ мекунад, ҳаргиз ором намегузоранд. Дувум, ин аз камфархангии як гурӯҳ гувоҳ аст. Зеро барои як нафаре, ки гуноҳ кардаасту суд ҳукм ба зиндон кардааст, набояд чунин рафтор кард, чунки шахси гуноҳкарда бояд дар назди қонун ҷавобашро гӯяд. Гуфтан мумкин аст, ки дар ҳакиқат баъзе кормандоии суду прокуратура қонунро ба инобат нагирифта, корро ба манфиати гурӯҳе хал менамоянд ва баъдан ба монанди ин чунин вокунишхо сар мезанад. Барои он ки дигар чунин амал ва ноадолатй сар назанад, мо бояд аз раиси Суди Олӣ шурӯъ карда, то зинаҳои дигар ҳамаашро иваз намоем. Зеро сари чанд сол шуд, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ риоя намешавад.

 Раҷаби МИРЗО, журналист ва тахлилгари масоили сиёсй:

Аз ин ҳодиса ва ҳолатҳои дигари ба ин монанд бояд як маънӣ бардошт: ноадолатиҳои судӣ кадом рӯз Тоҷикистонро ба ягон бало гирифтор мекунанд! Албатта, ҳоло ман тафсилоти воқеии ин қазияро намедонам. Аммо аз сару садое, ки дар ин бора мегӯянд, метавон бардошти дигаре дошт. Аз ин ҳам бигзарем, бубинед, маротибаи чандум аст, ки маҳз мурофиаҳои судӣ ба чунин натиҷа меоранд. Агар иштибоҳ накунам, бори охир тирамоҳи соли гузашта буд, ки дар Норак як мурофиаи судӣ боис ба сангзаниву кашмакашиҳои идораи суду милиса анҷом шуд. Илова ба ин, ҳафтае нест, ки дар матбуот арзу дод аз ҳукми ноодилонаи судяҳо ба нашр нарасад. Дар хориҷи кишвар низ ин баҳс калидӣ ҳисоб мешавад. Ҳатто вакте журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ба маҳбасхо раҳ ёфтанд, зиндониён аз шарту шароити худ не, аз ҳукми ноодилонаашон шикоят мекарданд. Ман намедонам барои чӣ судяҳои Тоҷикистон барои ҳукумат ин қадар «азиз» шудаанд, ки намехоҳанд дар ин бахш ислоҳоти ҷиддӣ анҷом диҳанд. Шояд барои ин асос ва омилҳои муҳимтаре доранд, вале ин масоили мавриди таваҷҷӯҳи онҳо то куҷо ба амнияту эътидоли давлату ҷомеа созгор меояд, баҳси дигарест.

Аз ҷониби дигар, вақтҳои охир дар бораи «тобистону тирамоҳи гарми Тоҷикистон» расонаҳову доираҳои гуногуни тахлилӣ зиёд мегӯянд. Инро бояд ҷиддӣ гирифт. Ё магар «тобистони гарми соли 2008-и Хоруғ»-ро фаромӯш кардаем?

Фақат бояд дар назар гирифт, ки Бадахшон дар нуқтаи бисёр муҳим қарор дорад ва як каме беэҳтиётӣ метавонад пайомадҳои ногувор бмёрад. Хоса ин ки қумандонҳои ин минтақа дар соли 2008 аз худ ба таври ҷиддӣ дарак дода буданд. Ҳоло маълумоте рӯ назадааст, ки ин гурӯҳ бо он кумандонҳо кадом иртиботе доранд. Лекин, дар сурати такя задани нерӯҳои хориҷӣ ба ин қазияву ин кумандонҳо, ки як бор мавриди афв қарор гирифтаанд, имкони истифодаву сӯистифода аз вазъи баамаломада бисёр қавист ва барои амнияти давлат хатарнок.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: