Панч вазири бадтарини Точикистон

Киёми САЪД («Нигох» №09 18.05.2011) 

Чанде қабл Оҷонсии иттилоотии TojNews.tj назарсанҷиеро ба муштариёнаш пешкаш намуд. Натиҷаи овоздиҳии истифодабарандагони пойгоҳи интернетии www.tojnews.org ин шуд, ки аз 12 вазири тоҷик панҷгонаи вазирони номардумитарин маълум гардид,

Ба рӯйхати «номаҳбубон» вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шомил шуда буданд. «Нигоҳ» дар ин мавзӯъ хабар нашр кардаву ваъда дода буд, ки оянда сабабҳои номардумӣ будани ин панҷгонаро аз нигоҳи коршиносони ватанӣ маълум менамояд. Инак, он фурсат фаро расид…

Пешсафон

Қаблан ёдовар мешавем, ки хангоми назар додан ба пурсиши Оҷонсии иттилоотии ТоjNews – «Кадоме аз ки вазирон номардумитаринанд?» бештари истифодабарандагон Абдуҷаббор Раҳмонов – вазири маорифи кишварро интихоб кардаанд. Дар ин банд 243 нафар овоз додаанд, ки баробар ба 30 дар сади раъйдихандагон аст. 113 нафари дигар, баробар ба 14 дар сад ба Гул Шералй, 106 нафар баробар ба 13,2 % ба Шералӣ Хаӣруллоев, 96 нафар баробар ба 11,9 % ба Абдураҳим Қаххоров, 95 нафар баробар ба 11,8 фоиз ба Сафаралӣ Наҷмиддинов «райъ» додаанд.

Дар ин насарсанҷӣ 807 нафар респондент иштирок кардаанд ва он ғайрирасмй буда, даъвои илмӣ буданро надорад, вале яқин аст, ки он натиҷаи раъйдиҳии огохтарин қишри ҷомеаистифодабарандагони шабакаи Интернет аст.

Акнун бигзарем ба назарҳои коршиносони ватанӣ, ки эшон сабабҳои номардумӣ ном бурдани ин панҷгонаи «пешсафон»-ро дар чӣ мебинанд?

 Характеристикаи бади Рахмонов

Коршиноси мустақил Комили БАҲРИДДИН масъалаи инъикоси фаъолияти вазирону вазоратхоро дар нашрияҳои кишвар ёдовар шуда, нақши ВАО-ро дар шинохта кардани мансабдорони мавриди зикр муассир медонад ва ҳамзамон ба чанде аз онҳо «характеристика» медаҳад:

«Бубинед, ки дар расонаҳои ватанӣ бештар кадом вазоратҳо ва масъулини онҳо мавриди таваҷҷӯҳ буданд? Ҳамон Вазорати маориф, Вазорати энергетика, Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохила. Агар аз нигоҳи иерархияи мансабӣ ва арзишҳои элитаи ҳукмрон бигирем, ҳама ба ном вазирҳои «портфел»-доранд, яъне буҷаҳои калон-калон доранду имзояшон зери ин ё он ҳуҷҷат басо муҳим аст. Аз нигоҳи иҷтимоъӣ бошад, таъсири ҳамаи дар назарсанҷй «огоз»-и бештар гирифтаҳо ба ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми кишвар хеле зйёд аст. Такрибан аъзои ҳар як оилаи кишвар ба мактабу маориф сарукор доранд, мушкили бебаркиву камбарқӣ мекашанд, дар ин ё он шакл ба хизмати аскарӣ муносибат доранд, кори худашон ё наздикон, ё ҳамсояашон ба милиса меафтад, маош, нафака, стипендияи ночиз мегиранд ва ғ.ҳ. Яъне агар мо мушкиле дар ин соҳаҳо, ки функсияҳои давлатро хам ифода мекунанд, дорем, халли онҳо аз ҳамин вазоратхонаҳо, аз сиёсатхои хамин вазирон вобаста аст.

Вазири маориф Абдуҷаббор РАҲМОНОВ, ки гурӯҳи калони волидайнро «маймун» гуфтуҳар замон бо тағӣироту қойидаву ислоҳоти гӯшношуниде ҷомеаро такон медиҳад, чӣ муносибати мардумро бояд интизор бошад? Танҳо ва танҳо муносибати манфиро, ҳадди ақал, аз ҷониби огоҳон. Ин ҳам дар ҳоле ки шоядӯ барои зертобеонаш роҳбари хуб, барои фарзандонаш падари гамхор ва барои дӯстонаш ҳалиму хоксор бошад, вале барои аксарият ӯ ҳамонест, ки аз инъикоси амалкардҳояш дар ойинаи ҷамъиятматбуот, ё аниктараш расонаҳо намудор мешавад Дар ин ойина Абдучаббор Раҳмонов «серғазғотарин мансабдори Ҳукумати Тоҷикистон» буду ҳаст ва фикр мекунам, ҳатто Бек Зуҳурови оригинал хам «рекорд»-и шахсии ӯра бархам зада наметавонад. Бисёрихо бо шунидани номи Абдучаббор Рахмонов сариву галстук, телефонхои мобили, донишчуёни мошинсавор ва гиряи духтарони , либосу саломи яганаи талаба, муаллимони ришҳои 3-сантиметрадошта ва гайраву хоказоро пеши назар меоранд, ки бардоштҳои мардум аз фаъолийятҳо ва шахсияти ӯст. Ё бигирем, академики тезпазак шудани ӯро, ки барои хеле аз доираҳои илмй ғайриинтизор буд Ба андешаи инчониб ва ба истилохи мактабиён, ҷомеаи Тоҷикистон характеристикаи бади Абдуҷаббор Раҳмоновро каӣҳо навиштааст ва ӯро дигар дар ягон мактаб қабул намекунанд. Ҷойи ӯ мактаби мансабдорони душвортарбия аст».

 Нарху наво ва Ҳамралиев

Ҳамчунин, Комили БАҲРИДДИН изҳори нигаронӣ аз он дорад, ки «имрӯзҳо қазияи асосӣ баланд шудани нархҳост, аммо аҷиб, ки кам касон дар назарсанҷии сомона ба вазири рушда иқгисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ахамият додаанд». Бо шунидани ин, раиси Шӯрои муҳаррирони Нигох.» Саймиддин ДӮСТОВ мегуяд: «Дастболои сина монда, мегӯям, аввалин нафар, ки дар ин назарсанҷӣ зидди вазири рушди иктисод ва савдо райъ додам, ман ҳастам, зеро ба назари банда, яке аз гунаҳкорони асосии болоравии нарху наво ӯст, ки бо камфаъолийятахояш мунтазам ҳукумати кишвар ва роҳбарийяти сиёсиро дар ҳолати ногувор мемонад, Вазорати зери роҳбарии ӯ аз ӯхдаи нақши регулятор ё маъмури бозорҳои муҳими кишвар, аз кабили бозори ғизо, бозори маҳсулоти нафтӣ, бозори маҳсулоти сохтмонӣ ва ғ.ҳ. ва муҳимтар аз он, аз ӯҳдаи банақшагирии стротежии бахшу самтҳои муҳим дар доираи сиёсатҳои таъинкардаи Президент Эмомалӣ Раҳмон набаромада истодааст, ки мушкили мардумро зиёд менамояду дар умум фаъолиятхои хукуматро камсамар».

 «Саҳв дар куза…»

Бояд гуфт, ки ин назарсанҷии ТоjNews дар рашнаҳои дигар низ мавзӯи мақолот буд ва коршиносоне аз он интиқод карданд, ки «илмӣ нест»-у ба танқид равона шудааст», Дар шарҳи ин мавзӯъ сармухаррири TojNews Фазлиддин АСОЗОДА мегӯяд: «Баргузории назарсанҷиҳо на барои танқид кардани ин ва ё он мансабдор ва ё вазоратхона, балки барои муайян намудани набзи ҷомеа, мушкилоти он ва расонидани афкори дигарон ба мардуму ҳукумат ва водор кардани мансабдорон барои мулоҳиза намудан аст. Дар ИМА-и 300 миллион нуфусдошта маркази машхури Галлап чизе бештар аз 1100 нафарро аз 50 фисади худудхои маъмурӣ пурсида, натиҷаҳоро «миллӣ» эълон мекунад, вале назарсанҷии ТоjNews бо хама камбудихояш то ҷое баенгари воқеиятҳо дар соҳоти мухталиф аст. Ин аст, ки «саҳв дар кӯза не, дар равған аст».

Коршиноси мустақил Нуралӣ ДАВЛАТ низ натичаҳои назарсанҷиро дар мушкилоти соҳаҳо медонад, ки ба назари ӯ, «ба ҷурми ҳамин мансабдорон мушкилот рӯ ба афзоишанд». У мегӯяд:

– Мушкилоти соҳавӣ имсол ба мардум таъсири бештар расокд. О, вакте, ки нарх баланд шуд, киро ёдовар мешавем? Вазири фарҳангро ёдоварнамешавем, хамин тавр не?! Бинобар ин, агар фардо, масалан, нархҳо паст шаванду коррупсия дар системаи таълим камтар гардад ва мушкили соҳаи фарҳанг бештар бошад, одамон, албатта, аз вазири фарханг ном мебаранд. Агар мушкили нафақа ва стипендияҳои ночиз намебуд, агар қазияи ширкати пулчинаки IRS рӯ намезад, агар вазири молия аз аксизи 3%-а барои истифодаи телефонҳои хамроҳ, ки дар ниҳояти кор ба зарари муштариён анҷом ёфт, пуштабонӣ намекард, касе номи Сафаралӣ НАҶМИДДИНОВ-ро мегирифт? Ба фикрам, не ва ё нафарони ангуштшумор мегирифтанду натиҷаи назарсанҷӣ куллан дигар мебуд». Вале на хамаи коршиносон ба ин акуда мувофиқанд.

Устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шариф МУЛЛОЕВ мегуяд; «Фикрмекунам, ки ин назарсанҷӣ баҳои объективонаи фаъолияти ин вазиронро пурра нишон надодааст. Ба фикри банда, он вазироне, ки овози бисёр гирифтаанд, дар ҳакикат, машҳур ҳастанд ва каму беш фаъолият доранд. Онҳо аз рӯи фаъолиати хуб ё бадашон чойҳои хешро ишғол намудаанд”.

Дар ҳамин ҳол Саймиддин ДӮСТОВ мегӯяд: «Имрӯзҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар нохияҳои дуртарин ҳам мансабдорони ҳукуматро хуб мешиносанд. Фарзи мисол, хам касоне ҳастанд, ки дараҷаи саводнокии касбиву зарфиятҳои ақлонии Гул Шералиро надонанд, камбудиву норасоиҳои дар соҳаи энергетика ва саноатро дар пӯсту хуни худ эҳсос накунанд. Инро дигар пинҳон карда намешавад. Ӯ 15-20 сол аст, ки сари мансабҳост.

Ё бигирем, вазири мудофиа Шералй ХАЙРУЛЛОЕВ-ро, болои «облава»-ҳои мавсимиву талап-талап ба даст афтодани масъулини комиссариатҳои харбӣ, тобистону тирамоху гузашта, сатҳи тафаккур ва шеваи роҳбарияшро маълум кард. Маълумоти телевизионии «дар террори дараи Камароб дастдоштани Мирзохӯҷа Аҳмадов» ва «ёрдамчиёни террористон будани журналистони мулоим карда гӯем, носаҳех, баромад ва инро такрибан тамоми мардум диданду шуниданду фаҳмиданд. Аммо дар низоми мавҷудаи ҳокимият дар Тоҷикистон ин амал дар пайи худ истеъфоро надорад, балки баръакс, шояд таъиноти нав хам дошта бошад, вале ин харгиз маънии онро надорад, ки мардум набояд дар ин бора изҳори назар бикунанд».

Дар тарбияти ин гуфтаҳо коршинос Рустам САМИЕВ мегӯяд «… Ба ин рӯӣхат шомил шудани номбурдаҳо тасодуфӣ нест ва «номаҳбуб» унвон гирифтани вазири корхои дохилии кишвар Абдураҳим ҚАҲҲОРОВ исботи ин гуфта мебошад. Дар солҳои вазирии Қаххоров ҳодисаҳои поймол шудани ҳуқуқи инсон аз ҷониби! макомоти милиса бамаротиб зиёд шуд. Ҳамагӣ чанд сол пеш дар натича ракобатхои вазири вакти ВКД Маҳмадназар СОЛЕҲОВ у Прокурори генералӣ Бобоҷон БОБОХОНОВ ва роҳбари Агентии мубориза зидди коррупсия Шерхон САЛИМОВ вазъе ба амал омада буд, ки поймолшавии ҳукукҳои боздошт шудагон, гумонбаршудагон ва маҳкумшудагонро такрибан номумкин гардонида буд. Ҳоло бошад, аз маърифати пасти ҳуқуқии аҳолӣ сӯистифода карда, милитсаҳо ба ҷиноёти мудҳиш даст мезананд. пора меситонанд, аз «подстава» кор мегиранд, ҳуқуқҳои адвокатҳоро нодида мегиранд, одамонро мавриди азобу шиканҷа қарор медиҳанд…Натиҷааш бо ҳам пастшавии имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байналхалқӣ.

Фикр мекунам, ки замони роҳбарии ҳеч яке аз вазирони корҳои дохилӣ ин қадар қазияҳои пурсарусадо бо иштироки милитсаҳо рух надода бошад. Аз ҷониби дигар, беэътимодӣ ба вазири корҳои дохила ин беэътимодӣ ба қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аст, ки барои ҳар гума ҷомеа оқибатҳои ногувор дорад, хоса барои ҷамъияти мисоли Тоҷикистон, ки шиддати иҷтимоӣ дар он ҳар вақту замон болову паст мешавад. Абдураҳим Қаҳҳоров ҳоло ҳам кам «овоз» гирифтааст».

Ба акидаи Нуралй ДАВЛАТ, «ин ҷо бояд таваҷҷӯҳ кард, ки онҳоеро, ки камтар «овоз» гирифтаанд, мардум камтар хам мешиносанд ва ё аз фаъолияту нақши номиналиву амалияшон дар иктисоду сиёсату ҷомеакамтар огоҳӣ доранд. Посухи ин суол, ки чаро овозҳои гирифтам Фаррух Ҳамралиев ва нанд нафар вазири дигар ҳатто қобили зикр нест, ба назари ман, дар ҳамин аст. Ба ситфати хулоса гуфтан мумкин аст, ки новобаста ба он ки ин назарсанҷӣ то куҷо илман асоснок аст, ок садои қишри ҷомеа мебошад ва ҳадди аққал дар сатҳи фикрӣ наметавонад ба инобат гирифта нашавад».

 Ба ҷойи хулоса

 

Дар тақвияти гуфтаҳои Нӯралӣ Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ  Рашид Ғанӣ АБДУЛЛО мегӯяд:-Дар ҳоле ки ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои тадқиқотии он на танҳо аз назарсанҷиҳо, балки аз таҳқику  илмии ин ё он мушкилоти умдаи чомеа ва ё иқтисод кор намегиранд, самтҳои мушкилдори ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути ин гуна назарсанҷиҳои ғайрирасмӣ (ба таври ғайримустақим хам бошад) падидор мегарданд. Муҳимтар аз ҳана, ин назарсанҷӣ нишон дод, xvi порае аз мардум аз чӣ норозист. Пас барои онҳое, ки сари қудратанд, имконият пайдо мешавад, то роҷеъ ба вазъи умур дар ҳамин соҳаҳо фарогиртар фикрронӣ кунанд».

P.S. Суоли назарсанчии нави TojNews ин аст: «Нарху наво: Оё  чорахои Хукумати Точикистон таъсирбахш медонед?» Шумо низ метавонед, дар ин назарсанчи рукй пойгохи www.tojnews.orgайъ бидихед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: