Шӯриши футболӣ дар шаҳри Кӯлоб

«РАВШАН» – «ИСТИКЛОЛ»

Аҳмади Иброҳим («Точикистон» №24 16.06.2011)

Вохурии деринтизори пуркудратарин тимхои лигаи олии ТЧоикистон «Равшан»-и Кулоб ва «Истиклол»-и Душанбе билохира дар вакти муайяншуда, яъне 14 июн соати 17-у 30 дакика огоз шуд ва бо бозхти «Равшан» ва Фочиа анчом ёфт.

Инҷо тафсилоти воқеаро баён месозем. Як рӯз қабл ҳаӣати эҳтиётии «Равшан» тими эҳтиётии «Истиклол»-ро бо ҳисоби 6 бар 2 мағлуб кард. Ин дар ҳоле буд, ки омадани мошинҳои ҳомили милиса ва дигар неруҳои кудратй ба шаҳри Кӯлоб барои нигаҳ доштани тартибот ва мухлисони зиёд аз атрофу акноф ва ҳатто аз Русия идома дошт. Ҳомиёни тартибот бошанд, на танҳо аз навоҳии атроф ва маркази вилоят, балки аз пойтахти кишвар бо тамоми силоҳ ба Кӯлобшахр оварда шуданд.

Ҳанӯз соатҳои 13-и руз, яъне чоруним соат кабл аз оғози бози, ҳазорҳо нафар мухлисон вориди варзишгоҳ гашта, мисли тимҳои машҳури Бразилия ё Аргентина табл ва асбобҳои нафасии дигар менавохтанд ва хуштак мезаданд. Яъне, кори мухлисии худро мекарданд. Касе тартиботи ҷамъиятиро вайрон намекард. Ду соат кабл аз оғози бозӣ ҳунармандони маъруфи ҷумхурӣ Сангали Мирзоев, Содиқ Холов, Бобораҷаб ва Шабнами Сурайё як-як ба маӣдон баромада, дар ҳузури мухлисон бо ҳунарнамоияшон хотири онҳоро шод мекарданд. Мухлисон махсусан аз ҳунарнамоии ҳофизи машҳури ҷумхурӣ Зафар Аюби, ки гимни «Равшан»-ро бо маҳорати хос иҷро мекард, ба ваҷд омада, кафкуби мекарданд ва нидоҳои нишоту шоди мебароварданд. Ҳануз як соат кабл аз оғози бози худуди 20000 мухлис дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд. Ҳазорҳо нафар кормандони милиса ва амният низ маӣдони бозиро сахт печониданд. Мошинҳои ёрии таъҷили ва сухторхомушкуни низ дар хар ҷои майдон қарор доштанд.

Нидоҳои вижаи аҳсану офарин баъди пайдо шудани раиси шахри Кулоб Ҳамид Абдуллоев ва муовини Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ба фалак печиданд. Раиси шаҳр аз номи мухлисони командаи «Равшан» ба ҳамаи бозингарони дастаи «Истиқлол» тӯҳфаҳои хотирави аз қабили ҷома ва токии чакани кӯлобй эхдо кард. Барои Рустами Эмомалӣ бошад, ҷома ва токии махсус дӯхташуда эхдо гардид, ки дар даври он исми ҷавон бо маҳорати воло кашидадӯзй шуда буд. Дар навбати худ, писари президенти мамлакат эълом дошт, ки барои тими «Равшан» як автобуси нав ҳадя овардааст, Мухлисон ин олиҳимматии Рустамро бо кафкубиҳои бар давом истиқбол гирифтанд. Садои нишоту тараб дар фазои Кӯлобшаҳр танинандоз буд. Гарчанде ки ҳаво ниҳоят гарм бошад хам, кормандони милиса ба варзишгоҳ ворид сохтани обҳои нӯшокиро мамнӯь эълом карда буданд ва касеро намегузоштанд, ки бо зарфҳои гуногуни обгири вориди варзишгоҳ шавад. Зарфҳоро аз киса ва бағали мухлисон бароварда, ба як тараф ҳаво медоданд. Аз корманди милисае пурсидем, ки ин чӣ ҳол аст. Гуфт, фармон аз боло аст ва ин иқдом ҷиҳати бехатарии мухлисон ва бозингарон раҳандозӣ шудааст.

Ниҳоят бози оғоз ёфт. Нимаи аввали бози бе ягон воқеаи чашмрас бо бартарии тими «Равшан» ба анҷом расид. Фақат мухлисон гоҳо ба майдон санг ва зарфҳои пластикии холӣ ҳаво медоданд, Хушбахто на, ин партофтаҳо ба касе осеб нарасонданд.

Баъди танаффус нимаи дуввуми бозӣ оғоз ёфт. Дар ин кисмат бартарии меҳмонон хус мешуд. Онҳо пай дар паӣ суи дарвозаи мизбонон ҳуҷум карда, вазъияти «хатарбор» дар назди дарвозаи ҳариф ба вуҷуд меоварданд. Чанд ҳамлаи ҷавоби низ бозигарони тими «Равшан» анҷом доданд. Билохира, дар дақиқаи ҳаштодушашуни бози ба командаи «Истиқлол» муяссар шуд, ки ба дарвозаи «Равшан» як гол занад.

Баъди ин ҳам чизе ба ҷуз чанд сангчаи ба майдон ҳавододашуда ва чанд зарфи пластикии холи аз бадбахти дарак намедод. Бозӣ бо ҳисоби 1 бар нол ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Баъди анҷом ёфтани бозӣ низ ба ҷуз хуштаку партофтани чанд предмет ба маӣдон воқеаи дигаре ба вукӯъ напайваст.

Ҳамин дам дар нишастгохи чапи майдон, ки ҳанӯз моломоли мухлисон буд ва ҳама оҳанги рафтан доштанд, таркиши сахт ба амал омад. Таркиш чанд курсии нишастро ба ҳаво бардошт. Чанд ҷавони ба замин хобида сару рӯяшомро дошта ба ҳар тараф пароканда шуданд. Як кудаки тахминан 10-12-соларо низ дар ҳолати бехуши ва либосҳои аз шиддати таркиш лахт-лахт бардошта бурданд. Бесарусомонӣ танхо баъди ҳамин таркиш дар беруни варзишгох, ба вукуъ пайваст. Ҳазорон мухлиси башуромада аз як тараф, аз тарафи дигар анкариб ҳамин миқдор кормандони ҳифзи тартибот сангар гирифтанд. Мухлисон суӣи милисаҳо санг ва  ҳар гуна предмети дигар хаво медоданду кормандони тартибот дар ҷавоб гази ашковар ҳавола мекарданд.  Чанд нафар ҳам  аз ҳарду ҷониб бо  сару руйи хуншори ҳомили  мошини ёрии таъҷили шуданд, Садои даҳшатнок ва гӯшкаркунандаи таркиш дар байни издиҳом боз маротибаи дигар садо дод,     Рустами   Эмомалӣ   дар   дохили варзишгоҳ дар ҳалхаи кормандони милиса, ки мусаллаҳ буданд, боқи монд. Ҳарҷо мошинҳои   шишашикаста   ба   назар мерасиданд. Лахзаи дигар кормандони хифзи  тартибот суӣи тазохуркунандагон ҳамла карда, онҳоро пароканда сохта чанд   нафарашонро   боздошт карданд.   Баъди   чанд   дакика издиҳоми     чандҳазорнафараи тазохуроткунандагон ба ҳучуми ҷавобӣ   гузашта,    милисаҳоро ба   гурехтан   маҷбур   сохтанд, Мошини сухторхомушкунӣ низ суйи мардум хуҷум карда, обпоши карда, онҳоро лахзае паррканда сохт. Боз тазоҳуротчиён дуюмбора   ба   хуҷум   гузашта, мошинҳо ва кормандони амниятро сангборон карданд.

Баъди тахминан 40 дакиқаи, ба истилоҳ, муҳориба. Мардум пароканда шуданд. Танҳо то дер гоҳи шаб одамон дар ҳар ҷо ҷамъ шуда, сӯҳбат мекарданд. Кормандони амният низ то дергоҳи шаб дар ҳар гӯшаи шахр посдорӣ карданд. Хушбахтона, баъди ин хама ноҳинҷори шаҳр сукут ихтиёр кард.

Мо бошем, роҳи ду беморхонаи шаҳрро пеш гирифтем, ки дар он ҷо ба маҷруҳон ёрии  тиббӣ мерасониданд. Теъдоди маҷруҳони беморхонаи вилоятии шаҳр ба 8 нафар мерасид, ки исми ҳар кадоми онҳоро дар алоҳидагӣ зикр мекунем.

Шахриёри Бахгаёр, соли таваллудаш 1998 – ҷароҳати оҳанреза (осколок).

Ватанов   Зариф,   с.т.   1987 –   мадҳушии муваққатӣ (контузия).

–     Бобоҷони Бозорали, с.т 1996 – ҷарохоти оҳанреза (осколок).

Амирҷони Инатуло, с.т 1993 – ҷароҳати оҳанреза,

Амиршоев Бегиҷон – ҷароҳати оринҷхо.

Сунатуллои Шеравган – осеби пӯшидаи қафаси сина.

Ғолибшо, с.т 1993 – надхуши (контузия).

Ашӯров Азизбек, корманди гуруҳи зудамали милиса, гумонбар ҷиҳати дасти шикаста.

Дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шахр низ тибқи иттилои сардухтур Ҳакназаров Иномҷон, 7 нафар ҷароҳатбардоштагонро оварда бистари кардаанд. Сардухтур аз додани тафсилоти бештар дар бораи захмиён худдори кард. Кормандони милиса барои ворид шудан ба дохили беморхона монеъ шуданд. Тибқи иттилои як манбаи гаӣрирасмӣ, бистариёни ин беморхона анқариб сирф кормандони ҳифзи тартибот буданд. Се мошини шишашикастаи ёрии таъҷилӣ дар саҳни ҳавлии беморхона қарор доштанд. Ронандагони онҳо гуфтанд, ки шишаҳоро ҳангоми тазохуроти баъди футбол шикастаанд.

Нафарони зиёде дар ҳар ғушаи шаҳр аз боби он сухан мекарданд, ки кормандони хуфзи тартибот тавассути инфиҷорҳои ташкилкардаашон сабабгори ин ҳама ноамниҳо гаштанд. Онҳо мегуфтанд, ки ин ҳама посдорони мусаллаҳ агар вориди шахр намешуданд, вазъият то ба ин дараҷа муташнниҷ намешуд.

Шояд аз хакиқат дур набошад, ки хуб мешуд, бахри ҷорӣ кардани тартибот ҳомиёни тартиботи шаҳр, бахусус нозирони маҳаллаҳо ва вакилони кучаҳо, ки аксарияти мардумро мешинохтанд, иштирок мекарданд. Ҳам онҳо хусусияти маҳалро бахуби мефаҳмиданд. Нерӯйи онҳо бахубӣ басанда буд. Чун мухлисон, ки аксарияташон ҷавонон ҳастанд, диданд, ки дастахри харгунаи мусаллаҳи кормандони ҳифзи тартибот аз сартосари -чумхури хануз 2 руз қабл аз бози ба шахр кашонида шуданд, вуҷуди онҳоро васваса фаро гирифт. Ба андешаи мо, билохира густохии як тараф ва васвасаву шӯри хуни дигар тараф сабабгори ин ҳама ноамниҳо гашт. Бубинед, ки хамин мухлисон дар оғоз то саршавии бозӣ Рустами Эмомалӣ ва меҳмонони дигарро бо кафкуби истиқбол карданд. Дар давоми бозӣ хамвора парчами ҷумҳуриро баланд бардошта, алвонҷ медоданд ва шиорҳои шукри истиқлолияти кишварро бо расми президенти кишвар баланд бардошта, бо ифтихор нидоҳои шодӣ мебароварданд. Маълум буд, ки ҳисси ватандустии ин ҷавонон хело зиёд аст, аммо як инфиҷор, ба андешаи коршиносон, ин ҳама муқаддасотро барбод дод.

Advertisements

2 Responses

  1. Гов бой надоданд ку?!!!!

  2. Факат аз шумо як илтимос хамин номи Боборачабро дар катори хунармандони маъруф нагиред. Охир у бо сурудхои бемазмунаш арзандаи номи хунарманди маъруф нест!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Javob berish

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

%d bloggers like this: